Чоршанбе 24 Апрел 2024 мелодӣ / 15 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Назари ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мавриди бозорёбии шабакаи чист? Ба ин сурат ки ширкате аз мизони хариди муштариёне ки ман муъаррифӣ мекунам ё мизони хариди муштарии муштариёнам ва ило охир ба ман працент ва фисади мушаххасе медиҳад. Масалан зермаҷмӯъаи ман 100 ҳазор сомон харид доштаанд ширкат ба хотири инки ман онҳоро муъаррифӣ кардаам ё зер гурӯҳи ман онҳоро муъаррифӣ карда 4 дарсад маблағи фавқро ба ҳисоби ман мегузаронад. Албатта дигарон (радифҳои болотар аз гурӯҳ ва зер гурӯҳ) ҳам ба таносуби хариди афроде ки муъаррифӣ кардаанд суд мебаранд.

Бозорёбии ҳирамӣ ё шабакаи ғолибан мубтанӣ бар бозорёбӣ барои маҳсулот ё хадамоти воқеъӣ ва судманд нест, бал мубтанӣ бар бозорёбӣ барои бозорёбӣ аст ки корӣ беравия ва ғайри оқилонае аст ва аз ин ҳайс, хӯрдани мол ба ботил маҳсуб мешавад ки ҷойиз нест; Ҳамчунон ки дер ё зуд ба ишбоъи бозор ва зарари аксари бозорёбон меанҷомад ва аз ин ҳайс, иқдом ба зарар дидан ё зарар расондани қатъӣ аст ки ҷойе дар Ислом надорад; Ҳамчунонки навъан мубтанӣ бар дурӯғ ва ваъдаҳои беасос аст ва аз ин ҳайс, фиребкорӣ ва кулоҳбардорӣ маҳсуб мешавад ки ҳаром аст.

Вонгаҳе бозорёбӣ дар ивази дарёфти дарсаде аз моли оъид аз фурӯш (працент), ишкол дорад; Зеро миқдори фурӯш ва миқдори моли оъид аз он, дар вақти қарордоди бозорёбӣ маълум нест ва бо ин васф, чунин қарордоде муъомила бо ивази маҷҳул аст ки ғарарӣ маҳсуб мешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки миқдори фурӯш ва миқдори моли оъид аз он, танҳо аз кори бозорёб табаъият намекунад, балки тобеъи мутағаййирҳои мухталиф ва номаҳсусе аст ва бо ин васф, мумкин аст бозорёб кори фаровоне анҷом диҳад, вале фурӯши каме дошта бошад ё фурӯше надошта бошад ки дар ин сурат, зарарӣ баййин мебинад. Аз инҷо дониста мешавад ки бозорёбӣ дар ивази дарёти дарсаде аз моли оъид аз фурӯш, гунаи қимор аст ва кори бозорёб, барои хуруҷ он аз зейли ин унвон кофӣ нест. Бале, бозорёбӣ дар ивази дарёфти муздӣ маълум бо лиҳози корӣ маълум ва на бо лиҳози миқдори фурӯш, ишколе надорад ва муъомилаи уқалойи ва одилона аст; Монанди инки қарордод шавад бозорёб дар ивазӣ 6 соъат таблиғот ва мушовираи мутаъорафи рӯзона бо риъояти шурути машруъи корфармо, маблағи 6 ҳазор сомон дар моҳ дарёфт кунад, қатъи назар аз онки ин кори ӯ ба фурӯши матлуб биянҷомад ё наянҷомад. Бинобарин, корфармоён ва бозорёбоне ки бар мабноӣ дарсаде аз моли оъид аз фурӯши қарордод бигирад, бояд аз Худованд ва рӯзи қиёмат битарсанд ва қарордодҳои худро ислоҳ кунанд, агар ба Худованд ва рӯзи қиёмат бовар доранд; Чароки уқубати Худованд дар рӯзи қиёмат шадид аст.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Содиқ
Тарих: 2/10/2017

Зимни ташаккур аз заҳамоти шумо

Дар бораи ин навъ аз машоғил суъолоти бисёре матраҳ аст, ба вежа ки дар дунё аз солҳо пеш ривоҷ дошта ва дар Тоҷикистон ба ашколи гуногун ворид шудааст.

1 . Агар маҳсулот ё хадамот комилан воқеъӣ ва иттифоқан судманд бошад чигуна аст? Ҳамчунин дар бархӣ кишварҳо монанди Конодо ва Амрико масалан ширкати бузурги ... солҳост фаъолият мекунад ва ҳаргиз дучори ишбоъи бозор нашудааст; Чун ҳам маҳсулот мутанавеъ мешавад ва ҳам рушти ҷамъият дорем ва ҳам инки ҳамаи мардум ки ба сӯӣ ин шуғл ё хариди ин навъ маҳсулот намераванд то масъалаи ишбоъи бозор иттифоқ афтад ва ҳамчунин, агар комилан бар пояи таблиғот рост ва саҳиҳ ва на кулоҳбардорӣ бошад чигуна аст?

2 . Бо таваҷҷуҳ ба нуктае ки дар бораи бозорёбӣ фармудед, ҳар гуна бозорёбӣ бояд мушкил дошта бошад, дар ҳоле ки фарзан банда аз шаҳри дигаре миқдоре мол мехарам ва бояд дар шаҳри худам бифурӯшам. Ҳол бояд бигардам ба дунболи касе ки онро бихарад ва ба қавли маъруф бозорёбӣ кунам. Ин кор ҳам дақиқан метавонад як талоши бесамар ё камсамар бошад. Бо ин мабно оё ҳар гуна тиҷорате ба маънои хариде аз ҷойе ва фурӯш дар ҷойи дигар гунаи қимор нест?

3 . Ба илова дар ҳоли ҳозир ширкатҳое ҳастанд ки дақиқан ба ин сурат амал мекунанд: Молро ба сурати куллӣ ва арзонтар ба шумо мефурӯшанд то шумо ба муштариҳо бифурӯшед ва суди ҳосил ва мушаххаси худро бибаред. Дар ин миён агар муштарие пайдо кардед ки монанди шумо битавонад ин корро анҷом диҳад ва зери назари шумо кор кунад, ба ивазӣ фурӯши ӯ ҳам працент ё подош ё ҳадияе дарёт мекунед. Оё ин бахши дуввуми кор (працент ё подош) низ шаръан мушкил дорад? Бо таваҷҷуҳ ба инки дар ҳангоми қарордод, дақиқан мушаххас мешавад ки ба ивазӣ хариди ҳар нафар дар зери маҷмӯъаӣ таҳти назароти шумо, шумо фалон дарсад подош мегиред ва бо таваҷҷуҳ ба инки шумо аслан маҷбур нестед зер маҷмӯъа бисозед ва метавонед фақат бифурӯшед.

Аз инки вақти гаронбаҳои асотиди мӯҳтарамро гирифтам узрхоҳӣ мекунам.

Бо ташаккур

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 11/10/2017

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Бозорёбии шабакаи дар ширкатҳои ҳирамӣ, навъан мубтанӣ бар фурӯши маҳсулоти воқеъӣ ё хадамоти уқалоӣ бо ангезаи тиҷорати ҷиддӣ ва фаъолияти иқтисодии мутаъораф ва муфид нест, балки мубтанӣ бар фурӯши авроқӣ эътимодӣ ё маҳсулоти камарзиш ё хадамоти козиб бо ангезаи тавсиъаи шабакаи бозорёбӣ ва дастёбӣ ба суди бештар бидуни тиҷорати ҷиддӣ ва фаъолияти иқтисодии мутаъораф ва муфид аст ва ин бар хилофи сираи уқало ва бар хилофи мақосид ва қавоъиди шариъат аст ва таволии фасоди фаровоне барои фард ва ҷомеъа дорад. Ба иборати дигар, бозорёбӣ дар ширкатҳои ҳирамӣ, мутаносиб бо каммият ва кайфияти маҳсулот ва хадамоти мавҷуд ва баромада аз ниёзи ҳақиқии бозор нест, бал иқдомӣ беравия ва ғайри табиъӣ аст ки танҳо ба интиқоли пул аз пойин ба боло ва афзойиши ғайри одилонаи суди мудирон меанҷомад ва ногузир ба шумори фаровоне аз аъзо зиён мерасонад. Ба иборати дигар, дар як фаъолияти иқтисодии солим, бозорёбии фаръи бар вуҷуди маҳсулоти воқеъӣ ё хадамоти оқилонае аст ва мутаносиб бо каммият ва кайфияти онҳо ва бо ҳадафи фурӯши онҳо анҷом мешавад, вале дар як фаъолияти иқтисодии носолим монанди фаъолияти ширкатҳои ҳирамӣ, ин раванд маъкус аст; Ба ин тартиб ки дар воқеъ маҳсулот ё хадамоте вуҷуд надорад, балки вуҷуди онҳо фаръи бар бозорёбӣ аст ва бо ин васф, бозорёбӣ ба зоти худ мавзӯъият пайдо карда ва ба ҳадафи аслии фаъолияти аъзо ва маншаъи аслии суди мудирон табдил шудааст, дар ҳоле ки ин корӣ маъқул ва машрӯъ нест ва осебҳои фаровоне барои фард ва ҷомеъа дорад. Вонгаҳе ҳақ он аст ки дарёфти суд тавассути як бозорёб дар изои фурӯши бозорёбӣ дигар бо ин баҳона ки тавассути ӯ ба шабака ҷазб шуда, хӯрдани мол ба ботил аст; Чароки фурӯши бозорёби дигар ношӣ аз талошӣ худаш буда ва талоше барои он аз ҷониби ӯ анҷом нашудааст, дар ҳоле ки суд бурдан дар изои талоши дигарон ва бидуни талоше аз ҷониби худ, «Муфтхурӣ» маҳсуб мешавад ки ҷойе дар Ислом надорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ﴾[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Амволи якдигарро миёни худ ба ботил нахуред». Бинобарин, суд бурдани бозорёбони табақаи боло аз фаъолияти бозорёбони табақаи пойин, фий ҳадди нафс ишкол дорад ва муъомилае мубтанӣ бар он, ботил аст.

2 . Бозорёбӣ ба маънои таблиғи содиқонаи маҳсулоти воқеъӣ ё ҳадамоти уқалоӣ бо ҳадафи фурӯши онҳо, ишколе надорад, бал коре ки ишкол дорад, машрут кардани музди бозорёб ба фурӯши онҳост, дар ҳоле ки таҳаққуқи фурӯш ва миқдори фурӯши онҳо маҷҳул аст ва ин муъомиларо ғарарӣ ва ғайри уқалойи мекунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки маълум будани иваз ма муъавиз барои сиҳҳати муъомила зарурӣ аст; Магар дар ҷуъола ки муъомилаи лозим маҳсуб намешавад, балки ваъда ва таъаҳҳудӣ яксӯя аст ва аз ин ру, ҷаҳли ба иваз дар он ишколе падид намеоварад, ҳар чанд бархӣ монанди Ҳанафия онро низ ҷойиз намедонанд ва ҳақ ин аст ки агар омил дар он муъайян бошад, холӣ аз ишкол нест, балки дар ин сурат иҷора маҳсуб мешавад ва илми ба иваз ва муъавиз дар он зарурӣ аст. Аз инҷо дониста мешавад ки тиҷорат гунаи қимор нест; Чароки тоҷир бо ивазӣ маълум, муъавизӣ маълумро мехарад, ба умеди инки баъдан онро бо ивазӣ бештар бифурӯшад, дар ҳоле ки агар баъдан онро бо ивазӣ бештар нафурӯшад, муъомилае анҷом надодааст то гунаи қимор бошад! Мабнои қимор тасодуфӣ будани чизе аст ки ивази ба он машрут шудааст, монанди таҳаққуқи фурӯш дар бозорёбӣ ҳаргоҳ музд ба он машрт шуда бошад ё таҳаққуқи хасорат дар бима ҳаргоҳ ҷуброни ба он машрут шуда бошад, вале дар тиҷорат иваз ва муъавиз маълум аст ва машрутӣ тасодуфӣ вуҷуд надорад.

3 . Агар музди бозорёб ба фурӯши ӯ машрут нашавад, балки ба бозорёбии ӯ бо каммият ва кайфиятӣ маълум машрут шавад, вале барои фурӯши ӯ -ва на фурӯши дигарон- ҷойиз ва подоше афзун бар музди ӯ таъаҳҳуд шавад, зоҳир ин аст ки ишколе надорад; Бо таваҷҷуҳ ба сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَمِنْهُمْ مَنْ عَاهَدَ اللَّهَ لَئِنْ آتَانَا مِنْ فَضْلِهِ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ الصَّالِحِينَ ۝ فَلَمَّا آتَاهُمْ مِنْ فَضْلِهِ بَخِلُوا بِهِ وَتَوَلَّوْا وَهُمْ مُعْرِضُونَ﴾[2]; «Ва аз онон касоне ҳастанд ки бо Худованд аҳд карданд ки агар аз фазли худ ба мо бидиҳад ҳатман садақа медиҳем ва аз некукорон хоҳем буд, пас чун аз фазли худ ба онон дод, нисбат ба он бухл варзиданд ва пушт карданд дар ҳоле ки рӯйгардон буданд» Ва умуми сухани Ӯ дар ситойиши некукорон ки фармудааст: ﴿وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا﴾[3]; «Ва вафо кунандагон ба аҳдашон ҳангоме ки аҳд кунанд»; Машрут ба инки сурӣ ва аз боби ҳила набошад; Ба ин тартиб ки муздӣ ночиз ва ғайри одилона дар изои бозорёбӣ ва ҷойиза ва подошӣ муҳим дар изои фурӯш таъйин шавад.

↑[1] . Нисоъ/ 29
↑[2] . Тавба/ 75 ва 76
↑[3] . Бақара/ 177
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.