Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нома
 

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар номае барои яке аз ёрони худ навишт:

«بسم الله الرّحمن الرّحیم

Эй бародарзода! Туро суфориш мекунам ба тарс аз Худо дар пинҳониву ошкор ва инки Ӯро бисёр ёд кунӣ; Чароки бисёр ёд кардани Ӯ сипарӣ пос доранда дар баробари гуноҳон аст ва туро суфориш мекунам ба шинохти дин ва огоҳӣ аз ақойид ва аҳкоми он; Чароки ноогоҳӣ аз ақойиди он заминаи гумроҳӣ ва ноогоҳӣ аз аҳкоми он заминаи гуноҳкорӣ аст ва ҳар кас бо дин ошнотар аст ба иқомаи он тавонотар аст ва туро суфориш мекунам ба ҳарфшунавӣ ва фармонбардорӣ аз касоне ки Худованд ононро бар ту гумоштааст; Чароки ҳарфшунавӣ ва фармонбардорӣ аз онон мояи ободнии дунё ва охират ва хайру салоҳи мусалмонон аст ва туро суфориш мекунам ба инки салиқаи худро монанди ақидаи худ надонӣ ва раъйи худро ҷузъӣ аз дини худ напиндорӣ; Монанди касоне ки бар ин поя ба дигарон ситам меварзанд ва дар замин фитнаҳо меангезанд, то чизе ки намеписандандро бартараф созанд ва чизе ки меписандандро барқарор кунанд, дар ҳоле ки ончи намеписанданд назди Худованд ботилтар аз чизе ки меписанданд нест. Зинҳор аз касоне набош ки аз худ розӣ ва аз дигарон норозӣ ҳастанд; Чароки онон дӯст дошта намешаванд ва аз касоне набош ки худро бартар аз дигарон меингоранд; Зеро Худованд ба касоне ки бартар аз дигаронанд огоҳтар аст. Ҳамвора монанди хок фурутан бош ва монанди санг сарсахтӣ накун; Зеро хок ба сабаби фурутании худ баракат ёфт, дар ҳоле ки санг ба сабаби сарсахтии худ нафрин шуд. Ҳангоме ки лағзише аз ту сар мезанад ба таъвили он накӯш; Чароки таъвили он, худ лағзишӣ дигар аст, балки ба он эътироф кун то омӯрзида шавӣ; Чароки Худованд эътироф кунандагонро меомӯрзад ва таъвил кунандагонро дурӯғгӯ мешуморад. Аз насиҳати носиеҳон ҳар чанд сахт намояд хурсанд бош ва аз тамаллуқи чоплусон барҳазар; Зеро насиҳати носеҳ монанди абрӣ тира ва ғавғогар аст ки аз он мойеъи ҳаёт меборад, дар ҳоле ки тамаллуқи чоплус монанди заҳрӣ кушанда омехта бо шаҳдӣ ширин аст. Ту аз касоне ҳастӣ ки ман ба онон умед дорам; Пас илм ва амали худро афзун кун ва бидон касе аз шумо ёри Маҳдӣ шумурда намешавад то он гоҳ ки олимтарин ва оъмилтарини марди диёри худ бошад.

والسّلام علیکم و رحمت الله»

Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Донлуди маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Номи китоб: Ал-Калимуттаййиб; Маҷмӯъаи номаҳои ҳазрати
аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Ношир: Дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло
Навбати чоп: Якум
Замони чоп: 26 март 2019
Макони чоп: Душанбе; Тоҷикистон