Шанбе 5 декабр 2020 мелодӣ баробар бо 19 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(12) Ҷаҳоне ки Худованд бар он ҳукм намеронад, водии иблис аст ва ҷуз ҷаҳл ва куфр ва фасод ва зулм дар он ёфт намешавад. Ин сарнавишти нисоне аст ки ба ҳокимияти ғайри Худованд тан дода ва ҳар кас ба ҳокимияти ғайри Худованд тан бидиҳад, маҳкум ба нобудӣ аст. Ин аст ки оташи ҷангҳои онон хомӯш нахоҳад шуд ва омори фақр ва фалокати онон коҳиш нахоҳад ёфт; Чароки Худованд бар онон ҳукумат намекунад ва ҳукумати онон дар дасти ғайри Ӯст. (Пурсиш ва посухи 12)
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ моро аз салаф олимтар ва фозилтар медонад?!

Агар манзури шумо аз <<Мо>> шахси шумо ё ашхоси хосси дигаре дар пиромуни шумост, ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дарбораи шумо иттилоъ ва табъан қазовати хоссе надорад ва ба олимтар ва фозилтар будан ё набудани шумо аз салаф ҳукм намекунад, вале агар манзуратон <<Навъи ояндагон>> аст, эшон олимтар будан ва фозилтар будани <<Навъи ояндагон>> аз <<Навъи гузаштагон>> ро бо таваҷҷуҳ ба далоилӣ ақлӣ ва шаръӣ ки дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>>[1] зикр фармудааст, <<Мумкин>> медонад ва мӯътақид аст ки олимтар будан ва фозилтар будани мутлақи салаф аз мутлақи ояндагон, бар хилофи пиндори касоне ки онро бадеҳӣ мепиндоранд, бадеҳӣ нест ва қатъӣ шумурда намешавад ва бо ин васф, тақлид аз онон бар пояи занн ба олимтар будан ва фозилтар буданашон, назар ба адами эътибори занн дар ислом, воҷиб балки ҷоиз нест. Ба ҳар ҳол, рӯшан аст ки салаф, ба маънои мусалмонони се насли нахуст, Паёмбаронӣ маъсум набуданд ки олимтар будан ва фозилтар буданашон аз ояндагон бадеҳи ё қатъӣ бошад ва тақлид аз онон воҷиб ё ҷойиз шумурда шавад.

Бо ин ҳол, ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ имкони олимтар будани онон аз ояндагонро мепазирад, вале интиқоли илми онон ба ояндагон ба сурати саҳиҳ ва комилро машкук балки мардуд мешуморад ва мӯътақид аст ки мавонеъи сиёсӣ ва мазҳабии фаровоне барои он вуҷуд доштааст ки ҷойе барои яқин ба сиҳҳат ва камоли он боқӣ намегузорад ва занн ба сиҳҳат ва камоли он низ бо таваҷҷуҳ ба адами эътибори занн дар Ислом кофӣ нест. Ҳамчунонки фозилтар будани мусалмонони нахустин аз ояндагонро аз лиҳози аҷри ухравӣ медонад ва онро далиле барои тақлид аз онон намеёбад.

Бинобарин, ҳосили сухани эшон дарбораи салаф ин аст ки аввалан олимтар будан ва фозилтар будани онон аз ояндагон ба сурати мутлақ, қатъӣ нест ва аз ақл ва шаръ собит намешавад ва танҳо мӯҳтамал аст ва ин эҳтимол барои лузуми тақлид аз онон кофӣ нест ва сониян ба фарз олимтар будани онон аз ояндагон, қатъӣ нест ки илми онон ба сурати саҳиҳ ва комил ба ояндагон расида бошад то тақлид аз онон бар пояи он мумкин ва зарури бошад ва ба фарзи фозилтар будани онон, фазлашон ба маънои бештар будани аҷрашон дар охират аст ки мусталзими тақлид аз онон дар дунё нест.

Бинобарин, аз назари ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, мусалмонон бояд ба ҷои салаф, аз китоби Худованд ва суннати қатъии Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам табаъият кунанд; Ҳамчунонки салаф низ мекӯшиданд ки ҳамин корро анҷом диҳанд ва худ аз салафашон табаъият намекарданд ва аз халаф намехостанд ки тобеъи онон бошанд ва ин воқеъияте аст ки бар аҳли иттлоъ пӯшида нест.

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи тарки таъассуб ва тақлид ва илтизом ба Исломи холис ва комил барканор аз ҳамаи аҳвоъ ва мазоҳибро арзонӣ дорад.

↑[1] . с 48 то 50
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading