Ҷумъа 6 Декабр 2024 мелодӣ / 4 Ҷумода-л-охира 1446 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё желотине ки аз устухони хук гирифта мешавад ва дар фарояндҳое ба маводди ғазойи ва желе табдил мешавад ҳукми истиҳола дорад ва хӯрданаш ҳалол аст?

«Истиҳола» ба маънои табдили моҳияти чизе ба чизи дигар то ҳадде аст ки ҳеҷ як аз аҷзоъи он боқӣ намонад, монанди табдили мурдор ба хок. Бо ин васф, истихроҷи желотин аз устухони хук, истиҳолаи хук шумурда намешавад, балки фароварии хук ва монанди гирифтани рӯғани (маска) аз шир аст; Зеро моддаи аслии он, кложини мавҷуд дар устухони хук аст ки ҷузъӣ аз хук шумурда мешавад ва ба табъи он ҳаром аст ва рӯшан аст ки ҳурмати хук, ба маънои ҳурмати ҳамаи аҷзоъи он ва ҳурмати ҳамаи мавводе аст ки ба наҳве аз аҷзоъи он гирифта мешаванд.

Бо ин ҳол, агар эҳтимол меравад ки желотини мустахриҷ аз устухони хук, дар асари истиҳола ва на фароварии устухони хук падид омадааст, боз ҳам ба наҷосат ва ҳурмати он ҳукм мешавад; Чароки шак дар истиҳолаи он, маҷрои истисҳоб аст. Балки агар яқин ба истиҳолаи он вуҷуд дошта бошад низ дар бораи пок кунанда будани истиҳолаи он миёни мусалмонон ихтилоф аст; Зеро аз Абу Ҳанифа (д.150қ) нақл шудааст ки онро пок кунанда медонист, дар ҳоле ки Шофеъӣ (д.204қ) мӯътақид буд ки ъаёни наҷас аз қибали хук бо истиҳола пок намешаванд ва ин назари бисёрӣ аз уламоъи шиъа аст, балки бархӣ аз онон монанди Ибни Мутаҳҳари Ҳиллӣ (д.726қ) онро «Қавли аксари аҳли илм» донистаанд[1].

Бо ин васф, хӯрдани желотине ки аз устухони хук гирифта шуда, ҳаром аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки желотин танҳо аз устухони хук гирифта намешавад, балки бо кайфияти беҳтар аз устухони гов низ гирифта мешавад ва бо ин васф, зарурате ба гирифтани он аз устухони хук ва хӯрдани желотини хукӣ нест. Бегумон рӯй овардан ба чизҳои ҳаром бо вуҷуди ҷойгузинҳои ҳалол барои онҳо, гунаи зиддият бо Худованд ва нишонае аз шақоват аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْعَالِمَ يَقُولُ: مَنْ قَدَرَ عَلَى الْحَلَالِ فَأَبَى إِلَّا الْحَرَامَ فَأَبْعَدَهُ اللَّهُ، وَسَمِعْتُهُ يَقُولُ: مَنْ أَتَى الْحَرَامَ وَهُوَ قَادِرٌ عَلَى الْحَلَالِ فَقَدْ أَبْدَى صَفْحَتَهُ لِرَبِّهِ، وَمَنْ أَبْدَى صَفْحَتَهُ لِرَبِّهِ فَقَدْ هَوَى»; «Шунидам олим (яъне ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ) мефармояд: Ҳар кас дастрасӣ ба ҳалол дорад, вале ҷуз аз ҳаром сар боз мезанад, Худованд давраш гардонад ва шунидам мефармояд: Ҳар кас муртакиби ҳаром шавад дар ҳоле ки ба ҳалол тавоност, ҳароина душманиаш бо Парвардигоашро ошкор карда ва ҳар кас душманиаш бо Парвардигорашро ошкор кунад, ҳароина ҳалок шудааст».

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Мунтаҳиул Матлаб [Тибъи ҷадид], ҷ3, с287
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.