Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Имрӯз ки асри даъвати муслмонон ба охарин ресмони Илоҳӣ ва халифаи мунтахаби Худованд ва танҳо робит миёни Аллоҳ ва инсонҳо ва танҳо имоми муваҳидони холис аст ки ҳокимияти ҳукумати Илоҳӣ бар инсонҳоро дар баробари тоғут таҷаллӣ мебахшад, иддае аз мустазъафон вориди наҳзати «Бозгашт ба Ислом» бо раҳбарии ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ гардидаанд ва дар ин дарёи тӯфонӣ бо чироғҳои худ, мусалмононро амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва даъват ба итоъат аз Аллоҳ ва дурӣ аз ширк мекунанд. Ҳол аз онҷойе ки эшон дар маърази таъоррузи тоғутиён ва ҷоҳилон ва каҷфаҳмон ва дилбастагони ба қудрат ва муқаллидони бемор қарор доранд, агар ҷону моли эшон аз байн биравд оё аҷри шаҳид доранд?

Бегумон касоне ки бо молу ҷони худ дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон мекӯшанд, шаҳидони зиндаанд ва агар дар ин роҳ кушта шаванд беҳтарини шаҳидон шумурда мешаванд, балки дар асри кунуни шаҳиде ҷуз онон вуҷуд надорад; Чароки касе ҷуз онон дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон намекӯшад, балки ҳамагон аз ҳар гурӯҳ ва мазҳабе, дониста ё надониста дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти дигарон бар ҷаҳон мекӯшанд ва ин дар ҳоле аст ки шаҳодат танҳо дар роҳи таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар ҷаҳон мумкин аст; Чунонки фармудааст: ﴿الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ[1]; «Касоне ки имон оварнданд дар роҳи Худованд меҷанганд ва касоне ки кофир шуданд дар роҳи тоғут меҷанганд» Ва фармудааст: ﴿وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَكِنْ لَا تَشْعُرُونَ[2]; «Ва ба касоне ки дар роҳи Худованд кушта мешаванд мурдагон нагӯйед, балки зиндагонанд вале шумо дар намеёбед». Бо ин васф, касоне ки дар роҳи эҷод ё ҳифзи ҳокимияти пешвои доъиш ё пешвони толибон ё пешвони Сурия ё пешвои Эрон ё пешвоёнӣ дигар дар ҷаҳон кушта мешаванд, мурдоранд ва шаҳид номидани онон фиребӣ беш нест; Зеро шаҳид дар Ислом касе аст ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти халифаи Худо дар замин кушта мешавад, на эҷод ва ҳифзи ҳокимияти дигарон ва чунин касе дар даврони кунунӣ ҷуз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва ёрони мухлиси ӯ ки дар роҳи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Маҳдӣ мекӯшанд, наметавонад бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ لِأَصْحابِهِ: أَلا تَتَعَجَّبُونَ مِنْهُمْ؟! یُسَمُّونَ قَتِیلَ هَذَا شَهِیداً وَ قَتِیلَ هَذَا شَهِیداً وَ ما هُما إِلّا جِیفَتانِ تَهُبُّ عَلَیْهِمَا الرِّیاحُ! أَلا وَاللّهِ مَا الشَّهِیدُ إلّا أَنا وَ أَصْحابِي وَ إِنْ مِتْنا عَلَى فُرُشِنا»; «Шунидам ҳазрати Мансур ба ёрони худ мефармояд: Оё аз инон ба шигифт намеойед?! Куштаи инро шаҳид меноманд ва куштаи онро шаҳид меноманд, дар ҳоле ки он ду ҷуз мурдае ки бодҳо бар он мевазанд нестанд! Огоҳ бошед ки шаҳиде ҷуз ман ва ёронам нест агарчи бар бистарҳои худ бимирем».

Аз Худованд тавфиқи шаҳодати ҳақиқӣ дар роҳаш ва ҳамроҳи бо заминасози зуҳури халифаашро масъалат дорем.

↑[1] . Нисоъ/ 76
↑[2] . Бақара/ 154
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Алӣ Розӣ
Тарих: 28/11/2015

Дар мавриди ин суъол ва посухи он теъдоде аз мухолифон шубаҳотеро матраҳ кардаанд ки истидъо дорам ба онҳо посух дода шавад:

1 – Агар аллома Хуросонӣ бар ҳақ ҳастанд ва толиби шаҳодат, пас чаро изни ҷиҳод ва шаҳодат алайҳи муфсидоне мисли доъиш намедиҳанд? Чаро худ силоҳ ба даст намегиранд?

2 – Бисёрӣ аз уламои Ислом алайҳи муфсидони доъиш эъломи ҷиҳод кардаанд ки ба василаи он бисёри аз мафосиди онҳо дафъ шуда. Чаро аллома Хуросонӣ сукут кардаанд?

3 – Бархӣ мухолифон мегӯянд мавзеъи аллома Хуросонӣ дар муқобили қиём кунандагон мисли қоъидин дар муқобили муҷоҳидин аст ва бар тибқи Қуръони карим муҷоҳидин бар қоъидин фазилат доранд. Посухи аллома Хуросонӣ ба ин афрод чист?

4 – Иқдоми амалии мавриди назари аллома Хуросонӣ барои зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а) чигуна ва ба чи шакл аст?

5 – Чи тавр мешавад афроде ки бо пайравии огоҳона аз уламо барои дафъи фасод ва дифоъ аз ҷону мол ва номуси мусалмонон бо муфсидоне мисли доъиш меҷанганд ва кушта мешавадн шаҳид набошанд? Агар чунин набошад ҳатто ҷони аллома Хуросонӣ ҳам дар хатар хоҳад буд.

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 29/11/2015

Лутфан ба ин теъдод аз мухолифони эҳсосӣ ва бебасират ки бино бар қоъидаи яҳудӣ ﴿إِنْ أُوتِيتُمْ هَذَا فَخُذُوهُ وَإِنْ لَمْ تُؤْتَوْهُ فَاحْذَرُوا[1], ҳаргоҳ чизе аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро меписанданд ба ӯ мегароянд ва ҳаргоҳ чизе аз он ҳазратро намепазиранд ба «Теъдоде аз мухолифони ӯ» табдил мешаванд, бифармойед:

Аввалан аҳкоми Ислом монанди ҷиҳод, на тобеъи аҳвоъи нафсонӣ ва қиёсҳои заннӣ ва ваҳмии ин Зайди маслакон аст ва на мубтанӣ бар эъломи «Бисёрӣ аз уламо» ки худ бо парастиши тоғут ва кетмони оёти Худованд дар гузашта, сабаби пайдоиши «Муфсидонӣ мисли доъиш» шудаанд ва акнун ба пайравӣ аз ҳокимони золими худ ва барои ҳифзи манофеъи онон, муқаллидони ҳаяҷонзада ва чашму гӯш бастаи худро ваъдаи шаҳодат медиҳанд ва равонаи ҷанг мекунанд, бал тобеъи амр ва наҳйи Худованд ва мубтанӣ бар китоби Ӯ ва суннати Паёмбари Ӯст ки дар сираи аҳли байти Паёмбараш таҷаллӣ ёфта ва танҳо мустамсаки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст.

Сониян иддаъои онки «Аллома Хуросонӣ изни ҷиҳод ва шаҳодат алайҳи муфсидоне мисли доъиш намедиҳанд» ё «Дар баробари онон сукут кардаанд», кизби маҳз ва бӯҳтони мубин аст; Чароки эшон борҳо ва ба рӯшанӣ дар баробари доъиш мазеъ гирифта ва ҷиҳод бо муфсидоне монанди ононро воҷиб шумурда ва сазои аъмолашонро ин донистааст ки «Кушта шаванд ё ба дор овехта шаванд ё дастҳо ва поҳошон ба хилофи ҳам бурида шавад ё аз замин ронда шаванд»[2] Ва фармудааст: «Ман агар дар замин тамаккун ёбам, ононро ба сазои аъмолашон хоҳам расонд»[3], бо ин тафовут ки эшон ҷиҳодро на танҳои бо доъиш, балки бо ҳамаи муфсидон воҷиб медонад ва ҷиҳод бо бархӣ муфсидон дар зери парчами муфсидонӣ дигарро ҷойиз намедонад; Чунонки фармудааст: «Салби ҳокимият аз золим барои вогузоштани он ба золимӣ дигар ҷойиз нест; Чароки ин кор мухолифат ва муқобила бо золим шумурда намешавад, балки ибқоъи ӯ дар суратӣ дигар аст»[4]. Аз инҷо дониста мешавад ки муроди он бузургвор аз некуҳиши ҷанг кунандагон бо доъиш дар зери парчами доъишиҳои дигар, найҳ аз ҷиҳод бо доъиш нест, бал амри ба ҷиҳоди машрӯъ бо онон аст ки ҷуз дар маъияти раҳбарӣ одил ва мустақил аз ҳокимони золим ва дар пайи заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, мумкин нест ва ин мубтанӣ бар мабнои он бузургвор дар боби «Зарурати иқомаи кулли Ислом» аст ки иқомаи ҷузъе аз Ислом будани иқомаи сойири аҷзоъи онро бефоида, балки хатарнок медонад, на ба ин маъно ки ҳамон ҷузъ низ бояд тарк шавад, бал ба ин маъно ки сойири аҷзоъ низ бояд иқома шаванд.

Солисан сираи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳамаи заминаҳо мушобеҳи сираи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва бо ин васф, аҷиб нест ки ба иттиҳомотӣ мушобеҳи онон муттаҳам мешавад. Ба унвони намуна, муттаҳам шудани он ҳазрат ба тарки ҷиҳод ва пайвастан ба қоъидин, мушобеҳи муттаҳам шудани имом Алӣ ибни Ҳасан ба он аст; Чунонки ривоят шудааст Аббоди Басрӣ дар роҳи Макка ба он ҳазрат гуфт: «يَا عَلِيَّ بْنَ الْحُسَيْنِ! تَرَكْتَ الْجِهَادَ و صُعُوبَتَه و أَقْبَلْتَ عَلَى الْحَجِّ و لِينَتِهِ! إِنَّ اللَّه عَزَّ وجَلَّ يَقُولُ: ﴿إِنَّ اللَّهَ اشْتَرَى مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنْفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ بِأَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ ۚ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيَقْتُلُونَ وَيُقْتَلُونَ ۖ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْقُرْآنِ ۚ وَمَنْ أَوْفَى بِعَهْدِهِ مِنَ اللَّهِ ۚ فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذِي بَايَعْتُمْ بِهِ ۚ وَذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ»; «Эй Алӣ ибни Ҳасан! Ҷиҳод ва сахтии онро тарк кардӣ ва ба ҳаҷ ва осонӣ рӯй овардаӣ, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: <Ҳароин Худованд аз мӯъминон ҷонҳо ва молҳояшонро харид дар изои инки барояшон Биҳиҳш бошад, дар роҳи Худованд меҷанганд, пас мекушан ва кушта мешаванд, ваъдаи ростин бар ӯ дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон ва чи касе аз Худованд ба аҳди худ вафодортар аст?! Пас ба доду ситаде ки бо Ӯ кардед шодмон бошед; Чароки он пирӯзии бузург аст>[5]»! Он ҳазрат фармуд: «أَتِمَّ الآيَةَ» «Ояро комил кун»! Аббод гуфт: ﴿التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدُونَ الْآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَالْحَافِظُونَ لِحُدُودِ اللَّهِ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ; «Бозгашт кунандагон, ибодат кунандагон, ситойиш кунандагон, саёҳат кунандагон, рукӯъ кунандагон, суҷуд кунандагон, амр кунандагони ба маъруф ва наҳй кунандагон аз мункар ва нигоҳ дорандагони ҳудуди Худованд ва мӯъминонро башорат деҳ»[6]! Он ҳазрат фармуд: «إِذا ظَهَرَ هَؤُلَاءِ لَمْ نُؤْثِرْ عَلَى الْجِهادِ شَيْئاً»; «Ҳаргоҳ чунин касоне пайдо шаванд чизеро бар ҷиҳод тарҷиҳ намедиҳем»[7]. Бадин сон сойири аъиммаи аҳли байт низ ба ҳамин иттиҳом муттаҳам шуданд; Чунонки ривоят шудааст Абдулмалик ибни Амр пас аз инки имом Ҷаъфар ибни Муҳаммад аз ҷиҳод бо кофирон дар лашкари золимон наҳй фармуд, ба он ҳазрат гуфт: «إِنَّ الزَّيْدِيَّةَ يَقُولُونَ لَيْسَ بَيْنَنَا و بَيْنَ جَعْفَرٍ خِلَافٌ إِلَّا أَنَّه لَا يَرَى الْجِهَادَ»; «Зайдиҳо мегӯянд миёни мо ва Ҷаъфар ихтилофе вуҷуд надорад ҷуз инки ӯ мӯътақид ба ҷиҳод нест»! Он ҳазрат бо таъаҷҷуб фармуд: «أَنَا لَا أَرَاه؟! بَلَى واللَّهِ إِنِّي لأَرَاهُ ولَكِنْ أَكْرَهُ أَنْ أَدَعَ عِلْمِي إِلَى جَهْلِهِمْ»; «Ман мӯътақид ба ҷиҳод нестам?! На ба Худо савганд, ман мӯътақид ба он ҳастам, вале намехоҳам илми худро ба хотири ҷаҳли онон во гузорам»[8]. Ин ҳамон рӯйкарди аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва рӯйкарди шогирдони аввали мактаби онон Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ва бо ин васф, ҳар кас иттиҳоми Аббоди Басрӣ ба Алӣ ибни Ҳасан ва иттиҳоми Зейд ба Ҷаъфар ибни Муҳаммадро ба Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ворид мекунад, посухи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ӯ ҳамин посухи Алӣ ибни Ҳасан ва Ҷаъфар ибни Муҳаммад аст.

Робиъан касоне ки дар лашкари золимон ва зери парчами ҳокимони гуногун бо доъишиён меҷанганд, тафовути чандоне бо доъишиён надоранд; Чароки агар доъишиён шаҳодатайн мегӯянд ва намоз мегузоранд ва рӯза мегиранд ва бо ангезаи ҷиҳод, аз бархӣ тоғутҳои минтақа фармон мебаранд ва барои тасбити ҳокимият ва таъмини манофеъи раҳбари худ мекушанд ва кушта мешаванд, касоне ки бо онон меҷанганд низ монанди онон шаҳодатайн мегӯянд ва намоз мегузоранд ва рӯза мегиранд ва бо ангезаи ҷиҳод, аз бархӣ тоғутҳои минтақа фармон мебаранд ва барои тасбити ҳокимият ва таъмини манофеъи раҳбари худ мекушанд ва кушта мешаванд. Бо ин васф, тафовуте миёни он ду дар назди Худованд ва авлиёъи Ӯ вуҷуд надорад, ҷуз инки доъишиён ибтидо ба ҷанг кардаанд ва дар замин фасод меангезанд ва бо ин васф, аз дигарон гумроҳтар ва ситамкортаранд, вале ин муҷаввизе барои ҷанг бо онон дар лашкари золимон ва зери парчами ҳокимони гуногун нест; Чароки чунин ҷанге агарчи бо тоғут аст, дар роҳи Худованд шумурда намешавад балки дар роҳи тоғут аст ва бо ин васф, касоне ки дар он кушта мешаванд, шаҳид нестанд. Оре, ҷанг бо доъишиён танҳо дар лашкари Мансур ва зери парчами сиёҳи ӯ ки парчами заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст ҷойиз аст ва ҳар ҷанге бо онон дар суфуфӣ дигар, ниҳоятан ба суди золимон тамом хоҳад шуд ва пояҳои ҳукумати тавоғитро маҳкам хоҳад кард.

Хомисан иқдоми амалии аллома Хуросонӣ барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдӣ, тобеъӣ аз кайфият ва каммияти ҳимояти мусалмонон аз ин бузургвор аст. Тавзеҳ онки агар мусалмонон, монанди шумо ва дӯстонатон ба гуна ва андозаи кофӣ аз ин бузургвор ҳимоят накунанд, ба маънои он аст ки ҳанӯз барои зуҳури Маҳдӣ омодагӣ пайдо накардаанд ва бо ин васф, зуҳри он ҳазрат барои онон бар хилофи ҳикмат аст, вале агар онон бар хилофи шумо ва дӯстонатон, ба гуна ва андозани кофӣ аз ин бузургвор ҳимоят кунанд, эшон ҳамаи иқдомоти лозим барои сохтани заминаи зуҳури Маҳдиро мутобиқ бо мабно ва манҳаҷҷе ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» табйин фармудааст, анҷом медиҳад ва умед меравад ки битавонад он ҳазратро барои зуҳурӣ ба мавқеъ ва муваффақ мутақоъид созад ва тавфиқашон танҳо аз ҷониби Худованд аст.

↑[1] . Моъида/ 41
↑[2] . Бозгашт ба Ислом, с314
↑[3] . Ҳамон, с314
↑[4] . Ҳамон, с69
↑[5] . Тавба/ 111
↑[6] . Тавба/ 112
↑[7] . Ал-Кофӣ, ҷ5, с22; Таҳзибул аҳком, ҷ6, с134
↑[8] . Ал-Кофӣ, ҷ5, с19; Таҳзибул аҳком, ҷ6, с127
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.