Замони ифтор барои рӯзадор замони ғуруб аст ё заволи сурхии мағриб?
Вақти ифтор, вақти ғуруби хуршед аст ки оғози шаб ва вақти намози мағриб аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ﴾[1]; «Сипас рӯзаро то шаб комил кунед» Ва бо ин васф, таъхири он то заволи сурхии машриқ ваҷҳе надорад, балки ба бархӣ ғолиёни шиъа монанд Хаттобия нисбат дода шудааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «صَلَّی الْمَنْصُورُ صَلاةَ الْمَغْرِبِ، ثُمَّ سَمِعَ أَذاناً، فَقالَ: ما هَذَا؟! قُلْنا: هَذَا أَذانُ الشِّیعَةِ! لا یُؤَذِّنُونَ حَتَّى یَرْتَفِعَ اللَّیْلُ! فَقالَ: غَلَبَ عَلَیْهِمُ الْخَطّابِیَّةُ!»[2]; «Мансур намози мағрибро гузорид, сипас азонеро шунид, пас фармуд: Ин чист?! Гуфтам: Ин азони шиъа аст! Азон намегӯянд то он гоҳ ки шаб боло биёяд! Пас фармуд: Хаттобия бар онон чира шудаанд!» Ва аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «لا يَزالُ النّاسُ بِخَيْرٍ ما عَجَّلُوا الْفِطْرَ»[3]; «Мардум ҳамвора бар хайр ҳастанд то ҳангоме ки дар ифтор таъҷил мекунанд» Ва дар ривояти дигаре омадааст: «عَجِّلُوا الْفِطْرَ فَإِنَّ الْيَهُودَ يُؤَخِّرُونَ»[4]; «Дар ифтор таъҷил кунед; Чароки яҳдиён таъхир мекунанд» Ва аз Абу Атия ривоят шудааст ки гуфт: «دَخَلْتُ أَنَا وَمَسْرُوقٌ عَلَى عَائِشَةَ، فَقُلْنَا: يَا أُمَّ الْمُؤْمِنِينَ! رَجُلَانِ مِنْ أَصْحَابِ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، أَحَدُهُمَا يُعَجِّلُ الْإِفْطَارَ وَيُعَجِّلُ الصَّلَاةَ، وَالْآخَرُ يُؤَخِّرُ الْإِفْطَارَ وَيُؤَخِّرُ الصَّلَاةَ، قَالَتْ: أَيُّهُمَا الَّذِي يُعَجِّلُ الْإِفْطَارَ وَيُعَجِّلُ الصَّلَاةَ؟ قَالَ: قُلْنَا: عَبْدُ اللَّهِ يَعْنِي ابْنَ مَسْعُودٍ، قَالَتْ: كَذَلِكَ كَانَ يَصْنَعُ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ -زاد أبو كُريب:- وَالْآخَرُ أَبُو مُوسَى»[5]; «Ман ба ҳамроҳи Масруқ ба назди Оиша омадем, пас гуфтем: Эй модари мӯъминон! Ду мард аз асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, яке дар ифтор ва намоз таъҷил мекунад ва дигарӣ дар ифтор ва намоз таъхир мекунад, гуфт: Кадомашон дар ифтор ва намоз таъҷил мекунад? Гуфтем: Абдуллоҳ яъне Ибни Масъуд, гуфт: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳамин корро мекард. Абу Курайб афзудааст: Дигарӣ (ки дар ифтор ва намоз таъхир мекард) Абу Мӯсоӣ Ашъарӣ буд».
Оре, чанд дақиқа эҳтиёт ишколе надорад ва мо ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро ёфтем ки ба андозаи як дараҷаи нуҷумӣ эҳтиёт мекард ва ҳар дараҷа, баробари панч дақиқа аст.