Шанбе 5 декабр 2020 мелодӣ баробар бо 19 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(25) Танҳо халифаи Худованд дар охируззамон бо таваҷҷуҳ ба ахбори мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Маҳдӣ аст ва аз халифаи дигаре ҷуз ӯ дар охируззамон хабар дода нашудааст ва аз ин рӯ, яқин ба хилофати касе ҷуз ӯ баъд аз салаф мумкин нест (Бахши: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Бо ташаккур аз посухҳои дақиқ ва санҷидаи шумо ки банда ва амсоли бандаро мустафиз мефармойед. Ин шоъ Аллоҳ Худованд ба илми шумо баракат бидиҳад. Бегумон аҷри шумо бандагони мӯъмин назди Худованд маҳфуз хоҳад буд.

Суъоле доштам ва он ин аст ки агар касе байни дуроҳии надонистан ва амал накардан монда бошад интихоб кардани кадом як табаъоти камтареро барои дунё ва охирати ӯ ба дунбол хоҳад дошт? Яъне дар назари Худованд кадом як маъзуртаранд: Касе ки ба дунболи илм рафта ва ба он амал намекунад ё касе ки тавонойии касби илмро дорад вале аз тарси амал накардан ба дунболи касби огоҳӣ намеравад?

Амал надандан ба илм, як гуноҳ аст, вале таҳсил накардани илм ду гуноҳ; Зеро таклифи инсон, ҳам таҳсили илм ва ҳам амал ба он аст ва бо ин васф, касе ки илмро таҳсил мекунад, вале ба он амал намекунад, яке аз ду таклифи худро анҷом медиҳад ва дигариро тарк мекунад ва касе ки амдан ва барои гурез аз масъулият, дар таҳсили илм кӯтоҳӣ меварзад, ҳеҷ як аз ду таклифи худро ба анҷом намерасонад ва табъан гуноҳкортар аст. Аз инҷо дониста мешавад ки ҷоҳили муқассир бар олими беамал фазилате надорад, балки аз ӯ бадбахтар ва зиёнкортар аст ва ҳеҷ як дар пешгоҳи Худованд узре надоранд.

Оре, агар ҷоҳиле дар замин аз таҳсили илм қосир бошад, ба ин маъно ки дар асари нуқсони ақлӣ ё заъфи ҷисмӣ ё асорат дар банди золимон ё сукунат дар маконӣ дурафтода ва саъбул убур ва фоқиди камтарин имконоти лозим барои таҳсили илм ё муҳоҷират ба маконӣ муносиб, тавонойии таҳсили илмро надошта бошад, бал аз мавзӯъот ва ихтилофоти илмӣ дар миёни мардум ки мусталзими таҳқиқ ва таҳсили илм аст бехабар бошад, гуноҳкор шумурда намешавад ё қобили бахшойиш аст; Чунонки Худованд дар бораи чунин касоне фармудааст: ﴿إِلَّا الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ لَا يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلَا يَهْتَدُونَ سَبِيلًا ۝ فَأُولَئِكَ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَعْفُوَ عَنْهُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَفُوًّا غَفُورًا[1]; <<Магар мустазъафоне аз мардон ва занон ва кӯдакон ки чорае наметавонанд ва роҳе пайдо намекунанд; Пас умед меравад ки Худованд ононро бибахшояд ва Худованд бахшояндаи омӯрзгор аст>>.

↑[1] . Нисоъ/ 98 ва 99
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading