Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

Ҷаҳон дар оташи бало месӯзад ва мардум дар ғафлати худ бозӣ мекунанд! Мегӯянд: Иллати ин бемории ҳамагир чист? Ва ин хушксолӣ ва гармои муҳлик?! Ва ин селҳо ва заминларзаҳои пай дар пай?! Ва ин тангдастӣ ва гаронии арзоқ?! Ва ин тарс ва нооромии умумӣ?! Оё саҳве аз касе сар зада, ё рӯйдодӣ табиъӣ аст?! Эй ҷоҳилон! Он чизе аст ки дастҳои худатон пеш фиристода ва аз боварҳо ва корҳои худатон нашъат гирифтааст!

Оё пиндоштаед ки агар кофир шавед ва ба Худованд ва халифааш дар замин пуш кунед ва ҳокимонӣ дигар ихтиёр намойед, ба шумо осебе нахоҳад расид?! Ё пиндоштаед ки агар зулм кунед ва хуни мардумро ба ноҳақ бирезед ва амволи ононро ба ботил бихуред ва дар рибохорӣ ва шаҳватронӣ ғарқ шамед ва гуноҳ бар гуноҳ бияфзойед, паёмаде нахоҳад дошт?! Чунин нест! Мебинед ки чунин нест! Балки куфри шумо оташе хоҳад шуд ва шуморо хоҳад сӯхт ва гуноҳонатон гирдбоде ва шуморо хоҳад бурд, то он гоҳ ки аз шумо ҷуз андаке дар ғорҳо ва шикофҳои сахраҳо ва ҷоҳои дурафтода боқӣ намонанд! Оё инро баъид медонед ё мепиндоред ки мумкин нест?! Монанди ақвоме дар гузашта ки инзорҳои Паёмбаронро бовар накарданд ва ҷиддӣ нагирифтанд ва гуфтанд: ﴿مَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ﴾[1]; «Мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд», то он гоҳ ки азоб бар онон фуруд омад ва ҳамаашонро ҳалок кард; Пас аз бархӣ нишоне намонд ва аз бархӣ вайронае монд ки хонаи бум ва дуд аст! Бе гумон ҳангоме ки барқашро диданд ва раъдашро шуниданд дарёфтанд ки инзорҳои Паёмбарон рост буд, вале чи суд ки дигар фурсате барои тавба ва ислоҳ набуд?!

Инки шумо ба ҷои онон омадаед ва бар заминҳое ки рӯзгоре маскани онон буд, сукунат гузордаед, дар ҳоле ки ҳанӯз фурсате барои тавба ва ислоҳ доред, вале пайдост ки оқибати ононро аз ёд бурдаед; Зеро корҳоеро анҷом медиҳед ки онон анҷом медоданд ва чун шуморо инзор медиҳем, чунонки Паёмбарон ононро инзор медиҳанд, инзорро бовар намекунед ва ҷиддӣ намегиред, чунонки онон инзори Паёмбаронро бовар намекарданд ва ҷиддӣ намегирифанд ва мегӯйед: ﴿مَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ﴾; «Мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд», чунонки онон мегуфтанд! Пас бо ин ҳол, оё таваққуъи чизе ҷуз оқибати ононро доред?! Аз чи рӯ?! Оё мепиндоред ки суннати Худованд тағйир карда ё Қудраташ зойил шудааст?! Ё ба шумо амонномаи беқайду шарт додааст?! Ё бо шумо хешовандӣ дорад?! Ё аз корҳое ки анҷом медиҳед, бехабар аст?! Ё ҳарифи абзорҳо ва силоҳҳои ҷадидатон намешавад?! Ё аз касрати ҷамъият ва вусъати шаҳрҳотон андешнок аст?! Чунин нест, бал Ӯ ҳамон аст ки пештар буд ва шумо ҳар чанд зарраро бишкофед ва ба осмон боло равед ва бурҷҳои бас баланд бисозед, барои Ӯ бо гузаштагон яксонед! Оё пӯст ва гӯшт ва устухон нестед ва танҳо як ҷон надоред?!

Пас аз Ӯ битарсед ва бар Ӯ ҷуръат наварзед ва ҳилми Ӯро бар бехабарӣ ё нодонӣ ё хушнудии Ӯ ҳамл накунед ва Ӯро бо боварҳои нодуруст ва корҳои зишт ба хашм наёваред! Оё мехоҳед ки аз осмон бар саратон санге нозил кунад ё оташе ки шуморо бисӯзонад?! Ё гарморо ҷунон бияфзояд ки бипазед ё сарморо ки ях бизанед?! Ё сатҳи дарёҳоро боло оварад то шаҳрҳотонро фарогирад?! Ё гарду ғубори ғализро барангезад то натавонед танаффус кунед?! Ё қаҳатиро ба ҷойе расонад ки саг ва гурбаро бихуред?! Ё бемориҳои маргбортаре дар миёнатон шойеъ созад то аҷсоди якдигарро аз маъобир ҷамъ кунед?! Ё яъҷуҷ ва маъҷуҷро бар шумо мусаллат кунад то мардонатонро сар буранд ва занонатонро ба канизӣ баранд?! Ё балойи дигар бар саратон оварад ки наметавонед тасаввур кунед?!

Вой бар шумо! Чи андоза бепарво шудаед! Оё чизе нест ки шуморо битарсонад ва ба сӯи Првардигоратон бозгардонад?! Гирем аз инсоният бароъат ҷустаед ва ҳайвоният ихтиёр кардаед; Оё ҳайвон аз соҳиби худ наметарсад ва роҳи тавилаашро намешиносад?! Магар санг шудаед ва дигар эҳсосе надоред?! Агар аҳмияте намедишед ки чи балое бар саратон меояд, пас бар фарзандонатон ва фарзандони фарзандонатон то ҳафт насл раҳм кунед ки ногузир хоҳанд буд товони боварҳо ва корҳои шуморо бипардозанд! Оё аҳмияте намедиҳед ки чи балое бар сари онон хоҳад омад?! Дар ҳоле ки шуморо нафрин хоҳанд кард ва хоҳанд гуфт: «Худованд онон наёмӯрзад! Чароки бо ҳамоқати худ моро бадбахт карданд!» Ва албатта нафрини онон мустаҷоб хоҳад шуд; Зеро ононро дар маҳлакае андохтаед ки то ҳафт насл аз он берун натавонанд омад! ...

Худованд шуморо бикушад! Мисле ки кар шудаед ва суханамро намешунавед! Ё мастед ва намефаҳмед чи мегӯям! Чаро вокуниш нишон намедиҳед?! Магар мурдаед?! Ё соъиқае ба шумо хӯрдааст, пас хушкидаед?! Чи кардаед ки то ин андоза хаста ва афсурдаед?! Чи хӯрдаед ки чунин ворафтаед ва сусту беъор шудаед?! Дар ҳоле ки харҳо коҳ мехуранд ва бор мебаранд ва фарёдашон гӯшро мехарошад! Ҷаҳонро ба оташ кашидаед ва ба назора нишастаед! Золимонро ба худ мусаллат кардаед, пас ҳар коре ки мехоҳанд бо шумо мекунанд, вале дасте намеҷунбонед! Танҳо дар хилват оҳе мекашед ва ғурре мезанед, чунонки гӯйи духтаракон ё пиразанонед! Оё ғайрате дар шумо нест ки чӯби зулм дар шалворатон кардаанд ва ҷуз «ох» намегӯйед?! Чаро ин хиффатро мепазиред ва ин ранҷи рӯзафзунро таҳаммул мекунед?! Чаро ҳаққи худро намеситонед ва фитнаро фуру наменишонед?! Чаро бо ман ҳамроҳ намешавед то ин шариронро барандозем ва ба ҷояшон касеро баргуморем ки Худованд баргузидааст, то заминро аз адолат пур кунад чунонки аз зул пур шадааст?! Чаро манро ёрӣ намекунед то риштаи корро аз дасти инон бигирем ва ба имомӣ одил аз Оли Муҳаммад биспорем?![2] Оё адолатро дӯст намедоред ва ба хушбахтӣ розӣ нестед?! Дар ҳоле ки адолат аз асал ширинтар ва аз мушк хушбӯйтар ва аз гули Кувкаб[3] зеборат аст, агар бидонед! Ё метарсед ки шуморо бигиранд ё бикушанд?! Дар ҳоле ки марг аз зистан дар зиллат зери сояи золимон беҳтар аст, агар биандешед?! Ё чашм ба олимон ва бузургонатон дӯхтаед ки бо онон сохтаанд ва дар баробари зулмашон хомӯш нишастаанд?! Дар ҳоле ки олимон ва бузургонатон муштӣ хоъин ва фурумояанд ва барои онон дахмае дар қаъри Дӯзах аст; Чароки дунёро ба охират тарҷиҳ додаанд ва Биҳишти Баринро ба ноне фурӯхтаанд! Ё аз раҳмати Худованд ноумед шудаед ва пиндоштаед ки халифае барои Ӯ дар замин нест?! Дар ҳоле ки раҳмати Худованд мунқатеъ намешавад ва замин аз халифааш холӣ намемонад, вале бештаратон ғофилед!

Пас инки нидои манро бишнавед ва даъватамро иҷобат кунед, пеш аз онки дер шавад ва рӯзе бар шумо биёяд ки бар амсоли шумо дар гузашта омад; Пас аз рӯи замин бардошта шавед, чунонки онон бардошат шуданд ва ба оташӣ сӯзон андохта шавед ки гӯштро мебалъад ва устухонро сиёҳ мекунад, пас аз маргӣ ҳувлнок ва қабрӣ торик ки дар он фишоре чунон фишори мангана[4] аст!

↑[1] . Шуъароъ/ 138
↑[2] . Манзур, Маҳдӣ аст.
↑[3] . Гулӣ бисёр зебо, дурушт ва пурпар бо рангҳои мухталиф ки ба он «Долиё» мегӯянд.
↑[4] . Дастгоҳи фишурдани; Дастгоҳе ки бо он донаҳо ё меваҳоро барои гирифтани об ё рӯған аз онҳо мефишоранд.
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон