Якшанбе 29 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 13 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(40) Тадовуми ғайбати ӯ ношӣ аз тадовуми тарси ӯст ва тадовуми тарси ӯ ношӣ аз он аст ки <<Қавми золимон>> ҳанӯз қодир ба куштани ӯ ҳастанд ва ин ба маънои он аст ки мардум ҳанӯз тамҳидоти лозим барои муҳофизат аз ӯро наяндешидаанд ва иқдомоти лозим барои таъмини амнияти ӯро анҷом надодаанд, балки ҳанӯз пуштибони <<Қавми золимон>> ҳастанд. (Нақд ва баррасии 60)
loading
Пурсиш ва посух
 

Шиъа бар ин ақида аст ки сифоти зотияи Худо мисли илм, қудрат ва ҳаёти ъайни ҳамдигар ва ъайни зоти Худо ҳастанд ва тафовути онҳо бо ҳамдигар ва бо зоти Худо сирфан мафҳумӣ аст на ҳақиқӣ, вале ашоъира ки аксарияти қотеъи аҳли сунатро ташкил медиҳанд бар онанд ки сифоти зотияи Худо зоъид бар зоти Ӯ буда ва ъайни зоти Худо нестанд. Назари алломаи Хуросонӣ дар ин маврид чист?

Дар мактаби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, сифоти зотии Худованд, ъайни зоти Ӯ ҳастанд; Чароки зоти Ӯ мураккаб ва қобили таҷзия нест то ҷузъе аз он олим ва ҷузъӣ дигар қодир бошад ва зиёдат ва нуқсон бипазирад; Балки Ӯ дар ъайни олим будан, қодир ва дар ъайни қодир будани олим аст ва ҳаёти Ӯ чизе ҷуз илму қудрати Ӯ нест. Зоти Ӯ нуқсоне надорад то ба сифоте барои он ниёзманд бошад ва миёни сифоти Ӯ муғойирате нест; Балки зоти Ӯ чун бо назар ба маълумот лиҳоз мешавад, олим ва чун бо назар ба мақдурот лиҳоз мешавад, қодир номида мешавад ва бо ин васф, таъаддуди исмоъи Ӯ ба маънои таъаддуди мусаммӣ дар Ӯ нест. Ба иборати дигар, илми Ӯ ҳамон қудрати Ӯст ки ба донистаниҳо таъаллуқ гирифта ва қудрати Ӯ ҳамон илми Ӯст ки ба анҷомдоданиҳо ва бо ин васф, муғойират дар мутаъаллиқи он ду ва на дар худи он ду аст; Зеро муғойирати чизҳо, аз ҷиҳати моҳияти онҳост ки маҳдудаи вуҷуди онҳо шумурда мешавад ва барои илм ва қудрати Худованд моҳияте нест бо ин васф, муғойирате низ миёни он ду вуҷуд надорад.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading