Нависандаи пурсиш: Ризвон Тарихи пурсиш: 11/8/2016

Дар мавриди ҳипнутизм ва эҳзори арвоҳ тавзиҳ диҳед.

Посух ба пурсиши шумораи: 11 Тарихи посух ба пурсиш: 18/8/2016

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . «Ҳипнутизим» эҷоди халса аз тариқи талқинӣ ғайри оддӣ ба зеҳн ба наҳве аст ки чизӣ ғайри воқеъиро воқеъӣ пиндорад ва ба он вокуниш нишон диҳад ва бо ин васф, рӯшан аст ки ҷойе дар Ислом надорад; Зеро аз як сӯ мубтанӣ бар дурӯғ, фиреб ва гоҳе таҷассус аст ки дар Ислом ҷойиз нест ва аз сӯӣ дигар тамаркуз ва ҳушёриро аз ҳолати оддӣ хориҷ ва феълияти табиъии зеҳнро мухтал мекунад ва ин агарчи дар кӯтоҳмуддат фавоъиде дошта бошад, дар дарозмуддат хатарнок ва зиёнбор аст. Вонгаҳе ба назар мерасад ки «Ҳипнутизим» гунаи сеҳр аст; Чароки мубтанӣ ба воқеъ намоёндани чизе ғайри воқеъӣ ба наҳве аст ки бархӣ осори воқеъи бар он мутараттиб мешавад ва ин мубнои сеҳр аст; Чунонки Худованд ба унвони намуна дар бораи он фармудааст: ﴿قَالَ بَلْ أَلْقُوا ۖ فَإِذَا حِبَالُهُمْ وَعِصِيُّهُمْ يُخَيَّلُ إِلَيْهِ مِنْ سِحْرِهِمْ أَنَّهَا تَسْعَى ۝ فَأَوْجَسَ فِي نَفْسِهِ خِيفَةً مُوسَى[1]; «(Мӯсо ба соҳирон) гуфт: Балки шумо бияндозед! Пас ногоҳ дар асари сеҳри онон барои ӯ ин тахайюл пайдо шуд ки ресмонҳо ва ассоҳошон ҳаракат мекунанд! Пас Мӯсо дар дили худ тарсе эҳсос кард» Ва ин ҳамон тахайюл ва эҳсосе аст ки дар «Ҳипнутизим» пайдо мешавад, то ҳадде ки баъид нест соҳирони мазкур аз «Ҳипнутизим» истифода карда бошанд ва бо ин васф, метавон «Ҳипнутизим» ро гунаи сеҳр донист ки фароянди он фош шуда ва дар хидмати мақосид хуб қарор гирифтааст, дар ҳоле ки сеҳр дар Ислом мутлақан ҷойиз нест, агарчи барои мақосиди хуб бошад; Чароки ҳадаф дар Ислом василаро тавҷиҳ намекунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: التَّنْوِیمُ شُعْبَةٌ مِنَ السِّحْرِ»; «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Хобгароӣ шӯъбае аз сеҳр аст»!

2 . Эҳзори арвоҳи мурдагон собит нест ва коре ки бо ин унвон анҷом мешавад, иртибот бо шаётин аст, на арвоҳи мурдагон; Чароки арвоҳи мурдагон ё дар биҳишт назди Парвардигорашон рӯзӣ мехуранд ва ё дар дӯзах гирифтори уқубати аъмоли хешанд ва ё дар қабрҳои худ бозхост мешаванд ва дар ҳар ҳол, машғултар аз он ҳастанд ки назди эҳзор кунанда ҳозир шаванд. Ба илова, возеҳ аст ки онон назди эҳзор кунанда ҳузур надоранд то садои ӯро бишнаванд ва агар фарзан садои ӯро ғиёби бишнаванд низ маҷбур ба итоъати ӯ нестанд то ба фармонаш ҳозир шаванд ва ба пурсишҳояш посух диҳанд ва пиромуни онон дар барзах фариштагоне ҳастанд ки ононро дар ҷойе ки бояд бошанд нигоҳ медоранд. Ин дар ҳоле аст ки шаётин монанди саг ва гурба дар ҷаҳон парокандаанд ва дар ҳар гӯшае аз он парса мезананд ва аз ҳар фурсате барои ҳузур ва иртибот истифода мекунанд ва аз ин рӯ, Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴿وَقُلْ رَبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ ۝ وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَنْ يَحْضُرُونِ[2]; «Ва бигӯ Парвардигор! Аз илқоъоти шаётин ба ту паноҳ меоварам ва ба ту паноҳ меоварам аз инки назди ман ҳозир шаванд»! Аз ин рӯ, бедаранг садои эҳзор кунандаро мешунаванд ва назди ӯ ҳозир мешаванд ва бо муъаррифии худ ба унвони арвоҳи мурдагон, ӯро ба бозӣ мегиранд ва суханони оростаро барои фиреб ба ӯ илқо мекунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَكَذَلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَيَاطِينَ الْإِنْسِ وَالْجِنِّ يُوحِي بَعْضُهُمْ إِلَى بَعْضٍ زُخْرُفَ الْقَوْلِ غُرُورًا ۚ وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُ ۖ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ[3]; «Ва ин гуна барои ҳар Паёмбаре шаётини инси ва ҷинниро душман қарор додаем ки бархӣ суханони оростаро барои фиреб ба бархӣ дигар илқо мекунанд ва агар Парвардигорат мехост ин корро намекарданд, пас ононро бо чизе ки мебофанд во гузор»! Албатта ин мавҷудоти палид чизе аз ғайб намедонанд ва бештари чизҳойе ки ба эҳзор кунанда мегӯянд дурӯғ ва истеҳзоъ аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: زَعَمَ فُلانٌ أَنَّهُ یُحْضِرُ الْأَرْواحَ! قالَ: وَ مَا الْأَرْواحُ؟! قُلْتُ: أَرْواحُ الْمَوْتَى! قالَ: کَذَبَ ما هُمْ إِلّا رَعاعُ الشَّیاطینِ یَعْبَثُونَ بِهِ وَ یُضِلُّونَهُ ضَلالاً بَعِیداً»; «Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Фалонӣ мепиндорад ки арвоҳро эҳзор мекунад! Фармуд: Кадом арвоҳ?! Гуфтам: Арвоҳи мурдагон! Фармуд: Дурӯғ мегӯяд, онҳо ҷуз авбоши шаётин нестанд ки ӯро ба бозӣ мегиранд ва ба гумроҳии дуре дучор мекунанд»!

Худованд ин олими азимро барои мо ҳифз фармояд ки моро аз ҳақойиқи пинҳон огоҳ мекунад ва ба роҳҳои саломат раҳнамун мешавад.

↑[1] . Тоҳо/ 66 ва 67
↑[2] . Мӯъминун/ 97 ва 98
↑[3] . Анъом/ 112