Чоршанбе 4 Декабр 2024 мелодӣ / 2 Ҷумода-л-охира 1446 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳуруфи муқаттаъаи аввали баъзе аз сураҳои Қуръон ба чи маъно мебошад?

Ҳуруфи муқаттаъа дар оғози бархӣ сураҳо, аз муташобеҳоти Қуръон аст ки танҳо Худованд ва росихони дар илм таъвили онҳоро медонанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلَّا اللَّهُ ۗ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ[1] ва аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз росихони дар илм аст ки биҳамдулиллоҳ дар миёни мо ҳузур дорад ва бидуни ҳеҷ музд ва миннате, моро аз таъвили онҳо монанди соири ҳақоиқи Исломи огоҳ мекунад, ҳар чанд бештари мардум қадри ӯро намешиносанд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنِ الْحُرُوفِ الْمُقَطَّعَةِ فِي الْقُرآنِ، فَقالَ: أَصْواتٌ مِنَ الْمَلَکُوتِ سَمِعَهَا النَّبِيُّ قَبْلَ انْتِظامِ الْوَحْيِ! قُلْتُ: أَشْهَدُ أَنَّكَ مِنَ الرّاسِخِینَ فِي الْعِلْمِ! أَفَتَأذَنُ لِي أَنْ أُقَبِّلَ رَأسَكَ؟ قالَ: نَعَمْ، فَقَبَّلْتُ رَأسَهُ»; «Аз ҳазрати Мансур дар бораи ҳуруфи муқаттаъа дар Қуръон пурсидам, пас фармуд: Овоҳойе аз малакут буд ки Паёмбар пеш аз интизоми ваҳй шунид! Гуфам: Гувоҳӣ медиҳам ки ту аз росихони дар илм ҳастӣ! Пас ба ман изн медиҳӣ ки саратро бибӯсам? Фармуд: Оре, пас сарашро бӯсидам»!

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: ما یُرِیدُ اللّهُ مِنْ قَوْلِهِ: الف لام میم؟! قالَ: ذَلِكَ کَقَوْلِ أَحَدِکُمْ إِذا یَتَکَلَّمُ بِالْمِجْهارِ فَیَقُولُ قَبْلَ أَن یَتَکَلَّمَ الواحِدُ الْإِثْنانِ الثَّلاثَةُ لِیَعْلَمَ أَنَّ الصَّوتَ بالِغٌ وَ لِیَنْصُتَ السَّامِعُ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ إِنَّهُ سِرٌّ أَسَرَّهُ اللّهُ إِلَی النَّبِيِّ! قالَ: لَوْ کانَ سِرّاً لَما أَنْزَلَ اللّهُ فِي الْقُرآنِ! أَلَمْ یَعْلَمُوا أَنَّ الْقُرآنَ نَزَلَ لِلنَّاسِ؟! ثُمَّ قالَ: ما مِنْ شَيْءٍ أَنْزَلَ اللّهُ فِي الْقُرآنِ إِلّا وَ هُوَ بَیانٌ لِلنَّاسِ! إِنَّ اللّهَ تَعَالَى یَقُولُ: ﴿هَذَا بَيَانٌ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَمَوْعِظَةٌ لِلْمُتَّقِينَ»; «Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Муроди Худованд аз инки фармуда Алиф Лом Мим чист?! Фармуд: Он монанди сухани яке аз шумост ҳангоме ки бо баландгӯ сухан мегӯйед, пас пеш аз онки сухани худро оғоз кунад мегӯяд: Як ду се, то бидонад ки садо мерасад ва то шунаванда сукут (ва таваҷҷуҳ) кунад! Гуфтам: Онҳо мегӯянд он розе аст ки Худованд бо Паёмбараш дар миён гузоштааст! Фармуд: Агар розе буд Худованд онро дар Қуръон нозил намекард! Оё намедонанд ки Қуръон барои ҳамаи мардум нозил шудааст?! Сипас фармуд: Ҳеҷ чиз аз ончи Худованд дар Қуръон нозил карда нест магар инки баёне барои ҳамаи мардум аст! Худованди баландмартаба мефармояд: <Ин баёне барои ҳамаи мардум ва ҳидоят ва панде барои парҳезкорон аст>[2]».

Бинобарин, ҳуруфи муқаттаъа дар оғози бархӣ сураҳои Қуръон, барои сокет сохтани мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба оёти баъдӣ дар ростои ﴿وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ[3] нозил шуда; Ҳамчунонки барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам асвотӣ малакутӣ ҳокӣ аз синхи ваҳй ва наздик будани нузули сура будааст.

↑[1] . Оли Имрон/ 7
↑[2] . Оли Имрон/ 138
↑[3] . Ирфон/ 204
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Шокирӣ

Оё нузули «بسم الله الرّحمن الرّحیم» дар аввали ҳар сура бо гуфтори аллома дар бори ҳуруфи муқаттаъа мунофоте надорад?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 3/11/2016

Мумкин аст аз зоҳири гуфтори аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бардошт шавад ки «بسم الله الرّحمن الرّحیم» дар оғози ҳар сура нозил нашуда ва ин қавли бисёрӣ аз мусалмонон монанди Абу Ҳанифа, Молик, Авзоъӣ, Доввуд ва қавли қурроъи Басра ва аксари қурроъ ва мутафаққиҳини Мадина дар садаҳои нахустин аст, балки бархӣ монанди Ҷассос (д.370қ) муддаъии иҷмоъи салаф бар он то пеш аз Шофеъӣ шудаанд[1] ва муъайяди он ихтилофи мазоҳиб дар бораи ҷузъияти он дар сураҳое ҷуз сураи Намл аст ки бар хилофи зарурати яқинӣ будан ва иҷмоъӣ будани оёти Қуръон аст, то ҷойе ки ба иттифоқи мазоҳиб, мункири ҳар як аз оёти Қуръон кофир маҳсуб мешавад, вале мунири «بسم الله الرّحمن الرّحیم» дар оғози ҳар сура кофир маҳсуб намешавад. Аз ин рӯ, бархӣ аҳли илм гуфтаанд: «یَکْفِیكَ أَنَّها لَیْسَتْ مِنَ الْقُرآنِ اخْتِلافُ النّاسِ فِیها وَ الْقُرآنُ لا یُخْتَلَفُ فِیهِ فَإِنَّ إِنْکارَ الْقُرآنِ کُفْرٌ»[2]; «Ихтилофи мардум дар он кофӣ аст то бидонӣ ки он аз Қуръон нест; Чароки дар Қуръон ихтилофе вуҷуд надорад ва инкори Қуръон куфр аст».

Бо ин ҳол, ҳақ он аст ки гуфтори аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, сариҳи дар ин маъно нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки мумкин аст «بسم الله الرّحمن الرّحیم» як бор бар Паёмбар нозил ва ба ӯ амр шуда бошад ки онро дар оғози ҳар сура қарор диҳад ва ин ҷомеъи миёни ақвол аст; Ҳамчунонки мумкин аст «بسم الله الرّحمن الرّحیم» ва ҳуруфи муқаттаъа ҳар ду нишонае аз синхи ваҳй ва наздик будани нузули сура барои Паёмбар буда ва ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи он ҳазрат ва озмудани овоҳо тавассути фаришта ва низ сокет сохтани мардум ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба оёти баъдӣ нозил шуда бошанд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки «بسم الله الرّحمن الرّحیم» барои кофирон монанди ҳуруфи муқаттаъа ғариб буда, то ҷойе ки машҳур аст Суҳайл ибни Амр намояндаи онон дар сулҳи Ҳудайбия ҳозир ба навиштани он дар сулҳнома нашуд ва гуфт: «ما نَعْرِفُ بسم اللّه الرّحمن الرّحیم»; «Бисмиллаҳи раҳмани раҳимро наменависам» ва аз Паёмбар хост ки ба ҷойи он «بِاسْمِكَ اللّهُمَّ» бинависад[3]; Ҳамчунонки аз Қуръон дониста мешавад ки онон «Раҳмаон» ро намешинохтанд; Чароки фармудааст: ﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اسْجُدُوا لِلرَّحْمَنِ قَالُوا وَمَا الرَّحْمَنُ[4]; «Ва чун ба онон гуфта мешуд ки барои Раҳмон саҷда кунед, мегуфтанд ки Раҳмон чист?!». Бинобарин, «بسم الله الرّحمن الرّحیم» ва ҳуруфти муқаттаъа дар Қуръон, то ҳадди зиёде барои онон ҳамгун будаанд ва аз ин ҳайс, метавонистаанд бо ҳам ва ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи онон –илова бар оғози ваҳй ва тиловати он бо номи Худованд– нозил шуда бошанд.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Ҷассос, Аҳкумул Қуръон, ҷ1, с8.
↑[2] . Ибни Арабӣ, Аҳкомул Қуръон, ф1, с6; Қуртубӣ, Ал-Ҷомеъул Аҳкомил Қуръон, ҷ1, с93
↑[3] . Нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ4, с86; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ3, с181; Саҳеҳул Муслим, ҷ5, с175; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с326.
↑[4] . Фурқон/ 60
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 2
Нависанда: Насрин

Аввал инки агар ҳуруфи муқаттаъа чунин коркарде дошта ки баъид нест, чаро дар ибтидоӣ ҳамаи сувар наёмада? Оё ҳол ва вазъи феълии Набии Акрам (с) дар он дахолат дошта?

Дуввум интихоби инки кадом ҳуруф интихоб шуда ва баъид аст итифоқӣ ҳар бор ҳарфӣ меомада, ҳамин матлабро розгун мекунад ва бори дигар инки Қуръон «Баёнул нос» ҳаст, аммо ҳар лоя барои ҳар муртаба аз уқул нест... агар чи таъаммул инҷо аст ки намешавад дар Қуръон чизе бошад ки саросар роз аст... вале дар интихоби ҳуруф боз розган мешавад ва لا بأس لخروج کلّ المعنا عن التکلم بین الله رسوله فی معرض جمیع!

Посух ба пурсиши
фаръии 2
Тарих: 14/4/2017

Муроди аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло он аст ки гоҳе ваҳй пеш аз назм ёфтани калимот ва шакл гирифтани ҷумалот, ба сурати овоҳойе аз малакут ба гӯши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мерасид ва ин метавонист нишонае аз синхи ваҳй ва наздик будани нузули сура барои он ҳазрат ва ношӣ аз озмуни асвот тавассути фаришта ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи он ҳазрат ва итминон аз дурустии иртибот бошад; Монанди телефон кунандае ки пеш аз муколимот «Ало» мегӯяд ё навозандае ки сози худро пеш аз навохтан танзим мекунад ё суханроне ки баландгӯйи худро пеш аз суханронӣ меозмояд; Ҳамчунонки хондани ин овоҳо барои мардум тавассути Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам илова бар иблоғи ваҳй ба сурати комил, барои хомӯш кардани онон ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба оёти баъдӣ дар ростои амал ба амри Худованд буд ки фармудааст: ﴿وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ[1]; «Ва ҳангоме ки Қуръон хонда мешавад пас ба он гӯш супоред ва сукут кунед бошад ки омӯрзида шавед» Ва аз ин рӯ, асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳатто кофирон аз он ҳазрат дар бораи маънои онҳо пурсише намекарданд; Чароки иртикозан ин коркард онҳоро дар меёфтанд ва маънои дигареро барои онҳо муҳтамал намедонистанд.

Бо ин васф, набудани онҳо дар оғози бархӣ сураҳо мунофӣ бо ин воқеъият нест; Зеро қатъан вазъияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар авқоти мухталиф аз ҳайси хоб ё бедорӣ ва фароғат ё иштиғол ва хулут ё ҷулут ва сафар ё ҳазар ва сиҳҳат ё беморӣ ва вуқуф ё ҳаракат мутафовит буда ва ин тафовут, оғози мутафовиреро барои нузули ваҳй иқтизо мекардааст; Ҳамчунонки тафовут дар ҳарфи муқаттаъа илзоман иттифоқӣ набуда, балки метавонистааст ношӣ аз вуҷуди оҳанг ва таъсири мутафовит барои ҳар ҳарфи мутаносиб бо вазъияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ношӣ аз тафовут дар калимот ва иборати баъдӣ буда бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки озмудани асвот тавассути фаришта барои калимот ва ибороти мутафовит монанди озмудани соз барои навохтани мусиқии мутафовит, табиъатан асвоти мутафовитеро падид меоварда; Илова бар инки мумкин аст ҳуруфи муқаттаъа дар оғози ҳар сура синхи калимот ва ибороти он ва монанди вожагони калидӣ дар оғози мақола буда бошанд то талвиҳан ба мухотаб бифаҳмонанд ки ин сура аз чунин ҳуруфе таркиб ёфтааст. Бинобарин, наметавон ҳуруфи муқаттаъаро ба хотири тафовуташон розӣ сар ба мӯҳр миёни Худованд ва Паёмбар пиндошт; Чароки ин пиндор бар хилофи умуми бисёрӣ аз оёти Қуръон аст; Монанди ояе ки мефармояд: ﴿هَذَا بَيَانٌ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَمَوْعِظَةٌ لِلْمُتَّقِينَ[2]; «Ин баёне барои ҳамаи мардум ва ҳидоват ва панде барои парҳезкорон аст» Ва ояи мефармояд: ﴿وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَذَا الْقُرْآنُ لِأُنْذِرَكُمْ بِهِ وَمَنْ بَلَغَ[3]; «Ва ин Қуръон ба ман ваҳй шудааст то бо он шумо ва ҳар касе ки ба ӯ мерасадро бим диҳам» Ва ояе ки мефармояд: ﴿وَلَقَدْ صَرَّفْنَا فِي هَذَا الْقُرْآنِ لِيَذَّكَّرُوا[4]; «Ва ҳароина дар ин Қуръон суханро гуногун гардондем то онон мутазаккир шаванд» Ва ояе ки мефармояд: ﴿وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ[5]; «Ва аз Қуръон чизеро нозил мекунем ки он шифо ва раҳмат барои мӯъмионон аст» Ва ояе ки мефармояд: ﴿وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ[6]; «Ва зикрро бар ту нозил кардем то барои мардум чизе ки ба судашон нозил шудро табйин кунӣ ва бошад ки онон андеша кунанд» Ва ояе ки мефармояд: «وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ»[7]; «Ва ҳароина Қуръонро барои тазаккур осон кардаем пас оё панд гирандае ҳаст?» Ва оёти бисёри дигар аз ин даст ки бо умуми худ бар қобили фаҳм будани ҳамаи Қуръон барои ҳамаи уқало –сарфи назар аз маротиби уқулашон– далолат доранд ва қобили тахсис бо бархӣ ривоёти воҳид ва мутаъориз ё увҳом ва зунуни муфассирон нестанд.

Ҳосил онки мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи ҳуруфи муқаттаъа, дар ғояти матонат аст, балки ногузир бояд онро пазируфт ва ситойиш барои Худованд Парвардигори ҷаҳониён аст.

↑[1] . Аъроф/ 204
↑[2] . Оли Имрон/ 138
↑[3] . Анъом/ 19
↑[4] . Исроъ/ 41
↑[5] . Исроъ/ 82
↑[6] . Наҳл/ 44
↑[7] . Қамар/ 17
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 3
Нависанда: Содиқ

Дар робита бо ҳуруфи муқатаъа саволе доштам: Дидгоҳи ҳазрати аллома агарчи дар ҳавзаи нафйи назариёти дигар дар ин бора ки ба дунболи розгуна ҷилва додани Қуръон ҳастанд, қавӣ амал мекунад, аммо дар ҳавзаи исботи хеш навъӣ тазалзул дар он эҳсос мешавад; Чун аз ҳеҷ гуна пуштивонаи ривойи бархурдор нест ва дар нигоҳи ақли низ номалмус ҷилва мекунад. Ҳол хостам назари шуморо дар бораи назарияи зер бидонам: Дар байни араб чунин расме будааст ки дар порае маворид, вақте мехостаанд аз Худо ёд кунанд, фақат ҳарфи аввали яке аз номҳои Худоро мегуфтаанд. Ба унвони мисол, «Нун» барои «Нур» ва «Қоф» барои «Қадир» ба кор мерафтааст. Дар осори аҳли байт низ дида мешавад ки бо зикри ин ҳуруф дуъоеро оғоз мекардаанд; Масалан гуфтаанд ки имом Алӣ алайҳи салом чун дуъо мекардааст: «یا کاف، هاء، یاء، عین، صاد، اِغْفِرْ لِی» яъне «Эй Карим, Ҳоди, Алим, Содиқ, маро биёмӯрз». Ҳамин тавр овардаанд ки муслимин дар Бадр шиъор медоданд: «حاء، میم، لایُنْصَرُون» яъне «Савганд ба Худои Сутуда ва бо азамат (Ҳамид ва Маҷид) ки (Кофирон) Ёрӣ нашаванд». Дар китоби «الإتقان فی علوم القرآن» низ бино бар ривоёти мутаъаддиде аз саҳоба, нишон дода шудааст ки ин ҳуруф ба номҳои Худо ишора дорад. Дар сурати қабули ин назария, тазодде бо пазириши адами розгуна бидуни Қуръон эҷод намешавад ва аз тарафӣ дигар назарияи мо дорои пуштивонаи ривойи мешавад.

Посух ба пурсиши
фаръии 3
Тарих: 8/12/2019

Лутффан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан назарияи шумо ҳам тафсирӣ ботинӣ ва рамзгароёна аз Қуръон аст ва аз ин ҳайс, фарқе бо сойири назариёт надорад; Чароки ҳеҷ як аз аҳли луғат дар ҳеҷ як аз кутуби худ, барои ҳар як аз ҳуруфи алифбо маънои хоссеро нанавиштаанд ва масалан нагуфтаанд ки «Нун» ба маънои «Нур» ва «Қоф» ба маънои «Қадир» ва «Ҳ» ба маънои «Ҳамид» ва «Мим» ба маънои «Маҷид» аст ва ин ба маънои он аст ки чунин чизе дар миёни араб марсум набудааст. Фориғ аз онки агар чунин чизе дар миёни араб марсум буд, табиъатан ихтилофе миёни мусалмонон дар бораи ҳуруфи муқатаъа падид намеомад; Ҳамчунонки дар бораи сойири калимоти марсум падид наёмадааст. Ин дар ҳоле аст ки ба гуфтаи ибни Арабӣ беш аз 20 маънои мухталиф барои ҳуруфи муқатаъа нақл шудааст ки ҳеҷ як мабнойе надорад ва қобили фаҳм нест[1].

Сониян ривоёти расида дар тафсири ҳуруфи муқатаъа, ривоётӣ воҳид ва заъиф ҳастанд ки якдигарро нақз мекунанд ва аз ин рӯ, қобили истинод нестанд ва табъан наметавонанд пуштивонаи назарияи шумо ё назарияи дигарон бошанд. Вонгаҳе беҳтарин пуштивона, китоби Худованд аст ва ривоёти расида танҳо дар сурате эътибор доранд ки бо он созгорӣ дошта бошанд; Чунонки ривоят шудааст: «كُلُّ حَدِيثٍ لا يُوافِقُ كِتابَ اللَّهِ فَهُوَ زُخْرُفٌ»[2]; «Ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд созгорӣ надорад, музахраф аст», дар ҳоле ки ривояти расида дар тафсири ҳуруфи муқатаъа, бо китоби Худованд созгорӣ надоранд; Зеро ҳар як, маъноеро барои онҳо зикр мекунанд ки дар луғат зикр нашудааст ва табъан барои мардум қобили фаҳм нест, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّا جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ[3]; «Мо онро Қуръонӣ арабӣ қарор додем бошад ки шумо бифаҳмед» Ва фармудааст: ﴿كِتَابٌ فُصِّلَتْ آيَاتُهُ[4]; «Китобе аст ки оёти он рӯшан ва гӯёст».

Солисан тафсири шумо аз ҳуруфи муқатаъа, бар хилофи асли зуҳур дар сираи уқало аст ва аз ин рӯ, наметавонад саҳиҳ бошад. Тавзеҳ онки чунин тафсире барои оммаи мардум қобили фаҳм нест; Зеро месаллам ва машҳуд аст ки онон аз ҳарфи «Нун» маънои «Нур» ва аз ҳарфи «Қоф» маънои «Қадир» ва аз ҳарфи «Ҳ» маънои «Ҳамид» ва аз ҳарфи «Мим» маънои «Маҷид» ро намефаҳманд ва аз ин рӯ, ҳеҷ ҳакиме бо онон ин гуна сухан намегӯяд, чи расад ба Аҳкамул Ҳокимин! Ин қоъидаи бисёр муҳимме аст ки аҳли байт бар он таъкид кардаанд; Чунонки фармудааст: «ما كانَ اللَّهُ لِيُخاطِبَ خَلْقَهُ بِما لا يَعْلَمُونَ»[5]; «Худованд ҳеҷ гоҳ халқашро бо калимоте ки намефаҳманд хитоб намекунад». Ин ба маънои он аст ки ҳар гуна тафсири ботинӣ ва рамзгароёна аз Қуръон, нодуруст аст, балки чизе ҷуз тафсири ба раъй нест ва ҷуз ба таҳаккум ва сафсата намеанҷомад; Ҳамчунонки ҳар касе метавонад ҳар як аз ҳуруфи муқатаъаро бар маънои матлуби худ ҳамл кунад, беонки битавон дурстӣ ё нодурустиашро исбот намуд!

Инҳо ҳама далили бар он аст ки ҳуруфи муқатаъа маънои хоссе надоранд, балки фойида ва коркардашон чаҳор чиз аст:

1 . Озмуни ово пеш аз оғози ваҳй

2 . Ҷалби таваҷҷуҳи Паёмбар ба манзури омода кардани ӯ барои дарёфти ваҳй дар мавоқеъе ки ба он ниёзманд будааст.

3 . Ҷалби таваҷҷуҳи мардум барои инки пеш аз оғози тиловат, сукут кунанд ва гӯш биспоранд.

4 . Ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ин нукта ки сура аз ҳамин ҳуруфи сода ва оддӣ таркиб ёфтааст, вале онон қодир ба овардани монанди он нестанд.

Ин танҳо тафсири қобили қабул аз ҳуруфи муқатаъа аст ки бо китоби Худованд ва сираи уқало созгорӣ дорад ва махсуси ба аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло нест то касе ӯро ба харқи иҷмоъ муттаҳам кунад; Чунонки Суютӣ (д.911қ) дар «Ал-Итқон Фи Улумил Қуръон»[6] монанди онро аз бархӣ олимони салаф нақл карда ва гуфтааст: «قِيلَ: هِيَ تَنْبِيهاتٌ كَما في النِّداءِ ... وقالَ الْخُوييُّ: الْقَوْلُ بِأَنَّها تَنْبِيهاتٌ جَيِّدٌ؛ لِأَنَّ الْقُرْآنَ كَلامٌ عَزِيزٌ وَفَوَائِدُهُ عَزِيزَةٌ فَيَنْبَغِي أَنْ يَرِدَ عَلَى سَمْعٍ مُتَنَبِّهٍ فَكانَ مِنَ الْجائِزِ أَنْ يَكُونَ اللَّهُ قَدْ عَلِمَ فِي بَعْضِ الْأَوْقاتِ كَوْنَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي عالَمِ الْبَشَرِ مَشْغُولًا فَأَمَرَ جِبْرِيلَ بِأَنْ يَقُولَ عِنْدَ نُزُولِهِ: <الم> و <الر> و <حم> لِيَسْمَعَ النَّبِيُّ صَوْتَ جِبْرِيلَ فَيُقْبِلَ عَلَيْهِ وَيُصْغِيَ إِلَيْهِ، قالَ: وَإِنَّما لَمْ تُسْتَعْمَلِ الْكَلِماتُ الْمَشْهُورَةُ فِي التَّنْبِيهِ كَأَلا وَأَما لِأَنَّها مِنَ الْأَلْفاظِ الَّتِي يَتَعارَفُهَا النّاسُ فِي كَلامِهِمْ وَالْقُرْآنُ كَلامٌ لا يُشْبِهُ الْكَلامَ فَناسَبَ أَنْ يُؤْتَى فِيهِ بِأَلْفاظِ تَنْبِيهٍ لَمْ تُعْهَدْ لِتَكُونَ أَبْلَغَ فِي قَرْعِ سَمْعِهِ»; «Гуфта шуда ки ҳуруфи муқатаъа барои ҷалби таваҷҷуҳи (Паёмбар) будааст, монанди ҳарфи нидо ... ва Хӯйи (Аҳмад ибни Халил) гуфта: Ин назар ки онҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи (Паёмбар) буда, назари хубе аст; Чароки Қуръон каломи хоссе аст ва фавойиди хоссе ҳам дорад ва табъан мебойист ба гӯшӣ омода бирасад. Аз ин рӯ, мумкин аст Худованд дар бархӣ авқот дониста бошад ки Паёмбар дар олами башар машғул (ба коре) аст, пас Ҷабраъилро амр карда бошад ки ба ҳангоми нузули худ бигӯяд: <Алиф> ва <Лом> ва <Мим> то Паёмбар овои Ҷабраъилро бишнавад ва ба ӯ рӯй оварад ва гӯш биспорад ва ба ин далил аз калимоти машҳури танбеҳи монанди ало ва аму истифода нашудааст ки онҳо алфозӣ мутаъораф дар миёни мардум ҳастанд ва Қуръон каломе аст ки ба каломи мардум шабеҳ нест, пас муносиб аст ки барои танбеҳ аз алфозӣ номаъҳуд истифода кунад то дар ҷалби таваҷҷуҳи Паёмбар муъассир бошад». Ҳамчунин, гуфтааст: «وَقِيلَ: إِنَّ الْعَرَبَ كانُوا إِذا سَمِعُوا الْقُرْآنَ لَغَوْا فِيهِ فَأَنْزَلَ اللَّهُ هَذَا النَّظْمَ الْبَدِيعَ لِيَعْجَبُوا مِنْهُ وَيَكُونَ تَعَجُّبُهُمْ مِنْهُ سَبَباً لِاسْتِماعِهِمْ وَاسْتِماعُهُمْ لَهُ سَبَباً لِاسْتِماعِ ما بَعْدَهُ فَتَرِقَّ الْقُلُوبُ وَتَلِينَ الْأَفْئِدَةُ»; «Ва гуфта шудааст ки араб ҳангоме ки Қуръонро мешуниданд сару садо мекарданд, пас Худованд ин назми бадеъиро нозил фармуд то аз он таъаҷҷуб кунанд ва таъаҷҷубашон сабаб шавад ки ба он гӯш бидиҳанд ва гӯш доданашон ба он сабаб шавад ки ба идомаи калом низ гӯш бидиҳанд, пас дилҳошон нарм шавад ва таҳти таъсир қарор гиранд». Ҳамчунонки, гуфтааст: «وَقِيلَ: إِنَّ هَذِهِ الْحُرُوفَ ذُكِرَتْ لِتَدُلَّ عَلَى أَنَّ الْقُرْآنَ مُؤَلَّفٌ مِنَ الْحُرُوفِ الَّتِي هِيَ أ ب ت ث... فَجاءَ بَعْضُها مُقَطَّعًا وَجاءَ تَمامُها مُؤَلَّفًا لِيَدُلَّ الْقَوْمَ الَّذِينَ نَزَلَ الْقُرْآنُ بِلُغَتِهِمْ أَنَّهُ بِالْحُرُوفِ الَّتِي يَعْرِفُونَها فَيَكُونَ ذَلِكَ تَعْرِيفًا لَهُمْ وَدِلالَةً عَلَى عَجْزِهِمْ أَنْ يَأْتُوا بِمِثْلِهِ»; «Ва гуфта шуда ки зикри ин ҳуруф барои далолат бар он буда ки Қуръон аз ҳуруфи содаи алифбо ташкил шудааст, пас бархӣ аз ин ҳуруфро ба сурати мунқатеъ ва ҳамаи онҳоро ба сурати муттасил овардааст то ба қавме ки Қуръон ба забонашон нозил шудааст бифаҳмонад ки он аз ҳуруфе аст ки мешиносанд, то ин ононро ба аҷзашон аз овардани каломӣ монанди он воқиф гардонад».

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Бингаред ба: Суютӣ, Ал-Итқон Фи Улумил Қуръон, ҷ2, с26.
↑[2] . Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ1, с221; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с69
↑[3] . Зухруф/ 3
↑[4] . Фуссилат/ 3
↑[5] . Тафсирул Аъёшӣ, ҷ1, с341; Риҷолул Кашшӣ, ҷ2, с578
↑[6] . ҷ2, с27
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.