Панҷшанбе 26 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 10 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(14) Агар ба вуҷуди Худованд имон доред, лозим аст ба ин ҳақиқати маҳтум гардан ниҳед ки ҳукумат бар ҷаҳон танҳо аз они Ӯст ва инсон шойистагии онро надорад ки бар инсон ҳукумат кунад. Таҳаққуқи адолат дар ҷаҳон, дар гарави таҳаққуқи ҳокимияти Худованд бар он аст ва ҳокимияти Худованд бар он ҳангоме таҳаққуқ меёбад ки халифаи Ӯ дар он ба ҳокимият даст ёбад. (Бахши: Нақдҳо ва баррасиҳо)
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳукми шаръӣ дар хусуси фарзанддор шудан чист? Оё мустаҳаб аст ё мубоҳ? Дар ин замон бештари афрод фарзанддор намешаванд ё ба як фарзанд иктифо мекунанд. Таклиф чист? Тавзеҳ фармойед.

Ман фарзандӣ се сола дорам. Дар хусуси намоз ва сойири ибодоти марбут ба эшон аз кай ва чи тавр амал намоям?

Агар ба аллома дастрасӣ доред ва ё бо восита, саломи ин ҷавони гуноҳкорро ба эшон бирасонед ва бифармойед дуъо кунанд ин ҳақирро.

والسلام علیکم و السلام علیه

<<Фарзанддор шудан>> як амали оддӣ аст ки метавонад воҷиб, мустаҳаб, макрӯҳ ва ҳаром бошад; Ба ин тартиб ки агар барои саломати худ ва ҳамсар ё бақоъи навъ ва хонавода ё қуввати мусалмонон ва аҳли ҳақ зарурӣ бошад, воҷиб ва агар барои он зарурӣ набошад, вале муфид бошад, мустаҳаб аст; Ҳамчунонки агар бо занни ба зарарӣ ҷиддӣ монанди маълул шудани фарзанд ё осеб дидани модари ӯ бошад, макрӯҳ ва агар бо қатъ ба чунин зарае ё аз тариқи зино бошад, ҳаром аст. Ба илова, <<Фарзанддор шудан>> барои касе ки бо он аз анҷоми вазифаи Исломии худ боз мемонад ё дар муҳаррамот воқеъ мешавад, ҷойиз нест. Бо ин ҳол, сиқт кардани ҷанин –ҳатто агар <<Фарзанддор шудан>> ҷойиз набуда бошад– ваҷҳе надорад; Ҳамчунонки худдорӣ аз <<Фарзанддро шудан>> ба далили тарс аз фақр шойиста нест ва бар хилофи таваккал бар Худованд аст, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ[1]; <<Ва мӯъминон бояд бар Худованд таваккал кунанд>>.

Аммо ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст ки аввалан барои ӯ номи неку бигзорад; Дуввуман ӯро –дар сурате ки писар аст– хатна ва барояш ақиқа кунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَمِعْتُ ٱلْمَنْصُورَ ٱلْهاشِمِيَّ ٱلْخُراسانِيَّ یَقُولُ: عُقُّوا عَنْ أَوْلادِکُمْ تَدْفَعُوا عَنْهُمُ ٱلْبَلاءَ! أَلَمْ تَعْلَمُوا أَنَّ ٱللّهَ تَعالیٰ لَمَّا أَرادَ أَن یَدْفَعَ عَنْ إِسْماعِیلَ ٱلْبَلاءَ أَمَرَ إِبراهیمَ فَذَبَحَ عَنْهُ کَبَشاً ثُمَّ قالَ: ﴿وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ؟!»; <<Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Фарзандони худро ақиқа кунед то балоро аз онҳо дур намойед! Оё намедонед ки Худованди мутаъол ҳангоме ки хост балоро аз Исмоъил дур намояд, ба Иброҳим амр фармуд, пас аз ҷониби ӯ гӯсфандеро забҳ кард, сипас фармуд <Ва забҳи азимеро барои ӯ фидо кардем>[2]?!>>; Севвуман ӯро ҳалол бихуронад ва бипӯшонад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَنْفِقُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا كَسَبْتُمْ[3]; <<Эй касоне ки имон овардед! Аз чизҳои покизае ки касб мекунед инфоқ намойед>>; Чаҳоруман ба ӯ хондан ва навиштан биёмӯзад; Панҷуман ӯро бо усул ва мабонии Ислом ошно кунад; Шашуман ба ӯ Қуръон биомӯзад ва ӯро бо халифаи Худованд дар замин ошно кунад; Чароки ҳамаи инҳо барои боз доштани ӯ аз оташ зарурӣ аст ва Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا[4]; <<Эй касоне ки имон овардед! Худатон ва хонаводаятонро аз оташ боз доред>>; Ҳафтуман ӯро ба намоз ва дар сурате ки духтар аст ба ҳиҷоб ташвиқ намояд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ[5]; <<Хонаводаатро ба намоз амр кун>> Ва фармудааст: ﴿قُلْ لِأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلَابِيبِهِنَّ ۚ[6]; <<Ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони мӯъминон бигу ки чодарҳошонро ба худ наздик кунанд>>; Ҳаштуман ӯро аз ҳамнишинӣ бо бадон ва ҳамнишинӣ бо ҷинси мухолиф боз дорад ва таҳти назар бигирад; Чунинки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَمِعْتُ ٱلْعالِمَ یَقُولُ: عَلَی ٱلْوالِدَیْنِ أَن یَأخُذا وَلَدَهُما إِلَیْهِما قَبْلَ أَن یَبْلُغَ ٱلْحُلُمَ فَإِنَّ ٱلْوَلَدَ إِذا جَنیٰ أَوْ أَذْنَبَ قَبْلَ بُلُوغِهِ کانَ إِثْمُهُ عَلیٰ والِدَیْهِ، فَلْیَأخُذاهُ إِلَیْهِما وَلْیُنْبِتاهُ نَباتاً حَسَناً! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ، أَتَزِرُ وازِرَةٌ وِزْرَ أُخْریٰ؟! قالَ: لا وَلٰکِنَّهُ مِنْ وِزْرِ ٱلْوالِدَیْنِ إِذْ لَمْ یَقُوما بِما عَلَیْهِما»; <<Шунидам олим мефармояд: Бар падар ва модар аст ки фарзандашонро пеш аз булуғ дар канори худ (яъне таҳти назар) бигиранд; Чароки агар фарзанд пеш аз булуғ муртакиби ҷиноят ё маъсияте шавад, гуноҳаш бар гардани падар ва модари ӯст, пас бояд ӯро дар канори худ (яъне таҳти назар) бигиранд ва бояд неку тарбияташ кунанд! Гуфтам: Фидоят шавам, оё касе гуноҳ дигариро бар гардан мегирад?! Фармуд: На, вале он аз (гуноҳи фарзанд нест, бал аз) гуноҳи падар ва модар аст ки вазифаяшонро анҷом надодаанд>>; Нӯҳуман ӯро назди устоде бигзорад то пеш аз булуғ ақойид ва аҳкоми Исломро фаро гирад; Даҳуман истеъдоде ки Худованд дар ӯ қарор додаастро кашф ва ӯро дар масири он ҳидоят кунад.

Инҳо даҳ вазифаи падар аст ки агар онҳоро анҷом диҳад ҳаққи фарзанди худро адо карда ва агар чизе аз онҳоро анҷом надиҳад, ба нисбати он ба ӯ зулм карда ва дар рӯзи қиёмат масъул аст ва аз Худованд бояд ёрӣ хост.

↑[1] . Оли Имрон/ 122
↑[2] . Соффот/ 107
↑[3] . Бақара/ 267
↑[4] . Таҳрим/ 6
↑[5] . Тоҳо/ 132
↑[6] . Аҳзоб/ 59
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading