Бародари гиромӣ!
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
Аввалан касоне ки бо эътимод ба бархӣ дастовардҳои дониши таҷрибӣ, ахбори қатъӣ ва сариҳи диниро инкор ё таъвил мекунанд, кори дурусте анҷом намедиҳанд; Чароки дониши таҷрибӣ ба иқтизои иттикоъаш бар таҷориби маҳдуд ва мутаъоризи донишмандон, ҳамвора ноқис ва дар маърази таҳаввул буда, дар ҳоле ки дин ба иқтизои иттикоъаш бар ваҳй, аз камол ва суботи комил бархурдор аст ва бо ин васф, ахбори қатъӣ ва саҳиҳи дин ба маротиб аз дастовардоҳи дониши таҷрибӣ қобили эътимодтар аст, магар дар назари моддагароён ки ваҳйро бовар надоранд ё аз синхи сойири таҷориби башарӣ ва беиртибот бо ғайб мепиндоранд. Инҷост ки фарқи мусалмон ва мулҳид ошкор мешавад; Чароки мусалмон ваҳйро меъёри шинохт қарор медиҳад ва ҳар назарияро бо он месанҷад, то агар бо он мувофиқ буд бипазирад ва агар бо он мувофиқ набуд напазирад, дар ҳоле ки мулҳид ҳиссу таҷрибаро меъёри шинохт қарор медиҳад ва ҳар назарияро бо он месанҷад, то агар бо он мувофиқ буд бипазирад ва агар бо он мувофиқ набуд напазирад ва аз ин рӯ, олами ғайбро инкор мекунад ва вуҷуди Холиқро нафй менамояд ва ҳамаи чизро баромада аз «Интихоби табиъӣ» мешуморад; Чароки ба дониши маҳдуд ва маъюби худ мағрур аст ва содалувҳона мепиндорад ки ба ҳамаи асрори ҷаҳон пай бурда ва ҳамаи қавоъид ва қавонини онро кашф кардааст ва аз ин рӯ, ба худ ҷуръат медиҳад ки дар баробари ваҳй қад алам кунад ва ҳар чизе аз он ки намеписандадро инкор ё таъвил намояд; Чунонки Худованд дар бораи амсоли ӯ фармудааст: ﴿فَلَمَّا جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَرِحُوا بِمَا عِنْدَهُمْ مِنَ الْعِلْمِ وَحَاقَ بِهِمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ﴾; «Пас чун Паёмбаронашон бо нишонаҳои рӯшан ба наздашон омаданд, ба донише ки наздашон буд шодмон шуданд ва чизе ки ба он истеҳзоъ мекарданд бар сарашон омад».
Сониян назарияи Дорвин мубтанӣ ба он аст ки Одам алайҳи салом ба унвони нахустин инсон аз гил офарида нашуда, бал аз падар ва модарӣ ғайри инсон ба дунё омадааст ки худ зодаи садҳо ва ҳазорҳо насл аз мавҷудоти зиндаи гуногун будаанд ва ин назарияте аст ки мо онро рад накардаем, балки Офаридагор онро рад кардааст; Чароки бо сароҳат ва қотеъият фармудааст: ﴿وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنْسَانِ مِنْ طِينٍ﴾; «Офариниши инсонро аз гил оғоз Кард» Ва фармудааст: ﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ صَلْصَالٍ مِنْ حَمَإٍ مَسْنُونٍ﴾; «Ҳароина Мо инсонро аз гили хушкидае (баргирифта) аз гили тираранги кӯҳнае Офаридаем» Ва фармудааст: ﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ سُلَالَةٍ مِنْ طِينٍ﴾; «Ҳароина Мо инсонро аз чакидае аз гил Офаридаем» Ва фармудааст: ﴿خَلَقَ الْإِنْسَانَ مِنْ صَلْصَالٍ كَالْفَخَّارِ﴾; «Инсонро аз гили хушк шудае монанди сафол Офарид» Ва фармудааст: ﴿إِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِنْ طِينٍ فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِنْ رُوحِي فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِينَ﴾; «Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: Ман Офаринандаи башаре аз гил ҳастам; Пас чун ӯро баробар кардам ва аз руҳам дар он дамидам барои ӯ ба саҷда бияфтед» Ва фармудааст: ﴿وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَكُمْ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ إِذَا أَنْتُمْ بَشَرٌ تَنْتَشِرُونَ﴾; «Ва аз оёти Ӯ ин аст ки шуморо аз хок Офарид, пас ногоҳ башаре шудед ки густариш меёбед», бал шабеҳи ин корро дар офариниши Исо алайҳи салом такрор Кард то ҷойе барои таъвили он боқӣ намонад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ مَثَلَ عِيسَى عِنْدَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ ۖ خَلَقَهُ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ﴾; «Ҳароина масали Исо назди Худованд масали Оам аст ки ӯро аз гил Офарид, сипас ба ӯ фармуд бош, пас шуд», бал онро ба дасти Исо алайҳи салом низ анҷом дод то касе эҳтимол надиҳад ки «Маншаъи ҳаёт аз об ва хок буда, вале дар муддати ҳамин раванди такомулии Дорвинӣ»; Чунонки ба нақл аз ӯ фармудааст: ﴿أَنِّي أَخْلُقُ لَكُمْ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ فَأَنْفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِ اللَّهِ﴾; «Ҳароина ман барои шумо аз гил чизе ба шакли паранда месозам ва сипас дар он медамам, пас ба изни Худованд паранда мешавад» Ва рӯшан аст ки ин оёт ва оёти мушобаҳи дигар, сариҳи дар ин маъно ҳастанд, то ҳадде ки иродаи маънойи дигар аз онҳо иғроъ ба ҷаҳл аст ки бар Худованд ҷойиз нест ва бо ин васф, берун кашидани назарияи Дорвин аз онҳо, ҷуз бо сафсата ва таҳаккум имкон надорад; Коре ки агар раво дошта шавад, эътиборе барои сареҳтарин нусуси динӣ боқӣ намемонад ва устувортарин мабноӣ дин мутазалзил, балки вайрон мегардад; Чизе ки баъид нест ҳадафи ғояӣ Доривиниҳо бошад. Аҷиб аст ки бо ин ҳама, шумо мефармойед: «Ин эҳтимолро бидиҳед ки бардошти шумо аз манобеъи динӣ саҳиҳ нест»; Ғофил аз онки агар ин эҳтимолро бидиҳем, бояд фотеҳаи динро бихонем; Чароки сареҳтарин нусуси он ҳам маъно надорад ва ба манзалаи шеър ва муғолита аст! Бо ин васф, беҳтар аст ки шумо ин эҳтимолро бидиҳед ки бардоштатон аз манобеъи динӣ саҳиҳ нест; Чароки мо сареҳи оёти Қуръонро ёд мекунем ва сариҳи оёти Қуръон, бардошти мо аз манобеъи динӣ маҳсуб намешавад!
Солисан такомул ва интихоби табиъӣ дар мавҷудод ба маънои бақоъи сифоти муфид ва заволи сифоти музир дар онҳо ба мурури замон, метавонад воқеъият дошта бошад, вале на дар ҳадде ки ҷойгузине барои офариниш Илоҳӣ бошад; Чароки офариниши Илоҳӣ аз ниёзмандии ҳодис ба маҳдус ва адами имкони тасалсул лозим меояд ва аз дафъӣ будан ё тадриҷӣ будани ҳудус табаъият намекунад; Ҳамчунонки наметавонад мубаййини чигунагии пайдоиши Одам алайҳи салом ба унвони нахустин инсон бошад; Зеро такомул ва интихоби табиъӣ ҳатто агар як равия дар миёни мавҷудод бошад, рӯйдоди хилофи равия ҳамвора мумкин аст ва бо ин васф, наметавон бар пояи он пайдоъиши ҳамаи мавҷудотро тавзиҳ дод; Ҳамчунонки ба унвони мисол, наметавон пайдоиши Исо алайҳи салом бидуни падар ва офариниши паранда аз гил ба дасти ӯ ва зинда шудани чаҳор парандаи леҳ шуда ба дасти Иброҳим алайҳи салом ва зинда шудани улоғи пӯсида дар баробари Узайр алайҳи саломро тавзиҳ дод. Ба дигар сухан, агар пайдоиши як мавҷуд бар пояи такомул ва интихоби табиъӣ мумкин аст, офариниши дафъии як мавҷуд тавассути Худованд низ имкон дорад ва воқеъ шудааст ва бо ин васф, зистшиносӣ наметавонад мушаххас кунад ки кадом мавҷуд ба сурати дафъӣ офарида шуда ва кадом мавҷуд сирфан ношӣ аз такомул ва интихоби табиъӣ будааст; Магар аз тариқи тамсил ва истиқроъи ноқис ки сирфан муфиди зан ва тахмин ҳастанд. Танҳо чизе ки метавонад ин корро анҷом диҳад, ваҳй аст ва ваҳй мушаххас карда ки Одам алайҳи салом ба унвони нахустин инсон, ношӣ аз такомул ва интихоби табиъӣ набуда, балки тавассути Худованд ва бидуни падар ва модар офарида шуда ва бо ин васф, исрор бар инки ӯ ношӣ аз такомул ва интихоби табиъӣ буда ва бародари хунии шомпонзеҳ, горил ва оронгутон аст, пайравӣ аз зан ва тахмин дар баробари ваҳй аст; Чунонки Худованд дар бораи он фармудааст: ﴿إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ﴾; «Онон ҷуз аз зан пайравӣ намекунанд ва онон ҷуз тахмин намезананд».
Робиъан пешниҳоди мо ҳамон чизе аст ки Ислом фармуда ва он офариниши Одам алайҳи салом аз гил бо дасти қудрати Парвардигор аст; Коре ки мумкин аст ҳазорон сол ё замонӣ кӯтоҳ мушобаҳи замони сохтани муҷассамаи гилӣ тавассути Исо алайҳи салом тӯл кашида бошад, вале дар ҳар ҳол воқеъ шуда ва тасдиқи он бар ҳар муслмоне воҷиб аст. Аммо оё мумкин аст сойири ҷонворон, дасти кам дар сатҳи зерростаҳо ё хонаводаҳо, аз тариқи такомул ва интихоби табиъӣ офарида шуда бошанд, ба ин тартиб ки масалан ҳамаи гурбасонон, аз як ниё ва ҳамаи сагсонон, аз як ниё ва ҳамаи хирсворон, аз як ниё падид омада бошанд? Оре; Чароки Худованд аз чигунагии пайдоиши онҳо хабар надода; Магар ҷин ки дар бораи он фармудаст: ﴿وَخَلَقَ الْجَانَّ مِنْ مَارِجٍ مِنْ نَارٍ﴾; «Ва ҷинро аз забонаи аз оташ Офарид».
Бинобарин, вуҷуди такомул ва интихоби табиъӣ дар миёни махлуқот, мумкин аст, вале на ба сурати қонунӣ ҳамагонӣ ва ғайри қобили тахаллуф ки Дорвиниҳо мепиндоранд ва бар пояи он, офариниши Одам алайҳи салом ва гоҳ ҳатто вуҷуди Офаридагорро нафй мекунанд, бал ба суратӣ маҳдуд ки ҳатто аз он хабар додааст. Аз ин рӯ, ба шумо тавсия мекунем ки фирефтаи таблиғоти ғарбиён нашавед ва тасаввур накунед ки сухани онон дар ин боб, сухани охар аст; Чунонки Худованд дар бораи амсоли онон фармудааст: ﴿مَا أَشْهَدْتُهُمْ خَلْقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَا خَلْقَ أَنْفُسِهِمْ وَمَا كُنْتُ مُتَّخِذَ الْمُضِلِّينَ عَضُدًا﴾; «Ман ононро бар офариниши осмонҳо ва замин ва бар офариши худашон шоҳид насохтам ва ҳаргиз гумроҳ кунандагонро бозуи худ қарор надодам»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки сухани донишмандон дар ин боб яксон нест, балки бисёрӣ аз онон мухолифи назарияи Дорвин ҳастанд ва ишколити мутаъаддидеро бар он ворид мекунанд ва ҳатто бархӣ мӯътақид ҳастанд ки ин назарияи ғалат ва кӯтоҳбинона, ба поёни умри худ расидааст.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо