Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Рибои қарзӣ, гирифтани суд дар изои қарз ҳамроҳ бо шарт аст; Ба ин тартиб ки инсон пулеро ба касе қарз бидиҳад ба шарти инки аз қабали он суде оъиди ӯ бишавад ва ин аз он рӯ ҳаром аст ки қарз додан дар Ислом барои кӯмак ба дигарон ташриъ шудааст, на барои судҷӯйи ва бо ин васф, иқдом ба он набояд ба касб табдил шавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا﴾; «Он аз ин рӯст ки онон гуфтанд тиҷорат монанди рибо аст, дар ҳоле ки Худованд тиҷоратро ҳало ва риборо ҳаром кардааст»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки қарз гиранда лузуман бо пуле ки қарз гирфтааст ба суди муъайяне даст намеёбад то илзоми ӯ ба пардохти суди муъайяне ба қарз диҳанда ваҷҳе дошта бошад, балки ғолибан зарареро ҷуброн ё заруратеро таъмин мекунад ва бо ин васф, лузуман ӯ ба пардохти суди муъайяне ба қарз диҳанда нест.
2 . Қарз додан дар Ислом ҳамон тавр ки барои суд расондан ба қарз диҳанда ташриъ нашуда, барои зарар расондан ба ӯ низ ташриъ нашудааст ва бо ин васф, пули ӯ бояд ба наҳве баргардонда шавад ки ба ӯ суде нарасонад ва дар аъйни ҳол, зараре низ мутаваҷҷеҳи ӯ нашавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ﴾; «Агар (аз гирифтани рибо) тавба кунед сармоятон барои шумост, на ситам мекунед ва на ситам мешавед». Ин мусталзими он аст ки қарз гиранда пули қарз диҳандаро бо ҳамон арзише ки доштааст барградонад; Зеро чизе ки ӯро ба гирифтани он водошта, арзиши он будааст, то ба василаи он ниёзҳои замони худро бароварда кунад ва қарз диҳанда низ онро бо вуҷуди арзишаш ба ӯ додааст ва бо ин васф, ҳаргоҳ замони зиёде бар он бигзарад ва арзиши худро аз даст диҳад, баргардондани он бидуни арзишаш баргардондаи пули қарз диҳанда нест, балки зарар расондан ба ӯ бо муғолита ва сӯъи истифода аз таҳаввулоти иқтисодӣ аст. Ба иборати дигар, баргардондани пули қарз гирифта шуда бо арзишӣ камтар аз арзиши замони қарз, ба қарз диҳанда зарар ва ба қарз гиранда суд мерасонад ва ин ҳамон андоза ноодилна аст ки рибо; Бо ин тафовут ки рибо суд расондани қарз ба қарз диҳанда аст ва баргардондани пул бо арзиши камтар суд расондани он ба қарз гиранда, дар ҳоле ки ҳар ду бар хилофи адолатанд. Оре, мумкин аст гуфта шавад ки қарз диҳанда худ ба қарз додан иқдом кардааст ва бо ин васф, истеҳқоқи зарарро дорад, вале ин сухани дурусте нест; Чароки аз як сӯ қоъидаи иқдом дар мавриди иқдом ба корҳои бад ҷараён дорад, дар ҳоле ки қарз диҳанда некукор аст ва Худованд фармудааст: ﴿مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِنْ سَبِيلٍ﴾; «Бар некукорон роҳе нест» Ва фармудааст: ﴿هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ﴾; «Оё ҷазои некукорӣ ҷуз некукорӣ аст?!» Ва аз сӯӣ дигар қарз гиранда низ худ ба қарз гирифтан иқдом кардааст, бо ин тафовут ки некукор нест ва бо ин васф, аз қарз диҳанда ба зарар мустаҳақтар аст. Ҳар чанд баргардондани пул бо нархи рӯз, дар воқеъ зарар маҳсуб намешавад, бал адами суд маҳсуб мешавад ки муқтазои адолат аст.
3 . Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, пас гирифтани қарз бо нархи рӯз афзоиши ёфтаро ба ду шарт ҷойиз дониста ва фармудааст: «لا بَأسَ بِهِ إِذا کانَ شَیْئاً مَعْلُوماً وَ لَمْ یُشْتَرَطْ»; «Ишколе надорад ҳаргоҳ чизи маъмулӣ бошад ва шарт нашуда бошад». Ин ба маънои он аст ки шарт кардани маблағи изофии муъайян дар замони қарз агар чи таҳти унвони «Нархи таваррум», рибо маҳсуб мешуд ва ҳаром аст; Зеро ҳамаи авомили маъсур бар рӯӣ «Нархи таваррум» қобили пешбинӣ нест ва гоҳе бархӣ ҳаводиси пешбинӣ нашуда боъиси коҳиш ё афзоиши он мешавад, балки шарт кардани маблағи изофии ғайри муъайян дар замони қарз таҳти унвони «Нархи таваррум» низ ҷойиз нест; Чароки мумкин аст таваррум дар замони бозпардохти қарз рушди манфӣ дошта бошад. Ин ба маънои он аст ки «Нархи таваррум» танҳо дар замони бозгардондани қарз «Маълум» мешавад ва пеш аз он танҳо «Тахмин» аст ки эътиборе надорад ва наметавонад мабнои шарт қарор гирад. Бинобарин, пас гирифтани қарз бо нархи рӯз набояд пӯшише барои рибо шавад; Ба ин маъно ки риборо бо номи «Нархи таваррум» бигиранд.
4 . Дар замони бозпардохти қарз, агар муҳосибаи дақиқи «Нархи таваррум» бо вуҷуди илм ба афзоиши он мумкин набошад, воҷиб аст ки талабкор ва қарздор бо якдигар бар маблағе сулҳ кунанд. Ҳамчунин, дар сурате ки «Нархи таваррум» афзоиши фоҳише надошта ва коҳиши арзиши пул мутаъораф буда, мустаҳаб аст ки талабкор онро муҳосиба накунад, балки адами ҷавози муҳосибаи он дар ин сурат холӣ аз ваҷҳ нест; Зеро ба назар мерасад ки урф ин миқдор коҳиши арзиши пулро зарар намедонад; Монанди миқдори коҳиши он дар навъи қарзҳои кӯтоҳмуддат ва бо ин васф, муқтазои эҳтиёт адами муҳосибаи «Нархи таваррум» ҷуз дар афзоиши фоҳиш ва ғайри мутаъораф аст ки навъан дар қарзҳои дарозмуддат мисдоқ меёбад.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо