Барои яқин ҳосил кардани ҷиҳати рӯъяти ҳилоли аввали моҳ байни уламо ихтилоф вуҷуд дорад. Шиъа ба рӯъяти ҳилоли моҳ бо чашми ғайри мусаллаҳ эътиқод дорад, вале дар байни аҳли суннат рӯъят бо чашми мусаллаҳ низ қабул аст. Назари эшон дар ин маврид чист?
Бино бар ривоёти мутавотир, моҳи нав бо рӯъяти он собит мешавад, хоҳ бо чашми мусаллаҳ бошад ва хоҳ бо чашми ғайри мусаллаҳ: Чароки ҳар ду рӯъят маҳсуб мешавад ва рӯъят дар ривоёти мутавотир, мутлақ аст.
Яке аз мушкилоти Эрон дар ҳангоми шурӯъи моҳи Рамазон ва поёни он, ин аст ки рӯзи аввали моҳи муборак ва рӯзи иъди саъиди фитр бо ибҳом таъйин мешавад ва байни мароҷеъи тақлид ихтилоф меафтад ва ҳатто ба далоили сиёсӣ байни Эрон ва Арабистон ихтилоф меафтад. Алломаи Хуросонӣ шурӯъ ва поёни моҳи Рамазонро чигуна таъйин мекунанд? Бо чашми мусаллаҳ ё ғайри мусаллаҳ?
Оё бояд дар кулли курраи замин ё кулли ними кураи шимолӣ як рӯз иъди фитр бошад?
Илм ба оғозӣ ҳар моҳ, шаръан бо рӯъяти ҳилоли он ҳосил мешавад, хоҳ бо чашми мусаллаҳ бошад ва хоҳ бо чашми ғайри мусаллаҳ. Ҳар чанд рӯъяти ҳилоли он, барои ҳамаи мусалмонон муяссар нест. Аз ин рӯ, илм ба рӯъяти он тавассути бархӣ аз онон ба воситаи хабари мутавотир ё маҳфуф ба қароъини илмовар, кофӣ аст.
Аммо оё илм ба рӯъяти он тавассути бархӣ аз онон дар як шаҳр ё уфуқ, барои касоне аз онон ки дар шаҳрҳо ва офоқи дигар сокин ҳастанд кофӣ аст? Дар ин бора ду назар аст, вале назари саҳиҳтар ки назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст, кофӣ будани он аст; Чароки аз як сӯ ривояти мутавотир дар бораи мусбит будани рӯъяти ҳилол ва шаҳодат бар он мутлақанд ва ба рӯъяти ҳилол ва шаҳодат бар он шаҳр ё уфуқи воҳид ихтисосе надоранд ва аз сӯӣ дигар хуруҷи моҳ аз муҳоқ бар хилофи тулуъ ва ғуруби хуршед, як бор ва дар як замон воқеъ мешавад ва рӯъяти он тавассути ҳамагон зарурӣ нест ва бо ин васф, ҳаргоҳ бархӣ мусалмонон ба сурати илмовар аз рӯъяти он дар шаҳр ё уфуқи худ хабар бидиҳанд, бар соири мусалмонон дар шаҳрҳо ва офоқи дигар воҷиб аст ки бар мабнои хабари онон амал кунанд, агарчи худашон онро дар шаҳр ва уфуқи худ рӯъят накарда бошанд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: إِذا رَأَیْتُمُ الْهِلالَ فَصُومُوا وَ إِذا رَأَیْتُمُوهُ فَأَفْطِرُوا! قُلْتُ: رُبَما نَراهُ بِمِنْظارٍ! قالَ: أَلَسْتُمْ تَرَوْنَهُ؟! قُلْتُ: رُبَما يُرَى فِي بَلَدٍ وَ لا يُرَى فِي بَلَدٍ آخَر! قالَ: إِذا رَءاهُ الْمُسْلِمُونَ فِي بَلَدٍ فَقَدْ رَأَیْتُمْ وَ قالَ: الرُّؤْیَةُ واحِدَةٌ»; «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Ҳаргоҳ ҳилолро дидед рӯза бигиред ва ҳаргоҳ онро дидед ифтор кунед! Гуфтам: Чи басо онро бо дурбин мебинем! Фармуд: Оё на ин аст ки онро мебинед?! Гуфтам: Чи басо он дар сарзамине дида мешавад ва дар сарзаминӣ дигар дида намешавад! Фармуд: Ҳаргоҳ мусалмонон онро дар сарзамине диданд, пас онро дидаанд ва фармуд: Рӯъят яке аст»!
Бо ин ҳол, агар мусалмонон дар сарзамине буданд яқин ба рӯъяти ҳилол ва танҳо бо такя бар тариқи заннӣ монанди тахмин ё хабари воҳиди ғайри илмӣ, ба оғоз ё поёни моҳи мубораки Рамазон ҳукм кунанд, пайравӣ аз онон бар соири мусалмонон воҷиб нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«دَخَلْتُ عَلَی الْمَنْصُورِ فِي یَوْمٍ أَظُنُّهُ یَوْمَ فِطْرٍ فَوَجَدْتُهُ صائِماً، فَقُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ أَما جاءَكَ الْخَبَرُ مِنَ السُّعُودِیَّةِ؟! قالَ: بَلَى وَ لَكِنَّهُمْ قَوْمٌ یَعْمَلُونَ بِالظَّنِّ وَ إِنّا قَوْمٌ نَعْمَلُ بِالْیَقِینِ! ثُمَّ قالَ: الرُّؤْیَةُ مَرَّةٌ واحِدَةٌ»; «Дар рӯзе ки гумон мекардам рӯзи иъди фитр аст ба ҳузури ҳазрати Мансур расидам, пас он ҳазратро рӯзадор ёфтам, пас гуфтам: Фидоят шавам, оё хабар аз Саъудия ба шумо нарасидааст? Фармуд: Оре, вале онон қавме ҳастанд ки ба зан амал мекунанд ва мо қавме ҳастем ки ба яқин амал мекунем! Сипас фармуд: Рӯъят як бор аст»!