Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 1/11/2015

Итлоқи «Имом» барои ғайри Расули Худо ва дувоздаҳ ҷонишинаш чи ҳукме дорад?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 3/11/2015

«Имом» ба маънои касе аст ки ба ӯ иқтидо мешавад ва бо ин васф, итлоқи «Имом» бар касе ҷойиз нест магар онки иқтидо ба ӯ мутлақан ҷойиз бошад; Зеро итлоқи «Имом» бар касе ки иқтидо ба ӯ мутлақан ҷойиз нест, дурӯғ аст, агарчи «Имом» хондани ӯ ба наҳви муқайяд рост бошад, монанди «Имоми ҷамоъат» барои касе ки дар намоз ба ӯ иқтидо мешавад ва «Имоми луғат» ё «Имоми ҳадис» барои касе ки суханаш дар он пазируфта мешавад ва монанди ин. Бинобарин, касе ки худро бидуни қайд «Имоми» мехонад ё дигарон ӯро бидуни қайд «Имом» мехонанд ва ӯ ононро аз ин кор боз намедорад, аз ду ҳол берун нест: Ё Худованд ба табаъият аз ӯ ба наҳви мутлақ изн дода ки дар ин сурат, «Имом» хонанд ӯ парастиши Худованд аст, ё Худованд ба табаъият аз ӯ ба наҳви мутлақ изн надода ки дар ин сурат, «Имом» хондани ӯ парастиши тоғут ёшабеҳ ба он аст; Чароки «Имом» дар китоби Худованд бар ду кас итлоқ шудааст; Яке касе аст ки ба амри Худованд раҳбарӣ мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا﴾[1]«Ононро имомоне қарор Додем ки ба амри Мо раҳбарӣ мекунанд» Ва дигарӣ касе аст ки бидуни амри Худованд раҳбарӣ мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ﴾[2]«Ва ононро имомоне қарор Додем ки ба сӯӣ оташ фаро мехонанд» бидуни қайди ﴿بِأَمْرِنَا﴾ ва бо ин васф, «Имом» хондани касе ҷуз халифаи Худованд дар замин, агар бо эътиқод ба вуҷуби табаъият аз ӯ монанди табаъият аз халифаи Худованд дар замин бошад, ширк аст ва агар бидуни ин эътиқод бошад, сӯъи таъбир ва ташаббуҳ ба мушрикон шумурда мешавад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا﴾[3]; «Эй касоне ки имон овардед! Нагӯйед: <Роъано> (чун мумкин аст боиси сӯъи бардошт ё сӯъи истифодаи бархӣ шавад) ва бигӯйед <Унзурно»> ва фармудааст: ﴿ذَلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّى يُؤْفَكُونَ﴾[4]«Ин сухани онон бо даҳонҳошон аст, шабеҳи сухани касонеро мегӯянд ки пештар кофир шуданд, Худованд ононро бикушад, ба куҷо инҳироф меёбанд?!». Ва аз ин рӯ, ҳазрати Мансур акидан аз он наҳй фармудааст: Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قامَ الْمَنْصُورُ فِينا خَطِيبًا، فَوَعَظَنا وَأَحْسَنَ وَعْظَنا، حَتَّى اقْشَعَرَّتِ الْجُلُودُ وَرَجَفَتِ الْقُلُوبُ وَبَكَتِ الْعُيُونُ وَرُفِعَتِ الْأَصْواتُ! فَلَمّا جَلَسَ قامَ إِلَيْهِ رَجُلٌ مِنْ أَصْحابِنا فَمَدَحَهُ وَقالَ لَهُ فِي مَدْحِهِ: إِنَّكَ لَأَنْتَ إِلَهُ الْواعِظِينَ! فَغَضِبَ الْمَنْصُورُ غَضَبًا شَدِيدًا وَقالَ لَهُ: أُسْكُتْ -أَسْكَتَكَ اللَّهُ- فَإِنَّهُ لا إِلَهَ إِلّا اللَّهُ، وَأَمّا أَنا فَمُعَلِّمُ خَيْرٍ! فَقالَ لَهُ الْمادِحُ: جُعِلْتُ فِداكَ، إِنِّي ما عَنَيْتُ مِنَ الْإِلَهِ ما يُعْبَدُ مِنْ دُونِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ، وَلَكِنَّهُ كَلِمَةٌ يَقُولُونَها بِأَلْسِنَتِهِمْ! فَقالَ لَهُ: وَهَلْ أَهْلَكَ النَّصارَى إِلّا كَلِمَةٌ يَقُولُونَها بِأَلْسِنَتِهِمْ؟! ﴿كَبُرَتْ كَلِمَةً تَخْرُجُ مِنْ أَفْوَاهِهِمْ ۚ إِنْ يَقُولُونَ إِلَّا كَذِبًا﴾! ثُمَّ الْتَفَتَ إِلَى أَصْحابِهِ وَقالَ: اعْلَمُوا ما تَقُولُونَ -يَغْفِرُ اللَّهُ لَكُمْ- فَإِنَّ الشَّيْطانَ يَبِيضُ وَيُفَرِّخُ! فَقُلْتُ لَهُ: جُعِلْتُ فِداكَ، هَلْ لَنا أَنْ نُسَمِّيَكَ الْإِمامَ كَما يُسَمِّي النَّاسُ قادَتَهُمْ؟ قالَ: لا، ذَاكَ اسْمٌ لا يَتَسَمَّى بِهِ غَيْرُ الْمَهْدِيِّ إِلّا دَجَّالٌ»[5]; «Мансур дар миёни мо ба хутбае бархост, пас моро андарз дод ва неку андарз дод то ҷойе ки пӯстҳо ларзид ва дилҳо такон хӯрд ва чашмҳо гирист ва садоҳо боло рафт! Пас чун нишаст марде аз ёронамон ба сӯӣ ӯ бархост ва ӯро ситойиш кард ва дар ситойиши ӯ гуфт: Ҳароина ту Худои воъизонӣ! Пас Мансур сахт ба хашм омад ва ба ӯ фармуд: Сокет (хомӯш) шав ки Худованд сокет кунад; Чароки ҷуз Худованд худойе нест ва ман танҳо муъаллим ҳастам! Пас ситойишгар гуфт: Фидоят шавам, манзури ман аз Худо касе ки ҷуз Худованди баландмартаба парастиш шавад набуд, бал он калимае аст ки бо забонҳошон мегӯянд! Пас ба ӯ фармуд: Ва оё масеҳиёнро ҷуз калимае ки бо забонҳошон мегӯянд ҳалок кард?! <Калимаи бузурге аст ки аз даҳонҳошон берун меояд, онон ҷуз дурӯғ намегӯянд>[6]! Сипас ба ёрони худ рӯй намуд ва фармуд: Бидонед ки чи мегӯйед -Худованд шуморо биёмӯрзад-; Чароки шайтон тухм мегузорад ва ҷӯҷа мекунад! Дар ин ҳангом ман гуфтам: Фидоят шавам, оё мо метавонем туро имом биномем ҳамон тавр ки мардум раҳбаронашонро (имом) меноманд? Фармуд: На, ин номе аст ки ҷуз Маҳдӣ касе ба он номида намешавад магар даҷҷол».

↑[1] . Анбиёъ/ 73
↑[2] . Қасас/ 41
↑[3] . Бақара/ 104
↑[4] . Тавба/ 30
↑[5] . Гуфтори 117, фақараи 14
↑[6] . Каҳф/ 5