Назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мавриди дуъоҳойе ки шиъаён барои ҳазрати Маҳдӣ (а) қироъат мекунанд чист? Мисли дуъои Фарҷ, дуъои Нудба, дуъои Ифтитоҳ ва ...
Дуъоҳойе ки аҳли ташаюъ барои Маҳдӣ мехонанд ғолибан сохтаи бархӣ олимон ва муҳаддисони онон аст ва эътиборе надорад, вале агар дуъойе аз онҳо маънои саҳиҳе дошта бошад, хондани он бо лиҳози маънояш ва бидуни эътиқод ба шаръияти он, ҷойиз аст. Бо ин ҳол, беҳтарин дуъои мусалмон он аст ки ба забони худаш ва на аз рӯйи навишта ё ҳифз мехонад ва дар он Худоро меситояд ва бар Муҳаммад ва оли ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам салавот мефиристад ва барои гуноҳони худ истиғфор мекунад ва ҳавоъиҷи машрӯъи худро металабад ва умед аст ки чунин дуъойе ба иҷобат наздиктар бошад. Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«سَمِعْتُ عَبْدًا صَالِحًا -يَعْنِي الْمَنْصُورَ- يَقُولُ: مَنْ دَعَا لِنَفْسِهِ وَلَمْ يَدْعُ لِصَاحِبِ هَذَا الْأَمْرِ -يَعْنِي الْمَهْدِيَّ- فَقَدْ جَفَاهُ»[1]; «Шунидам бандаи солеҳе -яъне Мансур- мефармояд: Ҳар кас барои худ дуъо кунад ва барои соҳиби ин амр -яъне Маҳдӣ- дуъо накунад, ба ӯ ҷафо кардааст».