Шанбе 27 Апрел 2024 мелодӣ / 18 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё ҳиҷоб ҷузви заруриёти дин аст? Муҷозоти касе ки ҳиҷобро шаръӣ ва дастури динӣ намедонад чист?

Ҳад ва таъзири зани бадҳиҷоб ё беҳиҷоб чиқадр аст? Оё аслан ҳокими мусалмон (дар сурати истиқрори ҳукумати мансуб аз сӯӣ Худованд) муҷоз ба таъзир ва муҷозоти марду зани бадпӯшиш аст?

Аз талошҳои шумо барои омодасозии замини Худованд барои захираи Худованд бисёр сипосгузор ва мамнун.

Ба умеди суқути тавоғит ва эътилои парчами Ал Байъату Лиллоҳ

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Бино бар мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, «Зарурии Ислом ҳар чизе аст ки аз сариҳи каломи Худованд дар китобаш дониста мешавад»[1] ва бо ин васф, вуҷуби ҳиҷоб зарурии Ислом аст; Чароки аз сариҳи каломи Худованд дар китобаш монанди ояи 31 сураи Нур ва ояи 59 сураи Аҳзоб дониста мешавад. Ин дар ҳоле аст ки мункари зарурии Ислом, мусалмон нест; Чароки дар воқеъ оёти Худовандро инкор мекунад ва Худованд фармудааст: ﴿وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الْكَافِرُونَ[2]; «Ва оёти Моро ҷуз кофирон инкор намекунанд». Бо ин васф, касе ки «Ҳиҷобро шаръӣ ва дастури динӣ намедонад», ҳаргоҳ муддаиъӣ мусалмонӣ бошад, мунофиқ аст ва ҳаргоҳ пас аз иддаъои мусалмонӣ, изҳори куфр кунад, муртад маҳсуб мешавад ва муҷозоти муртад маълум аст[3].

2 . Зарурии Ислом, эътиқод ба ҳиҷобе аст ки дар Қуръон воҷиб шудааст, на илтизом ба он ва бо ин васф, касе ки ба он мултазим нест, ҳаргоҳ ба он мӯътақид бошад, мунофиқ ё мауртад маҳсуб намешавад, балки танҳо мусалмонӣ гунаҳкор аст. Албатта адами риъояти ҳиҷоб, аз гуноҳони кабира нест; Чароки Худованд дар китобаш онро мустувҷиби оташ надониста, вале рӯшан аст ки исрор бар он –монанди исрон бар ҳар як аз гуноҳони сағира– аз гуноҳони кабира маҳсуб мешавад ва ба маънои фисқ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд дар васфи «Муттақин», «Мӯҳсинин» ва «Омилин» фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللَّهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ وَمَنْ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللَّهُ وَلَمْ يُصِرُّوا عَلَى مَا فَعَلُوا وَهُمْ يَعْلَمُونَ[4]; «Ва касоне ки чун кори зиште анҷом медиҳанд ё ба худашон ситам мекунанд Худовандро ба ёд меоваранд, пас барои гуноҳонашон истиғфор мекунанд ва чи касе ҷуз Худованд гуноҳонро меомӯрзад ва бар коре ки карданд исрор намеварзанд дар ҳоле ки медонанд».

3 . Дар Ислом ҳадде барои зане ки ҳиҷобро риъоят намекунад, таъйин нашуда ва таъзири ӯ низ дар миёни салафи солеҳ собиқа надошта ва ин аз он рӯ буда ки чунин зане дар миёни онон бисёр нодир будааст. Занони мусалмон дар қуруни мутамодӣ ҳиҷобро ба унвони фарҳангӣ ҷоафтода ва урфӣ ҳамагонӣ риъоят мекардаанд ва ҳеҷ ниёзе ба муҷозоти онон ба сабаби адами риъояти он эҳсос намешудааст. Адами риъояти он танҳо дар қарни ахир ва пас аз ба қудрат расидани ҳокимонӣ ғарбзада ва аз франгбаргашта дар бархӣ кишварҳои Исломӣ ва низ сустӣ ва кӯтоҳии олимони мусалмон дар таълим ва тарбияти мусалмонон шуюъ ёфта ва ба як мӯъзали иҷтимоъӣ бо пайомадҳои мухталиф табдил шудааст. Оре, аз бархӣ ривоёт дониста мешавад ки адами риъояти ҳиҷоб тавассути мардон, дар садри Ислом мисдоқе дошта, ҳар чанд бештари ин масодиқ ношӣ аз фақр ва камбуди либос будааст; Чунонки ба унвони намуна, аз тариқи фаровоне ривоят шудааст ки занон дар замони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам амр мешуданд ки пеш аз мардон сар аз саҷда барнадоранд; Чароки шалвори мардон бисёр танг ва кӯчак буда, то ҳадде ки имкон доштааст аврати онон дар саҷда маълум шавад[5]; Ҳамчунон аз Амр ибни Салама ривоят шудааст ки гуфт: «لَمّا كانَ يَوْمُ الْفَتْحِ جَعَلَ النّاسُ يَمُرُّونَ عَلَينا قَدْ جاؤُوا مِنْ عِنْدِ رَسُولِ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ فَأَدْنُو مِنْهُم فَأَسْمَعُ حَتّى حَفِظْتُ قُرآناً فَكُنْتُ أَقْرَأُ وَ أَنَا غُلامٌ فَجاءَ أَبِي بِإسْلامِ قَوْمِهِ إِلَى رَسُولِ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ فَقالَ رَسولُ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ: يَؤُمُّكُمْ أَكْثَرُكُمْ قُرْآناً فَنَظَرُوا فَما وَجَدُوا فِيهِم أَحَداً أَكْثَرَ قُرآناً مِنِّي فَقَدَّمُوني فَكُنْتُ أَؤُمُّهُمْ وَ عَلَيَّ بُرْدَةٌ لِي صَغِيرَةٌ صَفْراءُ فَكُنْتُ إِذا سَجَدْتُ تَكَشَّفَتْ عَنِّي فَتَبْدُو عَوْرَتي، فَقَالَتْ امْرَأَةٌ مِنَ النِّساءِ: وارُوا عَنّا عَوْرَةَ قارِئِكُمْ، فَاشْتَرُوا لِي قَمِيصاً عَمّانِياً، فَما فَرِحْتُ بِشَيءٍ بَعْدَ الْإسْلامِ فَرَحِي بِهِ»[6]; «Вақте рӯзи фатҳи (Макка) шуд, мардум бар мо мегузаштанд, дар ҳоле ки аз назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам меомаданд, пас ман ба онҳо наздик мешудам ва аз онҳо мешунидам то он гоҳ ки оёте аз Қуръонро ҳифз кардам, пас қироъат мекардам дар ҳоле ки навҷавоне будам, пас падарм (хабари) Исломи қавмашро барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бурд, пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Касе аз шумо ки бештар Қуръон медонад шуморо имомат кунад, пас нигоҳ карданд ва касеро дар миёни худ наёфтанд ки аз ман бештар Қуръон бидонад, пас манро пеш карданд, пас ман онҳоро имомат мекардам дар ҳоле ки порчаи кӯчаки сафеде бар по доштам ки чун ба саҷда мерафтам аз ман канор мерафт ва авратам намоён мешуд, то инки зане аз занҳо гуфт: Аврати қориятонро аз мо бипӯшонед! Пас барои ман як пероҳани Умонӣ хариданд, пас бади Ислом аз чизе ба андозаи он хушҳол нашудам»! Ҳамчунин, бархӣ аз ин масодиқ низ ғайри амдӣ ва ношӣ аз саҳв буда ва табъан мустаҳаққи муҷозот намешудааст; Чунонки ба унвони намуна, аз Мисвар ибни Махрама ривоят шудааст ки гуфт: «أَقْبَلْتُ بِحَجَرٍ أَحْمِلُهُ ثَقِيلٍ وَ عَلَيَّ إِزارٌ خَفِيفٌ قال: فَانْحَلَّ إِزارِي وَ مَعِيَ الْحَجَرُ لَمْ أَسْتَطِعْ أَنْ أَضَعَهُ حَتّى بَلَغْتُ بِهِ إِلَى مَوْضِعِهِ، فَقالَ رَسولُ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ: ارْجِعْ إِلَى ثَوْبِكَ فَخُذْهُ وَلا تَمْشُوا عُراةً»[7]; «Дар ҳоле ки санги гароне дар даст доштам ва шарлвори сусте ба поям буд меомадам, пас ногоҳ шалворам афтод, дар ҳоле ки санг дар дастам буд, пас натавонистам онро ба замин бигзорам то инки ба ҷойи худаш расондам, пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ман фармуд: Баргард ва либосатро бардор ва бараҳна роҳ наравед»! Бо ин ҳол, мисодиқе низ аз адами риъояти ҳиҷоб тавассути мардон дар садри Ислом гузориш шуда ки ношӣ аз таъаммуд ва бемуболотии онон буда ва бо ин ҳол, ба таъзири онон наянҷомидааст; Чунонки ба унвони намуна, аз Абдуллоҳ ибни Ҳарс ибни Ҷузъи Зубайдӣ ривоят шудааст ки гуфт: «أَنَّهُ مَرَّ وَ صاحِبٌ لَهُ بِأَيْمَنَ وَ فِئَةٍ مِنْ قُرَيْشٍ قَدْ حَلُّوا أُزُرَهُمْ فَجَعَلُوها مَخارِيقَ يَجْتَلِدُونَ بِها وَ هُمْ عُراةٌ، قالَ عبدُ اللهِ: فَلَمّا مَرَرْنا بِهِمْ قالُوا: إِنَّ هَؤُلَاءِ قِسِّيسُونَ فَدَعُوهُمْ ثُمَّ إِنَّ رَسُولَ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ خَرَجَ عَلَيْهِمْ فَلَمّا أَبْصَرُوهُ تَبَدَّدُوا فَرَجَعَ رَسولُ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ مُغْضَباً حَتّى دَخَلَ وَ كُنْتُ أَنا وَراءَ الْحُجْرَةِ فَسَمِعْتُهُ يَقُولُ: سُبْحانَ اللّهِ لا مِنَ اللّهِ اسْتَحْيُوا ولا مِنْ رَسُولِهِ اسْتَتَرُوا وَ أُمُّ أَيْمَنَ عِنْدَهُ تَقُولُ: اسْتَغْفِرْ لَهُمْ يا رَسُولَ اللّهِ! قالَ عبدُ اللهِ: فَبِلَأْيٍ مَا اسْتَغْفَرَ لَهُمْ»[8]; «Ӯ ва ҳамроҳаш бар Айман ва гурӯҳе аз Қурайш гузаштанд ки шалворҳои худро дароварда буданд ва ба навъӣ тозиёна табдил карда буданд ва (гӯё аз сари бозӣ) бар якдигар мезаданд, дар ҳоле ки бараҳна буданд, пас чун мо бар онҳо гузаштем (ба шӯхӣ) гуфтанд: Инҳо кашиш ҳастанд раҳояшон кунед! Сипас Расули Худо саллаллоҳ алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сӯӣ онҳо берун омад, пас чун ӯро диданд пароканда шуданд, пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо ҳолати хайшм бозгашт то инки дохил шуд, дар ҳоле ки ман беруни ҳуҷра будам, пас шунидам мефармояд: Субҳоналлоҳ! На аз Худованд шарм мекунанд ва на аз Паёмбараш мепӯшонанд! Дар ҳоле ки умми Айман назди ӯ буд, пас гуфт: Барояшон истиғфор кун эй Расули Худо! Пас бо таъхири бисёре барояшон истиғфор кард.» Ва аз Алӣ ибни Абӣ Толиб ривоят шудааст ки фармуд: «إِنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ رَأَى قَوْماً يَغْتَسِلُونَ فِي النَّهْرِ عُراةً لَيْسَ عَلَيْهِمْ أُزُرٌ، فَوَقَفَ فَنَادَى بِأَعْلَى صَوْتِهِ، فَقالَ: ﴿مَا لَكُمْ لَا تَرْجُونَ لِلَّهِ وَقَارًا»[9]; «Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гурӯҳеро дид ки бо ҳолати бараҳна дар руд ғусл мекунанд ва шалворе ба пояшон нест, пас истод ва бо овози баланд фармуд: <Шуморо чи мешавад ки виқоре барои Худованд умед надоред?!>[10]» Ва аз Муҷоҳид ривоят шудааст ки гуфт: «لَمّا كانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ بِالْحُدَيْبِيَّةِ وَ عَلَيْهِ ثَوْبٌ مَسْتُورٌ عَلَيْهِ، هَبَّتِ الرِّيحُ فَكَشَفَتِ الثَّوْبَ عَنْهُ فَإِذا هُوَ بِرَجُلٍ يَغْتَسِلُ عُرْياناً بِالْبَرازِ، فَتَغَيَّظَ النَّبِيُّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ وَ قالَ: يا أَيُّهَا النّاسُ! اتَّقُوا اللّهَ وَ اسْتَحْيُوا مِنَ الْكِرامِ، فَإِنَّ الْمَلائِكَةَ لا تُفارِقُكُمْ إِلّا عِنْدَ إِحْدَى ثَلاثٍ، إِذا كانَ الرَّجُلُ يُجامِعُ امْرَأَتَهُ وَ إذا كانَ فِي الْخَلاءِ، قالَ: وَ نَسِيتُ الثّالِثَةَ قالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ: فَإِذا اغْتَسَلَ أَحَدُكُمْ فَلْيَتَوارِ بِالْأَغْسالِ إِلَى جِدارٍ، أَوْ إِلَى جَنْبِ بَعِيرٍ، أَوْ يَسْتُرَ عَلَيْهِ أَخُوهُ»[11]; «Дар ҳоле ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар Ҳудайбия буд ва дар баробари ӯ пардае овехта буд, ногоҳ боде вазид ва пардаро канор зад, пас мардеро дид ки бараҳна дар фазои боз ғусл мекунад, пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба хашм омад ва фармуд: Эй мардум! Аз Худованд битарсед ва аз каримон шарм кунед; Чароки фариштагон ҷуз дар се вақт аз шумо ҷудо намешаванд: Вақте ки мард бо занаш наздикӣ мекунад ва вақте ки дар мустароҳ аст, (ровӣ) мегӯяд: Ман севвумиро фаромӯш кардам, сипас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: Ҳаргоҳ яке аз шумо ғусл мекунад бояд барои ғусл кардан пушти деворе ё канори шатре пинҳон шавад ё бародараш барояш пардае нигоҳ дорад.» Ва аз Атоъ ривоят шудааст ки гуфт: «لَمّا كانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ بِالْأَبْواءِ أَقْبَلَ فَإِذا هُوَ بِرَجُلٍ يَغْتَسِلُ بِالْبَرازِ عَلَى حَوْضٍ، فَرَجَعَ النَّبِيُّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ فَقامَ فَلَمّا رَأَوهُ قائِماً خَرَجُوا إِلَيْهِ مِنْ رِحالِهِمْ فَقالَ: إِنَّ اللّهَ حَيِيٌّ يُحِبُّ الْحَياءَ وَ سَتِيرٌ يُحِبُّ السِّتْرَ، فَإِذَا اغْتَسَلَ أَحَدُكُمْ فَلْيَتَوارِ»[12]; «Дар ҳоле ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар Абвоъ буд, ногоҳ мардеро дид ки бидуни пӯшиш канори ҳавзе ғусл мекунад, пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бозгашт ва истод, пас чун ӯро истода диданд аз назди васоили худ ба сӯяш омаданд, пас фармуд: Ҳароина Худованд боҳаё аст ва ҳаёро дӯст медорад ва пӯшида аст ва пӯшидагиро дӯст медорад, пас ҳаргоҳ яке аз шумо ғусл мекунад бояд пинҳон шавад.» Ва аз ибни Ҷурайҷ ривоят шудааст ки гуфт: «بَلَغَنِي أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ خَرَجَ فَإِذا هُوَ بِأَجِيرٍ لَهُ يَغْتَسِلُ فِي الْبَرازِ، فَقالَ: لا أَراكَ تَسْتَحْيِي مِنْ رَبِّكَ، خُذْ إِجارَتَكَ لا حاجَةَ لَنا بِكَ»[13]; «Ба ман расидааст ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам берун омад, пас аҷири худро дид ки дар фазои боз ғусл мекунад, пас фармуд: Намебинам ки аз Парвардигорат ҳаё кунӣ, муздатро бигир, моро ба ту ҳоҷате нест.» Ва аз Омир ибни Рабиъа ривоят шудааст ки гуфт: «أَتَى عَلَيْنا عَلِيٌّ وَ نَحْنُ نَغْتَسِلُ يَصُبُّ بَعْضُنا عَلَى بَعْضٍ فَقالَ: أَتَغْتَسِلُونَ وَلا تَسْتَتِرُونَ؟ وَاللّهِ إِنِّي لَأَخْشَى أَنْ تَكُونُوا خَلَفَ الشَّرِّ»[14]; «Алӣ ба назди мо омад, дар ҳоле ки мо ғусл мекардем ва бархимон бар рӯйи бархӣ дигар об мерехтем, пас фармуд: Оё дар ҳоле ғусл мекунед ки худатонро намепӯшонед?! Ба Худо қасам ман метарсам ки шумо ояндагони шарре бошед». Аз ин қабил ривоёт истинбот мешавад ки Паёмбар ва Алӣ ибни Абӣ Толиб бо вуҷуди ҳокимият бар мусалмонон, дар мувоҷеҳ бо касоне ки ҳиҷобро риъоят намекарданд, ба тазаккур ва тавбих басанда мефармуданд ва ба таъзири онон намепардохтанд. Оре, ривояте аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам расидааст ки бар ҷавози таъзири онон далолат дорад; Чунонки аз Исмоъил ибни Умая ривоят шудааст ки гуфт: «ذَهَبَ عَبْدُ الرَّحْمَنِ بْنُ عَوْفٍ وَ أَبو بَكْرٍ أَوْ خالِدُ بْنُ الْوَليدِ إِلَى غَدِيرٍ بِظاهِرِ الْحَرَّةِ فَاغْتَسَلا، فَرَجَعا، فَأَخْبَرا النَّبِيَّ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ عَنْ مَخْرَجِهِما، حَتّى أَخْبَرا عَنِ اغْتِسالِهِما، قالَ: فَكَيْفَ فَعَلْتُما؟ قالَ: سَتَرْتُ عَلَيْهِ حَتّى إِذَا اغْتَسَلَ سَتَرَ عَلَيَّ حَتَّى اغْتَسَلْتُ، قالَ: لَوْ فَعَلْتُما غَيْرَ ذَلِكَ لَأَوْجَعْتُكُما ضَرْباً»[15]; «Абдурраҳмон ибни Авф ва Абу Бакр ё Холид ибни Валид ба обгире дар пушти Ҳарраҳ рафтанд ва ғусл карданд ва бозгаштанд, пас ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз рафтани худ хабар доданд, то инки аз ғусл карданашон хабар доданд, фармуд: Читавр кардед? Гуфт: Ман барои ӯ пардае гирифтам то инки ғусл кард, сипас ӯ барои ман пардае гирифт то инки ғусл кардам, фармуд: Агар таври дигаре мекардед шуморо бо задан ба дард меовардам». Ин ба маънои ҷавози таъзири касе аст ки ҳиҷоби воҷибро риъоят намекунанд ва аз ин рӯ, ривоят шудааст ки Умар ибни Абдулазиз соҳиби ҳаммомеро уқубат мекард ва касе ки бидуни лунги вориди он мешудро тозиёна мезад[16] Ва ин мувофиқ бо қоъида ва мувофиқ бо китоби Худованд аст; Зеро қоъида он аст ки ҳар ҷурме, қобилияти муҷозот дар дунёро дорад ва адами риъояти ҳиҷоб –хусусан ҳаргоҳ ҷанбаи иҷтимоъӣ пайдо кунад– аз ин қоъида мустасно нест ва он ҳангоме аст ки урфан ба ишоъаи фаҳшо дар миёни мусалмонон биянҷомад; Чароки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ يُحِبُّونَ أَنْ تَشِيعَ الْفَاحِشَةُ فِي الَّذِينَ آمَنُوا لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[17]; «Ҳароина касоне ки дӯст медоранд фаҳшо дар миёни касоне ки имон оварданд шуюъ ёбад, барояшон дар дунё ва охират азобӣ дарднок аст ва Худованд медонад ва шумо намедонед»; Бо таваҷҷуҳ ба инки азобӣ дарднок дар дунё, чизе ҷуз ҳад ё таъзир нест. Бо ин васф, таъзири зан ё марде ки амдан бо зоҳирӣ шаҳватангез ба миёни мусалмонон меояд ва огоҳона ононро ба сӯӣ фаҳшо таҳрик мекунад, вазифаи ҳокими Исломӣ аст, ҳар чанд вазифаи ӯ ба таъзири чунин касе маҳдуд нест, бал пеш аз таъзири чунин касе, муваззаф аст ки аввалан ақойид ва аҳкоми Исломиро ба дурустӣ табйин кунад ва сониян тақво ва макорими ахлоқиро ба хубӣ тарвиҷ диҳад ва солисан издивоҷро хусусан барои ҷавонон тасҳил ва бунёди хонаводаро таҳким кунад ва робиъан бо таблиғоти кофирон ва сойири авомили шуюъи фаҳшо дар миёни мусалмонон муқобила намояд; Чароки бидуни ин иқдомоти пешгирона ва зарурӣ, таъзири чунин касе мутаносиб ва одилона нест ва монанди қатъ кардани дасти касе аст ки аз рӯӣ гуруснагӣ ва адами дастрасӣ ба ғазо, ба дуздидани нон иқдом кардааст! Аз инҷо дониста мешавад ки ҳаргоҳ ҳокими Исломӣ ба вазоифи худ амал кунад, замина барои шуюъи фаҳшо ва адами риъояти ҳиҷоб дар миёни мусалмонон боқӣ намемонад ва ин коре аст ки танҳо аз халифаи Худованд дар замин бар меояд, на аз ҳар салла бар сар ё куту шалвор пӯшидае!

4 . Таъзир, лузуман ба маънои шалоқ задан ё ҳабс кардан нест, бал метавонад дар илзоми муҷрим ба анҷоми коре мисдоқ ёбад ки ба афзоиши амал ва тақвои ӯ кӯмак мекунад; Монанди илзоми ӯ ба ҳузур дар мадорис ё маҷолиси аҳли илм ва бо ин васф, ғарази қозӣ аз таъзири ӯ, бояд ислоҳи ӯ бошад; Чароки ӯ бародар ё хоҳари мусалмонаш аст ва мусалмонон валӣ ва дӯсти якдигаранд ва бояд барои ислоҳи якдигар кӯшиш кунанд. Вонгаҳе таъзир бояд бо ҷурм ва муҷрим мутаносиб бошад ва набояд худ ба ҷурмӣ дигар табдил шавад, ба ин сурат ки обурӯйи мусалмонеро ба ғайри ҳақ бирезад ё моли ӯро ба ғайри зарурат талаф кунад; Чароки мумкин аст гуноҳи чунин коре аз гуноҳи адами риъояти ҳиҷоб бузургтар бошад.

5 . Кӯшиш барои ислоҳи зан ва марде ки ҳиҷоби исломиро риъоят намекунанд, ба ҳокими Исломӣ маҳдуд нест; Зеро ин кор мисдоқи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст ки таклифи муштараки ҳамаи мусалмонон маҳсуб мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ[18]; «Ва мардон ва занони мӯъмин бархӣ авлиёъи бархӣ дигаранд, ба муъаруф амр ва аз мункар наҳй мекунанд» Ва он пеш аз ҳар чиз бо «Қавли лаййин» яъне гуфтори нарм анҷом мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَيِّنًا لَعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَى[19]; «Пас бо ӯ ба гуфторӣ нарм сухан гӯйед, бошад ки мутазаккир шавад ё (аз Худованд) битарсад» Ва албата ба мутазаккир шудани ҳар кас ки имон дошта бошад меанҷомад; Чунонки Худованд фармудааст; ﴿وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَى تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ[20]; «Ва тазаккур бидеҳ; Чароки тазаккур ба мӯъминон суд мерасонад», ҳар чанд муртаддон ва мунофиқонро озурда ва хашмгин месозад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِذَا تُتْلَى عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا بَيِّنَاتٍ تَعْرِفُ فِي وُجُوهِ الَّذِينَ كَفَرُوا الْمُنْكَرَ ۖ يَكَادُونَ يَسْطُونَ بِالَّذِينَ يَتْلُونَ عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا ۗ قُلْ أَفَأُنَبِّئُكُمْ بِشَرٍّ مِنْ ذَلِكُمُ ۗ النَّارُ وَعَدَهَا اللَّهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ[21]; «Ва ҳангоме ки оёти рӯшани Мо бар онон хонда мешавад, дар рӯйи касоне ки кофир шуданд зиштиро мебинӣ! Наздик аст ба касоне ки оёти Моро бар онон мехонанд, ҳамла кунанд! Бигӯ оё пас шуморо ба чизе бадтар аз он хабар бидиҳам?! Оташ ки Худованд ба касоне ки кофир шуданд, ваъдааш дода ва бад ҷойгоҳе аст». Бегумон бахши қобили таваҷҷуҳе аз шуюъи фашҳо ва адами риъояти ҳиҷоб дар миёни мусалмонон, ношӣ аз тарки фарзияи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар тавассути онон аст ва бо ин васф, наметавон ҳамаи гуноҳи ононро бар гардани ҳокимони золим ва олимони хоъин андохт, бал метавон гуфт ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз зулми ҳокимони золим ва хиёнати олимони хоъин низ ношӣ аз сустӣ ва кӯтоҳии мусалмонон дар амал ба фаризаи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар мусалмонон ба таклифи худ дар ин замина амал мекарданд ва аз дониш ва эҳтимоми кофӣ барои он бархурдор буданд, ҳеҷ гоҳ ҳокимони золим ва олимони хоъин замоми дунё ва дини ононро ба даст намегирифтанд ва наметавонистанд бо зулм ва хиёнати худ, заминаи дур шудани фарзандонашон аз ақойид ва аҳкоми исломиро фароҳам созанд; Чунонки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бо ишора ба ин нуктаи муҳим, хитоб ба онон фармудааст:

«Агар шумо огоҳ будед, инон бар шумо султа намеёфтанд ва агар шумо доно будед, инон бар шумо чира намешуданд! Оё дар торикии шаб нест ки дузд ба хона меояд ва дар оби гилолуд нест ки моҳӣ ба тӯр меафтад?!»[22].

Тавфиқи ҳамаи мусалмонони ҷаҳон дар бозгашт ба Исломи ҳақиқӣ ва илтизом ба ақойид ва аҳком онро аз даргоҳи Худованди меҳрубон масъалат дорем; Чароки ин хайри дунё ва охирати онон ва шарти убурашон аз бӯҳронҳо ва мӯъзалоти кунунӣ аст.

↑[1] . Бозгашт ба Ислом, с46
↑[2] . Анкабут/ 47
↑[3] . Бингаред ба: Пурсиш ва посухи 185.
↑[4] . Оли Имрон/ 135
↑[5] . Бингаред ба: Муснади Аҳмад, ҷ3, с16 ва ҷ5, с331; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с95; Саҳеҳел Муслим, ҷ2, с32; Сунани Абӣ Довуд, ҷ1, с149 ва 195; Сунани Насоъӣ, ҷ2, с70; Сунани Байҳақӣ, ҷ2, с241; Ҳумайрӣ, Қурбул Аснод, с18; Ибни Бобувей, Ман ло яҳзарул фақиҳ, ҷ1, с396.
↑[6] . Муснади Аҳмад, ҷ5, с30 ва 71; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ5, с96; Сунани Абӣ Довуд, ҷ1, с141; Сунани Насоъӣ, ҷ2, с71; Сунани Байҳақӣ, ҷ3, с91; Сунани Доруқутнӣ, ҷ2, с31
↑[7] . Саҳеҳул Муслим, ҷ1, с184; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с251; Сунани Байҳақӣ, ҷ2, с225
↑[8] . Муснади Аҳмад, ҷ4, с191; Муснади Абӣ Яъло, ҷ3, с110
↑[9] . Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ1, с286
↑[10] . Нуҳ/ 13
↑[11] . Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ1, с285
↑[12] . Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ1, с288
↑[13] . Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ1, с289
↑[14] . Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ1, с287
↑[15] . Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ1, с285
↑[16] . Бингаред ба: Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ1, с134.
↑[17] . Нур/ 19
↑[18] . Тавба/ 71
↑[19] . Тоҳо/ 44
↑[20] . Зориёт/ 55
↑[21] . Ҳаҷ/ 72
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.