Сешанбе 15 Июл 2025 мелодӣ / 19 Муҳаррам 1447 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Мехостем назари ҳазрати Мансурро дар бораи ин ҳадис бидонем:

Амирул мӯъминин Алӣ алайҳи салом мефармояд: Расули Аакрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: «Марде аз Мовароуннаҳр қиём мекунад ки ба ӯ «Ҳорис ибни Ҳаррос» гуфта мешавад, пеши рӯйи лашкариёни ӯ марде аст ки ба ӯ «Мансур» гуфта мешавад ва заминаи ҳукуматро барои Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фароҳам мекунад, ҳамчунонки Қурайш заминаи ҳукуматро барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фароҳам карданд. Бар ҳар мӯъмине воҷиб аст ки ӯро ёрӣ диҳад». (Иқдуддурар, с130).

Ҳамчунин, мехостем назари эшонро дар бораи ин ҳадис бидонем:

Миёни Миррих (Баҳром) ва Зуҳал (Кийвон) ҳар ду сол як бор муқорина рух медиҳад. Имом Алӣ алайҳи салом, ҳаракати неруҳои Хуросонӣ ва Шуъайб ибни Солеҳ аз Самарқанд ба сӯӣ Ироқро дар пайи муқоринаи комили ин ду саёра (1) дар соли пеш аз қиёми имом Маҳдӣ алайҳи салом медонад ва мефармояд:

Огоҳ бошед, шумо пас аз муддате, замонӣ кӯтоҳ хоҳед дошт ки дар он, гӯшае аз гуфторҳои манро хоҳед донист ва дурустии онҳо барои шумо ошкор хоҳад шуд, ҳангоме тулуъи Баҳром ва Кийвон бо иқтирони дақиқ (1). Дар ин ҳангом, ларзишҳо ва зилзилаҳои паёпай рӯх медиҳанд ва парчамҳойе аз соҳили Ҷайҳун ба сӯӣ биёбони Бобул рӯй меоваранд. (Машориқу Анворул Яқин, с266 хутбаи Татанҷия).

1. Аз дидгоҳи мунаҷҷимини қадим, иқтирони дақиқи ду ситора он аст ки дар як моҳ, ба як дараҷа ва дақиқа ҷамъ шаванд, ва ба таъбири мунаҷҷимини ҷадид, фосилаи онҳо, дар нигоҳи нозири заминӣ, камтар аз панҷ дараҷаи нуҷумӣ бошад.

Хабари ҳокӣ аз хуруҷи марде аз Фароруд ки ба ӯ «Мансур» гуфта мешавад дар пеши рӯйи «Ҳорис» ба манзури заминасозӣ барои ҳукумати оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, хабаре аст ки Абу Доввуд дар сунани худ[1] ривоят карда ва Мағрибӣ дар бораи он гуфтааст: «إِسْنَادُهُ صَحِيحٌ أَوْ حَسَنٌ بِلَا شَكٍّ وَلَا رِيبَةٍ»[2]; «Санади он бидуни ҳеч шак ва тардиде, саҳиҳ ё ҳасан аст» ва бархӣ низ онро заъиф шумурдаанд, вале дар нусхаҳои он ихтилоф вуҷуд дорад; Зеро дар нусхае омадааст: «Ҳорис ибни Ҳаррос» ва дар нусхаҳои дигар омадааст: «Ҳориси Ҳаррос» ва Азимободӣ гуфт ки дар аксари нусхаҳо ин гуна омада ва ҳамин мӯътабар аст[3]. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло таъомуле дар шарҳи ин хабар фармудааст:

Манзур аз руд, Ҷайҳун аст ки руди Балх дар Хуросон аст ва аз «Ҳорис» дар ғайри ин ҳадис ёде нашуда ва танҳо аз «Маҳдӣ» ва «Мансур» ёд шуда ва Ибни Ҳайюун онро аз тариқи Абдурраззоқ ривоят карда ва дар ривояти ӯ зикре аз «Ҳорис» нест ва танҳо дар он омадааст: «يَقُومُ رَجُلٌ مِنْ وُلْدِي، عَلَى مُقَدِّمَتِهِ رَجُلٌ يُقَالُ لَهُ: الْمَنْصُورُ، يُوَطِّئُ لَهُ -أَوْ قَالَ: يُمَكِّنُ لَهُ- وَاجِبٌ عَلَى كُلِّ مُؤْمِنٍ نُصْرَتُهُ -أَوْ قَالَ:- إِجَابَتُهُ»; «Марде аз фарзандонам қиём мекунад, пеши рӯйи лашкари ӯ марде аст ки ба ӯ Мансур гуфта мешавад, барои ӯ заминасозӣ мекунад –ё фармуд: Барои ӯ тамаккун эҷод мекунад– бар ҳар мӯъмине воҷиб аст ки ӯро ёрӣ диҳад –ё фармуд: Иҷобат кунад»; Лизо ман метарсам ки «Ҳорис» ро асҳоби Ҳорис ибни Сурайҷ ба ривоят афзуда бошанд; Чароки ӯ дар соли 116 ҳиҷрӣ аз Хуросон хуруҷ кард, дар ҳоле ки муддаъи буд соҳиби парчамҳои сиёҳи (мавъуд) аст, вале агар ин лафз саҳиҳ бошад, мурод аз он Маҳди аст ки ба далили дигаргун кардани замин, ба «Ҳорис» яъна «Шухм зананда» мулаққаб шудааст; Чунонки дар ҳадиси Ҳузайфа ба далили ислоҳ кардани уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ба «Ҷобир» яъне «Тармим кунанди шикастагӣ» мулаққаб шуда ва муъайяди он сухани дигари ӯст ки фармуд: «إِذَا رَأَيْتُمُ الرَّايَاتِ السُّودَ قَدْ جَاءَتْ مِنْ قِبَلِ خُرَاسَانَ فَائْتُوهَا، فَإِنَّ فِيهَا خَلِيفَةَ اللَّهِ الْمَهْدِيَّ»; «Ҳаргоҳ парчамҳои сиёҳро дидед ки аз Хуросон меоянд ба сӯйи онҳо бишитобед; Чароки халифаи Худо Маҳдӣ дар миёни онҳост». Бале, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад ки ҳадис тасҳиф шуда бошад; Чароки дар бархӣ кутуб омадааст: «يَخْرُجُ رَجُلٌ مِنْ وَرَاءِ النَّهْرِ يُقَالُ لَهُ: الْحَارِثُ، عَلَى مُقَدِّمَةِ رَجُلٍ يُقَالُ لَهُ: مَنْصُورٌ»; «Марде аз Фароруд хуруҷ мекунад ки ба ӯ “Ҳорис” гуфта мешавад, дар пешрӯйи лашкар марде ки ба ӯ “Мансур” гуфта мешавад» ва бар ин асос, мурод аз Ҳорис «Шуъайб ибни Солеҳ» аст; Чунонки омадааст: «تَخْرُجُ رَايَاتٌ سُودٌ، فِيهِمْ شَابٌّ مِنْ بَنِي هَاشِمٍ، عَلَى مُقَدِّمَتِهِ رَجُلٌ مِنْ بَنِي تَمِيمٍ يُقَالُ لَهُ: شُعَيْبُ بْنُ صَالِحٍ»; «Парчамҳои сиёҳе хуруҷ мекунанд ки дар онҳо ҷавоне аз банӣ Ҳошим аст. Пеширӯйи лашкари ӯ марде аз бани Тамим аст ки ба ӯ “Шуъайб ибни Солеҳ” гуфта мешавад» ва муъайяд он чизе аст ки ривояти шуда ҳокӣ аз инки Шуъайб ибни Солеҳ аз Самарқанд ки дар Фароруд аст хориҷ мешавад; Ба ин тартиб ки пас аз иттилоъ ёфтан аз хуруҷи Мансур, бо панҷ ҳазор нафар ба сӯйи ӯ берун меояд, пас бо ӯ байъат мекунад ва фармодеҳии лашкарашро бар ӯҳда мегирад ва ин ваҷҳи бисёр муҳтамал аст, агар асл, адами тасҳиф набуд ва дар ҳар ҳол, ҳадис бар воҷиб будани нусрати Мансур далолат дорад ва ба ӯ ба хотири воҷиб будани нусраташ «Мансур» гуфта мешавад ва низ ба далили сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи асҳобаш ки онон «يُنْصَرُونَ»; «Нусрат меёбанд».[4]

Сухани он ҳазрат ба поён расид ва ҳосили он ин аст ки бино бар азҳар, «Ҳорис» аз алқоби имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки чи басо пеш аз зуҳури худ дар Фароруд хоҳад буд ва Мансури Хуросонӣ ӯро ҳамроҳӣ хоҳад кард; Чунонки дар бораи парчамҳои сиёҳе ки аз Хуросон хуруҷ мекунанд ривоят шудааст: «إِنَّ فِيهَا خَلِيفَةَ اللَّهِ الْمَهْدِيَّ»[5]; «Халифаи Худованд Маҳдӣ дар миёни онҳост» ва дар ривоятӣ дигар омадааст: «فَإِنَّ الْمَهْدِيَّ وَالنَّصْرَ مَعَهُمْ»[6]; «Ҳароина Маҳдӣ ва наср ба ҳамроҳи онон ҳастанд»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки баъид нест ки «Наср» тасҳифи «Мансур» бошад ва дар асли ривоят омада бошад: «فَإِنَّ الْمَهْدِيَّ وَالْمَنْصُورَ مَعَهُمْ»; «Ҳароина Маҳдӣ ва Мансур ба ҳамроҳи онон ҳастанд»; Чунонки ривоят шудааст: «مِنَّا الْمَهْدِيُّ وَالْمَنْصُورُ»[7]; «Маҳдӣ ва Мансур аз мо ҳастанд» Ва ин маънои хубари Абу Доввудро ошкор мекунад ва метавонад аз боби ривояте бошад ки дар бораи Маҳдӣ мегӯянд: «مِنَ الْمَغْرِبِ يَقُومُ، وَأَصْلُهُ مِنَ الْمَشْرِقِ، وَهُنَاكَ يَسْتَوِي قِيَامُهُ وَيَتِمُّ أَمْرُهُ»[8]; «Аз Мағриб қиём мекунад, вале аслаш аз Машриқ аст ва онҷо қиёмаш шакл мегирад ва кораш сомон меёбад».

Ба ҳар ҳол, ахбори ҳокӣ аз хуруҷи марде аз Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ ки ба сӯйи Маҳдӣ даъват мекунад ва заминаи ҳукумати ӯро фароҳам месозад, маҳдуд ба ин як хабар нест ва ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ он чи дар ин боб ривоят шудаастро дар китобе бо унвони «Ад-Дорру Манзуд Фи Туруқи Ҳадиси Роёту Суд», ҷамоварӣ карда ва дар баррасии худ ба ривояати 47 тан аз саҳоба, тобеъин ва аҳли байт расида ки аз 147 тариқ ворид шудааст ва гурӯҳе бовар доранд ки таъвили он фаро расида ва он ҳазрат аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст; Чароки ӯ аз Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ хориҷ шудааст ва ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад ва заминаи ҳукумати ӯро фароҳам месозад, дақиқан ба ҳамон сурате ки дар ахбор омада, вале воқеъият он аст ки ӯ чунин иддаъой намекунад ва шояд ҳаму бошад, вале ба далили кароҳаташ аз такаллуф ва сухан гуфтан дар бораи чизҳои ғайри зарурӣ ба ин мавзӯъ ворид намешавад[9]; Чароки Худованд ӯро бо ҳақойиқӣ рӯшан аз иддаъо бениёз сохтааст; Бо таваҷҷуҳ ба инки наҳзати ӯ наҳзатӣ ваҳмолуд ва сохтагӣ нест то бар чунин иддаъоҳойе муттакӣ бошад, балки наҳзатӣ муттакӣ бар ҳақойиқӣ ъайнӣ ва маҳсус аст; Чунонки хуруҷи ӯ аз Хуросони бузург, ҳақиқатӣ ъайнӣ ва маҳсус аст ва парчамҳои сиёҳи ӯ, ҳақиқатӣ ъайнӣ ва маҳсус аст ва даъвати ӯ ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозиаш барои ҳукумати ӯ, ҳақиқатӣ ъайнӣ ва маҳсус аст ва китоби бузурги ӯ «Бозгашт ба Ислом», муҳандисӣ амалӣ ва фарҳангӣ барои инқилоби ҷаҳонӣ аст ва ҳамин тавр китоби кӯчаки ӯ «Ҳиндисаи Адолат» ва бар ин асос, ӯ аз чунин иддаъойе бениёз аст, монанди хуршед ки ниёзе надорад бигӯяд хуршед аст; Чунонки бархи аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд:

Марде аз сарзаминӣ дур ба назди Мансури Ҳошимии Хуросонӣ омад ва пас аз гуфтугӯӣ чанд, дасти ӯро гирифт ва арза дошт: «Ман гувоҳӣ медиҳам ки ту ҳамон заминасози мавъуди Маҳдӣ ҳастӣ ки Паёмбари Худованд моро ба ҳамроҳи бо ӯ фармон дод!» Он бузургвор чун ин суханро шунид, бедаранг дасти худро аз дасти он мард берун кашид ва бо итобе ба ӯ фармуд:

Даст аз ман бардор эй бародар! Оё ин ҳама роҳро аз сарзамини худ омадаи то манро дар бораи динам фиреб диҳӣ?! Ба Худо савганд ман заминаи зуҳури Маҳдиро месозам, вале аҳмият намедиҳам ки манро ба чи чиз меномӣ; Зеро ман осмони обиро сақфи худ ва замини хокиро фарши худ насохтам ва худро монанди порасанге дар уқёнуси бало наяндохтаам то ту аз сарзамини хеш биёйи ва манро мавъуд биномӣ! Оё ман «Писари инсон» нестам?! Пас манро «Писари инсон» бином ва дар роҳе ки пеш гирифтаам ҳамроҳиам кун; Чароки ман ба сӯӣ Маҳдӣ раҳсипорам ва бо ту ё бе ту ба ӯ хоҳам расид.

Сипас дар ҳоле ки бар мехост то биравад, бо овози баланд фармуд:

Ман нидокунандае пеши рӯйи Маҳдӣ ҳастам ки нидо мекунам: Роҳро боз кунед![10]

Акнун эй «Ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ»!

Агар ба ростӣ «Ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ» ҳастед, бидонед ки ёрии «Заминасози мавъуди зуҳури Маҳдӣ» аз ин рӯ воҷиб нест ки «Мавъуд» аст, бал аз ин рӯ воҷиб аст ки «Заминасози зуҳури Маҳдӣ» аст; Чароки Худованд ва Расулаш ба хотири он ӯро ваъда додаанд. Пас шумо агар ба росити «Ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ» ҳастед, бояд барои ёрии «Заминасози зуҳури Маҳдӣ» ба по хезед, агарчи ӯро «Мавъуд» надонед.

Хушо ба ҳоли касоне ки басират доранд; Чароки онон ҳақро дар паси ҳазор парда мебинанд ва бадо ба ҳоли касоне ки кӯранд; Чароки онон ҳақро агар чи дар баробарашон бошад намебинанд!

Аммо ривояти марбут ба тақоруни Мирриху Зуҳал ва далолаташ бар бархӣ ҳаводиси наздик ба зуҳури Маҳдӣ, ривоятӣ бисёр заъиф аст ки иттикоъ ба он ҷойиз нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки мухолиф бо навоҳии Ислом аз назар кардан дар нуҷум барои пешгӯйии ҳаводиси оянда аст, ҳар чанд монанди саҳар воқеъият дошта бошад.

↑[1] . Сунани Абӣ Доввуд, ҷ4, с177
↑[2] . Маҷмаъ Аҳодиси Имомил Маҳдӣ Ал-Кавронӣ, ҷ1, с396
↑[3] . Авнул Маъбуд Азимободӣ, ҷ11, с258
↑[5] . Ал-Фитан ибни Ҳаммод, ҷ1, с311; Муснади Аҳмад, ҷ37, с70; Ал-Баду вал Торих Ал-Мақдисӣ, ҷ2, с174; Ал-Мустадрак Ала Саҳиҳайн Ҳоким, ҷ4, с547; Сунанул Ворида фи Ал-Фитан Ал-Донӣ, ҷ5, с32; Далоъилу Набувва Байҳақӣ, ҷ6, с516
↑[6] . Ал-Малоҳим ибни Мунодӣ, с44
↑[7] . Барои ин маъно, нигоҳ кун ба: Ал-Фитан ибни Ҳаммод, ҷ1, с96; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с513; Фазоъили Саҳоба Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ2, с966; Ансобул Ашроф Билозарӣ, ҷ4, с47; Ал-Мустадрак Ала Саҳиҳайн Ҳоким, ҷ4, с559; Далоилу Набувва Байҳақӣ, ҷ6, с514; Тарихи Бағдод Хатиби Бағдоди, ҷ9, с407.
↑[8] . Шарҳул Ахбор фи фазоъилу аъимату Атҳор ибни Ҳайюун, ҷ3, с364
↑[9] . Нигоҳ кун ба: Гуфтори 10 вз гуфторҳои покизаи он ҳазрат.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар ба забони дигар тасаллут доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед ва тарҷумаи худро барои мо бифиристед то дар пойгоҳ мунташир шавад. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.