Чоршанбе 2 декабр 2020 мелодӣ баробар бо 16 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(23) Бовар ба хилофати аҳли байти Паёмбар, мутаъаллиқ ба аҳли ташаюъ ва мубтанӣ бар манобеъи онон нест, балки мутаъаллиқ ба Исломи асил ва мубтанӣ бар муштаракоти ҳамаи мусалмонон аст ва бо ин васф, набояд онро як бовари шиъӣ ба ҳисоб овард. (Нақд ва баррасии 26)
loading
Пурсиш ва посух
 

Лутфан дар мавриди 313 нафар аз ёрони имом Маҳдӣ ки байни шиъаён машҳур аст тавзеҳ диҳед. Дар ривояте аз имом Боқир расидааст: <<Имом Маҳдӣ бо 313 мард ки роҳибони шаб ва шерони рӯз ҳастанд қиём мекунад>> (Ал-Фитан, ибни Ҳаммод, ҷилди 1).

Ривоёти расида дар бораи вуҷуди 313 ёвар барои Маҳдӣ дар манобеъи шиъа ва аҳли суннат дар маҷмӯъ мутавотир аст, вале мурод аз онон ёварони нахустини ӯ ҳастанд ки пеш аз зуҳураш ба ӯ мепайванданд, на ҳамаи ёварони ӯ; Зеро аз як сӯ рӯшан аст ки вуҷуди 313 ёвар барои ӯ ба танҳойи кофӣ нест ва аз сӯӣ дигар ривоёти фаровоне дар даст аст ки бар вуҷуди ёварони бештаре барои ӯ далолат дорад ва таъкид мекунад ки ин 313 ёвар танҳо сардорони сипоҳи ӯ ҳастанд. Бо ин васф, метавон гуфт ки Маҳдӣ зуҳур намекунад магар пас аз онки 313 сардор ва шуморӣ кофии сарбоз бо ӯ байъат кунанд ва ба ҳамин далил, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ –ин заминасози ростини зуҳури Маҳдӣ– машғули гирдоварӣ ва тарбияти ин сардорон ва сарбозон ва гирифтани байъат аз онон барои он ҳазрат аст ва табъан умед меравад ки рӯзи расидани ӯ ба ин ҳадаф, рӯзи зуҳури Маҳдӣ бошад ва хушо ба ҳоли касоне ки ӯро дар ин роҳ ҳамроҳӣ мекунанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Мӯҳсини Ҷаъфарзода
Тарих: 08/11/2019

Агар мумкин аст каме дар мавриди тафовутҳои муҳим ва асосӣ байни 313 ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом ва 10 ҳазор сарбози он ҳазрат, сӯҳбат кунед.

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 13/11/2019

313 тан аз ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом ду вежагии муҳим ва асосӣ доранд; Яке инки пеш аз дигарон ба ӯ мулҳақ мешаванд ва дигарӣ инки фармондеҳҳои сипоҳи ӯ ҳастанд ва чизе ки ононро ба ин ду фазилат мерасонад, илм ва тақвои бештари онон дар канори неруи ҷисмонӣ ва омодагии размии кофӣ аст. Бинобарин, агар касе мехоҳад аз зумраи онон бошад, бояд аз ҳамакнун ба худ заҳмат бидиҳад ва бедории шаб ва саёҳати рӯзро бипазирад ва бо ҷиддият ва талоши фаровон, чаҳор хислатро касб кунад:

1 . Илм ба маънои шинохти саҳиҳ ва дарки амиқ аз ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ

2 . Тақво ба маънои тақайюд ва илтизоми шадид ба аҳком ва ахлоқи Исломӣ дар пинҳони ва ошкор

3 . Неруӣ ҷисмонӣ ба маънои бархурдорӣ аз буния ва истиқомати кофӣ барои кори бадании сангин ва мудовим ва зиндагӣ дар шаройити сахт

4 . Омодагии размӣ ба маънои ошнойии кофӣ бо силоҳ ва ҷанг

Аллома Мансури Ҳошимии Хурососнӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бе ҳеҷ музд ва иддаъое дар талош аст ки ин чаҳор хислатро дар ёрони худ эҷод ва тақвият кунад то замина барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам шавад; Чунонки хитоб ба онон фармудааст: <<Эй гурӯҳи ёрони ман! Ба суханам гӯш фаро диҳед то маърифат ёбед ва дар он биандешед то ҳикмат андузед; Чароки шуморо бо он парвариш медиҳам ҳамон тавр ки боғбон дарахти меваро; То аз шумо гурӯҳе бисозам кифоят кунанда барои онки халифаи Худоро дар замин кифоят кунанд.>>[1] Ва фармудааст: <<Касе аз шумо ёри Маҳдӣ шумурда намешавад то он гоҳ ки олимтарин ва оъмилтарини марди диёри худ бошад.>>[2] Ва фармудааст: <<Ёрони Маҳдӣ касоне нестанд ки маъсияти Худованд мекунанд; Ёрони ӯ касоне ҳастанд ки аз гуноҳони кӯчак ва бузург мепарҳезанд; Шабҳоро ба намоз бар мехезанд ва рӯзҳоро ба таҳсили илм ва таълими он ба дигарон мепардозанд. Ба ваъдаҳои Худованд имон доранд ва аз рӯзи ҷазо меҳаросанд; Рӯзе ки дар пешгоҳи Парвардигор меистанд ва кирдори хешро ҳозир мебинанд. Ёрони Маҳдӣ ба ахлоқи анбиёъи Худо мутахаллиқ ва ба одоби авлиёъи Ӯ муъаддабанд. Ҳақро чун барояшон ошкор шуд мепазиранд ва ботилро чун барояшон расво гашт во мегузоранд. На мутаъассиб ва лаҷуҷанд ва на бадзабон ва ёвагӯ. Бар Худованд дурӯғ намебанданд ва аз касоне ки бар Ӯ дурӯғ мебанданд канора мегиранд. Намозро дар вақти фазилаташ барпо медоранд ва аз моли худ ба ниёзмандон мебахшоянд. Хашми худро фуру мехуранд ва аз ҷафои мардум дар мегузаранд. Падар ва модари хешро гиромӣ медоранд ва бар бад хулқӣ он ду сабр менамоянд. Ба дӯстони худ бо баҳонаи дӯстӣ бе эҳтиромӣ намекунанд ва ба душманони худ бо баҳонаи душманӣ ситам намеварзанд. Бо ҷоҳилон мудоро менамоянд ва бо сафиҳон даҳон ба даҳон намегузоранд. На пургӯӣ ва пурхандаанд ва на пурхоб ва пурхур. Маҳори шаҳватро дар даст доранд ва ҷониби иффатро фуру намегузоранд. На чашмчарон ва беҳаёянд ва на худнамой ва ҳарзагӯй. Бо фосиқон дӯстӣ намекунанд ва бо золимон муҷолисат наменамоянд. Ба корҳои судманд мепардозанд ва вақти худро ҳадар намедиҳанд. Бо китоби Худованд маънусанд ва бо ҳалол ва ҳаром ошноянд. Таъолими олимро мункир намешаванд ва аз душманӣ бо ӯ мепарҳезанд, балки даъваташро иҷобат мекунанд ва ба ёриаш мешитобанд; Ҳангоме ки ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад то барои ёрии ӯ гирди ҳам оварад.>>[3] Бо ин авсоф, метавон наҳзати он ҳазратро мадраса ва бошгоҳе барои ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом донист ки омӯзишҳо ва тамринҳои лозимро дар он дарёфт мекунанд. Ин фурсатӣ олӣ ва имконӣ беназир барои ҳамаи касоне аст ки мехоҳанд аз ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом бошанд ва ҷуз ашхоси нодон ва белаёқат онро аз даст намедиҳанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading