Душанбе 14 Октябр 2024 мелодӣ / 11 Рабиъу-л-охир 1446 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Рамзи парчамҳои сиёҳи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ чист?

Рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчами сиёҳ чаҳор чиз аст:

Яккум инки истифода аз парчами сиёҳ, суннат аст; Чароки парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сиёҳ буд; Чунонки Ибни Аббос ва Бураяда ва Ҷобир ва Оиша ва дигарон инро ривоят кардаанд ва Юнус ибни Убайд Мавло Муҳаммад ибни Қосим гуфтааст: «بَعَثَنِي مُحَمَّدُ بْنُ القَاسِمِ إِلَى البَرَاءِ بْنِ عَازِبٍ أَسْأَلُهُ عَنْ رَايَةِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: كَانَتْ سَوْدَاءَ مُرَبَّعَةً مِنْ نَمِرَةٍ»[1]; «Муҳаммад ибн Қосим моро ба сӯӣ Бароъ ибни Озиб фиристод то аз ӯ дар бораи парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бипурсем, пас гуфт: Сиёҳранг чаҳоргӯш аз ҷинси Намира (навъи порча) буд» Ва аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст ки гуфт: «كَانَتْ رَايَةُ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ قِطْعَةٌ قَطِيفَةٌ سَوْدَاءُ كَانَتْ لِعَائِشَةَ»[2]; «Парчами Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам порчаи махмали сиёҳранге мутаъаллиқ ба Оиша буд» Ва Умрат Бинти Абдурраҳмон ривоят кардааст: «كَانَتْ رَايَةُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ سَوْدَاءَ مِنْ مِرْطٍ لِعَائِشَةَ مُرَحَّلٍ»[3]; «Парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сиёҳҷомаи нодӯхта ва нигорин шуда мутаъаллиқ ба Оиша буд» Ва монанди инро Саъид ибни Мусаййиб низ ривоят карда[4] ва Ҳорис ибни Ҳасон ривоят кардааст: «قَدِمْتُ الْمَدِينَةَ فَإِذَا النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ عَلَى الْمِنْبَرِ وَبِلَالٌ قَائِمٌ بَيْنَ يَدَيْهِ مُتَقَلِّدًا سَيْفًا وَإِذَا رَايَاتٌ سُودٌ فَقُلْتُ: مَا هَذِهِ الرَّايَاتُ؟ قَالُوا: هَذَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ يُرِيدُ أَنْ يَبْعَثَ عَمْرَو بْنَ الْعَاصِ وَجْهًا»; «Ба Мадина омадам, пас дидам ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар минбар аст ва Билол шамшер бар дӯш рӯ ба рӯӣ Ӯ истода ва парчамҳои сиёҳе афрошта шудааст, пас гуфтам: Ин парчамҳо чист? Гуфтанд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мехоҳад Амр ибни Осро ба сӯйи эъзом кунад» Ва дар ривоятӣ дигар омадааст: «عَمْرُو بْنُ الْعَاصِ قَدِمَ مِنْ غَزَاةٍ»[5]; «Амр ибн Ос аз ҷанге баргаштаст» Ва ибни Саъд аз риҷоли худ ривоят кардааст ки гуфтанд: «بَعَثَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ عَلِيَّ بْنَ أَبِي طَالِبٍ فِي خَمْسِينَ وَمِائَةِ رَجُلٍ مِنَ الْأَنْصَارِ عَلَى مِائَةِ بَعِيرٍ وَخَمْسِينَ فَرَسًا وَمَعَهُ رَايَةٌ سَوْدَاءُ»[6]; «Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, Алӣ ибн Абӣ Толибро ба ҳамроҳи саду панҷо мард аз ансор ва савор бар сад шутур ва панҷоҳ асб ба ҷанг фиристод дар ҳоле ки бо ӯ парчами сиёҳе буд» Ва Қатода аз Анас ривоят кардааст ки гуфт: «إِنَّ ابْنَ أُمِّ مَكْتُومٍ كَانَتْ مَعَهُ رَايَةٌ سَوْدَاءُ لِرَسُولِ اللّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ فِي بَعْضِ مَشَاهِدِ النَّبِيِّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ»[7]; «Ибни Умми Мактум дар бархи ҷангҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ҳамроҳи худ парчами сиёҳе дошт ки барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд». Ҳамчунин, ривоят шудааст ки Зубайр ибни Авом дар рӯзи фатҳи Макка, дармиёни пансад нафар аз муҳоҷирон ва қабойили Араб вориди Макка шуд, дар ҳоле ки ба ҳамрои ӯ парчами сиёҳе буд[8] ва Язид ибни Абӣ Ҳабиб гуфтааст: «كَانَتْ رَايَاتُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ سُودًا»[9]; «Парчамҳои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сиёҳ буд» Ва Ҳасан гуфтааст: «كَانَتْ رَايَةُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ سَوْدَاءَ تُسَمَّى الْعُقَابَ»[10]; «Парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сиёҳ буд ва Иқоб ном дошт» Ва ин аз Абу Ҳурайра низ ривоят шудааст[11] ва аз Урва ибни Зубайр ривоят шудааст ки гуфт: «كَانَتْ رَايَةُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ سَوْدَاءَ مِنْ بُرْدٍ لِعَائِشَةَ تُدْعَى الْعُقَابَ»[12]; «Парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сиёҳ аз порчаи мутаъаллиқ ба Оиша буд ки Иқоб ном дошт» Ва аз умми Ҳусейн бинти Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн ривоят шудааст ки дар ҳадисе гуфта: «قالَ لِي عَمِّي جَعْفَرُ بْنُ مُحَمَّدٍ: يا بُنَيَّةُ! هَذِهِ رايَةُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ الْعُقابُ، ثُمَّ أَخْرَجَ خِرْقَةً سَوْداءَ، ثُمَّ وَضَعَها عَلَى عَيْنَيْهِ، ثُمَّ أَعْطانِيها فَوَضَعْتُها عَلَى عَيْنَيَّ وَوَجْهِي»[13]; «Амуям Ҷаъфар ибни Муҳаммад ба ман гуфт: Духтарам! Ин парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Иқоб аст. Сипас порчаи сиёҳеро берун овард ва бар чашмонаш гузошт ва сипас онро ба ман дод ва ман низ онро бар чашмонам ва бар суратам гузоштам». Ба илова, парчами Алӣ ибни Абӣ Толиб дар ҷангҳояш низ сиёҳ буд; Чунонки Ҳурайс ибни Махаш ривоят кардааст: «إِنَّ رَايَةَ عَلِيٍّ كَانَتْ يَوْمَ الْجَمَلِ سَوْدَاءَ»[14]; «Ҳароина парчами Алӣ дар рӯзи Ҷамал сиёҳ буд» Ва аз Алӣ алайҳи салом ривоят шудааст ки дар рӯзи Саффайн бо ишора ба соҳиби парчамаш Абу Сосон Ҳузайн ибни Манзури Рақошӣ фармуд:

«لِمَنْ رَايَةٌ سَوْدَاءُ يَخْفِقُ ظِلُّهَا ... إِذَا قِيلَ قَدِّمْها حُضَيْنُ تَقَدَّمَا

يُقَدِّمُهَا لِلْمَوْتِ حَتَّى يُزِيرَهَا ... حِيَاضَ الْمَنَايَا يَقْطُرُ الْمَوْتَ وَالدَّمَا

أَذَقْنَا ابْنَ حَرْبٍ طَعْنَنا وَضِرابَنا ... بِأَسْيافِنا حَتَّى تَوَلَّى وَأَحْجَما

جَزَى اللَّهُ قَوْمًا قَاتَلُوا عَنْ إِمَامِهِمْ ... لَدَى الْمَوْتِ قُدْمًا مَا أَعَفَّ وَأَكْرَمَا»[15]

«Барои кист парчами сиёҳе ки сояи он фуру меафтад? Ҳангоме ки гуфта мешавад эй Ҳузайн онро пеш биёвар пеш меравад. Пас онро ба сӯӣ марг равона мекунад то ба обишхурҳои марг даровард ки аз онҳо нобудӣ ва хун мечакад. Мо ба писари Ҳарб таъми найзаҳо ва зарбаҳои худро чашондем, бо шамшерҳоямон, то рӯй гардонд ва гурехт. Худованд ҷазои хайр диҳад гурӯҳеро ки то пойи марг дар кори имомашон ҷангиданд, чи шариф ва бузургвор буданд!»

Бархӣ уламо эҳтимол додаанд ки алоқаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олили ва саллам ба парчами сиёҳ аз боби тафоъул яъне ба фоли нек гирифтан будааст; Чунонки гуфтаанд: «إِنَّ الْحِكْمَةَ فِي إِيثارِ الْأَسْوَدَ يَوْمَ الْفَتْحِ الْإِشارَةُ إِلَى ما مَنَحَهُ اللَّهُ تَعالَى بِهِ ذَلِكَ الْيَوْمِ مِنَ السُّؤْدُدِ الَّذِي لَمْ يَتَّفِقْ لِأَحَدٍ مِنَ الْأَنْبِياءِ قَبْلَهُ، وَإِلَى سُؤْدُدِ الْإِسْلامِ وَأَهْلِهِ»[16]; «Ҳикмати тарҷиҳи ранги сиёҳ (суд) дар рӯзи фатҳи Макка ишора ба <Суъдуди> яъне зафар ва сиёдате буд ки барои ҳеч як аз Паёмбарони пешин ҳосил нашуда буд ва низ зафар ва сиёдати Ислом ва аҳли он» ва ин баъид нест; Чароки «سُؤْدُد» ба маънои азимат ва маҷд ва шараф аст ва «مُسَوَّد» ба маънои саййид яъне сурур ва солор аст; Чунонки дар ҳадиси Қайс ибни Осим омадааст: «اتَّقُوا اللَّهَ وَسَوِّدُوا أَكبَرَكم»[17]; «Аз Худованд битарсед ва бузургонатонро саййид қарор диҳед» Ва дар ҳадиси Ибни Умар омадааст: «ما رَأَيْتُ بَعْدَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَسْوَدَ مِنْ فُلانٍ»[18]; «Пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам касеро саййидтар аз фалонӣ надидам» Ва ривоят шудааст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тафаъулро хуш медошт ва номҳои некуро ба фоли нек мегирифт[19]. Бинобарин, истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ, пайравӣ аз суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва суннати халифаи рошидаш Алӣ ибни Абӣ Толиб алйҳи салом аст ва ин чизи аҷибе нест; Чароки ӯ дар ҳар чизе аз суннати он ду пайравӣ мекунад ва ҳаракати мубораки он ду барои иқомаи дини холис ва пур шудани замин аз адолат ва додро идома медиҳад ва тардиде нест ки муносибтарин парчам барои касе ки ин корро мекунад ва нидои «Бозгашт ба Ислом» ро сар медиҳад ва барои ба қудрат расондани Маҳдӣ заминасонӣ мекунад, ҳамон парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва парчами Алӣ ибни Абӣ Толиб алайҳи салом аст.

Дуввум инки истифода аз парчами сиёҳ, барои мӯъминон дар рӯзе ки ҷамъ мешаванд ва дар роҳи Худованд ҷиҳод мекунанд, судмандтар аст; Чунонки Сарахсӣ дар Шарҳул Сиярул Кабир гуфтааст: «إِنَّمَا اسْتُحِبَّ فِي الرَّايَاتِ السَّوَادُ لِأَنَّهُ عَلَمٌ لِأَصْحَابِ الْقِتَالِ، وَكُلُّ قَوْمٍ يُقَاتِلُونَ عِنْدَ رَايَتِهِمْ، وَإِذَا تَفَرَّقُوا فِي حَالِ الْقِتَالِ يَتَمَكَّنُونَ مِنْ الرُّجُوعِ إلَى رَايَتِهِمْ، وَالسَّوَادُ فِي ضَوْءِ النَّهَارِ أَبْيَنُ وَأَشْهَرُ مِنْ غَيْرِهِ خُصُوصًا فِي الْغُبَارِ، فَلِهَذَا اسْتُحِبَّ ذَلِكَ»[20]; «Ранги сиёҳ дар парчамҳо аз ин ҷиҳат истеҳбоб дорад ки аломате барои ҷангҷӯён аст ва ҳар гурӯҳе назди парчами худ ба ҷанг мепардозанд ва ҳаргоҳ дар ҳейни ҷанг пароканда шуданд метавонанд ба назди парчами худ бозгарданд ва сиёҳ дар рӯшанойии рӯз равшантар ва ошкортар аз рангҳои дигар аст, хусусан дар миёни гарду хок ва аз ин ҷиҳат, истеҳбоб пайдо кардааст».

Севвум инки истифода аз парчами сиёҳ, расмӣ ройиҷ ва мутаъораф миёни касоне аст ки ба мусибати азиме дучор шудаанд, то ҳадде ки урфан далолат бар вуқуъи ҳодисаи муҳим ва таъассуфбор дорад ва гунаи иттилоърасонӣ дар бораи як фоҷеъа ба шумор меравад ва муҳтамал аст ки ин, яке аз чизҳойе бошад ки Мансури Ҳошимии Хуросониро ба истифода аз парчамҳои сиёҳ тарғиб кардааст; Зеро ӯ ба мусибати азиме дучор шуда ки ҳеч гоҳ аз замоне ки Худованд бани Одамро дар замин сокин карда, воқеъ нашуда ва он ғайбати халифаи Худованд дар замин аст ки ба пур шудани замин аз ҷаҳл ва куфр ва зулм ва фисқ мунҷар шуда ва ин мусибате аст ки мардум ба рағми густардагӣ ва азиматаш аз он ғофил ҳастанд ва ба ҳамин далил, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ истифода кардааст то мардумро ба он мутаваҷҷеҳ созад ва табъан ин парчамро пойин нахоҳад овард то он гоҳ ки ин мусибат поён ёбад Ин Шоъ Аллоҳ.

Чаҳорум онки истифода аз парчами сиёҳ, муқобилаи ошкор бо фирқаи золим ва фосиде аст ки «Доъид» ном дорад; Чароки ин фирқа андаке қабл аз зуҳри Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар Хуросон, дар Шом ва Ироқ зоҳир шуд ва парчамҳои сиёҳеро барои даъват ба сӯӣ ҳукумати мардӣ гумроҳ ва гомроҳ кунанда ба номи Абу Бакари Бағдодӣ истифода кард. Пас чун Мансури Ҳошимии Хуросонӣ онро дид, Парчамҳоеро барои даъват ба сӯӣ ҳукумати Маҳдӣ истифода кард то бо ин шева, дар баробари ин инҳирофи бузург ва хатарнок аз масири Ислом бойистад; Чунонки худ дар бахше аз китоби «Бозгашт ба Ислом» бо ишора ба ин гурӯҳи шум, фармудааст:

«Шунидам ки нидоӣ ба ботил дар ғарб баланд шудааст, пас хостам ки нидоӣ ба ҳақ дар шарқ баланд шавад, то танҳо нидоӣ ба ботил дар ҷаҳон шунида нашавад, мабодо мусалмонон бар ботил иҷтимоъ кунанд ва азоби Худованд бар онон нозил шавад; Чароки ҳукумат танҳо барои Худованд аст ва онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки хоҳад, месупорад ва ӯ касе ҷуз Маҳдии Фотимиро нахоста ки мавриди ризои оли Муҳаммад ва мавриди ризои ҳамаи мусалмонон аст.»[21]

Ин рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ аст.

↑[1] . Муснади Аҳмад, ҷ30, с589; Ал-Торихул Кабир Бухорӣ, ҷ8, с403; Сунани Абӣ Доввуд, ҷ3, с32; Ал-Сунанул Кубро Насоъи, ҷ8, с19; Сунанул Тирмизӣ, ҷ4, с196; Сунанул Байҳақӣ, ҷ6, с589; Муснади Абӣ Яъло, ҷ3, с255; Муснадул Рӯёнӣ, ҷ1, с273; Ахлоқул Набӣ Абӣ Шейхул Асбаҳонӣ, ҷ2, с413
↑[2] . Ал-Комил ибни Адӣ, ҷ3, с457; Торихул Димишқ ибни Асокир, ҷ4, с225
↑[3] . Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ6, с532; Ахлоқул Набӣ Абӣ Шейхул Асбаҳонӣ, ҷ2, с418; Шарҳул Саҳиҳул Бағавӣ, ҷ10, с404
↑[4] . Торихи Халифа ибни Хаёт, с67; Торихул Димишқ ибни Асокир, ҷ42, с73
↑[5] . Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ6, с532; Торихул Мадина ибни Шейба, ҷ1, с301; Муснади Аҳмад, ҷ25, с303; Сунани Тирмизӣ, ҷ5, с245; Сунани Байҳақӣ, ҷ6, с590; Маърифату Саҳоба Абӣ Наъим, ҷ2, с791; Торихул Табарӣ, ҷ1, с217; Ал-Азима Абӣ Шейхул Асбаҳонӣ, ҷ4, с320; Ал-Маҷмаъул Кабир Табаронӣ, ҷ3, с255
↑[6] . Ал-Табақотул Кубро ибни Саъд, ҷ2, с164; Мағозиул Воқидӣ, ҷ3, с984
↑[7] . Насоъи онро бо ин лафз дар Сунаннул Кубро (ҷ8, с19) ривоят кардааст.
↑[8] . Мағозии Воқидӣ, ҷ2, с819
↑[9] . Табақотул Кубро ибни Саъд, ҷ1, с352
↑[10] . Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ6, с533; Табақотул Кубро ибни Саъд, ҷ1, с352; Ал-Анвор Фий Шамоъилул Набӣ Мухтори Бағавӣ, с592
↑[11] . Ибни Адӣ онро дар Ал-Комил ривоят кардааст (ҷ5, с475).
↑[12] . Шарҳул Сиярул Кабир Сарахсӣ, с71 ва Мисли он дар Мағозии Воқидӣ (ҷ2, с649).
↑[13] . Басоъирул Дараҷот Ал-Саффор, с207
↑[14] . Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ6, с533; Ал-Мӯъталиф Валмухталиф Доруқутнӣ, ҷ4, с2087
↑[15] . Ал-Футуҳ ибни Осим, ҷ3, 28; Торихул Табарӣ, ҷ5, с37; Тиҷорату Аъам ибни Маскави, ҷ1, с532; Ансобул Ашроф Билозарӣ, ҷ2, с270; Муравиҷул Заҳаб Масъудӣ, ҷ3, с48; Ал-Комил Фиттарих ибни Асир, ҷ2, с650; Бағиятил Талаб ибни Азим, ҷ6, с2834
↑[16] . منتهى السؤل على وسائل الوصول إلى شمائل الرسول للّحجى, ҷ1, с517 ва онро ба уламо нисбат додааст.
↑[17] . Муснади Аҳмад, ҷ32, с217; Ал-Адабул Муфрад Бухорӣ, с188; Шаъбул Имон Байҳақӣ, ҷ5, с41
↑[18] . Ал-Сунна Абу Бакр ибни Хилол, ҷ2, с442; Ал-Оҳод Валмасонӣ ибни Абӣ Осим, ҷ1, с379; Маърифату Саҳоба Абӣ Наъим, ҷ5, с2496; Мӯъҷамул Кабир Табаронӣ, ҷ12, с387
↑[19] . Нигоҳ кунед ба: Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с170; Шарҳи Мушкил осори Таҳовӣ, ҷ5, с99; Саҳеҳи ибни Моҷа, ҷ13, с493.
↑[20] . Шарҳул Сиярул Кабир Сарахсӣ, с72
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.