Сешанбе 25 Июн 2024 мелодӣ / 18 Зулҳиҷҷа 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Худованд дар ояи 6 сураи Ҳуҷарот, фармудааст: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا أَنْ تُصِيبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ» [«Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ фосиқе бароятон хабаре овард таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯйи ҷаҳолат ба қавме осеб бирасонед, пас аз коре ки кардед пушаймон шавед»]. Оё ин оя далилӣ ошкор барои исботи ҳуҷҷияти хабари воҳид сиқа немебошад?

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Вуҷуби таҳқиқ дар бораи хабари фосиқ, ба маънои адами вуҷуби таҳқиқ дар бораи хабари дигарон нест; Чароки исботи шеъй нафйи моадо намекунад, балки метавонад аз боби таъкид ва баён авлавияти таҳқиқ дар бораи хабари фосиқ бошад; Чунонки масалан гуфта мешавад: «Ҳар чизе ки ҳар бесару пойе мегӯядро бовар накун» Ва манзур ин нест ки ҳар чизе ки дигарон мегӯяндро бовар кун, бал манзур ин аст ки ҳар чизе ки ҳар касе мегӯядро бовар накун, хусусан агар бесару по бошад. Ин ба маънои он аст ки ояи ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ фосиқе бароятон хабаре овард таҳқиқ кунед», дар мақоми нафйи вуҷуби таҳқиқ дар бораи хабари дигарон нест ва ба истилоҳ, мафҳуми мухолиф надорад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки чунин мафҳуме, муъориз бо мантуқи ояе аст ки мефармояд: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[2]; «Ҳароина занн чизеро аз ҳақ бениёз намекунад»; Бо таваҷҷуҳ ба инки хабари воҳиди сиқа, ба иқрори ҳамаи аҳли илм, муфиди занни аст ва бино бар мантуқи ин оя, чизеро аз ҳақ бениёз намекунад ва рӯшан аст ки мантуқи ин оя бар мафҳуми ояи дигар –ҳаргоҳ мафҳум дошта бошад– муқаддам аст.

2 . Ояи Набаъ, дар бораи хабар овардан аз Паёмбар дар бораи ақойид ва аҳкоми дин нест, бал дар бораи хабар овардан аз афродӣ оддӣ дар бораи мавзӯъӣ фаръӣ аст; Чунонки фармудааст: ﴿أَنْ تُصِيبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ[3]; «Мабодо аз рӯӣ ҷаҳолат ба қавме осеб бирасонед, пас аз коре ки кардед пушаймон шавед» Ва ин қаринаи муттасиле аст ки умуман барои оя боқӣ намегузорад то шомили хабар овардан аз Паёмбар дар бораи ақойид ва аҳкоми дин шавад; Ҳамчунонки шомили шаҳодати як шоҳиди одил дар маҳкама намешавад ва рӯшан аст ки миёни ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа дар умури урфӣ ва хабари ӯ дар умури шаръӣ, мулозимае вуҷуд надорад; Зеро уқало дар умури урфӣ тасомуҳе раво медоранд ки дар умури шаръӣ раво намедоранд.

3 . Ояи Набаъ, бо таваҷҷуҳ ба зайли он ва шаъни нузулаш, дар бораи хабари воҳид аз аҳли замон аст ки имкони таҳқиқ дар бораяшон вуҷуд дорад, на хабари воҳид аз гузаштагон ки имкони таҳқиқ дар бораяшон вуҷуд надорад. Тавзиҳ онки оя мефармояд: Ҳаргоҳ фосиқе барои шумо аз касе дар замонатон хабаре овард ҳокӣ аз инки ӯ сухане гуфта ё коре анҷом додааст, таҳқиқ кунед; Ба ин тартиб ки биравед ва аз худи ӯ бипурсед ки оё ин суханро гуфта ё ин корро анҷом додааст? Бинобарин, дар сурате ки мафҳуми мухолиф дошта бошад, мефармояд: Ҳаргоҳ одиле барои шумо аз касе дар замонатон хабаре овард ҳокӣ аз инки ӯ сухане гуфта ё коре анҷом додааст, таҳқиқ лозим нест ва ин метавонад аз он рӯ бошад ки дурӯғ бастани одиле ба касе ки зинда аст ва метавонад ӯро такзиб ва расво кунад, баъид аст, ё аз ин рӯ ки хабари воҳид аз аҳли замон бар хилофи хабари воҳид аз гузаштагон, ғолибан маҳфуф ба қароъинӣ қатъовар аст. Бо ин васф, оя дар сурате ки мафҳуми мухолиф дошта бошад, танҳо бар ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа аз аҳли замон далолат дорад ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло онро пазируфтааст, на хабари воҳид аз касоне ки дар ин замон нестанд ва наметавонанд сиҳҳату суқми хабари ӯро таъйин кунанд.

Ҳосил онки ояи Набаъ, «Далойилӣ ошкор барои исботи ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа» маҳсуб намешавад.

Барои огоҳии бештар дар ин бора, ба нақд ва баррасии 37 муроҷиъа кунед.

↑[1] . Ҳуҷарот/ 6
↑[2] . Юнус/ 36
↑[3] . Ҳуҷарот/ 6
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.