Панҷшанбе 26 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 10 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(26) Мансури Ҳошимии Хуросонӣ даъвати худ ба сӯӣ заминасозӣ барои зуҳурӣ Маҳдиро бар эътиқод ба вуҷуди ӯ дар ҳоли ҳозир мубтанӣ насохта то барои нобоварони он қобили иҷобат набошад, балки тасриҳ фармуда ки заминасозӣ барои зуҳури ӯ, ҳатто бино бар адами эътиқод ба вуҷудаш дар ҳоли ҳозир, зарурӣ аст. (Бахши: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Дар мавриди ҳипнутизм ва эҳзори арвоҳ тавзиҳ диҳед.

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . <<Ҳипнутизим>> эҷоди халса аз тариқи талқинӣ ғайри оддӣ ба зеҳн ба наҳве аст ки чизӣ ғайри воқеъиро воқеъӣ пиндорад ва ба он вокуниш нишон диҳад ва бо ин васф, рӯшан аст ки ҷойе дар Ислом надорад; Зеро аз як сӯ мубтанӣ бар дурӯғ, фиреб ва гоҳе таҷассус аст ки дар Ислом ҷойиз нест ва аз сӯӣ дигар тамаркуз ва ҳушёриро аз ҳолати оддӣ хориҷ ва феълияти табиъии зеҳнро мухтал мекунад ва ин агарчи дар кӯтоҳмуддат фавоъиде дошта бошад, дар дарозмуддат хатарнок ва зиёнбор аст. Вонгаҳе ба назар мерасад ки <<Ҳипнутизим>> гунаи сеҳр аст; Чароки мубтанӣ ба воқеъ намоёндани чизе ғайри воқеъӣ ба наҳве аст ки бархӣ осори воқеъи бар он мутараттиб мешавад ва ин мубнои сеҳр аст; Чунонки Худованд ба унвони намуна дар бораи он фармудааст: ﴿قَالَ بَلْ أَلْقُوا ۖ فَإِذَا حِبَالُهُمْ وَعِصِيُّهُمْ يُخَيَّلُ إِلَيْهِ مِنْ سِحْرِهِمْ أَنَّهَا تَسْعَىٰ ۝ فَأَوْجَسَ فِي نَفْسِهِ خِيفَةً مُوسَىٰ[1]; <<(Мӯсо ба соҳирон) гуфт: Балки шумо бияндозед! Пас ногоҳ дар асари сеҳри онон барои ӯ ин тахайюл пайдо шуд ки ресмонҳо ва ассоҳошон ҳаракат мекунанд! Пас Мӯсо дар дили худ тарсе эҳсос кард>> Ва ин ҳамон тахайюл ва эҳсосе аст ки дар <<Ҳипнутизим>> пайдо мешавад, то ҳадде ки баъид нест соҳирони мазкур аз <<Ҳипнутизим>> истифода карда бошанд ва бо ин васф, метавон <<Ҳипнутизим>> ро гунаи сеҳр донист ки фароянди он фош шуда ва дар хидмати мақосид хуб қарор гирифтааст, дар ҳоле ки сеҳр дар Ислом мутлақан ҷойиз нест, агарчи барои мақосиди хуб бошад; Чароки ҳадаф дар Ислом василаро тавҷиҳ намекунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ ٱلْمَنْصُورَ ٱلْهاشِميَّ ٱلْخُراسانِيَّ یَقُولُ: ٱلتَّنْوِیمُ شُعْبَةٌ مِنَ ٱلسِّحْرِ»; <<Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Хобгароӣ шӯъбае аз сеҳр аст>>!

2 . Эҳзори арвоҳи мурдагон собит нест ва коре ки бо ин унвон анҷом мешавад, иртибот бо шаётин аст, на арвоҳи мурдагон; Чароки арвоҳи мурдагон ё дар биҳишт назди Парвардигорашон рӯзӣ мехуранд ва ё дар дӯзах гирифтори уқубати аъмоли хешанд ва ё дар қабрҳои худ бозхост мешаванд ва дар ҳар ҳол, машғултар аз он ҳастанд ки назди эҳзор кунанда ҳозир шаванд. Ба илова, возеҳ аст ки онон назди эҳзор кунанда ҳузур надоранд то садои ӯро бишнаванд ва агар фарзан садои ӯро ғиёби бишнаванд низ маҷбур ба итоъати ӯ нестанд то ба фармонаш ҳозир шаванд ва ба пурсишҳояш посух диҳанд ва пиромуни онон дар барзах фариштагоне ҳастанд ки ононро дар ҷойе ки бояд бошанд нигоҳ медоранд. Ин дар ҳоле аст ки шаётин монанди саг ва гурба дар ҷаҳон парокандаанд ва дар ҳар гӯшае аз он парса мезананд ва аз ҳар фурсате барои ҳузур ва иртибот истифода мекунанд ва аз ин рӯ, Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴿وَقُلْ رَبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ ۝ وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَنْ يَحْضُرُونِ[2]; <<Ва бигӯ Парвардигор! Аз илқоъоти шаётин ба ту паноҳ меоварам ва ба ту паноҳ меоварам аз инки назди ман ҳозир шаванд>>! Аз ин рӯ, бедаранг садои эҳзор кунандаро мешунаванд ва назди ӯ ҳозир мешаванд ва бо муъаррифии худ ба унвони арвоҳи мурдагон, ӯро ба бозӣ мегиранд ва суханони оростаро барои фиреб ба ӯ илқо мекунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَيَاطِينَ الْإِنْسِ وَالْجِنِّ يُوحِي بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ زُخْرُفَ الْقَوْلِ غُرُورًا ۚ وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُ ۖ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ[3]; <<Ва ин гуна барои ҳар Паёмбаре шаётини инси ва ҷинниро душман қарор додаем ки бархӣ суханони оростаро барои фиреб ба бархӣ дигар илқо мекунанд ва агар Парвардигорат мехост ин корро намекарданд, пас ононро бо чизе ки мебофанд во гузор>>! Албатта ин мавҷудоти палид чизе аз ғайб намедонанд ва бештари чизҳойе ки ба эҳзор кунанда мегӯянд дурӯғ ва истеҳзоъ аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: زَعَمَ فُلانٌ أَنَّهُ یُحْضِرُ ٱلْأَرْواحَ! قالَ: وَ مَا ٱلْأَرْواحُ؟! قُلْتُ: أَرْواحُ ٱلْمَوْتیٰ! قالَ: کَذَبَ ما هُمْ إِلّا رَعاعُ ٱلشَّیاطینِ یَعْبَثُونَ بِهِ وَ یُضِلُّونَهُ ضَلالاً بَعِیداً»; <<Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Фалонӣ мепиндорад ки арвоҳро эҳзор мекунад! Фармуд: Кадом арвоҳ?! Гуфтам: Арвоҳи мурдагон! Фармуд: Дурӯғ мегӯяд, онҳо ҷуз авбоши шаётин нестанд ки ӯро ба бозӣ мегиранд ва ба гумроҳии дуре дучор мекунанд>>!

Худованд ин олими азимро барои мо ҳифз фармояд ки моро аз ҳақойиқи пинҳон огоҳ мекунад ва ба роҳҳои саломат раҳнамун мешавад.

↑[1] . Тоҳо/ 66 ва 67
↑[2] . Мӯъминун/ 97 ва 98
↑[3] . Анъом/ 112
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading