Ояи 7
«Ҳеч замоне аз Имомӣ некукор ки ҳар кас бо ӯ бимирад растгор шудааст холӣ нест»
قَالَ اللَّهُ تَعَالَى حِكَايَةً عَنْ أُولِي الْأَلْبَابِ:
﴿وَتَوَفَّنَا مَعَ الْأَبْرَارِ﴾[1]
Тарҷума:
Худованди баландмартаба ба нақл аз хирадмандон фармудааст:
«Ва моро ба ҳамроҳи некон бимирон».
Мулоҳиза
أَخْبَرَنَا عَلِيُّ بْنُ إِسْمَاعِيلَ الدَّامْغَانِيُّ، قَالَ: سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ أُولِي الْأَلْبَابِ: ﴿وَتَوَفَّنَا مَعَ الْأَبْرَارِ﴾، فَقَالَ: إِنَّ الزَّمَانَ لَا يَخْلُو مِنْ إِمَامِ بِرٍّ مَنْ تُوُفِّيَ مَعَهُ فَقَدْ أَفْلَحَ، فَلَازِمُوا إِمَامَ الْبِرِّ فِي زَمَانِكُمْ تُفْلِحُوا! قُلْتُ: وَمَنْ إِمَامُ الْبِرِّ فِي زَمَانِنَا؟ قَالَ: رَجُلٌ مِنْ آلِ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ يُقَالُ لَهُ الْمَهْدِيُّ، قُلْتُ: كَيْفَ نُلَازِمُهُ وَلَا نَعْرِفُهُ؟! قَالَ: إِذَا أَحَسَّ مِنْكُمُ الْمُلَازَمَةَ عَرَّفَكُمْ نَفْسَهُ، كَمَا غَابَ عَنْكُمْ إِذْ أَحَسَّ مِنْكُمُ الْمُفَارَقَةَ!
Тарҷума:
Алӣ ибни Исмоъили Домуғонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани хирадмандон пурсидам ки мегӯянд: «Ва моро ба ҳамроҳи некон бимирон», пас фармуд: Ҳеч замоне аз Имомӣ нек ки ҳар кас бо ӯ бимирад растгор мешавад холӣ нест, пас мулозими Имоми нек дар замони худ бошед то растгор шавед! Гуфтам: Имоми нек дар замони мо кист? Фармуд: Марде аз Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба ӯ Маҳдӣ мегӯянд, гуфтам: Чигуна мулозими ӯ бошем дар ҳоле ки ӯро намешиносем?! Фармуд: Ҳаргоҳ мулозиматро дар шумо эҳсос кунад, худро ба шумо мешиносонад, ҳамон тавр ки вақте муфориқатро дар шумо эҳсос кард, аз шумо пиноҳ шуд!