Панҷшанбе 30 Май 2024 мелодӣ / 22 Зулқаъда 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Шиъаён барои намоз аз мӯҳр истифода мекунанд. Назари эшон чист? Оё саҷда бар турбати имом Ҳусейн (а) ва бар хоки Карбало мустаҳаб аст?

Саҷда бар хок ва сангреза суннат аст ва саҷда бар гилҳои пухта ки аҳли ташаюъ месозанд ва онро «Мӯҳр» меноманд, ишколе надорад, вале навиштаи асмоъи муқаддаса ба он бо таваҷҷуҳ ба инки бар рӯӣ замин ва зери поҳо қарор мегирад, хуб нест, бал беҳтар аст ки аз рӯӣ он маҳв шавад ва саҷда бар хок ва сангрезаи амокине монанди Масҷидул Ҳаром ва Масҷидул Набӣ ва Машҳадул Ҳусейн бо назар ба баракати онҳо, хуб аст ва саҷда бар пашму нах ва пару катон ва мӯюу пӯст ва абрешим, хуб нест; Чароки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар онҳо саҷда накард ва саҷда бар онҳо пас аз Ӯ ройиҷ шуд ва саҷда бар чӯбу коҳ ва баргу алаф, ишколе надорад ва беҳтарин саҷдагоҳ хок ва сангрезаҳое аст ки дар макони намоз мавҷуд аст; Чароки ба суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам наздиктар аст.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Содиқ

Оё саҷда бар тикаҳои санг ва ҳамчунин музойик, кошӣ (кафел) ва сиромик дар қисматҳои бидуни ранги онҳо ишкол дорад? Варақи коғаз чи тавр дар сурате ки маншаъи гиёҳӣ ва на санъатӣ дошта бошад? Мамнун аз сабр ва ҳавсалаи шумо азизон

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 6/4/2019

Бештари мазоҳиби Исломӣ бар онанд ки саҷда бар ҳар чизи собите ҷойиз аст; Чароки Худованд дар китоби худ ба саҷда амр карда ва он бо гузоштани пешонӣ бар ҳар чизи собите таҳаққуқ меёбад, вале ҳамаи онҳо иқрор доранд ки саҷда бар замин беҳтар аст; Чароки ба маротиб хошиъонатар аст ва Худованд хушуъ дар намозро сутуда ва фармудааст: ﴿الَّذِينَ هُمْ فِي صَلَاتِهِمْ خَاشِعُونَ[1]; «Касоне ки дар намозашон хошеъ ҳастанд» Ва аз Паёмбар саллаллоҳа алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «جُعِلَتْ لِيَ الْأَرْضُ مَسْجِداً وَ طَهُوراً»[2]; «Замин барои ман саҷдагоҳ ва пок кунанда қарор дода шуд». Аз ин рӯ, дар ривоёт омадааст ки саҳоба дар ҳавои гарм, сангрезаҳоро барои саҷда хунук мекарданд[3] Ва ин бар он аст ки саҷда бар заминро ба саҷда бар чизҳои дигар тарҷеҳ медоданд, агарчи холӣ аз машаққат набошад.

Оре, бино бар ривоёти мутавотир, саҷда бар чизҳойе ки аз замин мерӯянд, дар ҳукми саҷда бар замин аст, машрут ба инки хӯрданӣ ё пӯшиданӣ набошанд; Чунонки аз Ҳишом ибни Ҳакам ривоят шудааст ки гуфт: «قُلْتُ لِأَبِي عَبْدِ اللّهِ عَلَيْهِ السَّلامُ: أَخْبِرْني عَمّا يَجُوزُ السُّجُودُ عَلَيْهِ و عَمّا لا يَجُوزُ؟ قالَ: السُّجُودُ لا يَجُوزُ إلّا عَلَى الْأَرْضِ أَوْ ما أَنْبَتَتِ الْأَرْضُ إِلّا ما أُكِلَ أَوْ لُبِسَ، فَقُلْتُ لَهُ: جُعِلْتُ فِداكَ ما الْعِلَّةُ في ذَلِكَ؟ قالَ: لِأَنَّ السُّجُودَ هُوَ الْخُضُوعُ لِلّهِ عَزَّ وَجَلَّ فَلا يَنْبَغِي أَنْ يَكُونَ عَلَى ما يُؤْكَلُ وَ يُلْبَسُ لِأَنَّ أَبْناءَ الدُّنْيا عَبِيدُ ما يَأْكُلُونَ وَ يَلْبَسُونَ وَ السّاجِدُ في سُجُودِهِ في عِبادَةِ اللّهِ تَعَالَى فَلا يَنْبَغِي أَنْ يَضَعَ جَبْهَتَهُ في سُجُودِهِ عَلَى مَعْبُودِ أَبْناءِ الدُّنيَا الّذِينَ اغْتَرُّوا بِغُرُورِها وَ السُّجُودُ عَلَى الْأَرْضِ أَفْضَلُ لِأَنَّهُ أَبْلَغُ فِي التَّواضُعِ وَ الْخُضُوعِ لِلّهِ عَزَّ وَجَلَّ»[4]; «Ба Абӣ Абдуллоҳи (имом Ҷаъфари Содиқ) алайҳи салом гуфтам: Манро аз чизҳойе ки саҷда бар онҳо ҷойиз аст ва чизҳойе ки саҷда бар онҳо ҷойиз нест хабар бидеҳ, фармуд: Саҷда ҷуз бар замин ё чизе ки аз замин мерӯяд магар чизе ки хӯрда ё пӯшида мешавад ҷойиз нест, ба ӯ гуфтам; Фидоят шавам, иллати он чист? Фармуд: Барои инки саҷда хоксорӣ барои Худованди аззаваҷал аст, пас шойиста нест ки бар рӯйи хӯрданиҳо ва пӯшиданиҳо бошад; Зеро фарзандони дунё бандаи чизҳойе ҳастанд ки мехуранд ва мепӯшанд, дар ҳоле ки саҷда кунанда дар саҷдаи худ, дар ҳоли бандагии Худованди баладмартаба аст, пас шойиста нест ки пешонии худро дар саҷдааш бар рӯйи маъбуди фарзандони дунё ки ба он фирефта шудаанд бигзоранд ва саҷда бар замин беҳтар аст; Чароки дар фурутанӣ ва хоксорӣ барои Худованди аззаваҷал расотар аст». Аз инҷо дониста мешавад ки саҷда бар маводди санъатӣ ва ғайри табиъӣ низ шойиста нест; Зеро бо таваҷҷуҳ ба инки тавассути башар истеҳсол шуда ва тағйири моҳият додаанд, замин ё чизӣ рӯйида аз он дониста намешаванд ва илова бар ин, монанди хӯрданиҳо ва пӯшиданиҳо маъбуди фарзандони дунё маҳсуб мешаваднд. Аз ин рӯ, дар ривоёти аҳли байт, аз саҷда бар тилло, нуқра, қир, соруҷ ва шиша наҳй шуда[5] ва зоҳир он аст ки сиромик, кошӣ (кафел) ва анвоъи музойик ҳам аз ин қабил ҳастанд; Бар хилофи коғази чӯбӣ ки саҷда бар он –хусусан ҳаргоҳ навиштае бар он набошад– мубоҳ дониста шудааст[6].

Ҳосил онки шойиста аст намозгузор ба Паёмбар ва асҳоби ӯ иқтидо кунад ва бар рӯйи хок, санг, чӯб, барг ва алаф саҷда намояд ва аз саҷда бар рӯйи чизҳои хӯрданӣ, пӯшиданӣ ва санъатӣ бипарҳезад, магар инки барои ӯ усру ҳараҷ дошта бошад; Чароки дар ин сурат, метавонад бар рӯйи ҳар чизи собите саҷда кунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ[7]; «Худованд бар шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо сахтӣ намехоҳад» Ва фармудааст: ﴿مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ[8]; «Худованд намехоҳад ки барои шумо тангнойе қарор диҳад».

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Мӯъминун/ 2
↑[2] . Муснади Аҳмад, ҷ1, с301; Сунани Доремӣ, ҷ2, с224; Саҳеҳел Бухорӣ, ҷ1, с113; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с188; Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с56; Сунани Насоъӣ, ҷ1, с210
↑[3] . Нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ3, с327; Сунани Абӣ Довуд, ҷ1, с100; Сунани Насоъӣ, ҷ2, с204; Сунани Байҳақӣ, ҷ2, с105.
↑[4] . Ибни Бубувей, Илалул Шаройеъ, ҷ2, с341
↑[5] . Нигоҳ кунед ба: Ал-Кофӣ, ҷ3, с331 ва 332; Тувсӣ, Ал-Истибсор, ҷ1, с334; Ҳамон, Таҳзибул аҳком, ҷ2, с304.
↑[6] . Нигоҳ кунед ба: Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ2, с373; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ3, с332; Ибни Бобувей, Ман ло яҳзарал фақиҳ, ҷ1, с270; Табарӣ, Ал-Истибсор, ҷ1, с334.
↑[7] . Бақара/ 185
↑[8] . Моъида/ 6
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.