Нависандаи пурсиш: Отифа Вафо Тарихи пурсиш: 7/4/2016

Оё истихора ҷойиз аст?

Истихора бояд тавассути шахсӣ хос ва соъати хос анҷом шавад?

Истихора дар чи умуре ҷойиз аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 11/4/2016

«Истихора» дар луғат ба маънои талаби хайр кардан ва дар ривоёти Исломӣ ба маънои талаби хайр кардан аз Худованд пеш аз анҷоми коре аст ки бими хайр набудани он меравад ва бо ин маъно, аз масодиқи «Дуъо» шумурда мешавад ки кори бисёр хуб ва писандидае аст, вале «Истихора» дар урфи аҳли ташаюъ аз ин маъно хориҷ шуда ва маънои «Тафаъул ба китоби Худованд» ёфтааст ки асле дар ривоёти Исломӣ надорад, балки дар бархӣ аз онҳо мавриди наҳй қарор гирифта ва он ба ин сурат аст ки Мусҳафро бикушоянд ва нахустин ояе ки бубинандро ба фоли нек ё бад бигиранд ва бар асоси он амалеро анҷом диҳанд ё тарк намоянд, дар ҳоле ки рӯшан аст Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳеҷ як аз саҳоба ва аҳли байти Ӯ чунин кореро анҷом надодаанд, балки баъид нест чунин коре аз масодиқи «Истиқсоми билазлом» бошад ки амлӣ ҷоҳилӣ аст ва дар китоби Худованд «Фисқ» шумурда шудааст[1]; Ҳамчунонки аз ҷиҳати ба фоли бад гирифтани бархӣ оёт, «Тира» шумурда мешавад ки дар китоби Худованд мардуд аст[2] Ва табъан Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ –бино бар ривоёти мутавотир дар манобеъи фариқайн– онро беэътибор донистааст[3] Ва бо ин васф, хабари воҳид, заъиф ва мутаноқизе ки Абу Ҷаъфари Тувсӣ (д.460қ) дар китоби Таҳзибул Аҳком[4] аз мардӣ маҷҳул ба номи Ал-Ясаъи Қумӣ ривоят карда ва танҳо далили ҷавози чунин амале аст, қобили қабул нест. Оре, чунин амале аз бархӣ ҳокимони банӣ Умая монанди Валид ибни Язид ибни Абдулмалик (д.128қ) нақл шудааст ки Мусҳафро гушуд ва бо ояи ﴿وَاسْتَفْتَحُوا وَخَابَ كُلُّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ[5] мувоҷеҳ шуд; Пас ба хашм омад ва онро ҳадаф қарор дод ва ба қадре бар он тир зад ки онро пора кард ва сипас хитоб ба он суруд: «أَتُوعِدُ کُلَّ جَبّارٍ عَنیدٍ/ فَها أنا ذاکَ جَبّارٌ عنیدُ/ إذا لاقَیتَ رَبَّکَ یَومَ حَشرٍ/ فَقُل یا رَبِّ خَرَّقَنِی الوَلیدُ»; «Оё ҳар ҷаббори анидро метарсонӣ? Пас ман ҳамон ҷаббори анид ҳастам! Ҳангоме ки Парвардигоратро дар рӯзи ҳашр дидӣ бигӯ: Худоё! Валид манро пора кард!»[6], вале возеҳ аст ки амали чунин зиндиқи хабисе далолате бар ҷавози тафаъул ба китоби Худованд ё ривоҷаш дар миёни салафи солеҳ надорад, балки чи басо бар хилофи он ду далолат дошта бошад.

Ҳосил онки «Истихора» ба маънои дуъо ва талаби хайр аз Худованд пеш аз анҷоми коре ки бими хайр набудани он меравад, бисёр хуб ва писандида аст ва мавриди эҳтимом ва тавсияи салафи солеҳ будааст, вале «Тафаъул ба китоби Худованд» дар қолиби гушудани Мусҳаф ва ба фоли нек ё бад гирифтани оёте аз он, амалӣ хурофӣ ва ҷоҳилӣ аст ки монанди бархӣ дигар аз аъмоли хурофӣ ва ҷоҳилӣ дар миёни аҳли ташаюъ ривоҷ ёфта ва ба фитнае барои онон табдил шуда ва то ҳадде ҷанбаи ифроти ёфтааст ки бархӣ аз онон, барои шинохти ҳақ ва ботил низ ба китоби Худованд тамассук намекунанд, балки тафаъул мекунанд ва пас аз шинохти ҳақ низ барои қабул ва ёрии он ки амри акиди Худованд аст, дар пайи фолгире мегарданд ки барои онон аз китоби Худованд фол бигиранд то бидонанд ки оё ҳақро бипазиранд ва ёрӣ кунанд ё на! Бидуни шак ин инҳирофи бузурге аст ки дар миёни аҳли ташаюъ ривоҷ ёфтааст ва олимонашон низ ба ҷойи наҳй аз онон аз он, бар он доман мезананд, ҳамон тавр ки ба бархӣ дигар аз инҳирофоти онон доман мезананд, балки худ ба марҷаъи онон дар он ва бузургтарин фолгирон табдил шудаанд!

Аз Худованди меҳрубон масъалат дорем ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро бо фарёд расои бандаи солеҳаш аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз хоби ғафлат бедор кунад, то ҳамаи бидъатҳо ва хурофоти даврони фитратро вогузоранд ва дар нури китоби Ӯ ва суннати мутавотири Паёмбараш, ба сӯӣ Исломи холис ва комил бозгарданд ва барои дарки ҳазрати имом Маҳдӣ алайҳи салом ва ислоҳоти ҷаҳонии ӯ омода шаванд.

↑[1] . Моъида/ 3
↑[2] . Аъроф/ 131; Намл/ 47; Ёсин/ 19
↑[3] . Муснади Аҳмад, ҷ2, с266 ва ҷ3, с118; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ7, с27; Саҳеҳул Муслим, ҷ7, с33; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1170; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с232; Сунани Тирмизӣ, ҷ3, с85; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ8, с196; Ибни Бобувей, Ман ло яҳзарул фақиҳ, ҷ2, с266
↑[4] . ҷ3, с310
↑[5] . Иброҳим/ 15
↑[6] . Масъудӣ, Мураввиҷул Заҳаб, ҷ3, с216; Муқризӣ, Имтиъоул Асмоъ, ҷ12, с281; Атобакӣ, Ал-Нуҷумул Зоҳира, ҷ1, с299; Ибни Имод, Шазроту Заҳаб, с169