Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 7/11/2015

Замони ифтор барои рӯзадор замони ғуруб аст ё заволи сурхии мағриб?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 11/11/2015

Вақти ифтор, вақти ғуруби хуршед аст ки оғози шаб ва вақти намози мағриб аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ[1]; «Сипас рӯзаро то шаб комил кунед» Ва бо ин васф, таъхири он то заволи сурхии машриқ ваҷҳе надорад, балки ба бархӣ ғолиёни шиъа монанд Хаттобия нисбат дода шудааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «صَلَّی الْمَنْصُورُ صَلاةَ الْمَغْرِبِ، ثُمَّ سَمِعَ أَذاناً، فَقالَ: ما هَذَا؟! قُلْنا: هَذَا أَذانُ الشِّیعَةِ! لا یُؤَذِّنُونَ حَتَّى یَرْتَفِعَ اللَّیْلُ! فَقالَ: غَلَبَ عَلَیْهِمُ الْخَطّابِیَّةُ!»[2]; «Мансур намози мағрибро гузорид, сипас азонеро шунид, пас фармуд: Ин чист?! Гуфтам: Ин азони шиъа аст! Азон намегӯянд то он гоҳ ки шаб боло биёяд! Пас фармуд: Хаттобия бар онон чира шудаанд!» Ва аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «لا يَزالُ النّاسُ بِخَيْرٍ ما عَجَّلُوا الْفِطْرَ»[3]; «Мардум ҳамвора бар хайр ҳастанд то ҳангоме ки дар ифтор таъҷил мекунанд» Ва дар ривояти дигаре омадааст: «عَجِّلُوا الْفِطْرَ فَإِنَّ الْيَهُودَ يُؤَخِّرُونَ»[4]; «Дар ифтор таъҷил кунед; Чароки яҳдиён таъхир мекунанд» Ва аз Абу Атия ривоят шудааст ки гуфт: «دَخَلْتُ أَنَا وَمَسْرُوقٌ عَلَى عَائِشَةَ، فَقُلْنَا: يَا أُمَّ الْمُؤْمِنِينَ! رَجُلَانِ مِنْ أَصْحَابِ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، أَحَدُهُمَا يُعَجِّلُ الْإِفْطَارَ وَيُعَجِّلُ الصَّلَاةَ، وَالْآخَرُ يُؤَخِّرُ الْإِفْطَارَ وَيُؤَخِّرُ الصَّلَاةَ، قَالَتْ: أَيُّهُمَا الَّذِي يُعَجِّلُ الْإِفْطَارَ وَيُعَجِّلُ الصَّلَاةَ؟ قَالَ: قُلْنَا: عَبْدُ اللَّهِ يَعْنِي ابْنَ مَسْعُودٍ، قَالَتْ: كَذَلِكَ كَانَ يَصْنَعُ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ -زاد أبو كُريب:- وَالْآخَرُ أَبُو مُوسَى»[5]; «Ман ба ҳамроҳи Масруқ ба назди Оиша омадем, пас гуфтем: Эй модари мӯъминон! Ду мард аз асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, яке дар ифтор ва намоз таъҷил мекунад ва дигарӣ дар ифтор ва намоз таъхир мекунад, гуфт: Кадомашон дар ифтор ва намоз таъҷил мекунад? Гуфтем: Абдуллоҳ яъне Ибни Масъуд, гуфт: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳамин корро мекард. Абу Курайб афзудааст: Дигарӣ (ки дар ифтор ва намоз таъхир мекард) Абу Мӯсоӣ Ашъарӣ буд».

↑[1] . Бақара/ 187
↑[3] . Муснади Шофеъӣ, с104; Муснади Аҳмад, ҷ5, с331; Сунани Дорамӣ, ҷ2, с7; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ2, с241; Саҳеҳул Муслим, ҷ3, с131; Сунани Тирмизӣ, ҷ2, с103
↑[4] . Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с542
↑[5] . Муснади Аҳмад, ҷ6, с48; Саҳиҳул Муслим, ҷ3, с131; Сунани Абӣ Довуд, ҷ1, с528; Сунани Насоъӣ, ҷ4, с144