Якшанбе 29 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 13 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(29) Маҳдӣ ба иқтизои таҳорати худ аз ҳар риҷс ва иштиёқи худ ба иқомаи Исломи холис ва комил, мутарассиди зуҳур ва ҳокимият аст ва дар сурате ки заминаи он бо омодагии воқеъии яке аз ҳокимони мусалмон ба канорагирӣ аз қудрат ва вогузордани он ба ӯ фароҳам шавад, ҳатман ба ин кор иқдом мекунад. (Бахши: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Итлоқи <<Имом>> барои ғайри Расули Худо ва дувоздаҳ ҷонишинаш чи ҳукме дорад?

<<Имом>> ба маънои касе аст ки ба ӯ иқтидо мешавад ва бо ин васф, итлоқи <<Имом>> бар касе ҷойиз нест магар онки иқтидо ба ӯ мутлақан ҷойиз бошад; Зеро итлоқи <<Имом>> бар касе ки иқтидо ба ӯ мутлақан ҷойиз нест, дурӯғ аст, агарчи <<Имом>> хондани ӯ ба наҳви муқайяд рост бошад, монанди <<Имоми ҷамоъат>> барои касе ки дар намоз ба ӯ иқтидо мешавад ва <<Имоми луғат>> ё <<Имоми ҳадис>> барои касе ки суханаш дар он пазируфта мешавад ва монанди ин. Бинобарин, касе ки худро бидуни қайд <<Имоми>> мехонад ё дигарон ӯро бидуни қайд <<Имом>> мехонанд ва ӯ ононро аз ин кор боз намедорад, аз ду ҳол берун нест: Ё Худованд ба табаъият аз ӯ ба наҳви мутлақ изн дода ки дар ин сурат, <<Имом>> хонанд ӯ парастиши Худованд аст, ё Худованд ба табаъият аз ӯ ба наҳви мутлақ изн надода ки дар ин сурат, <<Имом>> хондани ӯ парастиши тоғут ёшабеҳ ба он аст; Чароки <<Имом>> дар китоби Худованд бар ду кас итлоқ шудааст; Яке еасе аст ки ба амри Худованд раҳбарӣ мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا﴾[1]<<Ононро имомоне қарор Додем ки ба амри Мо раҳбарӣ мекунанд>> Ва дигарӣ касе аст ки бидуни амри Худованд раҳбарӣ мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ۖ﴾[2]<<Ва ононро имомоне қарор Додем ки ба сӯӣ оташ фаро мехонанд>> бидуни қайди ﴿بِأَمْرِنَا﴾ ва бо ин васф, <<Имом>> хондани касе ҷуз халифаи Худованд дар замин, агар бо эътиқод ба вуҷуби табаъият аз ӯ монанди табаъият аз халифаи Худованд дар замин бошад, ширк аст ва агар бидуни ин эътиқод бошад, сӯъи таъбир ва ташаббуҳ ба мушрикон шумурда мешавад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا﴾[3]; <<Эй касоне ки имон овардед! Нагӯйед: <Роъано> (чун мумкин аст боиси сӯъи бардошт ё сӯъи истифодаи бархӣ шавад) ва бигӯйед <Унзурно>>> ва фармудааст: ﴿ذَٰلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ﴾[4]<<Ин сухани онон бо даҳонҳошон аст, шабеҳи сухани касонеро мегӯянд ки пештар кофир шуданд, Худованд ононро бикушад, ба куҷо инҳироф меёбанд?!>>. Ва аз ин рӯ, ҳазрати Мансур акидан аз он наҳй фармудааст: Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قامَ الْمَنْصُورُ فِينا خَطِيبًا، فَوَعَظَنا وَأَحْسَنَ وَعْظَنا، حَتَّى اقْشَعَرَّتِ الْجُلُودُ وَرَجَفَتِ الْقُلُوبُ وَبَكَتِ الْعُيُونُ وَرُفِعَتِ الْأَصْواتُ! فَلَمّا جَلَسَ قامَ إِلَيْهِ رَجُلٌ مِنْ أَصْحابِنا فَمَدَحَهُ وَقالَ لَهُ فِي مَدْحِهِ: إِنَّكَ لَأَنْتَ إِلَهُ الْواعِظِينَ! فَغَضِبَ الْمَنْصُورُ غَضَبًا شَدِيدًا وَقالَ لَهُ: أُسْكُتْ -أَسْكَتَكَ اللَّهُ- فَإِنَّهُ لا إِلَهَ إِلّا اللَّهُ، وَأَمّا أَنا فَمُعَلِّمُ خَيْرٍ! فَقالَ لَهُ الْمادِحُ: جُعِلْتُ فِداكَ، إِنِّي ما عَنَيْتُ مِنَ الْإِلَهِ ما يُعْبَدُ مِنْ دُونِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ، وَلَكِنَّهُ كَلِمَةٌ يَقُولُونَها بِأَلْسِنَتِهِمْ! فَقالَ لَهُ: وَهَلْ أَهْلَكَ النَّصارَى إِلّا كَلِمَةٌ يَقُولُونَها بِأَلْسِنَتِهِمْ؟! ﴿كَبُرَتْ كَلِمَةً تَخْرُجُ مِنْ أَفْوَاهِهِمْ ۚ إِنْ يَقُولُونَ إِلَّا كَذِبًا﴾! ثُمَّ الْتَفَتَ إِلَى أَصْحابِهِ وَقالَ: اعْلَمُوا ما تَقُولُونَ -يَغْفِرُ اللَّهُ لَكُمْ- فَإِنَّ الشَّيْطانَ يَبِيضُ وَيُفَرِّخُ! فَقُلْتُ لَهُ: جُعِلْتُ فِداكَ، هَلْ لَنا أَنْ نُسَمِّيَكَ الْإِمامَ كَما يُسَمِّي النَّاسُ قادَتَهُمْ؟ قالَ: لا، ذَاكَ اسْمٌ لا يَتَسَمَّى بِهِ غَيْرُ الْمَهْدِيِّ إِلّا دَجَّالٌ»[5]; <<Мансур дар миёни мо ба хутбае бархост, пас моро андарз дод ва неку андарз дод то ҷойе ки пӯстҳо ларзид ва дилҳо такон хӯрд ва чашмҳо гирист ва садоҳо боло рафт! Пас чун нишаст марде аз ёронамон ба сӯӣ ӯ бархост ва ӯро ситойиш кард ва дар ситойиши ӯ гуфт: Ҳароина ту Худои воъизонӣ! Пас Мансур сахт ба хашм омад ва ба ӯ фармуд: Сокет (хомӯш) шав ки Худованд сокет кунад; Чароки ҷуз Худованд худойе нест ва ман танҳо муъаллим ҳастам! Пас ситойишгар гуфт: Фидоят шавам, манзури ман аз Худо касе ки ҷуз Худованди баландмартаба парастиш шавад набуд, бал он калимае аст ки бо забонҳошон мегӯянд! Пас ба ӯ фармуд: Ва оё масеҳиёнро ҷуз калимае ки бо забонҳошон мегӯянд ҳалок кард?! <Калимаи бузурге аст ки аз даҳонҳошон берун меояд, онон ҷуз дурӯғ намегӯянд>[6]! Сипас ба ёрони худ рӯй намуд ва фармуд: Бидонед ки чи мегӯйед -Худованд шуморо биёмӯрзад-; Чароки шайтон тухм мегузорад ва ҷӯҷа мекунад! Дар ин ҳангом ман гуфтам: Фидоят шавам, оё мо метавонем туро имом биномем ҳамон тавр ки мардум раҳбаронашонро (имом) меноманд? Фармуд: На, ин номе аст ки ҷуз Маҳдӣ касе ба он номида намешавад магар даҷҷол>>.

↑[1] . Анбиёъ/ 73
↑[2] . Қасас/ 41
↑[3] . Бақара/ 104
↑[4] . Тавба/ 30
↑[6] . Каҳф/ 5
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading