Чоршанбе 31 Май 2023 мелодӣ / 11 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Оё ақиқа барои навзод суннат аст? Агар суннат аст, равиши саҳиҳи онро бифармойед.

Қурбонӣ кардан барои Худованд пас аз ҳар неъмати фавқулъодае ки ато мекунад, мустаҳаб аст ва фарзанди солим неъмати фавқулъодае аст; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ ۝ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ[1]; «Мо ба ту неъмати фавқулъодае ато кардем; Пас барои Парвардигорат намоз бигзор ва қурбонӣ кун»; Ҳамчунонки таъом додан ба ниёзмандон аз бартарин хислатҳои Биҳиштиён аст; Чунонки фармудааст: ﴿وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَى حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا[2]; «Ва таъомро бо вуҷуди дӯст доштанаш ба мискине ва ятиме ва асире итъом мекунанд» Ва фармудааст: ﴿فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ[3]; «Пас аз он бихуред ва ба бенавои ниёзманд итъом кунед» Ва фармудааст: ﴿أَوْ إِطْعَامٌ فِي يَوْمٍ ذِي مَسْغَبَةٍ ۝ يَتِيمًا ذَا مَقْرَبَةٍ ۝ أَوْ مِسْكِينًا ذَا مَتْرَبَةٍ[4]; «Ё таъом додане дар рӯзи гуруснагӣ ба ятимӣ наздик ё мискинӣ хокнишин»; Ҳамчунонки худдорӣ аз ин кор ва тарғиб накардан ба он, хислати дӯзахиён аст; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ[5]; «Ва (дӯзахиён гӯянд:) Мо ниёзмандро итъом намекардем» Ва фармудааст: ﴿وَلَا يَحُضُّ عَلَى طَعَامِ الْمِسْكِينِ[6]; «Ва ба итъоми ниёзманд тарғиб намекардем»; Балки бо назар ба ин таъкидҳои Худованд, вуҷуби он бар касе ки иститоъаташро дорад, баъид нест; Хусусан дар мавриди ақиқа ки суннати Иброҳим алайҳи салом барои фарзандаш Исмоъил аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِمِيَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: عُقُّوا عَنْ أَوْلادِکُمْ تَدْفَعُوا عَنْهُمُ الْبَلاءَ! أَلَمْ تَعْلَمُوا أَنَّ اللّهَ تَعَالَى لَمَّا أَرادَ أَن یَدْفَعَ عَنْ إِسْماعِیلَ الْبَلاءَ أَمَرَ إِبراهیمَ فَذَبَحَ عَنْهُ کَبَشاً ثُمَّ قالَ: ﴿وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ»?!; «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Фарзандони худро ақиқа кунед то балоро аз онҳо дур намойед! Оё намедонед ки Худованди мутаъол ҳангоме ки хост балоро аз Исмоъил дур намояд, ба Иброҳим амр фармуд, пас аз ҷониби ӯ гӯсфандеро зебҳ кард, сипас фармуд: <Ва зебҳи азимеро барои ӯ фидо кардем>[7]»?!

Ва он бино бар ривоёти мутавотире ки дар ин бора расида, бадон сон аст ки дар рӯзи ҳафтуми валодати фарзанд, гӯсфандеро аз ҷониби ӯ барои Худованд зебҳ мекунад ва ба ниёзмандон итъом менамояд, ҳангоме ки мӯйи сари ӯро метарошид ва ба вазни он нуқра ё қиматашро дар роҳи Худованд инфоқ мекунад ва Худованд некукоронро дӯст медорад.

↑[1] . Кавсар/ 1 ва 2
↑[2] . Инсон/ 8
↑[3] . Ҳаҷ/ 28
↑[4] . Балад/ 14-16
↑[5] . Муддасир/ 44
↑[6] . Ҳоққа/ 34
↑[7] . Соффот/ 107
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.