Якшанбе 4 Июн 2023 мелодӣ / 15 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳукми раёсат ва мудирияти зан чист? Оё бояд аз табаъияти райис ё мудири зан худдорӣ кунем?

Оё даст додан бо ҳамкорони зан аз рӯӣ риъояти қавонин ва завобити урфӣ ва иҷтимоъӣ ва на аз рӯӣ ҳусн било ишкол аст?

Иштиғоли зан ба коре ки мусталзими муъоширати мустамарри ӯ бо номаҳрам аст, кароҳат дорад ва агар мусталзими вуқуъи ӯ дар ҳаром бошад, бидуни шак ҳаром аст, вале қатъи назар аз ин ҷанба, ҳаргоҳ занӣ мусалмон, оқил ва рашид бошад, манъе аз раёсати ӯ вуҷуд надорад ва итоъат аз ӯ дар маҳдудаи шаръи, ҷойиз аст; Чунонки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пеш аз Набувват, дар корвонӣ тиҷорӣ кор мекард ки раъиси он Хадиҷа разияллоҳу анҳо буд.

Оре, Абу Бакр ривоят кардааст: «لَمَّا بَلَغَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ أَنَّ أَهْلَ فَارِسَ قَدْ مَلَّكُوا عَلَيْهِمْ بِنْتَ كِسْرَى، قَالَ: لَنْ يُفْلِحَ قَوْمٌ وَلَّوْا أَمْرَهُمُ امْرَأَةً»[1]; «Ҳангоме ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хабар расид ки Эрониён духтари Касроро бар худ ҳоким сохтаанд, фармуд: Қавме ки замоми умури худро ба зане биспорад, комёб нахоҳад шуд» Ва ин -дар сурате ки собит бошад- бар кароҳат раёсати занон, хусусан дар арсаи ҳукумат, далолат дорад, вале бо таваҷҷуҳ ба достони Билқайс дар китоби Худованд, қодир ба исботи ҳурмати он нест; Чароки китоби Худованд аз ҳукумати Билқайс ёд карда ва онро ба некӣ ва интизом васф намуда, онҷо ки фармудааст: ﴿وَأُوتِيَتْ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ﴾[2]; «Ва аз ҳар чизе ба ӯ дода шуда буд» Ва фармудааст: ﴿قَالُوا نَحْنُ أُولُو قُوَّةٍ وَأُولُو بَأْسٍ شَدِيدٍ وَالْأَمْرُ إِلَيْكِ فَانْظُرِي مَاذَا تَأْمُرِينَ﴾[3]; «Гуфтанд: Мо дорандагони неру ва ҷанговаронӣ сахт ҳастем ва кор дар ихтиёри туст, пас бингар ки чи фармон медиҳӣ» Ва дар чаҳор ҷо ба ҳусни ақл ва тадбири ӯ ишора кардааст: Аввал онки номаи Сулаймон алайҳи саломро арҷ ниҳод: ﴿قَالَتْ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ إِنِّي أُلْقِيَ إِلَيَّ كِتَابٌ كَرِيمٌ﴾[4]; «(Билқайс) гуфт: Эй дарбориён! Номаи арзишманд ба сӯӣ ман афканда шудааст» Ва ин аз ақли ӯ буд; Дуввум онки мустабид набуд ва бо дарбориёнаш машварат мекуард: ﴿قَالَتْ يَا أَيُّهَا الْمَلَأُ أَفْتُونِي فِي أَمْرِي مَا كُنْتُ قَاطِعَةً أَمْرًا حَتَّى تَشْهَدُونِ﴾[5]; «(Биқайс) гуфт: Эй дарбориён! Дар корам назар диҳед ки ман ҳеч гоҳ бидуни машварати шумо кореро ниҳойи накардаам» Ва ин аз ақли ӯ буд; Севвум онки пешниҳоди ҷанг бо Сулаймон алайҳи саломро напазируфт, балки бо назар ба оқибати кор ва маслиҳати омма, ҳадияе фиристод ва сулҳ ва дӯстиро ихтиёр кард: ﴿قَالَتْ إِنَّ الْمُلُوكَ إِذَا دَخَلُوا قَرْيَةً أَفْسَدُوهَا وَجَعَلُوا أَعِزَّةَ أَهْلِهَا أَذِلَّةً ۖ وَكَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ ۝ وَإِنِّي مُرْسِلَةٌ إِلَيْهِمْ بِهَدِيَّةٍ فَنَاظِرَةٌ بِمَ يَرْجِعُ الْمُرْسَلُونَ﴾[6]; «(Билқайс) гуфт: Подшоҳон ҳангоме ки ба шаҳре ворид шаванд, онро ба табоҳӣ мекашанд ва азизонашонро хор мекунанд ва ин гуна амал мекунанд ва ман ҳадияе ба сӯӣ онон мефиристам, пас менигарам ки фиристодагон бо чи чизе боз мегарданд» Ва ин аз ҳусни тадбири ӯ буд; Чаҳорум онки вақте дарёфт Сулаймон алайҳи салом Паёмбар аст ва дар пайи дунё нест, даъваташро иҷобат кард: ﴿قَالَتْ رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي وَأَسْلَمْتُ مَعَ سُلَيْمَانَ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ﴾[7]; «(Билқайс) гуфт: Парвардигоро! Ҳаройина ман ба худам зулм кардам ва бо Сулаймон барои Худованд, Парвардигори ҷаҳониён Ислом овардам» Ва ин аз ақли ӯ буд ва шакке нест ки қавме ки замоми умури худро ба ӯ супурд, комёб шуд; Чароки ӯ Ислом овард ва ононро низ ба Ислом ворид кард ва агар онон замоми умури худро ба марде аз дарбориён месупурданд, ҳатман ҳалок мешуданд; Зеро онон ба ҷанг бо Сулаймон тавсия карданд. Ин достон далили бар он аст ки ҳадиси мазкур аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам собит нест; Чароки Абу Бакри Баззоз гуфтааст: «لَا نَعْلَمُ رَوَاهُ غَيْرُ أَبِي بَكْرَةَ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ»[8]; «Ғайр аз Абу Бакр касеро суроғ надорам ки ин ҳадисро аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят карда бошад» Ва агар собит бошад низ ҳамли бар ғолиб мешавад, на бар итлоқ ва бо ин васф, агар зани мусалмоне ёфт шавад ки аз ақл ва тадбири кофӣ бархурдор бошад, манъе аз раёсати ӯ вуҷуд надорад, магар онки монеъи дигаре барои раёсаташ вуҷуд дошта бошад.

Аммо даст додан бо зани мусалмони аҷнабӣ, агарчи бидуни райба ва қасди лаззат бошад, ҷойиз нест, магар онки ҳоъиле монанди дасткаш дар миён бошад ки дар ин сурат бидуни райба ва қасди лаззат ва фишурдан, ишколе надорад; Чароки ин ҳолат, ламс кардани ҳоъил аст ва ламс кардан бидуни зан маҳсуб намешавад; Чунонки Самоъа ибни Меҳрон ривоят кардааст: «سَأَلْتُ أَبَا عَبْدِ اللَّهِ -يَعْنِي جَعْفَرَ بْنَ مُحَمَّدٍ- عَلَيْهِ السَّلَامُ عَنْ مُصَافَحَةِ الرَّجُلِ الْمَرْأَةَ، قَالَ: لَا يَحِلُّ لِلرَّجُلِ أَنْ يُصَافِحَ الْمَرْأَةَ إِلَّا امْرَأَةً يَحْرُمُ عَلَيْهِ أَنْ يَتَزَوَّجَهَا، أُخْتٌ أَوْ بِنْتٌ أَوْ عَمَّةٌ أَوْ خَالَةٌ أَوِ ابْنَةُ أُخْتٍ أَوْ نَحْوُهَا، فَأَمَّا الْمَرْأَةُ الَّتِي يَحِلُّ لَهُ أَنْ يَتَزَوَّجَهَا فَلَا يُصَافِحْهَا إِلَّا مِنْ وَرَاءِ الثَّوْبِ وَلَا يَغْمِزْ كَفَّهَا»[9]; «Аз Абу Абдуллоҳ -яъне Ҷаъфар ибни Муҳаммад- алайҳи салом дар бораи даст додани мард бо зан пурсидам, фармуд: Барои мард ҳалол нест ки бо зан даст бидиҳад, магар зане ки издивоҷаш бо ӯ ҳаром аст, яъне хоҳар ё духтар ё амма ё хола ё духтари хоҳар ё монанди он, аммо зане ки издивоҷаш бо ӯ ҳалол аст, набояд бо ӯ даст бидиҳад, магар аз рӯӣ либос ва набояд дасташро фишор диҳад» Ва Абу Басир ривоят кардааст: «قُلْتُ لِأَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ: هَلْ يُصَافِحُ الرَّجُلُ الْمَرْأَةَ لَيْسَتْ بِذِي مَحْرَمٍ؟ فَقَالَ: لَا إِلَّا مِنْ وَرَاءِ الثَّوْبِ»[10]; «Ба имоми Содиқ алайҳи салом гуфтам: Оё мард метавонад бо зани номаҳрам даст бидиҳад? Фармуд: На, магар аз рӯӣ либос» Ва Саъида ва Аймана хоҳарони Муҳаммад ибни Абӣ Умайр ривоят кардаанд: «دَخَلْنَا عَلَى أَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ فَقُلْنَا: تَعُودُ الْمَرْأَةُ أَخَاهَا فِي اللَّهِ؟ قَالَ: نَعَمْ، قُلْنَا: فَتُصَافِحُهُ؟ قَالَ: نَعَمْ مِنْ وَرَاءِ ثَوْبٍ، كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ لَبِسَ الصُّوفَ يَوْمَ بَايَعَ النِّسَاءَ، فَكَانَتْ يَدُهُ فِي كُمِّهِ وَهُنَّ يَمْسَحْنَ أَيْدِيَهُنَّ عَلَيْهِ»[11]; «Хидмати имоми Содиқ алайҳи салом расидем ва гуфтем: Оё зан метавонад ба аёдати бародари диниаш биравад? Фармуд: Бале, гуфтем: Метавонад бо ӯ даст бидиҳад? Фармуд: Бале аз рӯӣ либос, рӯзе ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо занон байъат кард, либосӣ пашмӣ пӯшида буд, пас дасташ дар остинаш буд ва онҳо дастҳои худро бар рӯӣ остинаш мекашинанд». Ҳамчунин, наздик ба эҳтиёт тарки мусоҳифа бо зани китобии аҷнабӣ аст, агарчи ҷавози он бидуни райба ва қасди лаззат муҳтамал аст; Чароки адиллаи манъ, ба занони мусалмон инсироф дорад, на занони ғайри мусалмон ва барои занони ғайри мусалмон ҳурмате нест ва ба ҳамин далил, нигоҳ кардан ба онон бидуни рейба ва қасди лаззат ҷойиз аст; Чунонки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «لَا حُرْمَةَ لِنِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ أَنْ يُنْظَرَ إِلَى شُعُورِهِنَّ وَأَيْدِيهِنَّ»[12]; «Барои занони аҳли зимма ҳурмате нест ки ба мӯҳо ва дастҳошон нигоҳ шавад» Ва дар ривояти дигаре омадааст ки фармуд: «لَيْسَ لِنِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ حُرْمَةٌ، لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَيْهِنَّ مَا لَمْ يَتَعَمَّدْ ذَلِكَ»[13]; «Барои занони аҳли зимма ҳурмате нест, нигоҳ кардан ба онон модоме ки амди набошад, ишколе надорад» яъне бо қасди лаззат набошад ва аз Алӣ ибни Абӣ Толиб алайҳи салом ривоят шудааст ки фармуд: «لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى رُؤُوسِ نِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ»[14]; «Нигоҳ кардан ба сари занони аҳли зимма ишколе надорад» Ва аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى رُؤُوسِ أَهْلِ التِّهَامَةِ وَالْأَعْرَابِ وَأَهْلِ السَّوَادِ وَالْعُلُوجِ، لِأَنَّهُمْ إِذَا نُهُوا لَا يَنْتَهُونَ، وَالْمَجْنُونَةِ وَالْمَغْلُوبَةِ عَلَى عَقْلِهَا، وَلَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى شَعْرِهَا وَجَسَدِهَا مَا لَمْ يَتَعَمَّدْ ذَلِكَ»[15]; «Нигоҳ кардан ба сари занони аҳли таҳома ва бодеянишин ва рустойи ва бедин ишколе надорад; Зеро онон агар наҳй шаванд худдорӣ намекунанд ва ҳамчунин аст зани девона ва зане ки ақлашро аз даст додааст; Нигоҳ кардан ба мӯву бадани онҳо ишколе надорад, ҳаргоҳ амдӣ набошад» яъне бо қасди лаззат набошад; Зеро беишкол будани он дар ҳоле ки амдӣ набошад, ба ин гурӯҳ аз занон ихтисосе надорад ва ин назари Сӯфиёни Сурӣ аст ки аз ӯ нақл шудааст: «لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى زِينَةِ نِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ، إِنَّمَا يُنْهَى عَنْ ذَلِكَ لِخَوْفِ الْفِتْنَةِ، لَا لِحُرْمَتِهِنَّ»[16]; «Нигоҳ кардан ба зинати занони аҳли зимма ишколе надорад; Чароки танҳо аз бими афтодан ба фитна аз он наҳй шудааст, на аз боби ҳурмати онон» Ва ба сухани Худованд дар боби ҳиҷоб истидлол карда ки фармудааст: ﴿وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ﴾[17]; «Ва занони мусалмон» Ва аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «إِنَّمَا كُرِهَ النَّظَرُ إِلَى عَوْرَةِ الْمُسْلِمِ، فَأَمَّا النَّظَرُ إِلَى عَوْرَةِ مَنْ لَيْسَ بِمُسْلِمٍ مِثْلُ النَّظَرِ إِلَى عَوْرَةِ الْحِمَارِ»[18]; «Танҳо нигоҳ кардан ба аврати мусалмон нописанд аст, аммо нигоҳ кардан ба аврати ғайри мусалмон, монанди нигоҳ кардан ба аврати улоғ аст» яъне бидуни райба ва қасди лаззат ҷойиз аст; Чароки онон ﴿كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ﴾[19]; «Монанди чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтаранд, онон ҳамон бехабаронанд». Бо ин авсоф, агар марди мусалмоне бими он дошта бошад ки тарки мусоҳифа бо зани китобии аҷнабӣ, зарари муҳимме ба ӯ бирасонад, чунонки гоҳе дар бархӣ кишварҳои ғайри Исломӣ пеш меояд, метавонад бидуни райба ва қасди лаззат бо ӯ даст бидиҳад; Зеро он тақияе аст ки бо он ҳараҷеро дафъ мекунад ва Худованд фармудааст: ﴿إِلَّا أَنْ تَتَّقُوا مِنْهُمْ تُقَاةً﴾[20]; «Магар инки аз онон тақия кунед» Ва фармудааст: ﴿مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ﴾[21]; «Худованд намехоҳад ки барои шумо ҳараҷе қарор диҳад».

↑[1] . Муснади Абӣ Доввуди Таёлусӣ, ҷ2, с205; Мусаннафи ибни Абӣ Шейба, ҷ7, с538; Муснади Аҳмад, ҷ34, с144; Саҳеҳел Бухорӣ, ҷ6, с8; Сунани Насоъи, ҷ8, с227; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с527; Мӯъҷаммул Саҳоба ибни Қонеъ, ҷ3, с143; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ10, с201
↑[2] . Намл/ 23
↑[3] . Намл/ 33
↑[4] . Намл/29
↑[5] . Намл/ 32
↑[6] . Намл/ 34 ва 35
↑[7] . Намл/ 44
↑[8] . Муснади Базор, ҷ9, с132
↑[9] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ5, с525
↑[10] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ,ҷ5, с525; Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ ибни Бобувей, ҷ3, с469
↑[11] . Мишкотул Анвор Табарсӣ, с355
↑[12] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ5, с524
↑[13] . Ҷаъфариён ибни Ашъас, ҷ1, с210; Фирдавс Бимоъсур Хаттоби Дейламӣ, ҷ3, с413
↑[14] . Қурбул Иснод Ҳумайрӣ, с131
↑[15] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ5, с524
↑[16] . Тафсири ибни Касир, ҷ6, с482
↑[17] . Аҳзоб/ 59
↑[18] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ6, с501; Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ ибни Бобувей, ҷ1, с114
↑[19] . Аъроф/ 179
↑[20] . Оли Имрон/ 28
↑[21] . Моъида/ 6
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.