Шанбе 5 декабр 2020 мелодӣ баробар бо 19 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(39) Мансури Ҳошимии Хуросонӣ зоҳир сохтани Маҳдиро бар ӯҳдаи мардум медонад на бар ӯҳдаи Худованд ва мӯътақид аст ки таваққуфи онон то замони зуҳури Маҳдӣ ҷойиз нест, балки монеъи аз зуҳури он ҳазрат мешавад; Зеро зоҳир набудани он ҳазрат натиҷаи табиъии тарси ӯ аз дучор шудан ба оқибати падаронаш аст ки дар халаъи ҳимояти мардум кушта ва мағлуб шуданд ва бо ин васф, то ҳангоме ки ин тарси ӯ боқӣ аст, зоҳир набудани ӯ низ истимрор меёбад ва аз ин рӯ, мардум муваззаф ба тазмини амнияти ӯ аз тариқи мутаъорафе монанди иҷтимоъ, тамҳид ва таъаҳҳуд ҳастанд то замина барои зуҳури ӯ фароҳам шавад. (Бахши: Нақдҳо ва баррасиҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳукми муртад аз дин ва тавҳин кунанда ба Паёмбарон ва аъимаи аҳли байт алайҳимуссалом аз назари оқойи Хуросонӣ чист? Лутфан бо истинод ба оёт ва ривоёти марбут [тавзеҳ диҳед].

Дар бораи <<муртад>> ду масъалаи бунёдин матраҳ аст: Мавзӯъи муртад ва ҳукми ӯ, бо ин тақрир ки муртад чи касе аст ва чи ҳукме дорад?

1 . Мавзӯъи муртад

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>>, мабҳаси <<Шинохти муртад>>[1] ва <<Шинохти мунофиқ>>[2] асли назари худ дар бораи мавзӯъи муртадро табйин фармудааст. Мутобиқ бо назари ин бузургвор, <<муртад>> дар истилоҳ ба касе гуфта мешавад ки аз Ислом хориҷ шудааст, вале <<Танҳо касоне аз Ислом хориҷ шумурда мешаванд ки ба хуруҷи худ аз Ислом илм доранд ва иқрор мекунанд; Монанди касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿شَاهِدِينَ عَلَى أَنْفُسِهِمْ بِالْكُفْرِ ۚ[3]; <Дар ҳоле ки гувоҳӣ диҳандагони бар худашон ба куфр ҳастанд> Ва фармудааст: ﴿وَشَهِدُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ أَنَّهُمْ كَانُوا كَافِرِينَ[4]; <Ва бар худашон гувоҳӣ доданд ки онон кофир буданд>!>>. Ба иборати дигар, <<муртад кофире аст ки ба куфри худ баъд аз Ислом, иқрор дорад>> ва бо ин васф, касе ки худро мусалмон мешуморад, ҳатто агар монанди кофирон сухан бигӯяд ё амал кунад, <<муртад>> шумурда намешавад, на ба ин маъно ки дар воқеъ <<муртад>> нест, бал ба ин маъно ки дар зоҳир ҳукми <<муртад>> бар ӯ ҷараён намеёбад. Бинобарин, касе ки бар хилофи заруриёти Ислом сухан мегӯяд ё амал мекунад, дар воқеъ <<кофир>> аст, вале то ҳангоме ки шаҳодатайнро бар забон меронад, мусалмон шумурда мешавад ва табъан ҷон ва моли ӯ дар амон аст; Чунонки дар китоби Худованд омадааст: ﴿وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَى إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا[5]; <<Ва ба касе ки барои шумо изҳори Ислом мекунад нагӯйед ки мӯъмин нестӣ>> Ва дар ривоёти мутавотир омадааст ки ҳар кас шаҳодатайнро бар забон меронад, мусалмон шумурда мешавад ва ҳисобаш бо Худованд аст[6]. Аз инҷо дониста мешавад ки такфири мусалмонон ба сабаби ақойид ё аъмоли онон –ҳар чанд бисёр нодуруст бошад– ваҷҳе надорад, вале агар ақида ё амали касе аз онон мусталзими инкори яке аз заруриёти Ислом бошад, метавон ӯро <<мунофиқ>> донист ва заруриёти Ислом –бино бар мабнои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>>[7]–, ақойид ва аҳкоме ҳастанд ки бидуни онҳо аз Ислом бино бар сариҳи китоби Худованд собит аст; Монанди набудани фарзанде барои Худованд ва ҷисмонӣ будани маъод ва вуҷуди неъматҳо дар Биҳишт ва азобҳо дар Ҷаҳаннам ва хотимияти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар набувват ва каломи Худованд будани Қуръон ва қибла будани Масҷидул Ҳаром ва вуҷуди ҷинну шайтон ва малоъика ва Ҷабраъил ва Микоъил ва таҳорати Марям алайҳо салом аз чизе ки ба ӯ нисбат дода шудааст ва уруҷи Масеҳ алайҳи салом ва маслуб нашудани ӯ ва вуҷуби пайравӣ аз суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва намоз ва закот ва ҳаҷ ва рӯзаи моҳи рамазон ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва маваддати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва вилояти мӯъминин ва бароъат аз мушрикон ва машрӯъияти қасос ва ҳурмати сеҳр ва зино ва ливот ва қимор ва сирқат ва шурби хамр ва никоҳ бо маҳорим ва қатли нафс магар ба ҳақ ва итоъат аз золимон магар аз рӯӣ тақия ва хӯрдани хун ва мурдор ва гӯшти хук ва ҳайвоноте ки бо номи Худованд забҳ нашудааст ва монанди он, бо таваҷҷуҳ ба инки ҳамаи онҳо бо сароҳат дар китоби Худованд омадаанд ва метавон мункири яке аз онҳоро мункири зарурии Ислом ва дар сурати иқрор ба куфр <<муртад>> ва дар сурати иддаъои мусалмонӣ <<мунофиқ>> донист. Албатта <<мунофиқ>> ҳаргоҳ асли ягонагии Худованд ё набуввати Паёмбарашро инкор кунад ё ба яке аз он ду иҳонат раво дорад, <<муртад>> маҳсуб мешавад; Чароки инкори асли ягонагии Худованд ё набуввати Паёмбараш ва иҳонат ба яке аз он ду, бо шаҳодатайн қобили ҷамъ нест ва аз ин рӯ, <<зиндиқон>> ки худро мусалмон мешуморанд ва дар аъйни ҳол, асли ягонагии Худованд ё набуввати Паёмбарашро инкор мекунанд, дар ҳукми <<муртад>> ҳастанд.

2 . Ҳукми муртад

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи <<Бозгаш ба Ислом>>, мабҳаси <<Шинохти мунофиқ>>[8] асли назари худ дар бораи ҳукми муртадро табйин фармудааст. Мутобиқ бо назари ин бузургвор, <<муртад>> ба касе ки <<Ба куфри худ баъд аз Ислом, иқрор дорад>> кушта мешавад ва ин ҳукме аст ки миёни мусалмонон дар бораи он ихтилофе нест; Ҷуз инки бештари онон монанди Ҳанафиён, Шофеъиён, Моликиён ва сойири аҳли суннат куштани ӯро пас аз иститоба (даъват ба тавба дар мӯҳлатӣ се рӯза) ҷойиз донистаанд ва бархӣ аз онон монанди Имомия иститобаро махсуси ба муртадде донистаанд ки аз падару модари кофир таваллуд шудааст, дар ҳоле ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло куштани ӯ дар ҳар як аз ду ҳолро дар сурати салоҳдиди халифаи Худованд дар замин ҷойиз шумурда ва фармудааст: <<Куштани ӯ ба ин унвон, пеш ё пас аз иститоба, баста ба салоҳдиди халифаи Худованд дар замин, ҷойиз аст>> Ва ин аз як сӯ ба далили ахбори мутавотире аст ки бар ҷавози куштани муртад ба наҳви мутлақ ва ҷавози иститобаи ӯ ба наҳви мутлақ далолат доранд ва аз сӯӣ дигар ба далили он аст ки куштани муртад як сиёсати Исломӣ барои ҳифзи дин ва дафъи фитна ва пешгирӣ аз эҷоди рихна дар миёни мусалмонон аст ва ин аз шуъуни халифаи Худованд дар замин шумурда мешавад.

Аммо ҳукми муртад пеш аз ҳар чиз мубтанӣ бар китоби Худованд аст; Чароки китоби Худованд акидан аз бозгашт ба куфр пас аз Ислом барҳазр дошта ва ба унвони намуна фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تُطِيعُوا فَرِيقًا مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ يَرُدُّوكُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ كَافِرِينَ ۝ وَكَيْفَ تَكْفُرُونَ وَأَنْتُمْ تُتْلَى عَلَيْكُمْ آيَاتُ اللَّهِ وَفِيكُمْ رَسُولُهُ ۗ وَمَنْ يَعْتَصِمْ بِاللَّهِ فَقَدْ هُدِيَ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ ۝ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ[9]; <<Эй касоне ки имон овардед! Агар аз бархӣ касоне ки китоб дода шуданд пайравӣ кунед шуморо пас аз имонатон кофир мегардонанд ва чигуна кофир мешавед дар ҳоле ки оёти Худованд бар шумо хонда мешавад ва дар миёнатон Паёмбари Ӯст?! Ва ҳар кас ба Худованд тамассук ҷӯяд ба роҳӣ рост раҳнамун шудааст. Эй касоне ки имон овардед! Аз Худованд парво кунед ва намиред магар дар ҳоле ки мусалмон ҳастед>> Ва фармудааст: ﴿وَدَّ كَثِيرٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَوْ يَرُدُّونَكُمْ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِنْ عِنْدِ أَنْفُسِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْحَقُّ ۖ[10]; <<Бисёрӣ аз аҳли китоб дӯст медоранд ки шуморо баъд аз имонатон кофир гардонанд аз рӯӣ ҳасодате ки дар худ доранд баъд аз инки ҳақ барояшон ошкор шуд>> Ва фармудааст: ﴿وَقَالَتْ طَائِفَةٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ آمِنُوا بِالَّذِي أُنْزِلَ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَجْهَ النَّهَارِ وَاكْفُرُوا آخِرَهُ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ[11]; <<Ва шуморе аз аҳли китоб гуфтанд ба чизе ки бар мӯъминон нозил шудааст дар оғози рӯз имон овардед ва дар поёни он кофир шавед то шояд онон (аз дини худ) баргарданд>> Ва фармудааст: ﴿وَلَا يَزَالُونَ يُقَاتِلُونَكُمْ حَتَّى يَرُدُّوكُمْ عَنْ دِينِكُمْ إِنِ اسْتَطَاعُوا ۚ وَمَنْ يَرْتَدِدْ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَيَمُتْ وَهُوَ كَافِرٌ فَأُولَئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۖ وَأُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ[12]; <<Ва онон ҳамвора бо шумо хоҳанд ҷангид то он гоҳ ки шуморо аз динатон баргардонанд агар битавонанд ва ҳар кас аз шумо аз динаш баргардад, пас бимирад дар ҳоле ки кофир аст, онҳо аъмолашон дар дунё ва охират нобуд мешавад ва онҳо ёрони оташанд ва дар он ҷовидон хоҳанд буд>> Ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَنْ يَرْتَدَّ مِنْكُمْ عَنْ دِينِهِ فَسَوْفَ يَأْتِي اللَّهُ بِقَوْمٍ يُحِبُّهُمْ وَيُحِبُّونَهُ أَذِلَّةٍ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى الْكَافِرِينَ يُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوْمَةَ لَائِمٍ ۚ[13]; <<Эй касоне ки имон овардед! Ҳар кас аз шумо аз динаш муртад шавад ба зудӣ Худованд гурӯҳеро меоварад ки ононро дӯст медорад ва онон Ӯро дӯст медоранд, бо мӯъминон фурутан ва бо кофирон сахтгиранд, дар роҳи Худованд ҷиҳод мекунанд ва аз маломати маломатгаре намеҳаросанд>> Ва фармудааст: ﴿يَوْمَ تَبْيَضُّ وُجُوهٌ وَتَسْوَدُّ وُجُوهٌ ۚ فَأَمَّا الَّذِينَ اسْوَدَّتْ وُجُوهُهُمْ أَكَفَرْتُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ فَذُوقُوا الْعَذَابَ بِمَا كُنْتُمْ تَكْفُرُونَ[14]; <<Рӯзе ки рӯйҳойе сапед ва рӯйҳойе сиёҳ мешавад, пас аммо касоне ки рӯйҳошон сиёҳ мешавад оё баъд аз имонатон кофир шудед?! Пас азобро бичашед ба сабаби инки куфр меварзидед>> Ва фармудааст: ﴿ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ آمَنُوا ثُمَّ كَفَرُوا فَطُبِعَ عَلَى قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَفْقَهُونَ[15]; <<Ин ба сабаби он аст ки онон имон оварданд ва сипас кофир шуданд, пас бар дилҳошон мӯҳр ниҳода шуд, пас онон дар намеёбанд>> Ва фармудааст: ﴿وَدُّوا لَوْ تَكْفُرُونَ كَمَا كَفَرُوا فَتَكُونُونَ سَوَاءً ۖ فَلَا تَتَّخِذُوا مِنْهُمْ أَوْلِيَاءَ حَتَّى يُهَاجِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَخُذُوهُمْ وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ ۖ[16]; <<Орзу мекунанд ки эй кош шумо ҳам кофир мешудед ҳамон тавр ки онон кофир шуданд, пас бо ҳам яксон мебудед, пас аз онон дӯстоне нагиред то он гоҳ ки дар роҳи Худованд ҳиҷрат кунанд, пас агар рӯй бартофтанд ононро дар ҷойе ки ёфтед бигиред ва бикушед>> Ва ин <<Гирифтан ва куштан>>, аз масодиқи <<Азобӣ дарднок дар дунё>> аст ки барои муртаддин дар сурати рӯй гардонданашон аз тавба муқаррар дошта ва фармудааст: ﴿يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ مَا قَالُوا وَلَقَدْ قَالُوا كَلِمَةَ الْكُفْرِ وَكَفَرُوا بَعْدَ إِسْلَامِهِمْ وَهَمُّوا بِمَا لَمْ يَنَالُوا ۚ وَمَا نَقَمُوا إِلَّا أَنْ أَغْنَاهُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ مِنْ فَضْلِهِ ۚ فَإِنْ يَتُوبُوا يَكُ خَيْرًا لَهُمْ ۖ وَإِنْ يَتَوَلَّوْا يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ عَذَابًا أَلِيمًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ ۚ وَمَا لَهُمْ فِي الْأَرْضِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ[17]; <<Ба Худованд савганд мехуранд ки нагуфтанд, дар ҳоле ки калимаи куфрро гуфтанд ва пас аз исломашон кофир шуданд ва ба чизе иқрор карданд ки ба он даст наёфтанд ва интиқом нагирифтандн магар аз инки Худованд ва Паёмбараш ононро аз фазли худ бениёз кард, пас агар тавба кунанд барояшон беҳтар аст ва агар (аз тавба) рӯй гардонанд Худованд ононро дар дунё ва охират азобӣ дарднок мекунад ва барои онон дар замин ҳеҷ сарпараст ё пуштибоне нест>>, бо таваҷҷуҳ ба инки дар ҷойи дигар <<Қатл>> ро аз масодиқи <<Азоб дар дунё>> дониста ва фармудааст: ﴿قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ بِأَيْدِيكُمْ[18]; <<Бо онон ба қатл кӯшед ки Худованд ононро бо дастони шумо азоб кунад>>; Ҳамчунонки муҷозоте монанди раҷмро <<Азоб>> номида ва фармудааст: ﴿وَيَدْرَأُ عَنْهَا الْعَذَابَ أَنْ تَشْهَدَ أَرْبَعَ شَهَادَاتٍ بِاللَّهِ ۙ إِنَّهُ لَمِنَ الْكَاذِبِينَ[19]; <<Ва азобро аз зан дур мекунад инки чаҳор бор Худоро говоҳ гирад ки мард аз дурӯғгӯён аст>> Ва ин ҳукме аст ки ривоёти мутавотир дар миёни фариқайн бар он таъкид кардаанд; Чунонки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «لا يُحِلُّ دَمَ امْرِئٍ مُسلِمٍ إلّا إِحْدَى ثَلاثَةٍ: رَجُلٌ قَتَلَ فَقُتِلَ أَوْ رَجُلٌ زَنَى بَعْدَ ما أُحْصِنَ أَوْ رَجُلٌ ارْتَدَّ بَعْدَ إسْلامِهِ»[20]; <<Хуни марди мусалмонро ҷуз яке аз се чиз ҳалол намекунад; Марде ки муртакиби қатл шавад пас кушта шавад ё марде ки баъд аз эҳсон зино кунад ё марде ки баъд аз исломаш муртад шавад>> Ва аз Алӣ ибни Абӣ Толиб ривоят шудааст ки вақте Муставриди Иҷлӣ муртад шуд Исломро бар ӯ арза кард, пас напазируфт гардани ӯро зад ва меросашро ба варасаи мусалмонаш дод[21] Ва аз Абу Ҷаъфари Боқир ривоят шудааст ки фармуд: «مَنْ رَغِبَ عَنِ الإِسْلَامِ وكَفَرَ بِمَا أُنْزِلَ عَلَى مُحَمَّدٍ صلّی الله علیه و آله و سلّم بَعْدَ إِسْلَامِه فَلَا تَوْبَةَ لَهُ و قَدْ وَجَبَ قَتْلُه و بَانَتْ مِنْه امْرَأَتُه و يُقْسَمُ مَا تَرَكَ عَلَى وُلْدِه»[22]; <<Ҳар кас баъд аз мусалмонӣ аз Ислом рӯй гардонад ва ба чизе ки бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил шудааст кофир шавад, тавбае барои ӯ нест ва куштани ӯ воҷиб аст ва занаш аз ӯ ҷудо мешавад ва таракааш миёни фарзандонаш қисмат мешавад>> Ва аз Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ ривоят шудааст ки фармуд: «كُلُّ مُسْلِمٍ بَيْنَ مُسْلِمَيْنِ ارْتَدَّ عَنِ الإِسْلَامِ و جَحَدَ رَسُولَ اللَّه صلّی الله علیه و آله و سلّم نُبُوَّتَه وكَذَّبَه فَإِنَّ دَمَه مُبَاحٌ لِمَنْ سَمِعَ ذَلِكَ مِنْه و امْرَأَتَه بَائِنَةٌ مِنْه يَوْمَ ارْتَدَّ و يُقْسَمُ مَالُه عَلَى وَرَثَتِه و تَعْتَدُّ امْرَأَتُه عِدَّةَ الْمُتَوَفَّى عَنْهَا زَوْجُهَا و عَلَى الإِمَامِ أَنْ يَقْتُلَه إِنْ أَتَوْه بِه و لَا يَسْتَتِيبَه»[23]; <<Ҳар марди мусалмоне миёни ду (падар ва модари) мусалмон ки аз Ислом муртад шавад ва Паёмбарии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро инкор кунад ва он Ҳазратиро такзиб намояд, хунаш барои ҳар касе ки онро аз ӯ мешунавад мубоҳ аст ва занаш аз ӯ дар рӯзе ки муртад шудааст ҷудо мешавад ва молаш миёни ворисонаш тақсим мешавад ва занаш иддаи вафот нигоҳ медорад ва бар имом воҷиб аст ки ӯро агар ба наздаш оварданд бикушад ва иститоба накунад>> Ва дар ривоятӣ дигар аз он Ҳазрат ва аз падараш расидааст ки фармуданд: «يُسْتَتَابُ فَإِنْ تَابَ و إِلَّا قُتِلَ و الْمَرْأَةِ إِذَا ارْتَدَّتْ عَنِ الإِسْلَامِ اسْتُتِيبَتْ فَإِنْ تَابَتْ ورَجَعَتْ و إِلَّا خُلِّدَتْ فِي السِّجْنِ و ضُيِّقَ عَلَيْهَا فِي حَبْسِهَا»[24]; <<Ӯ иститоба мешавад, пас агар тавба кард (ки ҳеҷ) вагарна кушта мешавад ва зан ҳаргоҳ аз Ислом муртад шавад иститоба мешавад ва агар бозгашт (ки ҳеҷ) вагарна то абад зиндонӣ мешавад ва дар ҳабс бар ӯ сахт гирифта мешавад>> Ва аз сойири аҳли байт низ ривоёте бо ин мазмун расидааст ки зикри ҳамаи онҳо дар инҷо ба дарозо меанҷомад ва аз бархӣ саҳоба ва тобеъин низ ривоёте бо ин мазмун расидааст, то ҷойе ки тардиде дар субути он боқӣ намемонад ва бо ин васф, ҳукми муртад дар ҳар ҳол эъдом аст, вале халифаи Худованд дар замин мухаййар аст ки ӯро иститоба кунад ё бидуни иститоба эъдом фармояд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: مَتَى یَرْتَدُّ الْمُسْلِمُ؟ قالَ: إِذا شَهِدَ عَلَى نَفْسِهِ بِالْکُفْرِ! قُلْتُ: أَرَأَیْتَ الّذِي یَدْعُو وَلیّاً أَوْ قَبْراً أَوْ یَنْذُرُ لِغَیْرِ اللّهِ وَ لا یَشْهَدُ عَلَى نَفْسِهِ بِالْکُفْرِ؟ قالَ: لا یَرْتَدُّ حَتَّى یَشْهَدَ، إِنَّ اللّهَ یَقُولُ: ﴿شَاهِدِينَ عَلَى أَنْفُسِهِمْ بِالْكُفْرِ ۚ! قُلْتُ: فَإِنْ شَهِدَ فَیُقْتَلُ حَتْماً أَوْ یُسْتَتابُ؟ قالَ: ذَاكَ إِلَی الْإِمامِ إِنْ شاءَ قَتَلَهُ وَ إِنْ شاءَ اسْتَتابَهُ! قُلْتُ: أَوْ خَلَّدَهُ فِي السِّجْنِ؟ قالَ: هَذَا اسْتِتابَةٌ وَ قَتْلٌ»; <<Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Мусалмон чи ҳангоме муртад мешавад? Фармуд: Ҳангоме ки бар зидди худаш ба куфр шаҳодат диҳад! Гуфтам: Назаратон дар бораи касе ки валийе ё қабреро мехонад ё барои ғайри Худованд назр мекунад ва бар зидди худаш ба куфр шаҳодат намедиҳад чист? Фармуд: Муртад намешавад то он гоҳ ки (бар зидди худаш ба куфр) шаҳодат диҳад, ҳароина Худованд мефармояд: <Дар ҳоле ки бар зидди худашон ба куфр шаҳодат медиҳанд>[25]! Гуфтам: Пас агар бар зидди худаш ба куфр шаҳодат диҳад, ҳатман кушта мешавад ё иститоба мешавад? Фармуд: Он бо имом аст, агар бихоҳад ӯро мекушад ва агар бихоҳад ӯро иститоба мекунад! Гуфтам: Ё ӯро то абад ба зиндон меандозад? Фармуд: Ин (ҳам) гунаи иститоба ва қатл аст>>!

Аммо оё тавбаи муртад –ҳаргоҳ эъдоми ӯ таъайюн ёфта бошад– дар даргоҳи Худованд пазируфта аст?

Назари бисёрӣ аз олимон ин аст ки пазируфта нест, вале назари аллоҳм Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло он аст ки тавбаи чунин касе бо се шарт дар даргоҳи Худованд пазируфта аст:

А . Илова бар иртидод, ҷурми дигаре дар пайванд бо он муртакиб нашуда ва масалан мусалмони дигарро ба куфр дохил накарда бошад ё дар сурати иртикоб, онро ҷуброн карда бошад ва ин ба далили сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿كَيْفَ يَهْدِي اللَّهُ قَوْمًا كَفَرُوا بَعْدَ إِيمَانِهِمْ وَشَهِدُوا أَنَّ الرَّسُولَ حَقٌّ وَجَاءَهُمُ الْبَيِّنَاتُ ۚ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ ۝ أُولَئِكَ جَزَاؤُهُمْ أَنَّ عَلَيْهِمْ لَعْنَةَ اللَّهِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ ۝ خَالِدِينَ فِيهَا لَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ الْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ ۝ إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا مِنْ بَعْدِ ذَلِكَ وَأَصْلَحُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ ۝ إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا بَعْدَ إِيمَانِهِمْ ثُمَّ ازْدَادُوا كُفْرًا لَنْ تُقْبَلَ تَوْبَتُهُمْ وَأُولَئِكَ هُمُ الضَّالُّونَ[26]; <<Чигуна Худованд гурӯҳеро ҳидоят кунад ки баъд аз имонашон кофир шуданд? Дар ҳоле ки шаҳодат доданд Паёмбар ҳақ аст ва далоили рӯшан барояшон омад ва Худованд гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад! Онон сазояшон ин аст ки лаънати Худованд ва фариштагон ва мардум ҳамагӣ бар онон аст, барои ҳамеша дар он хоҳанд буд, азоб аз онон тахфиф дода намешавад ва ба онон мӯҳлат дода намешавад, магар касоне ки пас аз он тавба кунанд ва ислоҳ намоянд; Чароки Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст! Ҳароина касоне ки баъд аз имонашон кофир шуданд ва сипас бар куфр афзуданд, ҳаргиз тавбаяшон пазируфта намешавад ва онон ҳамоно гумроҳонанд>> Ва фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا ثُمَّ كَفَرُوا ثُمَّ آمَنُوا ثُمَّ كَفَرُوا ثُمَّ ازْدَادُوا كُفْرًا لَمْ يَكُنِ اللَّهُ لِيَغْفِرَ لَهُمْ وَلَا لِيَهْدِيَهُمْ سَبِيلًا[27]; <<Ҳароина касоне ки имон оварданд ва сипас кофир шуданд ва сипас имон овардан ва сипас кофир шуданд ва сипас бар куфр афзуданд, Худованд касе нест ки ононро биёмӯрзад ва ё ба онон роҳеро нишон диҳад>>!

Б . Пеш аз оғози маросими эъдом ва мушоҳидаи абзори он тавба кунад; Чароки тавбаи ӯ дар маросими эъдом ва пас аз мушоҳидаи барқи шамшер, пазируфта нест ва ин ба далили сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَى اللَّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِنْ قَرِيبٍ فَأُولَئِكَ يَتُوبُ اللَّهُ عَلَيْهِمْ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا ۝ وَلَيْسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ حَتَّى إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ إِنِّي تُبْتُ الْآنَ وَلَا الَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمْ كُفَّارٌ ۚ أُولَئِكَ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا[28]; <<(Пазириши) тавба аз ҷониби Худованд танҳо барои касоне аст ки кори бадро аз рӯйи нодонӣ анҷом медиҳанд ва сипас ба зудӣ тавба мекунанд, онон ҳастанд ки Худованд тавбаяшонро мепазирад ва Худованд донойи ҳаким аст ва тавба барои касоне нест ки бадиҳоро анҷом медиҳанд то он гоҳ ки яке аз ононро марг ҳозир мешавад, мегӯяд ман алъон тавба мекунам ва на касоне ки мемиранд дар ҳоле ки кофир ҳастанд, онон барояшон азобӣ дарднок фароҳам кардаем>>!

В . Аз муҷозот нагурезад, балки худро барои эъдом таслим кунад; Чароки тавбаи ӯ бо марг пазируфта мешавад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: تَوْبَةُ الْمُرْتَدِّ أَنْ یُقْتَلَ! أَما سَمِعْتَ قَوْلَ مُوسَى عَلَیْهِ السَّلامُ لِقَوْمِهِ: ﴿يَا قَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنْفُسَكُمْ بِاتِّخَاذِكُمُ الْعِجْلَ فَتُوبُوا إِلَى بَارِئِكُمْ فَاقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ عِنْدَ بَارِئِكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ؟!»; <<Шунидам ҳазрати Мансур мефармояд: Тавбаи муртад он аст ки кушта шавад! Оё сухани Мӯсо алайҳи салом бо қавмашро нашунидаи ки (фармуд): <Эй қавми ман! Ҳароина шумо бо гӯсола гирифтанатон ба худатон ситам кардед, пас ба сӯӣ Офаридагоратон тавба кунед ва худатонро бикушед! Он назди Офаридагоратон бароятон беҳтар аст, пас тавбаятонро пазируфт; Чароки Ӯ тавбапазирӣ меҳрубон аст>[29]?!>>.

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«کُنْتُ عِنْدَ الْمَنْصُورِ فَدَخَلَ عَلَیْهِ رَجُلٌ وَ قالَ لَهُ: إِنَّ فُلاناً حَدَّثَني أَنَّكَ قُلْتَ لَهُ إِنَّ تَوْبَةَ الْمُرْتَدِّ أَنْ یَقْتُلَ نَفْسَهُ! قالَ: ما قُلْتُ لَهُ ذَلِكَ إِنَّما قُلْتُ لَهُ تَوْبَةُ الْمُرْتَدِّ أَنْ یُقْتَلَ وَ ما ذَلِكَ إِلّا أَنْ یُقَدِّمَ نَفْسَهُ لِلْإِمامِ فَیَقْتُلَهُ! ثُمَّ قالَ: لِلْإِمامِ أَنْ یَعْفُوَ عَنْهُ إِذا تابَ وَ اعْتَذَرَ! قالَ الرَّجُلُ: أَیْنَ هَذَا في کِتابِ اللّهِ؟! قالَ: قَوْلُهُ تَعَالَى: ﴿لَا تَعْتَذِرُوا قَدْ كَفَرْتُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ ۚ إِنْ نَعْفُ عَنْ طَائِفَةٍ مِنْكُمْ نُعَذِّبْ طَائِفَةً بِأَنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ! فَدَهِشَ الرَّجُلُ وَ قالَ: سَلامُ اللّهِ عَلَیْكَ! ما رَأَیْتُ أَحَداً أَعْلَمَ مِنْكَ بِکِتابِ اللّهِ»; <<Дар назди ҳазрати Мансур будам ки марде бар ӯ ворид шуд ва гуфт: Фалонӣ манро ҳадис кард ки ту ба ӯ гуфтаи тавбаи муртад он аст ки худашро бикушад! Фармуд: Ман инро ба ӯ нагуфтам, бал ба ӯ гуфтам тавбаи муртад он аст ки кушта шавад ва он ҷуз ин нест ки худашро барои имом пеш оварад пас ӯро бикушад! Сипас фармуд: Барои имом аст ки ӯро авф кунад ҳаргоҳ тавба намояд ва узр оварад! Мард гуфт: Ин дар куҷои китоби Худованд аст?! Фармуд: Онҷо ки мефармояд: <Узр наёваред, шумо баъд аз имонатон кофир шудаед, агар бархӣ аз шуморо авф кунем, бархӣ дигарро азоб мекунем ба сабаби инки онон муҷрим буданд>[30]! Пас мард шигифтзада шуд ва гуфт: Саломи Худованд бар ту бод! Касеро аз ту ба китоби Худованд олимтар надидаам>>!

Ин мавзӯъ ва ҳукми муртад ва чигунангии тавбаи ӯ дар Ислом аст.

↑[1] . с223
↑[2] . с223 ва 224
↑[3] . Тавба/ 17
↑[4] . Анъом/ 130
↑[5] . Нисоъ/ 94
↑[6] . нигоҳ кунед ба: Муснади Шофеъӣ, с169; Сунани Саъйид ибни Мансур, ҷ2, с322; Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ6, с67; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ6, с576; Муснади Аҳмад, ҷ1, с11 ва ҷ3, с300; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ1, с12; Саҳеҳул Муслим, ҷ1, с39; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1295; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с117; Сунани Насоъӣ, ҷ7, с80 ва манобеъи фаровони дигар
↑[7] . с46
↑[8] . с223 ва 224
↑[9] . Оли Имрон/ 100-102
↑[10] . Бақара/ 109
↑[11] . Оли Имрон/ 72
↑[12] . Бақара/ 217
↑[13] . Моъида/ 54
↑[14] . Оли Имрон/ 106
↑[15] . Мунофиқун/ 3
↑[16] . Нисоъ/ 89
↑[17] . Тавба/ 74
↑[18] . Тавба/ 14
↑[19] . Нур/ 8
↑[20] . Муснади Аҳмад, ҷ6, с205; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ8, с43; Саҳиҳул Муслим, ҷ5, с106; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с847; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с327; Сунани Тирмизӣ, ҷ2, с450
↑[21] . нигоҳ кунед ба: Снунаи Саъд инби Мансур, ҷ1, с101; Мусаннафи Абдурраззоқ, ҷ10, с170; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ7, с256; Ибни Бобувей, Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ, ҷ3, с152; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ4, с253
↑[22] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ6, с174; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ4, с252
↑[23] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ6, с174; Ибни Бобувей, Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ, ҷ3, с149; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ4, с253
↑[24] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ7, с256; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ4, с253
↑[25] . Тавба/ 17
↑[26] . Оли Имрон/ 86-90
↑[27] . Нисоъ/ 137
↑[28] . Нисоъ/ 17 ва 18
↑[29] . Бақараъ/ 54
↑[30] . Тавба/ 66
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Ирфон
Тарих: 12/06/2018

Оё ин одилона аст ки агар касе аз дин хориҷ шавад ва дар воқеъ муртад номида шавад бояд кушта шавад? Оё ҳаққи таблиғи роҳе ки ёфтаастро надорад? Оё ин бо озодии инсон ва ихтиёри ӯ мунофот надорад?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 17/06/2018

Куштани муртад бо ихтиёри ӯ мунофӣ нест; Чароки ихтиёри ӯ ҷанбаи таквинӣ дорад ва куштани ӯ ҷанбаи ташриъӣ. Бинобарин, ӯ бо ихтиёри худ муртад мешавад, дар ҳоле ки метавонад муртад нашавад ва медонад ки дар сурати иртидод, кушта мешавад; Ҳамчунонки қотил бо ихтиёри худ муртакиби қатл мешавад, дар ҳоле ки метавонад муртакиби қатл нашавад ва медонад ки дар сурати қатл, қасос мешавад ва сориқ бо ихтиёри худ муртакиби сирқат мешавад, дар ҳоле ки метавонад муртакиби сирқат нашавад ва медонад ки дар сурати сирқат, қатъи даст мешавад ва ҳар муҷрими дигаре бо ихтиёри худ муртакиби ҷурм мешавад, дар ҳоле ки метавонад муртакиби ҷурм нашавад ва медонад ки дар сурати ҷурм, муҷозот мешавад. Бинобарин, ихтиёри инсон аз ҳайси таквинӣ, бо ҷабри ӯ аз ҳайси ташриъӣ мунофот надорад; Чароки ихтиёри ӯ аз ҳайси таквинӣ ва ҷабри ӯ аз ҳайси ташриъӣ, лозим ва малзуми якдигаранд ва барои имтиҳон ва такомили ӯ зарурат дорад. Аз инҷо дониста мешавад ки ихтиёри инсон, ба маънои адами масъулияти ӯ нест, бал ба маънои ин аст ки ӯ метавонад ҳар коре дӯст дорад –чи хуб ва чи бад– анҷом диҳад ва сипас масъулияти онро бар ӯҳда бигирад ва паёмадашро бипазирад; Вагарна ҳар муҷриме метавонист бигӯяд ки ихтиёр дорад ва масъули ҷурми худ нест ва касе набояд ӯро муҷозот кунад, дар ҳоле ки ҳамаи оқилон нодурустии ин суханро дарк мекунанд ва бар зарурати муҷозоти муҷрим иттифоқ доранд. Ҳосил онки мунофӣ ингоштани муҷозоти муртад бо ихтиёри ӯ, мисдоқе аз мунофӣ ингоштани муҷозоти муҷрим бо ихтиёри ӯст ки аз халт миёни ташриъ ва таквин ва нодида гирифтани масъулияти инсон бархоста ва шадидан таҳти таъсири ҷаҳонбинии илҳодӣ ва инсонмеҳварии фардгароёна дар ғарб аст.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Пурсиши
фаръии 2
Нависанда: Муҳаммад Ҷаводӣ
Тарих: 08/07/2019

Қасди ҷасорат надорам, сирфан саволе аст ки бароям пеш омадааст. Матлабе аз сайти шумо дидам дар мавриди эъдоми муртад. Асосан чаро иртидод дар Ислом ҷурм аст? Ва чаро муҷозот эъдом?! Ё тавбаи он эъдом бошад? Оё ҳар кас таҳқиқ ва баррасӣ ва фикр кард лузуман бояд ба он натиҷае бирасад ки шумо расидаед? Ва агар ба натиҷаи мутафовит расид мунҳариф аст ва бояд эъдом шавад? Агар фарде ки падар ва модарӣ мусалмон дошта лузуман бояд ҳамон роҳро идома диҳад ва ҳаққи тағйири масир надорад? Ба назари шумо ин муҷозоти эъдом боъиси ба вуҷуд омадани афроди ду рӯ ва мунофиқ намешавад? Чи айбе дорад монанди аврупо ҳар кас озодона ақойид ва боварҳои худро интихоб кунад ё тағйир диҳад ва ҳамчунин аланӣ матраҳ кунад ва ҳар кас ончи ҳақ меёбадро бипазирад? Дар ин сурат афроди мунофиқ камтар нахоҳанд буд? Агар ҳокимияти Исломӣ ба ҳаққонияти Ислом бовар дорад пас чи боке аст ки иҷоза диҳад мухолифонаш ошкоро ақидаи худро иброз кунанд ва мусалмонон низ рӯ дар рӯ ва ошкоро бартарии назари худро исбот кунанд? Магар намегӯйед ки инсон бояд масъулият ва табаъоти интихоби худашро бипардозад, чаро бояд фарди муртад эъдом шавад дар сурате ки ба худаш зулм карда ва дар охират ҳам муҷозот мешавад? Иддае ба далили ин қабил ақойид ва аҳком, Исломро динӣ хатарнок медонанд ва напазируфтани онро бар пазируфтанаш тарҷеҳ медиҳанд, аз сабурии шумо ташаккур мекунам.

Посух ба пурсиши
фаръии 2
Тарих: 12/07/2019

Мутаъассифона шумо таҳти таъсири таблиғоти инсонгароёни сикулор ва мулҳид ҳастед ки миёни дин ва либосе ки ҳар кас бо салиқаи худ интихоб ва сипас табдил мекунад фарқе намешиносанд. Бино бар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, инсон аз қуюде озод аст ки ғайри Худованд барои ӯ таъйин кардааст, на қуюде ки Худованд барои ӯ таъйин кардааст; Зеро Ӯ бидуни тақайюд ба қуюде ки Худованд барояш таъйин кардааст сар ба туғён бар медорад ва худ ва ҷаҳонро ба табоҳӣ мекашонад. Бино бар ҷаҳонибинии тавҳидӣ, инсон бандаи Худованд аст ва то ҳангоме арзиш дорад ки дар баробари Худованд таслим бошад; Чароки дар ғайри ин сурат, фарқе бо ҳайвонот надорад, балки аз ҳайвонот пасттар аст; Чунонки фармудааст: ﴿أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا[1]; <<Ё мепиндорӣ ки бештари онон гӯш месупоранд ё таъаққул мекунанд?! Онон ҷуз монанди чаҳорпоён нестанд, балки онон гумроҳтаранд>>. Бино бар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, арзиши инсон, ба ранг, нажод, сарват ё қудрати ӯ нест, балки ба имони ӯст ва бо ин васф, инсоне ки имони худро аз даст дода, беарзиштарин ҷонвар аст; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الَّذِينَ كَفَرُوا فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ[2]; <<Ҳароина бадтарини ҷонварон назди Худованд касоне ҳастанд ки кофир шуданд ва имон намеоваранд>>. Ин аз он рӯст ки куфр ношӣ аз таъаққул нест, балки ношӣ аз таҷаҳул аст; Чароки таъаққул бо вуҷуди оёти ошкори Худованд ва мӯъҷизоти фаровони Паёмбар, ҳаргиз ба инкори Худованд ё Паёмбари Ӯ намеанҷомад; Чунонки фармудааст: ﴿وَمَثَلُ الَّذِينَ كَفَرُوا كَمَثَلِ الَّذِي يَنْعِقُ بِمَا لَا يَسْمَعُ إِلَّا دُعَاءً وَنِدَاءً ۚ صُمٌّ بُكْمٌ عُمْيٌ فَهُمْ لَا يَعْقِلُونَ[3]; <<Масали касоне ки кофир шуданд монанди ин аст ки ҳайвонеро садо бизанӣ ки ҷуз овоз ва нидойе намешунавад, кар ва кӯр ва лоланд, пас онон таъаққул намекунанд>>. Вонгаҳе куфр як назари шахсӣ беасар ва беаҳмияти нест, бал як иқдоми иҷтимоъӣ аст ки сабки зиндагиро тағйир медиҳад ва осори ҳувлноки фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад ва ҳатто назми табиъатро бар ҳам мезанад ва аз ин рӯ, назди Худованд бузургтарин ҷурм маҳсуб мешавад; Ҷурмӣ сангин ва нобахшуданӣ; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ ۚ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا بَعِيدًا[4]; <<Худованд намебахшад ки барои Ӯ шарик гирифта шавад ва ҷуз онро барои ҳар кас ки мехоҳад мебахшад ва ҳар кас барои Худованд шарик бигирад, ҳароина ба гумроҳии дуре дучор шудааст>>. Ба ростӣ кадом ҷурм бузургтар аз пушт кардани инсон ба Худованд ва Паёмбараш ва рӯй овардани ӯ ба шайтон ва фарзандонаш?! Беҳуда нест ки дар ҷаҳонбинии тавҳидӣ, мардум ба ду дастаи мӯъмин ва кофир тақсим мешаванд; Чунонки фармудааст: ﴿هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ فَمِنْكُمْ كَافِرٌ وَمِنْكُمْ مُؤْمِنٌ ۚ[5]; <<Ӯ касе аст ки шуморо офарид, пас дастае аз шумо кофир ҳастанд ва дастае аз шумо мӯъмин>> Ва миёни ин ду даста, ниҳояти адолат барқарор аст; Чунонки фармудааст: ﴿قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِي إِبْرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ إِذْ قَالُوا لِقَوْمِهِمْ إِنَّا بُرَآءُ مِنْكُمْ وَمِمَّا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ كَفَرْنَا بِكُمْ وَبَدَا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةُ وَالْبَغْضَاءُ أَبَدًا حَتَّى تُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَحْدَهُ[6]; <<Бегумон барои шумо улгуйи неку дар Иброҳим ва касоне аст ки бо ӯ буданд ҳангоме ки ба қавмашон гуфтанд мо аз шумо ва аз чизе ки ҷуз Худованд мепарастед безорем, ба шумо кофир шудем ва миёни мо ва шумо барои ҳамеша душманӣ ва кина падидор шуд то онки ба Худованди ягона имон оваред>>. Бинобарин, мӯъминон ҳеҷ гоҳ кофиронро дӯст намедоранд, балки аз онон безор ва мутанафиранд; Чароки онон бо куфташон бузургтарин зулмро ба худ ва дигарон кардаанд ва бештарин осебро ба ҷаҳон расондаанд ва ба тазъифи ҷабҳаи Худованд ва тақвияти ҷабҳаи шайтон пардохтаанд ва дар ин миён, ҷурми муртаддон сангинтар аст; Чароки онон аз суфуфи худӣ ба суфуси душман пайвастаанд ва бо ин кор, ба мӯминон хиёнат кардаанд ва ба дин зарба задаанд. Аҷиб аст ки шумо чунин ҷурми азим бо чунин табаъоти мухаррибро ҳаққи инсони мепиндоред ва мӯътақидед ки Худованд ҳаққи муҷозоти ӯро надорад!

Аммо инки бархӣ Исломро динӣ хатарнок мепиндоранд, табиъӣ аст; Чароки Ислом барои душманони Худованд бисёр хатарнок аст, дар ҳоле ки раҳматӣ бепоён ва муҳаббатӣ бедариғро нисбати дӯстони Худованд мекунад. Ҳар чанд боби тавбаро барои душманони Худованд низ боз гузошта ва авф ё тахфифи муҷозоти ононро мумкин дониста; Ҳамчунонки ба ҳамаи шубаҳоти онон бо ҳикмат, мавъезаи ҳасана ва ҷидоли аҳсан посух дода ва ҳуҷҷате барояшон боқӣ нагузоштааст. Вонгаҳе ин рӯйкард, хосси Ислом нест, балки дар сойири адёни Илоҳӣ низ вуҷуд дорад; Чунонки ба унвони намуна, дар Таврот омадааст: <<Ҳар ки номи Худовандро куфр гӯяд бояд ҳатман кушта шавад; Тамоми ҷамоъат бояд ӯро сангсор кунанд. Ҳаргоҳ касе номи муқаддасро куфр гӯяд бояд кушта шавад, хоҳ ғариб ва хоҳ бумӣ.>> (Ловиён 24:16) Ва омадааст: <<Агар бародари тании ту ё писарат ё духтарат ё зане ки ҳамоғӯши туст ё рафиқат ки ҳамчун ҷони хеш азизаш медорӣ, туро дар ниҳон фирефта созад ва бигӯяд? <Биё то рафта, худоёни ғайрро ибодат кунем> ки на шумо онҳоро мешиносед ва на падаронатон, аз худоёни ақвоме ки атрофи шумоянд, хоҳ наздик ба шумо ва хоҳ дур, аз як карон замин то карони дигар, таслими ӯ мешавед ва суханашро гӯш мегиред. Чашмони шумо бар ӯ шафқат накунад ва дил бар вай масӯзонед ва ӯро пинҳон макунед. Бар шумост ки ӯро бикушед. Нахуст, худ даст ба куштанаш дароз кунед, ва пас аз шумо, тамомӣ ҷамоъат. Ӯро сангсор кунед то бимирад, зеро бар он шуд ки шуморо аз Яҳува худоятон ки шуморо аз сарзамини Миср, аз хонаи бандагӣ, берун овард, мунҳариф созад. Ва чун қами исроъил ҷумлагӣ бишнаванд, хоҳанд тарсид, ва дигар бор касе дар миёни шумо муртакиби ин шарорат нахоҳад шуд.>> (Тасния 13: 6-11) Ва дар Инҷил овадааст: <<Гумон мабаред ки омадаам то Таврот ва навиштаҳои Паёмбаронро насх кунам; Наёмадаам то онҳор насх кунам, балки омадаам то таҳққуқашон бахшам. Зеро омин, ба шумо мегӯям, то осмон ва замин зойил нашавад, нуқта ё ҳамзае аз Таврот ҳаргиз зоил нахоҳад шуд, то инки ҳама ба анҷом расад. Пас ҳар ки яке аз кӯчактарини ин аҳкомро камаҳмият шуморад ва ба дигарон низ чунин биёмӯзад, дар подшоҳии осмон, кӯчактарин ба шумор хоҳад омад. Аммо ҳар ки ин аҳкомро иҷро кунад ва онҳоро ба дигарон биёмӯзад, ӯ дар подшоҳии осмон бузур хонда хоҳад шуд.>> (Матто 5: 17-19) Ва омадааст: <<Омин, ба шумо мегӯям ки тамоми гуноҳои инсон ва ҳар куфре ки бигӯйед омӯрзида мешавад; Аммо ҳар ки ба Руҳул Қуддус куфр гӯяд, ҳаргиз омӯрзида нахоҳад шуд, балки муҷрим ба гуноҳӣ абадӣ аст>>[7]. Бинобарин, яҳудиён ва масеҳиён агар ба ростӣ яҳудӣ ва масеҳӣ бошанд, наметавонанд Исломро динӣ хатарнок бипиндоранд, бал касоне метавонанд ки ба ҳеҷ як аз адёни Илоҳӣ бовар надоранд ва онон мулҳидонанд ки худро мудофеъони ҳуқуқи башар мешуморанд ва дар ин пӯшиш, барои густариши илҳод дар ҷаҳон заминасозӣ мекунанд.

↑[1] . Фурқон/ 44
↑[2] . Анфол/ 55
↑[3] . Бақара/ 171
↑[4] . Нисоъ/ 116
↑[5] . Тағобун/ 2
↑[6] . Мумтаҳина/ 4
↑[7] . Марқус 3: 28 ва 29
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading