Нависандаи пурсиш: Ҳодӣ Тарихи пурсиш: 21/5/2016

Лутфан дар мавриди 313 нафар аз ёрони имом Маҳдӣ ки байни шиъаён машҳур аст тавзеҳ диҳед. Дар ривояте аз имом Боқир расидааст: «Имом Маҳдӣ бо 313 мард ки роҳибони шаб ва шерони рӯз ҳастанд қиём мекунад» (Ал-Фитан, ибни Ҳаммод, ҷилди 1).

Посух ба пурсиши шумораи: 14 Тарихи посух ба пурсиш: 24/5/2016

Ривоёти расида дар бораи вуҷуди 313 ёвар барои Маҳдӣ дар манобеъи шиъа ва аҳли суннат дар маҷмӯъ мутавотир аст, вале мурод аз онон ёварони нахустини ӯ ҳастанд ки пеш аз зуҳураш ба ӯ мепайванданд, на ҳамаи ёварони ӯ; Зеро аз як сӯ рӯшан аст ки вуҷуди 313 ёвар барои ӯ ба танҳойи кофӣ нест ва аз сӯӣ дигар ривоёти фаровоне дар даст аст ки бар вуҷуди ёварони бештаре барои ӯ далолат дорад ва таъкид мекунад ки ин 313 ёвар танҳо сардорони сипоҳи ӯ ҳастанд. Бо ин васф, метавон гуфт ки Маҳдӣ зуҳур намекунад магар пас аз онки 313 сардор ва шуморӣ кофии сарбоз бо ӯ байъат кунанд ва ба ҳамин далил, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ –ин заминасози ростини зуҳури Маҳдӣ– машғули гирдоварӣ ва тарбияти ин сардорон ва сарбозон ва гирифтани байъат аз онон барои он ҳазрат аст ва табъан умед меравад ки рӯзи расидани ӯ ба ин ҳадаф, рӯзи зуҳури Маҳдӣ бошад ва хушо ба ҳоли касоне ки ӯро дар ин роҳ ҳамроҳӣ мекунанд.

Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Мӯҳсини Ҷаъфарзода Тарихи таълиқ: 8/11/2019

Агар мумкин аст каме дар мавриди тафовутҳои муҳим ва асосӣ байни 313 ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом ва 10 ҳазор сарбози он ҳазрат, сӯҳбат кунед.

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 13/11/2019

313 тан аз ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом ду вежагии муҳим ва асосӣ доранд; Яке инки пеш аз дигарон ба ӯ мулҳақ мешаванд ва дигарӣ инки фармондеҳҳои сипоҳи ӯ ҳастанд ва чизе ки ононро ба ин ду фазилат мерасонад, илм ва тақвои бештари онон дар канори неруи ҷисмонӣ ва омодагии размии кофӣ аст. Бинобарин, агар касе мехоҳад аз зумраи онон бошад, бояд аз ҳамакнун ба худ заҳмат бидиҳад ва бедории шаб ва саёҳати рӯзро бипазирад ва бо ҷиддият ва талоши фаровон, чаҳор хислатро касб кунад:

1 . Илм ба маънои шинохти саҳиҳ ва дарки амиқ аз ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ

2 . Тақво ба маънои тақайюд ва илтизоми шадид ба аҳком ва ахлоқи Исломӣ дар пинҳони ва ошкор

3 . Неруӣ ҷисмонӣ ба маънои бархурдорӣ аз буния ва истиқомати кофӣ барои кори бадании сангин ва мудовим ва зиндагӣ дар шаройити сахт

4 . Омодагии размӣ ба маънои ошнойии кофӣ бо силоҳ ва ҷанг

Аллома Мансури Ҳошимии Хурососнӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бе ҳеҷ музд ва иддаъое дар талош аст ки ин чаҳор хислатро дар ёрони худ эҷод ва тақвият кунад то замина барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам шавад; Чунонки хитоб ба онон фармудааст: «Эй гурӯҳи ёрони ман! Ба суханам гӯш фаро диҳед то маърифат ёбед ва дар он биандешед то ҳикмат андузед; Чароки шуморо бо он парвариш медиҳам ҳамон тавр ки боғбон дарахти меваро; То аз шумо гурӯҳе бисозам кифоят кунанда барои онки халифаи Худоро дар замин кифоят кунанд.»[1] Ва фармудааст: «Касе аз шумо ёри Маҳдӣ шумурда намешавад то он гоҳ ки олимтарин ва оъмилтарини марди диёри худ бошад.»[2] Ва фармудааст: «Ёрони Маҳдӣ касоне нестанд ки маъсияти Худованд мекунанд; Ёрони ӯ касоне ҳастанд ки аз гуноҳони кӯчак ва бузург мепарҳезанд; Шабҳоро ба намоз бар мехезанд ва рӯзҳоро ба таҳсили илм ва таълими он ба дигарон мепардозанд. Ба ваъдаҳои Худованд имон доранд ва аз рӯзи ҷазо меҳаросанд; Рӯзе ки дар пешгоҳи Парвардигор меистанд ва кирдори хешро ҳозир мебинанд. Ёрони Маҳдӣ ба ахлоқи анбиёъи Худо мутахаллиқ ва ба одоби авлиёъи Ӯ муъаддабанд. Ҳақро чун барояшон ошкор шуд мепазиранд ва ботилро чун барояшон расво гашт во мегузоранд. На мутаъассиб ва лаҷуҷанд ва на бадзабон ва ёвагӯ. Бар Худованд дурӯғ намебанданд ва аз касоне ки бар Ӯ дурӯғ мебанданд канора мегиранд. Намозро дар вақти фазилаташ барпо медоранд ва аз моли худ ба ниёзмандон мебахшоянд. Хашми худро фуру мехуранд ва аз ҷафои мардум дар мегузаранд. Падар ва модари хешро гиромӣ медоранд ва бар бад хулқӣ он ду сабр менамоянд. Ба дӯстони худ бо баҳонаи дӯстӣ бе эҳтиромӣ намекунанд ва ба душманони худ бо баҳонаи душманӣ ситам намеварзанд. Бо ҷоҳилон мудоро менамоянд ва бо сафиҳон даҳон ба даҳон намегузоранд. На пургӯӣ ва пурхандаанд ва на пурхоб ва пурхур. Маҳори шаҳватро дар даст доранд ва ҷониби иффатро фуру намегузоранд. На чашмчарон ва беҳаёянд ва на худнамой ва ҳарзагӯй. Бо фосиқон дӯстӣ намекунанд ва бо золимон муҷолисат наменамоянд. Ба корҳои судманд мепардозанд ва вақти худро ҳадар намедиҳанд. Бо китоби Худованд маънусанд ва бо ҳалол ва ҳаром ошноянд. Таъолими олимро мункир намешаванд ва аз душманӣ бо ӯ мепарҳезанд, балки даъваташро иҷобат мекунанд ва ба ёриаш мешитобанд; Ҳангоме ки ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад то барои ёрии ӯ гирди ҳам оварад.»[3] Бо ин авсоф, метавон наҳзати он ҳазратро мадраса ва бошгоҳе барои ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом донист ки омӯзишҳо ва тамринҳои лозимро дар он дарёфт мекунанд. Ин фурсатӣ олӣ ва имконӣ беназир барои ҳамаи касоне аст ки мехоҳанд аз ёрони имом Маҳдӣ алайҳи салом бошанд ва ҷуз ашхоси нодон ва белаёқат онро аз даст намедиҳанд.