Нависандаи пурсиш: Ризо Розӣ Тарихи пурсиш: 21/5/2016

Оё желотине ки аз устухони хук гирифта мешавад ва дар фарояндҳое ба маводди ғазойи ва желе табдил мешавад ҳукми истиҳола дорад ва хӯрданаш ҳалол аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 23/5/2016

«Истиҳола» ба маънои табдили моҳияти чизе ба чизи дигар то ҳадде аст ки ҳеҷ як аз аҷзоъи он боқӣ намонад, монанди табдили мурдор ба хок. Бо ин васф, истихроҷи желотин аз устухони хук, истиҳолаи хук шумурда намешавад, балки фароварии хук ва монанди гирифтани рӯғани (маска) аз шир аст; Зеро моддаи аслии он, кложини мавҷуд дар устухони хук аст ки ҷузъӣ аз хук шумурда мешавад ва ба табъи он ҳаром аст ва рӯшан аст ки ҳурмати хук, ба маънои ҳурмати ҳамаи аҷзоъи он ва ҳурмати ҳамаи мавводе аст ки ба наҳве аз аҷзоъи он гирифта мешаванд.

Бо ин ҳол, агар эҳтимол меравад ки желотини мустахриҷ аз устухони хук, дар асари истиҳола ва на фароварии устухони хук падид омадааст, боз ҳам ба наҷосат ва ҳурмати он ҳукм мешавад; Чароки шак дар истиҳолаи он, маҷрои истисҳоб аст. Балки агар яқин ба истиҳолаи он вуҷуд дошта бошад низ дар бораи пок кунанда будани истиҳолаи он миёни мусалмонон ихтилоф аст; Зеро аз Абу Ҳанифа (д.150қ) нақл шудааст ки онро пок кунанда медонист, дар ҳоле ки Шофеъӣ (д.204қ) мӯътақид буд ки ъаёни наҷас аз қибали хук бо истиҳола пок намешаванд ва ин назари бисёрӣ аз уламоъи шиъа аст, балки бархӣ аз онон монанди Ибни Мутаҳҳари Ҳиллӣ (д.726қ) онро «Қавли аксари аҳли илм» донистаанд[1].

Бо ин васф, хӯрдани желотине ки аз устухони хук гирифта шуда, ҳаром аст; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки желотин танҳо аз устухони хук гирифта намешавад, балки бо кайфияти беҳтар аз устухони гов низ гирифта мешавад ва бо ин васф, зарурате ба гирифтани он аз устухони хук ва хӯрдани желотини хукӣ нест. Бегумон рӯй овардан ба чизҳои ҳаром бо вуҷуди ҷойгузинҳои ҳалол барои онҳо, гунаи зиддият бо Худованд ва нишонае аз шақоват аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْعالِمَ یَقُولُ: مَنْ قَدِرَ عَلَی الْحَلالِ فَأَبَى إِلَّا الْحَرامَ فَأَبْعَدَهُ اللّهُ! وَ سَمِعْتُهُ یَقُولُ: مَنْ أَتَى بِالْحَرامِ وَ هُوَ قادِرٌ عَلَی الْحَلالِ فَقَدْ أَبْدَى صَفْحَتَهُ لِرَبِّهِ وَ مَنْ أَبْدَى صَفْحَتَهُ لِرَبِّهِ فَقَدْ هَوَى»; «Шунидам олим (яъне ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ) мефармояд: Ҳар кас дастрасӣ ба ҳалол дорад, вале ҷуз аз ҳаром сар боз мезанад, Худованд давраш гардонад! Ва шунидам мефармояд: Ҳар кас муртакиби ҳаром шавад дар ҳоле ки ба ҳалол тавоност, ҳароина душманиаш бо Парвардигоашро ошкор карда ва ҳар кас душманиаш бо Парвардигорашро ошкор кунад, ҳароина ҳалок шудааст»!

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Мунтаҳиул Матлаб [Тибъи ҷадид], ҷ3, с287