Душанбе 15 Июл 2024 мелодӣ / 9 Муҳаррам 1446 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Агар лаън кардани қотилон ва душманони аҳли байт муҷиби бурузи ихтилоф бо бародарони аҳли суннат ва ҷамоъат шавад, ҳукм чист? Дар зиёрати ошуро ба сароҳат аз бархӣ аз онҳо ном бурда шудааст. Бисёрӣ аз аҳли суннат ва ҷамоъат, Язидро ба унвони халифаи муслимин мӯҳтарам медонанд. Бархӣ аз олимонашон мисли имом Муҳаммади Ғаззолӣ низ лаъни Язид ва лашкариёнашро ҷойиз намедонанд ва мӯътақиданд ки мумкин аст Худованд онҳоро бибахшояд!

Аҳли суннат ва ҷамоъат, лаъни ҳеч як аз саҳобаро ҷойиз намедонанд, вале нисбат ба лаъни дигарон, хусусан ҳаргоҳ қотилон ва душманони аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бошанд, ҳассосияте надоранд, бал гуфта шудааст ки онон бар ҷавози лаъни касе ки Ҳусейн алайҳи саломро кушта ё ба куштани ӯ амр карда ё ба он иҷоза дода ё ба он розӣ шудааст, бидуни тасриҳ ба номи Язид, иттифоқи назар доранд[1] ва танҳо ихтилофашон дар ҷавози лаъни Язид бо ном бурдан аз ӯаст. Бо ин ҳол, қавли машҳур аз Аҳмад ибни Ҳанбал (д.241қ) ҷавози лаъни Язид бо ном бурдан аз ӯст; Зеро ривоят шудааст ки ба фарзандаш гуфт: «وَكَيْفَ لَا أَلْعَنُ مَنْ لَعَنَهُ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ فِي كِتَابِهِ؟!»; «Ва чигуна лаън накунем касеро ки Худованди азза ва ҷалл дар китобаш ӯро лаън кардааст?!» Пас фарзандаш гуфт: «وَأَيْنَ لَعَنَ اللَّهُ يَزِيدَ فِي كِتَابِهِ؟»; «Худованд дар куҷои китобаш Язидро лаън кардааст?» Пас Аҳмад ин ояро хонд: ﴿فَهَلْ عَسَيْتُمْ إِنْ تَوَلَّيْتُمْ أَنْ تُفْسِدُوا فِي الْأَرْضِ وَتُقَطِّعُوا أَرْحَامَكُمْ ۝ أُولَئِكَ الَّذِينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فَأَصَمَّهُمْ وَأَعْمَى أَبْصَارَهُمْ[2]; «Пас оё мумкин аст ки чун ба ҳукумат даст ёбед дар замин фасод ангезед ва пайвандҳотонро қатъ кунед?! Онон касоне ҳастанд ки Худованд лаънаташон карда, пас карашон сохта ва дидагонашонро кӯр намудааст»[3]. Қозӣ Абу Яъло (д.458қ) пас аз зикри ин ривоят гуфтааст: «هَذِهِ الرِّوَايَةُ إِنْ صَحَّتْ فَهِيَ صَرِيحَةٌ فِي مَعْنَى لَعْنِ يَزِيدَ»[4]; «Ин ривоят агар саҳиҳ бошад, сариҳи дар ҷавози лаъни Язид аст». Ба ҳамин далил, ибни Ҷувзӣ (д.597қ) гуфтааст: «أَجَازَ الْعُلَمَاءُ الْوَرِعُونَ لَعْنَهُ»[5]; «Олимони аҳли вараъ, лаъни ӯро ҷойиз донистаанд» Ва ибни Халкон (д.681қ) дар шарҳи ҳоли Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алии Табарӣ, мулаққаб ба Имоду Дин ва маъруф ба Киёи Ҳаросии фиқҳи Шофеъӣ (д.504қ) гуфтааст ки вақте аз ӯ дар бораи Язид суъол шуд, гуфт: «فِيهِ لِأَحْمَدَ قَوْلَانِ تَلْوِيحٌ وَتَصْرِيحٌ، وَلِمَالِكٍ قَوْلَانِ تَلْوِيحٌ وَتَصْرِيحٌ، وَلِأَبِي حَنِيفَةَ قَوْلَانِ تَلْوِيحٌ وَتَصْرِيحٌ، وَلَنَا قَوْلٌ وَاحِدٌ التَّصْرِيحُ دُونَ التَّلْوِيحِ، وَكَيْفَ لَا يَكُونُ كَذَلِكَ؟! وَهُوَ اللَّاعِبُ بِالنَّرْدِ وَالْمُتَصَيِّدُ بِالْفُهُودِ وَمُدْمِنُ الْخَمْرِ، وَشِعْرُهُ فِي الْخَمْرِ مَعْلُومٌ»[6]; «Дар бораи (чигунагии лаъни) ӯ аз Аҳмад ду қавл расида, яке талвиҳи ва дигарӣ тасриҳи ва аз Молик ду қавл расида, яке талвиҳи ва дигарӣ тасриҳи ва аз Абу Ҳанифа ду қавл расида, яке талвиҳи ва дигарӣ тасриҳи, вале барои мо як қавл аст ва он тасриҳи будани талвиҳи аст; Ва чигуна чунин набошад?! Дар ҳоле ки ӯ нард мебохт ва бо юзпалангҳо ба шикор мерафт ва ба нӯшидани хамр муътод буд ва шеъри ӯ дар хамр маъруф аст» ва Тафтозонӣ (д.793қ) дар шарҳи Ақоъидул Нисфия гуфтааст: «الْحَقُّ أَنَّ رِضَا يَزِيدَ بِقَتْلِ الْحُسَيْنِ وَاسْتِبْشَارَهُ بِذَلِكَ وَإِهَانَتَهُ أَهْلَ بَيْتِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِمَّا تَوَاتَرَ مَعْنَاهُ وَإِنْ كَانَ تَفَاصِيلُهُ آحَادًا، فَنَحْنُ لَا نَتَوَقَّفُ فِي شَأْنِهِ بَلْ فِي إِيمَانِهِ، لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَيْهِ وَعَلَى أَنْصَارِهِ وَأَعْوَانِهِ»[7]; «Ҳақиқат он аст ки ризояти Язид аз кушта шудани Ҳусейн ва шодмонияш аз он ва иҳонаташ ба аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тавотури маънавӣ дорад, агарчи ҷузъиёти он (ахбор) оҳод аст, пас мо дар шаъни ӯ, балки дар адами имони ӯ таваққуф намекунем; Лаънати Худованд ба ӯ ва бар ёрону ҳамдастонаш бод» ва Ибни Тағрии Бардӣ (д.874қ) низ гуфтааст: «لَا يَشُكُّ مَنْ لَهُ ذَوْقٌ وَعَقْلٌ صَحِيحٌ أَنَّ يَزِيدَ رَضِيَ بِقَتْلِ الْحُسَيْنِ وَسُرَّ بِمَوْتِهِ؛ فَهُوَ مَلْعُونٌ عَلَى كُلِّ حَالٍ وَبِكُلِّ طَرِيقٍ»[8]; «Касе ки завқу ақли солиме дорад, тардид намекунад ки Язид ба куштани Ҳусейн розӣ буда ва аз марги ӯ хушҳол шуда, пас ӯ дар ҳар ҳол ва ба ҳар сурат малъун аст» ва Сафоринӣ (д.1188қ) низ гуфтааст: «أَكْثَرُ الْمُتَأَخِّرِينَ مِنَ الْحُفَّاظِ وَالْمُتَكَلِّمِينَ يُجِيزُونَ لَعْنَةَ يَزِيدَ اللَّعِينِ، كَيْفَ لَا؟! وَهُوَ الَّذِي فَعَلَ الْمُعْضِلَاتِ، وَهَتَكَ سِتْرَ الْمُخَدَّرَاتِ، وَانْتَهَكَ حُرْمَةَ أَهْلِ الْبَيْتِ، وَآذَى سِبْطَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَهُوَ حَيٌّ وَمَيِّتٌ، مَعَ مُجَاهَرَتِهِ بِشُرْبِ الْخُمُورِ وَالْفِسْقِ وَالْفُجُورِ»[9]; «Бештари ҳофизон ва мутакаллимони мутаъаххир (аз аҳли суннат ва ҷамоъат), лаъни Язиди лаъинро раво медонанд. Чигуна чунин набошад?! Дар ҳоле ки ӯ касе буд ки корҳои фаҷиъ анҷом дод ва аз бонувони мухаддира парда дарид ва аҳли байтро ҳатки ҳурмат кард ва сабти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро дар ҳаёт ва мамоташ озор дод, ҷудо аз таҷоҳуре ки ба нӯшидани хамр ва фисқ ва фуҷур дошт» ва Ибни Ҷувзӣ (д.597қ) низ китобе дар бораи ҷавози лаъни Язид навишта ки онро «الرّدّ على المتعصّب العنيد المانع من ذمّ يزيد»; «Посух ба мутаъассиби лаҷуҷе ки аз замми Язид манъ карда» номида ва дар он ба Абдулмуғайси Ҳарбӣ (д.583қ) ки аз ин кор наҳй мекард, посух додааст. Ҳамчунин, аз ибни Вазир (д.840қ) низ сухани муфассале дар «Ал-Авосим Вал Қавосим» омада ки дар он аз ҷанбаҳои мухталиф, посухи Абу Ҳомиди Ғаззолиро дода ва Амир Алии Шер Навойи (д.906қ) низ дар посух ба ӯ хуб гуфта, ҳангоме ки сурудааст.

Эй ки гуфтӣ бар Язид ва оли ӯ лаънат макун

З-он ки шояд Ҳақ Таъоло карда бошад раҳматаш

Ончи бо оли Набӣ кард ӯ агар бахшад Ходе

Ҳам бибахшояд маро гар карда бошам лаънаташ!

↑[1] . Ал-Савоъиқу Маҳриқа ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, ҷ2, с638
↑[2] . Муҳаммад/ 22-23
↑[3] . Ар-Радду Алал Мутаъассибу Унидул Монеъ Мин Замми Язид ибни Ҷувзӣ, с41
↑[4] . Ал-Одобу Шаръия ибни Мафла, ҷ1, с274
↑[5] . Ар-Радду Алал Мутаъассибу Унидул Монеъ Мин Замми Язид ибни Ҷувзӣ, с34
↑[6] . Вафаётул Аъён ибни Халкон, с287
↑[7] . Шарҳул Ақойиду Нисфия Тафтозонӣ, с103
↑[8] . Мавриду Латофати Фий Ман Валийил Султонати Вал Хилофати Ибни Тағрии Бардӣ, ҷ1, с67
↑[9] . Ғазоъул Албоб Фий Шарҳи Манзуматул Одоб Сафоринӣ, ҷ1, с123
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.