Нависандаи пурсиш: Ҳомиди Сутуда Тарихи пурсиш: 11/12/2015

Агар касе байни дуроҳии надонистан ва амал накардан монда бошад интихоб кардани кадом як табаъоти камтареро барои дунё ва охирати ӯ ба дунбол хоҳад дошт? Яъне дар назари Худованд кадом як маъзуртаранд: Касе ки ба дунболи илм рафта ва ба он амал намекунад ё касе ки тавонойии касби илмро дорад вале аз тарси амал накардан ба дунболи касби огоҳӣ намеравад?

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 18/12/2015

Амал надандан ба илм, як гуноҳ аст, вале таҳсил накардани илм ду гуноҳ; Зеро таклифи инсон, ҳам таҳсили илм ва ҳам амал ба он аст ва бо ин васф, касе ки илмро таҳсил мекунад, вале ба он амал намекунад, яке аз ду таклифи худро анҷом медиҳад ва дигариро тарк мекунад ва касе ки амдан ва барои гурез аз масъулият, дар таҳсили илм кӯтоҳӣ меварзад, ҳеҷ як аз ду таклифи худро ба анҷом намерасонад ва табъан гуноҳкортар аст. Аз инҷо дониста мешавад ки ҷоҳили муқассир бар олими беамал фазилате надорад, балки аз ӯ бадбахтар ва зиёнкортар аст ва ҳеҷ як дар пешгоҳи Худованд узре надоранд.

Оре, агар ҷоҳиле дар замин аз таҳсили илм қосир бошад, ба ин маъно ки дар асари нуқсони ақлӣ ё заъфи ҷисмӣ ё асорат дар банди золимон ё сукунат дар маконӣ дурафтода ва саъбул убур ва фоқиди камтарин имконоти лозим барои таҳсили илм ё муҳоҷират ба маконӣ муносиб, тавонойии таҳсили илмро надошта бошад, бал аз мавзӯъот ва ихтилофоти илмӣ дар миёни мардум ки мусталзими таҳқиқ ва таҳсили илм аст бехабар бошад, гуноҳкор шумурда намешавад ё қобили бахшойиш аст; Чунонки Худованд дар бораи чунин касоне фармудааст: ﴿إِلَّا الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ لَا يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلَا يَهْتَدُونَ سَبِيلًا ۝ فَأُولَئِكَ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَعْفُوَ عَنْهُمْ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَفُوًّا غَفُورًا[1]; «Магар мустазъафоне аз мардон ва занон ва кӯдакон ки чорае наметавонанд ва роҳе пайдо намекунанд; Пас умед меравад ки Худованд ононро бибахшояд ва Худованд бахшояндаи омӯрзгор аст».

↑[1] . Нисоъ/ 98 ва 99