Шанбе 2 Март 2024 мелодӣ / 21 Шаъбон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 1. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Дар замони ҳазрати Паёмбар ва хулафоъи ӯ, иддае аз мардум дар ҷои дур аз онон сокин буданд ва дастрасӣ ба онон надоштанд то динашонро фаро бигиранд ва суъолоташонро бипурсанд. Бинобарин Паёмбар ва хулафоъи ӯ, як фардро ба унвони намояндаи худ дар он шаҳр ё минтақа муъаррифӣ мекарданд ва мардум аз ӯ динашонро фаро мегирифтанд. Ҳол суъол инҷост: Оё он фарди мансуб шуда, маъсум буда? Оё мумкин набудааст ки иштибоҳ посух диҳад? Бинобарин читавр мардум ба гумроҳӣ кашида намешуданд? Чигуна ҳидояти Худованд бо вуҷуди як воситаи ғайри маъсум бидуни каммӣ ва костӣ ба мардум мерасадааст?

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан иддаъои шумо мабнӣ бар инки Паёмбар ва хулафоъи ӯ, дар шаҳрҳо намояндагоне мансуб мекарданд то мардум дини худро аз онҳо бигиранд, асле надорад; Чароки онон намояндагоне барои ин манзур мансуб намекарданд, балки сирфан намояндагоне барои гирифтани хароҷ ва ҷамъоварии закот ва иқомаи намоз ва муқобила бо душман ва иҷрои фармонҳои худ мансуб мекарданд ва аз ин рӯ, бисёрӣ аз намояндагонашон олимтарини мардум ба дин набуданд ва бархӣ аз онҳо ба хиёнат мегароиданд ва тавассути онон муъохиза ё азл мешуданд. Бо ин васф, шубҳаи шумо аз асл мунтафӣ аст.

Бале, мумкин буд касоне тавассути Паёмбар ва хулафоъи ӯ ба васоқат дар ривоят аз онҳо ситойиш шаванд, вале чунин касоне низ намояндагони онҳо барои инки дини худро аз онҳо бигиранд маҳсуб намешуданд, бал танҳо ровиёни қобили эътимоде маҳсуб мешуданд ки ривоёташон аз Паёмбар ва хулафоъи ӯ барои аҳли замонашон мӯътабар буд, беонки ороъашон камтарин эътиборе барои онон дошта бошад ё лузуман дар бораи ҳамаи масоъили мавриди ниёзи онон ривояте дошта бошанд ва ба ин тартиб, ононро аз муроҷиъа ба Паёмбар ва хулафоъи ӯ бениёз намоянд; Зеро тавсиқи ин ровиён тавассути Паёмбар ва хулафоъи ӯ, танҳо метавонист ба ин маъно бошад ки онон бар Паёмбар ва хулафоъи ӯ амдан дурӯғ намебанданд ва бо ин васф, агар гуфта ё кардаеро аз онҳо дар замони ҳаёташон ривоят кунанд, метавон ба ривояташон то замони дастрасӣ ба онҳо эътимод кард.

Сониян вазифаи касоне аз мардум ки дур аз Паёмбар ва хулафоъи ӯ будаанд, дар қадами нахуст ҳиҷрат ба сӯӣ онон буда; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوْا وَنَصَرُوا أُولَئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يُهَاجِرُوا مَا لَكُمْ مِنْ وَلَايَتِهِمْ مِنْ شَيْءٍ حَتَّى يُهَاجِرُوا[1]; «Ҳароина касоне ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо молҳо ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва касоне ки ҷо доданд ва ёрӣ расонданд, онон дӯстони якдигаранд ва касоне ки имон оварданд вале ҳиҷрат накарданд шуморо ҳеҷ дӯстӣ бо онон нест то он гоҳ ки ҳиҷрат кунанд» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ ۖ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا ۚ فَأُولَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا[2]; «Ҳароина касоне ки фариштагон дар ҳоли золим будани онҳо ба худашон ҷонашонро мегиранд, ба онҳо гӯянд: Дар чи ҳол будед? Гӯянд: Дар замин мустазъаф будем (ба наҳве ки имкони огоҳӣ аз ақойид ва аҳкоми динро надоштем)! Гуянд: Оё замини Худованд густарда набуд то дар он ҳиҷрат кунед?! Пас онҳо ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва бад бозгаштгоҳе аст»! Аммо дар қадами дуввум, касоне аз мардум ки воқеъан қосир будаанд ва иститоъати ҳиҷратро надоштаанд, муваззаф будаанд ки дастае аз худро барои огоҳӣ аз ақойид ва аҳкоми дин ба назди Паёмбар ва хулафоъи ӯ равона кунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِلَّا الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ لَا يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلَا يَهْتَدُونَ سَبِيلًا[3]; «Магар мустазъафоне аз мардон ва занон ва кӯдакон ки чорае наметавонанд ва роҳе пайдо намекунанд» Ва фармудааст: ﴿وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ[4]; «Ва мӯъминон касоне набуданд ки ҳамагӣ кӯч кунанд, пас чаро (дасти кам) аз ҳар гурӯҳе дастае кӯч накунанд то дар бораи дин огоҳӣ касб кунанд ва қавми худро ҳангоме ки боз мегарданд бим диҳанд бошад ки онон бимнок шаванд?!» Ва рӯшан аст ки ривояти ин «Даста» аз як сӯ мутавотир аст; Чароки бештар аз се нафар ҳастанд ва аз сӯӣ дигар танҳо барои қавмашон ки аҳли замонашон ҳастанд ҳуҷҷият дорад, на барои касоне ки дар қарнҳои баъди меоянд; Чароки вазифаи онон низ ҳиҷрат ба сӯӣ халифаи замонашон ё равона кардани дастае аз худ ба сӯӣ ӯст ва ин қоъида то рӯзи қиёмат ҷараён дорад.

Ҳосил онки ҳеҷ кас ҷуз маъсум нметавонад марҷаъи мардум дар ахзи дин бошад ва ногузир ҳар марҷаъи дигаре ғайр аз ӯ бояд бо қайди яқин ба ӯ мунтаҳӣ шавад ва ин қоъидае аст ки мутлақан қобили тахсис нест.

↑[1] . Анфол/72
↑[2] . Нисоъ/97
↑[3] . Нисоъ/98
↑[4] . Тавба/122
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.