Шанбе 5 декабр 2020 мелодӣ баробар бо 19 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(5) Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, вобаста ба ҳеҷ як аз мазоҳиби Исломӣ нест; Чароки ҳеҷ як аз онҳо -хоҳ аз мазоҳиби аҳли суннат ва хоҳ аз мазоҳиби шиъа- ро комил ва бидуни айб намедонад ва мӯътақид аст ки ҳамаи онҳо -кам ё беш- ба бархӣ бидъатҳо ва инҳирофоти эътиқодӣ ва фиқҳӣ олуда шудаанд. (Ошноӣ бо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ)
loading
Пурсиш ва посух
 

Лутфан дар хусуси тақлид ва ҷойгоҳи он дар Ислом иршод бифармойед.

Қоъидаи бисёр муҳиме ки ҳар мусалмоне бояд бидонад ва ба он таваҷҷуҳ дошта бошад, адами ҳуҷияти занн дар Ислом аст. Худованди мутаъол дар оёти мухталифе аз Қуръон таъкид фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1] яъне <<Занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>> Ва касонеро ба хотири пайравӣ аз занн некуҳиш карда ва фармудааст: ﴿إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ[2] яъне <<Ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва ҷуз тахмин намезананд>>! Ин ба он маъност ки ақида ва амали мусалмон бояд ҳамвора мубтанӣ бар яқин бошад ва ақида ва аъмоле ки мубтанӣ бар занн аст саҳиҳ ва мавриди қабули Худованд нест. Ин дар ҳоле ки тақлид аз дигарон дар ақойид ва аъмол ба маънои табаъият аз гуфта ва кардаӣ онҳо бидуни огоҳӣ аз далилашон, ба иттифоқи назари ҳамаи мусалмонон танҳо муҷиби занн мешавад ва муҷиби яқин намешавад ва бо ин васф, бинобар сареҳи сухани Худованд дар Қуръон <<Чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>>. Аммо далили касоне ки тақлид дар аъмолро ҷойиз медонанд ин аст ки аъмолро бо ақойид мутафовит мепиндоранд, дар ҳоле ки чунин тафовуте дар Ислом собит нест ва сухани Худованд дар Қуръон ом аст ва шомили ақойид ва аъмол мешавад. Ин ба он маъност ки ҳар мусаломне бояд ҳамонтавр ки хондан ва навиштан ва соири заруриёти зиндагии худро фаро мегирад, ақойид ва аъмоли Исломии худро низ фаро бигирад ва ҳеҷ ақида ва амалеро ҷуз бо далили қатъӣ ва яқинӣ напазирад ва анҷом надиҳад. Далили қатъӣ ва яқинӣ дар Ислом низ ҳамонтавре ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби <<Бозгашт ба Ислом>> табйин фармуда, оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотир ва албатта шунидан аз халифаи Худованд дар замин аст ва ин Исломи холис ва комил шумурда мешавад ки ба зунун олуда нест.

↑[1] . Юнус/36
↑[2] . Юнус/66
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯӣ ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading