Нависандаи пурсиш: Ҷамъе аз ҷавонони дӯстдори ҳазрати Маҳдӣ Тарихи пурсиш: 2/2/2015

Мехостем назари ҳазрати Мансурро дар бораи ин ҳадис бидонем:

Амирул мӯъминин Алӣ алайҳи салом мефармояд: Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: «Марде аз Мовароуннаҳр қиём хоҳад кард ки ба ӯ «Ҳорис ибни Ҳаррос» гуфта мешавад, пеши рӯйи лашкариёни ӯ марде аст ки ба ӯ «Мансур» гуфта мешавад ва заминаи ҳукуматро барои Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фароҳам мекунад, ҳамчунонки Қурайш заминаи ҳукуматро барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фароҳам карданд. Бар ҳар мӯъмине воҷиб аст ки ӯро ёрӣ диҳад». (Иқдуддурар, с130).

Ҳамчунин, мехостем назари эшонро дар бораи ин ҳадис бидонем:

Миёни Миррих (Баҳром) ва Зуҳал (Кийвон) ҳар ду сол як бор муқорина рух медиҳад. Аммо Алӣ алайҳи салом, ҳаракати неруҳои Хуросонӣ ва Шуъайб ибни Солеҳ аз Самарқанд ба сӯӣ Ироқро дар пайи муқоринаи комили ин ду саёра (1) дар сол пеш аз қиёми имом Маҳдӣ алайҳи салом медонад ва мефармояд:

«Огоҳ бошед, шумо пас аз муддате, замонӣ кӯтоҳ хоҳед дошт ки дар он, гӯшае аз гуфторҳои манро хоҳед донист ва дурустии онҳо барои шумо ошкор хоҳад шуд, ҳангоме тулуъи Баҳром ва Кийвон бо иқтирони дақиқ (1). Дар ин ҳангом, ларзишҳо ва зилзилаҳо паёпай рӯх медиҳанд ва парчамҳойе аз соҳили Ҷайҳун ба сӯӣ биёбони Бобул рӯй меоваранд  (Машориқ Анворул Яқин, с266 хутбаи Татанҷия).

1. Аз дидгоҳи мунаҷҷимини қадим, иқтирони дақиқи ду ситора он аст ки дар як моҳ, ба як дараҷа ва дақиқа ҷамъ шаванд, ва ба таъбири мунаҷҷимини ҷадид, фосилаи онҳо, дар нигоҳи нозири заминӣ, камтар аз панҷ дараҷаи нуҷумӣ бошад.

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 4/2/2015

Хабари ҳокӣ аз хуруҷи марде аз Фароруд -яъне фаро сӯи руди Ҷайҳун дар Хуросони бузург- ки ба ӯ «Мансур» гуфта мешавад дар пеши рӯйи марде ки ба ӯ «Ҳорис ибни Ҳаррос» гуфта мешавад ба манзури заминасозӣ барои ҳукумати оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, хабарӣ воҳиде аст ки Абу Доввуд дар сунани худ[1] ривоят карда ва Юсуф ибни Яҳё гуфтааст ки илова бар ӯ, Байҳақӣ ва Насаоъи дар сунани худ ва Шайх абу Муҳаммад дар китоби Масобеҳ низ онро ривоят кардаанд[2] ва Мағрибӣ дар бораи он гуфтааст: «صَحِيحٌ أَوْ حَسَنٌ بِلا شَكٍّ وَلا رِيبَةٍ»[3]; «Бидуни ҳеч шак ва тардиде, саҳиҳ ё ҳасан аст» ва бархӣ низ онро заъиф шумурдаанд, вале дар нусхаҳои он ихтилоф вуҷуд дорад; Зеро зоҳиран аз нусхаи матбуъ ин аст ки «Мансур» пеши рӯйи лашкари «Ҳорис ибни Ҳаррос» аст, дар ҳоле ки ин чизи ғарибе аст; Чароки ҳеч шоҳиде барои он дар ривоётӣ дигар вуҷуд ннадорад. Вонгаҳе дар сойири нусхаҳо, «Ҳорис ибни Ҳаррос» наёмада, балки омадааст: «الْحَارِثُ، حَرَّاثٌ عَلَى مُقَدَّمَتِهِ، رَجُلٌ يُقَالُ لَهُ مَنْصُورٌ»; «Ҳорис, Ҳаррос пеш рӯйи лашкари ӯст, марде аст ки ба ӯ Мансур гуфта мешавад» ва Азимободӣ гуфт ки дар аксари нусхаҳо ин гуна омада ва ҳамин мӯътабар аст[4] ва ин -чунонки пайдост- тафовут дорад ва метавонад бар яки будани Мансур ва Ҳорис ҳамл шавад; Чунонки Сафоринӣ гуфтааст: «هَذَا الرَّجُلُ يُحْتَمَلُ أَنْ يَكُونَ هُوَ الْهَاشِمِيُّ الْـآتِي ذِكْرُهُ وَيُلَقَّبُ بِالْحَارِثِ كَمَا يُلَقَّبُ الْمَهْدِيُّ بِالْجَابِرِ»[5] «Муҳтамил аст ки ин мард ҳамон Ҳошимӣ бошад ки зикраш меояд ва лақабаш Ҳорис аст, ҳамон тавр ки лақаби Маҳдӣ Ҷобир аст» ва ончи ин эҳтимолро тақвият мекунад он аст ки аз ин «Ҳорис» ҳеч ёде дар ривоёти дигар нест, балки дар онҳо танҳо аз «Мансур» ёд шудааст, дар ҳоле ки агар «Мансур» пеши рӯйи лашкари «Ҳорис» буд, «Ҳорис» аз «Мансур» ба ёд кардан сазовортар буд; Чароки амир ва раҳбари ӯ буд; Магар инки мурод аз «Ҳорис» ҳамон Маҳдӣ бошад; Зеро ӯ танҳо касе аст ки дар ривоёти дигар, беш аз Мансур аз ӯ ёд шудааст ва чизе ки бар ин далолат мекунад ривояти Ибни Ҳайюн (д.363қ) аз тариқи Абурраззоқ, аз Алӣ, аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки фармуд: «يَقُومُ رَجُلٌ مِنْ وُلْدِي، عَلَى مُقَدَّمَتِهِ رَجُلٌ يُقالُ لَهُ الْمَنْصُورُ، يُوَطِّئُ لَهُ -أَوْ قالَ: يُمَكِّنُ لَهُ- واجِبٌ عَلَى كُلِّ مُؤْمِنٍ نُصْرَتُهُ -أَوْ قالَ: إِجابَتُهُ»;[6] «Марде аз фарзандонам қиём мекунад, пеши рӯйи лашкари ӯ марде аст ки ба ӯ Мансур гуфта мешавад, барои ӯ заминасозӣ мекунад –ё фармуд: Барои ӯ тамаккун эҷод мекунад– бар ҳар мӯъмине воҷиб аст ки ӯро ёрӣ кунад –ё фармуд: Иҷобат кунад» Зеро шакке нест ки ин ҳамон хабари Абу Доввуд аст, ҷуз инки аз тариқӣ дигар ривоят шуда ва дар он зикре аз Ҳорис наёмаба ва зоҳир дар ин аст ки Мансур пеши рӯйи лашкари Маҳдӣ аст ва пеши рӯйи лашкари касӣ дигар нест. Бар ин асос, «Ҳорис» -ҳаргоҳ асли вуруди он собит бошад ва тасҳифе дар он сурат нагирифта бошад- аз алқоби имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ки пеш аз зуҳури худ, дар Фароруд хоҳад бул ва Мансури Хуросонӣ ӯро ҳамроҳӣ хоҳад кард; Чунонки дар бархӣ ривоёт, бо ишора ба парчамҳои сиёҳи Хуросонӣ омадааст «فَإِنَّ فِیها خَلیفَةَ اللّهِ الْمَهْدِيَّ»;[7] «Ҳароина халифаи Худованд Маҳдӣ дар миёни онҳост» Ва дар ривоятӣ дигар омадааст: «فَإِنَّ الْمَهْدِيَّ وَ النَّصْرَ مَعَهُمْ»;[8] «Ҳароина Маҳдӣ ва наср ба ҳамроҳи онон аст»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки баъид нест ки «Наср» тасҳифи «Мансур» бошад ва дар асли ривоят омада бошад: «فَإِنَّ الْمَهْدِيَّ وَ المَنْصُورَ مَعَهُمْ»; «Ҳароина Маҳдӣ ва Мансур ба ҳамроҳи онон ҳастанд»; Чунонки ривоят шудааст: «مِنَّا الْمَهْدِيُّ وَالْمَنْصُورُ»[9]; «Маҳдӣ ва Мансур аз мо ҳастанд»  Ва ин маънои хубари Абу Доввудро ошкор мекунад ва метавонад аз он боб бошад ки ривоят шудааст: «مِنَ الْمَغْرِبِ يَقُومُ وَ أَصْلُهُ مِنَ الْمَشْرِقِ وَ هُناكَ يَسْتَوِي قِيامُهُ وَ يَتِمُّ أَمْرُهُ»[10]; «(Маҳдӣ) аз Мағриб қиём мекунад, вале аслаш аз Машриқ аст ва онҷо қиёмаш шакл мегирад ва кораш сомон меёбад».

Ба ҳар ҳол, ахбори ҳокӣ аз хуруҷи марде аз Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ ки ба ӯ «Мансур» гуфта мешавад ва ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад ва заминаи ҳукумати ӯро фароҳам месозад, маҳдуд ба ин як хабар нест, вале Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бо онки аз Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ хориҷ шудааст ва ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад ва заминаи ҳокимияти ӯро фароҳам месозад, муддаъӣ нест ки ҳамон марди мавъуд аст, ва агар бошад, ниёзе ба чунин иддаъое надорад; Чароки наҳзати ӯ наҳзатӣ ваҳмолуд ва сохтагӣ нест то бар чунин иддаъое муттакӣ бошад, балки наҳзате муттакӣ бар ҳақойиқӣ ъайнӣ ва маҳсус аст; Чунонки хуруҷи ӯ аз Хуросони бузург, ҳақиқатӣ ъайнӣ ва маҳсус аст ва парчамҳои сиёҳи ӯ, ҳақиқатӣ ъайнӣ ва маҳсус аст ва даъвати ӯ ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозиаш барои ҳукумати он ҳазрат, ҳақиқатӣ ъайнӣ ва маҳсус аст ва китоби ӯ «Бозгашт ба Ислом», муҳандисӣ фарҳангӣ ва идеоложик барои инқилоби ҷаҳонӣ аст. Бинобарин, чи кӯтаҳфикранд касоне ки мехоҳанд пои иддаъоҳоро ба соҳати ин наҳзати воқеъгаро боз намоянд то бо ин шеваи кӯтаҳфикрона, ба матонат ва вазонати он латма бизананд ва бандагони моргазидаи Худоро дар бораи он ба шубҳа бияндозанд ва даҳони ёвагӯён ва баҳонаҷӯёнро бар зидди он бигушоянд, дар ҳоле ки агар ба дунболи ҳақиқат буданд, онро бо ду чашми худ медиданд ва агар ба дунболи воқеъият буданд, онро бо ду гӯши худ мешуниданд ва он ҳангом, муҳкамотро ба сабаби муташобеҳот во намегузоштанд! Чунонки бархӣ ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Марде аз сарзаминӣ дур ба назди Мансури Ҳошимии Хуросонӣ омад ва пас аз гуфтугӯӣ чанд, дасти ӯро гирифт ва арза дошт: «Ман гувоҳӣ медиҳам ту ҳамон заминасози мавъуди Маҳдӣ ҳастӣ ки Паёмбари Худованд моро ба ҳамроҳи бо ӯ фармон дод!» Он бузургвор чун ин суханро шунид, бедаранг дасти худро аз дасти он мард берун кашид ва бо итобе ба ӯ фармуд:

«Даст аз ман бардор эй бародар! Оё ин ҳама роҳро аз сарзамини худ омадаи то манро дар бораи динам фиреб диҳӣ?! Ба Худо савганд ман заминаи зуҳури Маҳдиро месозам, вале аҳмият намедиҳам ки манро ба чи чиз меномӣ; Зеро ман осмони обиро сақфи худ ва замини хокиро фарши худ насохтам ва худро монанди порасанге дар уқёнуси бало наяндохтаам то ту аз сарзамини хеш биёйи ва манро мавъуд биномӣ! Оё ман «Писари инсон» нестам?! Пас манро «Писари инсон» бином ва дар роҳе ки пеш гирифтаам ҳамроҳиам кун; Чароки ман ба сӯӣ Маҳдӣ раҳсипорам ва бо ту ё бе ту ба ӯ хоҳам расид»!

Сипас дар ҳоле ки бар мехост то биравад, бо овози баланд фармуд:

«Ман нидокунандае пеши рӯйи Маҳдӣ ҳастам ки нидо мекунам: Роҳро боз кунед»!

Акнун эй «Ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ»!

Агар ба ростӣ «Ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ» ҳастед, бидонед ки ёрии «Заминасози мавъуди зуҳури Маҳдӣ» аз ин рӯ воҷиб нест ки «Мавъуд» аст, бал аз ин рӯ воҷиб аст ки «Заминасози зуҳури Маҳдӣ» аст ва шумо агар «Ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ» ҳастед, бояд барои ёрии «Заминасози зуҳури Маҳдӣ» ба по хезед, агарчи ӯро «Мавъуд» надонед. Хушо ба ҳоли касоне ки басират доранд; Чароки онон ҳақро дар паси ҳазор парда мебинанд ва бадо ба ҳоли касоне ки кӯранд; Чароки онон ҳақро агар чи дар баробарашон бошад намебинанд!

Аммо ривояти марбут ба тақорини Мирриху Зуҳал ва далолати он бар ҳаводиси наздик ба зуҳури Маҳдӣ, ривоятӣ бисёр заъиф аст ки иттикоъ ба он ҷойиз нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки мухолиф бо навоҳии Ислом аз назар кардан дар нуҷум барои пешгӯйии ҳаводиси оянда аст, ҳар чанд монанди саҳар воқеъият дошта бошад.

↑[1] . Сунани Абӣ Доввуд, ҷ4, с108
↑[2] . Иқдуддурар Фи Ахборил Мунтазар, с198
↑[3] . Маҷмаъ Аҳодиси Имомил Маҳдӣ Ал-Кавронӣ, ҷ1, с396
↑[4] . Авнул Маъбудул Азим Ободӣ, ҷ11, с258
↑[5] . Лавомуъ Ал-Наворул Баҳия, ҷ2, с80
↑[6] . Шарҳул Ахбор, ҷ3, с359
↑[7] . Муснади аҳмад, ҷ37, с70; Далоъилул Набувва Байҳақӣ, ҷ6, с516; Ал-Фитан Наъим ибни Ҳаммод, ҷ1, с311; Ал-Мустадраку Алалсаҳиҳайн Ҳоким, ҷ4, с547; Сунанул Ворида фи Ал-Фитан Ли-Донӣ, ҷ5, с32; Ал-Бадау вал Торих Ли-Мақдисӣ, ҷ2, с174
↑[8] . Ал-Малоҳим Ибнул Мунодӣ, с44
↑[9] . Барои ин мазмун, бингаред ба: Мусаннафи Ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с513; Фазоъили Саҳоба Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ2, с966; Ал-Фитан Нӯъмон ибни Ҳаммод, ҷ1, с96; Ал-Мустадрак Алал Саҳиҳайн Ҳоким, ҷ4, с559; Далоилул Набувва Байҳақӣ, ҷ6, с514; Торихул Бағдод Хатиб, ҷ9, с407; Ансобул Ашроф Билозарӣ, ҷ4, с47.
↑[10] . Шарҳул Ахбор Ибни Ҳайюун, ҷ3, с364