Чоршанбе 5 август 2020 мелодӣ баробар бо 15 зулҳиҷҷа 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(20) Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мӯътақид аст ки замин дар ҳеч замоне аз <<Халифаи Худованд>> холи нест ва далилаш барои ин эътиқод аз як сӯ зарурати ақлӣ вуҷуди халифаи Худованд дар заминро барои таълими кулли Ислом ва иқомаи он ба сурати холис ва комил ва аз сӯӣ дигар сухани Худованд аст ки ба рӯшанӣ фармудааст: <<Бегумон Ман дар замин халифаеро уарор диҳандааст>>. (Бахши: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё истихора ҷойиз аст?

Истихора бояд тавассути шахсӣ хос ва соъати хос анҷом шавад?

Истихора дар чи умуре ҷойиз аст?

<<Истихора>> дар луғат ба маънои талаби хайр кардан ва дар ривоёти Исломӣ ба маънои талаби хайр кардан аз Худованд пеш аз анҷоми коре аст ки бими хайр набудани он меравад ва бо ин маъно, аз масодиқи <<Дуъо>> шумурда мешавад ки кори бисёр хуб ва писандидае аст, вале <<Истихора>> дар урфи аҳли ташаюъ аз ин маъно хориҷ шуда ва маънои <<Тафаъул ба китоби Худованд>> ёфтааст ки асле дар ривоёти Исломӣ надорад, балки дар бархӣ аз онҳо мавриди наҳй қарор гирифта ва он ба ин сурат аст ки Мусҳафро бикушоянд ва нахустин ояе ки бубинандро ба фоли нек ё бад бигиранд ва бар асоси он амалеро анҷом диҳанд ё тарк намоянд, дар ҳоле ки рӯшан аст Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳеҷ як аз саҳоба ва аҳли байти Ӯ чунин кореро анҷом надодаанд, балки баъид нест чунин коре аз масодиқи <<Истиқсоми билазлом>> бошад ки амлӣ ҷоҳилӣ аст ва дар китоби Худованд <<Фисқ>> шумурда шудааст[1]; Ҳамчунонки аз ҷиҳати ба фоли бад гирифтани бархӣ оёт, <<Тира>> шумурда мешавад ки дар китоби Худованд мардуд аст[2] Ва табъан Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ –бино бар ривоёти мутавотир дар манобеъи фариқайн– онро беэътибор донистааст[3] Ва бо ин васф, хабари воҳид, заъиф ва мутаноқизе ки Абу Ҷаъфари Тувсӣ (д.460қ) дар китоби Таҳзибул Аҳком[4] аз мардӣ маҷҳул ба номи Ал-Ясаъи Қумӣ ривоят карда ва танҳо далили ҷавози чунин амале аст, қобили қабул нест. Оре, чунин амале аз бархӣ ҳокимони банӣ Умая монанди Валид ибни Язид ибни Абдулмалик (д.128қ) нақл шудааст ки Мусҳафро гушуд ва бо ояи ﴿وَاسْتَفْتَحُوا وَخَابَ كُلُّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ[5] мувоҷеҳ шуд; Пас ба хашм омад ва онро ҳадаф қарор дод ва ба қадре бар он тир зад ки онро пора кард ва сипас хитоб ба он суруд: «أَتُوعِدُ کُلَّ جَبّارٍ عَنیدٍ/ فَها أنا ذاکَ جَبّارٌ عنیدُ/ إذا لاقَیتَ رَبَّکَ یَومَ حَشرٍ/ فَقُل یا رَبِّ خَرَّقَنِی الوَلیدُ»; <<Оё ҳар ҷаббори анидро метарсонӣ? Пас ман ҳамон ҷаббори анид ҳастам! Ҳангоме ки Парвардигоратро дар рӯзи ҳашр дидӣ бигӯ: Худоё! Валид манро пора кард!>>[6], вале возеҳ аст ки амали чунин зиндиқи хабисе далолате бар ҷавози тафаъул ба китоби Худованд ё ривоҷаш дар миёни салафи солеҳ надорад, балки чи басо бар хилофи он ду далолат дошта бошад.

Ҳосил онки <<Истихора>> ба маънои дуъо ва талаби хайр аз Худованд пеш аз анҷоми коре ки бими хайр набудани он меравад, бисёр хуб ва писандида аст ва мавриди эҳтимом ва тавсияи салафи солеҳ будааст, вале <<Тафаъул ба китоби Худованд>> дар қолиби гушудани Мусҳаф ва ба фоли нек ё бад гирифтани оёте аз он, амалӣ хурофӣ ва ҷоҳилӣ аст ки монанди бархӣ дигар аз аъмоли хурофӣ ва ҷоҳилӣ дар миёни аҳли ташаюъ ривоҷ ёфта ва ба фитнае барои онон табдил шуда ва то ҳадде ҷанбаи ифроти ёфтааст ки бархӣ аз онон, барои шинохти ҳақ ва ботил низ ба китоби Худованд тамассук намекунанд, балки тафаъул мекунанд ва пас аз шинохти ҳақ низ барои қабул ва ёрии он ки амри акиди Худованд аст, дар пайи фолгире мегарданд ки барои онон аз китоби Худованд фол бигиранд то бидонанд ки оё ҳақро бипазиранд ва ёрӣ кунанд ё на! Бидуни шак ин инҳирофи бузурге аст ки дар миёни аҳли ташаюъ ривоҷ ёфтааст ва олимонашон низ ба ҷойи наҳй аз онон аз он, бар он доман мезананд, ҳамон тавр ки ба бархӣ дигар аз инҳирофоти онон доман мезананд, балки худ ба марҷаъи онон дар он ва бузургтарин фолгирон табдил шудаанд!

Аз Худованди меҳрубон масъалат дорем ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро бо фарёд расои бандаи солеҳаш аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз хоби ғафлат бедор кунад, то ҳамаи бидъатҳо ва хурофоти даврони фитратро вогузоранд ва дар нури китоби Ӯ ва суннати мутавотири Паёмбараш, ба сӯӣ Исломи холис ва комил бозгарданд ва барои дарки ҳазрати имом Маҳдӣ алайҳи салом ва ислоҳоти ҷаҳонии ӯ омода шаванд.

↑[1] . Моъида/ 3
↑[2] . Аъроф/ 131; Намл/ 47; Ёсин/ 19
↑[3] . Муснади Аҳмад, ҷ2, с266 ва ҷ3, с118; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ7, с27; Саҳеҳул Муслим, ҷ7, с33; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1170; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с232; Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с85; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с196; Ибни Бобувей, Ман ло яҳзарул фақиҳ, ҷ2, с266
↑[4] . ҷ3, с310
↑[5] . Иброҳим/ 15
↑[6] . Масъудӣ, Мураввиҷул Заҳаб, ҷ3, с216; Муқризӣ, Имтиъоул Асмоъ, ҷ12, с281; Атобакӣ, Ал-Нуҷумул Зоҳира, ҷ1, с299; Ибни Имод, Шазроту Заҳаб, с169
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading