Нависандаи пурсиш: Ношинос Тарихи пурсиш: 26/12/2014

Лутфан дар хусуси тақлид ва ҷойгоҳи он дар Ислом иршод бифармойед.

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 27/12/2014

Қоъидаи бисёр муҳиме ки ҳар мусалмоне бояд бидонад ва ба он таваҷҷуҳ дошта бошад, адами ҳуҷияти занн дар Ислом аст. Худованди мутаъол дар оёти мухталифе аз Қуръон таъкид фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1] яъне «Занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад» Ва касонеро ба хотири пайравӣ аз занн некуҳиш карда ва фармудааст: ﴿إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ[2] яъне «Ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд ва ҷуз тахмин намезананд»! Ин ба он маъност ки ақида ва амали мусалмон бояд ҳамвора мубтанӣ бар яқин бошад ва ақида ва аъмоле ки мубтанӣ бар занн аст саҳиҳ ва мавриди қабули Худованд нест. Ин дар ҳоле ки тақлид аз дигарон дар ақойид ва аъмол ба маънои табаъият аз гуфта ва кардаӣ онҳо бидуни огоҳӣ аз далилашон, ба иттифоқи назари ҳамаи мусалмонон танҳо муҷиби занн мешавад ва муҷиби яқин намешавад ва бо ин васф, бино бар сареҳи сухани Худованд дар Қуръон «Чизеро аз ҳақ кифоят намекунад». Аммо далили касоне ки тақлид дар аъмолро ҷойиз медонанд ин аст ки аъмолро бо ақойид мутафовит мепиндоранд, дар ҳоле ки чунин тафовуте дар Ислом собит нест ва сухани Худованд дар Қуръон ом аст ва шомили ақойид ва аъмол мешавад. Ин ба он маъност ки ҳар мусаломне бояд ҳамонтавр ки хондан ва навиштан ва соири заруриёти зиндагии худро фаро мегирад, ақойид ва аъмоли Исломии худро низ фаро бигирад ва ҳеҷ ақида ва амалеро ҷуз бо далили қатъӣ ва яқинӣ напазирад ва анҷом надиҳад. Далили қатъӣ ва яқинӣ дар Ислом низ ҳамонтавре ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин фармуда, оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотир ва албатта шунидан аз халифаи Худованд дар замин аст ва ин Исломи холис ва комил шумурда мешавад ки ба зунун олуда нест.

↑[1] . Юнус/36
↑[2] . Юнус/66