Панҷшанбе 27 Январ 2022 мелодӣ баробар бо 24 Ҷумода-л-охира 1443 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(36) Мансури Ҳошимии Хуросонӣ сирфан олимӣ мусалмон аст ки бо ҳадафи зоҳир сохтани Маҳдӣ ва расондаи ӯ ба қудрат, қиём кардааст ва мусалмононро ба байъат бо он ҳазрат ба ҷойи байъат бо ин ва он фаро мехонад ва бадин сон барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон заминасозӣ мекунад ва ба ҳамин ҷиҳат, ҳимоят аз ӯ бар ҳар мусалмоне воҷиб аст. (Бахши: Нақдҳо ва баррасиҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Дар кадом мавоқеъе ғайбат кардан ҷойиз аст?

«Ғайбат кардан» дар Ислом, ба маънои муттаҳам кардани касе дар ғиёби ӯ ба чизе аст ки шаръан ё урфан писандида нест ва ин аз он ҷиҳат зулм аст ки боъиси бадгумонӣ ба ӯ дар ҳоле мешавад ки ӯ қодир ба дифоъ аз худ нест ва қубҳи зулм бадеҳӣ аст. Аз ин рӯ, Худованд дар китоби худ ба қубҳи ин амал ишора карда ва фармудааст: ﴿وَلَا يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضًا ۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِيمٌ[1]; «Ва бархӣ аз шумо бархӣ дигарро ғайбат накунанд! Оё яке аз шумо дӯст медорад ки гӯшти бародари мурдаашро бихурад?! Пас онро нописанд медоред ва аз Худованд парво кунад! Ҳароина Худованд тавбапазирӣ меҳрубон аст»!

Оре, ғайбат кардани касе ки «Мӯъмин» нест, ҳаром шумурда намешавад; Чароки Худованд бо хитоби ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ва таъбири ﴿بَعْضُكُمْ بَعْضًا ва таъбири ﴿لَحْمَ أَخِيهِ, мӯъминонро аз ғайбати якдигар наҳй фармудааст ва бо ин васф, ғайбат кардани касе ки кофир ё золим ё фосиқ аст ва табъан мӯъмин шумурда намешавад, мавриди наҳйи Худованд нест, ҳар чанд тарки он дар сурате ки фоидае бар он мутараттиб набошад, авло аст ва фоида, огоҳ кардани ҳозирон аз куфр ё зулм ё фисқи ӯст, дар сурате ки огоҳии онон аз он зарурат дошта бошад, на огоҳ кардани онон аз нақсе дар ҷисм ё дар мол ё дар аҳли ӯ ки вай дар пайдоиши он нақше надошатааст; Чароки ин кор тавҳин ва истеҳзоъ ба ӯ маҳсуб мешавад ва тавҳин ва истеҳзоъ ба ҳеҷ кас ҷойиз нест; Чунонки яке аз ёронамон моро хубар дод, гуфт:

«ذَکَرْتُ عِنْدَ الْمَنْصُورِ الْهَاشِمِيِّ الْخُرَاسَانِيِّ عَدُوّاً لَهُ جَبّاراً فَقُلْتُ: ذَاكَ السَّمِینُ الْکَوْسَجُ! فَتَغَیَّرَ لَوْنُهُ وَ قالَ: أَسْرَفْتَ! أَسْرَفْتَ! لا نُعادِیهِ لِخَلْقِهِ وَ لَكِنْ نُعادِیهِ لِخُلْقِهِ وَ إِنَّما خَلْقُهُ مِنَ اللّهِ وَ خُلْقُهُ مِنْ قِبَلِ نَفْسِهِ»; «Назди Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз душмани ҷабборе барои ӯ ёд кардам, пас гуфтам: Он марди чоқи кӯса! Пас ранги он Ҳазрат дигаргун шуд ва фармуд: Зиёдаравӣ кардӣ! Зиёдаравӣ кардӣ! Мо бо ӯ ба хотири халқаш душманӣ намекунем, балки ба хотири хулқаш душманӣ мекунем; Чароки халқаш аз ҷониби Худованд аст ва хулқаш аз ҷониби худаш аст»!

Ин сираи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст, дар ҳоле ки сираи душманонаш чуз тавҳин, таҳқир, тахриб, истеҳзо ва ифтиро нест ва танҳо хирадмандон панд мегиранд.

↑[1] . Ҳуҷарот/ 12
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Ризо Розӣ
Тарих: 29/6/2020

Лутфан таърифи дақиқ ва ҷомеъе аз ғайбат кардан ироъа ва ҳудуд ва суғури онро ташриҳ фармойед.

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 3/7/2020

Сухан гуфтан дар бораи дигарон дар ғайбати онҳо ба наҳве ки агар ба гӯшашон бирсад нороҳат мешаванд, ғайбат маҳсуб мешавад ва гуноҳ аст; Магар инки мусалмон набошад, ё заруратӣ шаръӣ дар сухан гуфтан дар бораи онҳо вуҷуд дошта бошад; Монанди инки агар дар бораи онҳо сухан гуфта нашавад, дин ё ҷон ё мол ё обурӯйи мусалмоне осеб мебинад. Ба ҳамин далил, олимони мусалмон заъиф шумурдан ё каззоб шумурдани бархӣ ровиёни ҳадисро ҷойиз донистаанд; Чароки бидуни ин кор, мумкин аст мусалмонон ба ривояти онҳо эътимод кунанд ва дар натиҷа, дин ва чи басо ҷон, мол ва обурӯяшон осеб бубинад; Ҳамчунонки таън дар шуҳуд ё ҳуккоми ғайри одил ба маънои хабар аз адами адолати онҳо ҷойиз, балки воҷиб аст; Чароки Худованд адолати онҳоро лозим дониста ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا شَهَادَةُ بَيْنِكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ حِينَ الْوَصِيَّةِ اثْنَانِ ذَوَا عَدْلٍ مِنْكُمْ﴾[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳаргоҳ магари яке аз шумо фаро расид, бояд ду марди одил аз шумо дар ҳангоми васият шоҳид бошанд» ва фармудааст: ﴿وَأَشْهِدُوا ذَوَيْ عَدْلٍ مِنْكُمْ﴾[2]; «Ва ду марди одил аз худро шоҳид бигиред» ва фармудааст: ﴿يَحْكُمُ بِهِ ذَوَا عَدْلٍ مِنْكُمْ﴾[3]; «Ду марди одил аз шумо ба он ҳукм кунанд» ва бо ин васф, гирифтани шоҳид ё ҳакамӣ ғайри одил ва қабули шаҳодат ё ҳукми ӯ, бар хилофи амри Худованд ва маслиҳати мусалмонон аст ва табъан кетмони ҳоли ӯ тавассути касе ки аз ҳоли ӯ огоҳ аст, кӯмак ба гуноҳ ва таъаддӣ ва зарар расондан ба мусалмонон маҳсуб мешавад ки ҳаром аст.

Аз инҷо дониста мешавад ки зикри уюби эътиқодӣ ё амалии афроди зер дар ғайбати онон, ҳаргоҳ ба дур аз дурӯғ, муболиға сӯъи занн бошад, ҷойиз аст;

1 . Ровиёни ҳадис

2 . Шуҳуд

3 . Ҳукм кунандагон

4 . Даъват кунандагони мардум ба сӯӣ ботил

5 . Кофирон ва мунофиқон

6 . Мусалмонони фосиқе ки ба огоҳии мардум аз фисқи худ аҳмияте намедиҳанд; Монанди касоне ки дар маъобир ва амокини умумӣ гуноҳ мекунанд.

7 . Мусалмонони фосиқе ки бо пинҳон сохтани фисқи худ, ба мардум зиён мерасонанд; Монанди кулоҳбардороне ки бо фиреби мардум амволи ононро мехуранд.

Бинобарин, гуфтани онки фалон ровии ҳадис, дурӯғгӯ ё саҳлангор аст, ё фалон шоҳид, муътод аст ва бо гирифтани пул шаҳодат медиҳад, ё фалон ҳакам, ришва мегирад, ё фалон кофир ё даъваткунандаи мардум ба сӯӣ ботил, фалон ақида ё амали нодурустро дорад, ё фалон мунофиқ, дар ҳоли тавтиъа ба зидди Ислом аст, ё фалон мусалмон, дар маъобир ва амокини умумӣ бидуни ҳиҷоб зоҳир мешавад, ё кулоҳбардор аст ва амволи чанд танро бо фиреб хӯрдааст, ё чизҳойе аз ин даст, ишколе надорад; Машрут ба инки воқеъан аз рӯӣ илм ва бо қасди хайр яъне пешгирӣ аз зарари моддӣ ё маънавӣ бошад; Чароки дар ин сурат, «Эҳсон» маҳсуб мешавад ва Худованд фармудааст: ﴿مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ ۚ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ﴾[4]; «Бар эҳсон кунандагон роҳе (ба муъохиза) нест ва Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст», вале ёд кардан аз уюби мусалонони одил ё мусалмонони мастуре ки фисқе аз онон ошкор нашудааст дар ғайбати онон, ҳаром аст, ҳар чанд дар ҳузурашон ҷойиз бошад; Чароки ёд кардан аз уюби онон дар ҳузурашон, метавонад мисоқи амри ба маъруф ва наҳ аз мункар бошад ва ба онон суд бирасонад, дар ҳоле ки дар ғайбаташон чунин нест; Ҳамчунонки ёд кардан аз уюби ҷисмонии дигарон ваҷҳе надорад, ҳар чанд аз касоне бошанд ки ғайбат кардан аз онон ҷойиз аст ва низ ёд кардан аз бархӣ ҳолати онон ки шаръан айб маҳсуб намешавад; Монанди гуфтани инки либоси фалонӣ зишт аст, ё хонаи фалонӣ хурд аст, ё дастпухти фалонӣ бад аст, ё рафту омади фалонӣ зиёд аст, ё духтари фалонӣ хостгоре надорад, ё писари фалонӣ бекор аст, ё чизҳойе аз ин даст ки миёни мардум ривоҷ дорад, дар ҳоле ки бефоида ва зишт аст.

↑[1] . Моъида/ 106
↑[2] . Талоқ/ 2
↑[3] . Моъида/ 95
↑[4] . Тавба/ 91
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.