Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Бо ташаккури самимона аз посухҳои комил, мустадал, дақиқ ва зебои шумо ки инсофан дар ҳеҷ як аз сайтҳои Исломӣ суроғ надорем ва мояи ҳидоят ва маърифати мо дар ин рӯзгори ҳайрат шудааст. Лутфан «Мӯъҷиза» ро барои мо таъриф кунед ва бифармойед ки тафовути он бо сеҳр чист? Бо таваҷҷуҳ ба инки имрӯза соҳирони бедин дар Ҳинд ва Жопун ва ҷоҳойи дигар корҳои хориқулода ва муҳайярулуқуле анҷом медиҳанд ки дар зоҳир тафовуте бо «Мӯъҷиза» надорад ва ҳатто баъзан ба қасди шабиҳсозӣ ва муъориза бо мӯҷизоти анбиё анҷом мешаванд!

«Мӯъҷиза» дар луғат ба маънои «Оҷиз кунанда» ва дар истилоҳ ба манъони чизӣ ғайри мумкин барои инсон ва ҷин аст ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд ба мансабӣ мумкин, дар пайи эъломи қаблии худ ё дархости мардум ё ба наҳве ки таъллуқи он ба ӯ ва далолати он бар сидқи иддаъояш қатъӣ бошад, изҳор мекунад. Бинобарин, метавон гуфт:

Аввалан «Мӯъҷиза» чизе аст ки изҳори он барои ҳеҷ инсон ва ҷинне –аз он ҳайс ки инсон ва ҷин аст– имкон надорад; Монанди табдил кардани асо ба аждаҳо ва хориҷ кардани шутур аз кӯҳ ва зинда кардани муҷассамаи гилӣ ва ҷорӣ сохтани об аз ангуштон ва ду ним кардани моҳ дар осмон ва овардани китобе монанди Қуръон ки барои ҳеҷ инсон ва ҷинне имкон надорад ва ин аз он рӯст ки агар барои ҷинниён имкон дошта бошад, мумкин аст инсоне бо кӯмак гирифтан аз ҷинниён онро изҳор кунад ва бо ин васф, муҷиби яқин ба судури он аз ҷониби Худованд намешавад; Монанди ҷобаҷо кардани ашёъ бидуни тамос бо онҳо ва рабудани онҳо аз пеши чашми нозирон ва хабар додан аз ашёъи пинҳон дар ҷойи муъайян ки барои дохил шавандагон ба онҷо қобили мушоҳида аст ва муъаллақ сохтани худ ё чизӣ қобили ҳамл миёни замин ва осмон ва корҳойи дигар аз ин даст ки миёни соҳирон ривоҷ дорад ва бо кӯмак гирифтан аз ҷинниён анҷом мешавад. Вонгаҳе мурод аз «Имкон», имкони вуқуъе, оддӣ ва иттифоқӣ аст; Зеро ҷизе ки вуқуъи он дар ҷаҳони моддӣ ба сурати оддӣ ё иттифоқӣ мумкин аст, «Мӯъҷиза» маҳсуб намешавад; Монанди вуқуъи касуф, бурузи зилзила, ҳудуси гирдбод ва суқути шаҳобсанг; Магар онки аз сӯйе муттасил ба дархости мардум ё эъломи қаблии изҳор кунанда бошад ва аз сӯӣ дигар тавассути изҳор кунанда қобили такрор бошад.

Сониян «Мӯъҷиза» чизе аст ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд ба мансабӣ мумкин аз лиҳози ақлӣ ё шаръӣ изҳор мекунад ва бо ин васф, чизе ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд ба мансабӣ ғайри мумкин аз лиҳози ақлӣ ё шаръӣ изҳор мекунад, «Мӯъҷиза» маҳсуб намешавад; Монанди чизе ки муддаъии ягонагӣ бо Худованд ё фарзанде барои Ӯ ё набувват баъд аз Паёмбари хотам ё имомат баъд аз халифаи дувоздаҳум ё насхи фароъизи Ислом ё тархиси гуноҳони кабира, изҳор мекунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки интисоб аз ҷониби Худованд ба чунин маносибе ақлан ё шаръан муҳол аст. Аз инҷо дониста мешавад ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд ба мансабӣ ғайри мумкин, ҳаргоҳ чизе ҷуз шабеҳ ба «Мӯъҷиза» изҳор кунад, тасдиқ намешавад, бал «Даҷҷол» шумурда мешавад; Зеро дар ривоёти мутавотири Исломӣ таъкид шудааст ки «Даҷҷол» иддаъои рубубият дорад ва чизҳойе шабиҳи «Мӯъҷиза» изҳор мекунад, вале тасдиқи ӯ ҷойиз нест.

Солисан «Мӯҷиза» чизе аст ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд ба мансабӣ мумкин, бо эломи қаблии худ ё дархости мардум изҳор мекунад ва бо ин васф, агар бидуни эъломи қаблии ӯ ва бидуни дархости мардум зоҳир шавад, «Мӯъҷиза» шумурдани он мусодира ба мутолиба аст; Монанди инки рӯйдодӣ ғайри табиъӣ дар ҷаҳон рӯй диҳад ва иддаъо кунандае муддаъӣ шавад ки он барои исботи иддаъои ӯ рӯй додааст! Магар инки таъаллуқи он ба ӯ аз як сӯ ва далолаташ бар сидқи иддаъои ӯ аз сӯӣ дигар қатъӣ бошад; Монанди нидои осмонӣ ба ном ва мушаххасоти Маҳдӣ ки зоҳиран бидуни эъломи қаблии ӯ ва бидуни дархости мардум зоҳир мешавад, вале таъаллуқи он ба ӯ ва далолаташ бар сидқи иддаъои ӯ қатъӣ аст ва аз ин рӯ, «Мӯъҷиза» маҳсуб мешавад.

Робиъан «Мӯъҷиза» барои ҳар касе ки муддаъии интисоб аз ҷониби Худованд ба мансабе мумкин аст зарурӣ аст, магар инки соҳиби мӯъҷизае ба интисоби ӯ аз ҷониби Худованд ба мансаби мазкур «Нас» кунад; Чароки дар ин сурат, изҳори «Мӯъҷиза» тавассути ӯ зарурӣ нест ва табъан дархости он аз ӯ низ ваҷҳе надорад, машрут ба инки мисдоқи ӯ барои мардум шиноха бошад; Чароки агар мисдоқи ӯ барои онон шинохта набошад, изҳори «Мӯъҷиза» барои шиносондаи мисдоқи ӯ ба онон зарурӣ аст; Монанди Маҳдӣ ки мансаби ӯ бино бар ривоёти мутавотир барои мардум шинохта аст, вале мисдоқи ӯ барои онон шинохта нест ва аз ин рӯ, Худованд бо «Нидойи осмонӣ» мисдоқи ӯро ба онон мешунавонад ва бо ишора ба ӯ мефармояд: ﴿هَذَا الْمَهْدِيُّ فَاتَّبِعُوهُ; «Ин Маҳдӣ аст, пас аз ӯ итоъат кунед»[1]. Бинобарин, касе ки худро Маҳдӣ мешуморад наметавонад бо истинод ба ривояти мутавотир аз мардум таваққуъ дошта бошад ки аз ӯ итоъат кунанд, магар пас аз инки Маҳдӣ будани худро бо «Мӯъҷиза» барои онон исбот кунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ӯ муддаъӣ аст: «Ман Маҳдӣ ҳастам (суғро) ва итоъат аз Маҳдӣ воҷиб аст (кубро), пас итоъат аз ман воҷиб аст (натиҷа)», дар ҳоле ки ривоёти мутавотир танҳо куброи иддаъои ӯро исбот мекунанд ва аз исботи суғрои иддаъои ӯ оҷиз ҳастанд ва бо ин васф, итоъат аз ӯ ба эътибори воҷиб будани итоъат аз Маҳдӣ, сафоҳат аст.

Аз инҷо дониста мешавад касоне ки бидуни овардани «Мӯҷиза» бо шароит ва хусусиёти фавқ, худро мансуб аз ҷониби Худованд мешуморанд ва бо истинод ба ривоёти мухталиф аз мардум мехоҳанд ки мутиъи онон шаванд, муддаъиёнӣ дурӯғин ҳастанд ва ин қоъидаи муҳҳиме аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хурсононӣ аядуллоҳ таъоло дар бархӣ гуфторҳои нуронии худ бар он таъкид фармудааст[2]

↑[1] . Табарӣ, Муснадул Шомийин, ҷ2, с72; Мақдисӣ, Ақойидул Дурара, с135; Суфори, Басоъирул Дараҷот, с331; Нӯъмонӣ, Ал-Ғайба, с328; Ибни Бобувей, Ал-Хисол, с649; Ҳаму, Камолуддин, с671; Хазоз, Кифояту Асар, с151; Ибни Хишоб, Торихул Мувалиду Аъима, с46; Омулӣ, Ал-Сиротил Мустақим, ҷ2, с252
↑[2] . Руҷӯъ кунед ба: Гуфтори 57.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Алӣ Розӣ
Тарих: 10/6/2019

Дар робита бо мавзӯъи тариқаи шинохти ҳуҷҷати Илоҳӣ, шубаҳоте дар бораи равише ки ҳазрати аллома барои ин шинохт ироъа доданд матраҳ аст. Ин Шоъ Аллоҳ боз ҳам бо далоили мутқан ва мустадали хеш моро аз чашмаи ноби маърифат сероб кунед:

1 . Ба бовари ҳазрати аллома, нас бояд илова ба мафҳум дар бораи мисдоқи аъйнӣ ва шахси мавриди назар бошад; Яъне ҳуҷҷати Илоҳӣ дар замони ҳаёти хеш ҷонишини худро бо зикри мисдоқ таъйин мекунад. Аммо мо мебинем ки Худованд дар ояи 81 сураи Оли Имрон, аз аҳли китоб мисоқ мегирад ки агар фиристодае омад ва ончиро назди онҳост тасдиқ кард, ба набуввати ӯ имон биёваранд ва инро барои исботи набуввати ӯ кофӣ бидонанд, бидуни онки аз ӯ мӯъҷиза талаб кунанд; Ё мо мебинем ки имом Алӣ ибни Мӯсарризо дар мунозираи хеш бо Ҷослиқи масеҳӣ, аз ӯ мехоҳад ки танҳо бо истинод ба ин ки номи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи дар китоби муқаддаси онҳо омада, ба набуввати ӯ имон биёварад. Ин тазодро чигуна метавон тавҷиҳ кард?

2 . Ба назар меояд Худованд дар оёте аз Қуръони карим (мисли Анъом/ 109 ва Ғофир/ 78) аз судури мӯъҷиза иҷтиноб меварзад ва онро ба унвони роҳи шинохт эълом намекунад ё мебинем ки дар баъзе аз анбиё монанди Нӯҳ алайҳи салом, судури мӯъҷиза масодиф мешавад бо азоби Илоҳӣ...

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 17/6/2019

Ин шубҳа, аз муғолитоти ройиҷ дар миёни муддаъиёни дурӯғин аст ки барои фиреби авом сомон дода шудааст ва бо таваҷҷуҳ ба нуктаи зер бартараф мешавад:

1 . Худованд дар ояи 81 сури Оли Имрон, имон овардан ва ёрӣ расондан ба «Расул» ро воҷиб дониста ва фармудааст: ﴿وَإِذْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ النَّبِيِّينَ لَمَا آتَيْتُكُمْ مِنْ كِتَابٍ وَحِكْمَةٍ ثُمَّ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَكُمْ لَتُؤْمِنُنَّ بِهِ وَلَتَنْصُرُنَّهُ; «Ва чун Худованд аз Паёмбарон мисоқ гирифт ки ҳаргоҳ ба шумо китоб ва ҳикмате додам, сипас Расуле ба наздатон омад ки ончи бо шумо будро тасдиқ мекард, ба ӯ имон оваред ва ёриаш расонед» Ва ин яъне имон овардан ва ёрӣ расондан ба «Расул» воҷиб аст ва «Расул» касе аст ки бо баййина меояд; Чунонки фармудааст: ﴿جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ[1]; «Расулонаш бо баййинот ба наздашон омаданд» Ва фармудааст: ﴿لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ[2]; «Ҳароина Расулонамонро ба баййинот фиристодем». Бинобарин, агар касе бидуни баййина омад ва иддаъои рисолат кард, «Расул» дониста намешавад то имон овардан ва ёрӣ расондан ба ӯ воҷиб бошад, агарчи Паёмбарони пешинро тасдиқ кунад; Чароки ҳар Расуле, Паёмбарони пешинро тасдиқ мекунад, вале ҳар кас Паёмбарони пешиноро тасдиқ мекунад, Расул нест; Чунонки ҳамаи мусалмонон Паёмбарони пешинро тасдиқ мекунанд ва бештари муддаъиёне ки дар миёни онон зуҳур мекунанд низ мункири Паёмбарони пешин нестанд; Монанди Ҳусейн Алии Нурӣ бунёдгузорӣ баҳоият ва Ғулом Аҳмади Қодиёнӣ бунёнгузори Аҳмадия ва ин далил бар он аст ки Расул будан, бо чизе беш аз тасдиқи Паёмбари пешин дониста мешавад ва он баййина аст ки Худованд дар оёти фаровоне аз вуҷуди он барои Паёмбарон хабар додааст.

2 . Мунозирае ки дар китоби мутаъаххир ва ғайри мӯътабари шиъа монанди Ал-Хароъиҷ вал ҷароъиҳ[3] ба имом Алӣ ибни Мӯсарризо нисбат дода шуда, хабарӣ воҳид ва бидуни санад аст ва бо ин васф, қобили истинод нест. Вонгаҳе бар адами ниёз ба мӯъҷиза барои шинохти халифаи Худованд далиле надорад, балки бар хилофи он далолат дорад, то ҷойе ки Қутбиддини Ровандӣ (д.573қ) онро дар боби «Мӯъҷизотул имом Алӣ ибни Мӯсарризо» оварда; Чароки дар он мӯъҷизоти мутаъаддиде ба ӯ нисбат дода шуда ва аз қавли ӯ омадааст ки онҳо «آثارُ النُّبُوَّةِ وعَلاماتُ الْإِمامَة» ҳастанд ва ин яъне шинохти халифаи Худованд аз тариқи мӯъҷиза мумкин аст. Оре, дар фарозе аз он омада ки имом Алӣ ибни Мӯсарризо авсофи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар Инҷилро барои Ҷослиқ зикр карда ва ин узрро напазируфта ки мумкин аст ӯ Муҳаммади дигаре бошад, вале пайдост мақсуди ӯ ин набуда ки барои шинохти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ниёзе ба мӯъҷиза нест; Чунонки худ дар фарозҳои қаблӣ ба мӯъҷизоти ӯ ишора карда, бал мақсудаш ин буда ки Паёмбаре соҳиби мӯъҷизае ҷуз ӯ бо номи Муҳаммад барангехта нашудааст то битавонад мисдоқи авсофи мазкур дар Инҷил бошад; Чунонки гуфтааст: «فَهَلْ بَعَثَ اللّهُ قَبْلُ أَوْ بَعْدُ مِنْ وُلْدِ آدَمَ إِلَى يَوْمِنا هَذَا نَبِيّاً اسْمُهُ مُحَمَّدٌ؟»[4]; «Оё Худованд пеш ё пас аз ӯ то имрӯз Паёмбаре аз фарзандони Одам баргузидааст ки номаш Муҳаммад бошад?» Бинобарин, Паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба далили мӯъҷизоти ӯ собит аст, на сирфан ташобаи номи ӯ бо номе ки дар Инҷил омадааст, вале аз онҷо ки Паёмбари дигаре ҷуз ӯ бо ин ном барангехта нашуда, маълум аст ки ӯ ҳамон Муҳаммад мавсуф дар Инҷил аст; Чунонки Худованд худ ин нуктаро табйин карда ва фармудааст; ﴿وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُمْ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ يَأْتِي مِنْ بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ ۖ فَلَمَّا جَاءَهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ مُبِينٌ[5]; «Ва чун Исо ибни Марям гуфт: Эй банӣ Исроъил! Ман Расули Худованд ба сӯӣ шумо ҳастам ки ончи пеш аз ман аз Таврот будаастро тасдиқ мекунам ва ба Расуле ки пас аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст башорат медиҳам, пас чун бо баййинот ба наздашон омад гуфтанд ки ин сеҳрӣ ошкор аст». Ин ба рӯшанӣ долли бар он аст ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ташобаи номи худ бо номе ки дар Инҷил омадааст басанда накард, балки «Бо баййинот ба наздашон омад» Ва бо ин васф, мумкин нест ки имом Алӣ ибн Мӯсарризо бар хилофи китои Худванд сухан гуфта бошад; Чароки ӯ аз аҳли байт аст ва бино бар ҳадиси мутавотири Сақалайн, аз китоби Худованд ҷудо намешавад ва аз ин рӯ, фармудаанд: «ما أَتاكُم عَنّا مِنْ حَدِيثٍ لا يُصَدِّقُهُ كِتابُ اللّهِ فهُوَ باطِلٌ»[6]; «Ҳар ҳадисе аз мо ба шумо расид ки китоби Худованд онро тасдиқ намекунад, ботил аст»; Чунонки дар кутуби мутақаддим ва мӯътабари шиъа, мунозираи дигаре аз имом Алӣ ибни Мӯсарризо ривоят шудааст ки ин ҳақиқатро таъйид мекунад; Чароки дар он омадааст: «فَقالَ لَهُ الرِّضا عَلَيْهِ السَّلامُ: يا رَأْسَ الْجالُوتَ! أَسْأَلُكَ عَنْ نَبِيِّكَ مُوسَى بْنِ عِمْرانَ، فَقالَ: سَلْ، قالَ: مَا الْحُجَّةُ عَلَى أَنَّ مُوسَى ثَبَتَتْ نُبُوَّتُهُ؟ قالَ الْيَهُودِيُّ أَنَّهُ جاءَ بِما لَمْ يَجِئْ بِهِ أَحَدٌ مِنَ الْأَنْبِياءِ قَبْلَهُ، قالَ لَهُ: مِثْلُ ماذا؟ قالَ: مِثْلُ فَلْقِ الْبَحْرِ، وَقَلْبِهِ الْعَصا حَيَّةً تَسْعَى، وَضَرْبِهِ الْحَجَرَ فَانْفَجَرَتْ مِنْهُ الْعُيُونُ، وَإخْراجِهِ يَدَهُ بَيْضاءَ لِلنّاظِرينَ وَعَلاماتٍ لا يَقْدِرُ الْخَلْقُ عَلَى مِثْلِها، قالَ لَهُ الرِّضا عَلَيْهِ السَّلامُ: صَدَقْتَ، إِذا كانَتْ حُجَّتُهُ عَلَى نُبُوَّتِهِ أَنَّهُ جاءَ بِما لا يَقْدِرُ الْخَلْقُ عَلَى مِثْلِهِ أَفَلَيْسَ كُلُّ مَنِ ادَّعَى أَنَّهُ نَبِيٌّ ثُمَّ جاءَ بِما لا يَقْدِرُ الْخَلْقُ عَلَى مِثْلِهِ وَجَبَ عَلَيْكُمْ تَصْدِيقُهُ؟ ... فَما يَمْنَعُكَ مِنَ الْإقْرارِ بِعيسَى بْنِ مَرْيَمَ وَقَدْ كانَ يُحْيِي الْمَوْتَى وَيُبْرِئُ الْأَكْمَهَ وَالْأَبْرَصَ وَيَخْلُقُ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ ثُمَّ يَنْفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْراً بِإِذْنِ اللّهِ؟ قالَ رَأْسُ الْجالُوتَ: يُقالُ إِنَّهُ فَعَلَ ذَلِكَ وَلَمْ نَشْهَدْهُ، قالَ لَهُ الرِّضا عَلَيْهِ السَّلامُ: أَرَأَيْتَ ما جاءَ بِهِ مُوسَى مِنَ الْآياتِ شاهَدْتَهُ؟! أَلَيْسَ أَنَّما جاءَ فِي الْأَخْبارِ بِهِ مِنْ ثِقاتِ أَصْحابِ مُوسَى أَنَّهُ فَعَلَ ذَلِكَ؟! قالَ: بَلَى، قالَ: فَكَذَلِكَ أَتَتْكُمُ الْأَخْبارُ الْمُتَواتِرَةُ بِما فَعَلَ عِيسَى بْنُ مَرْيَمَ فَكَيْفَ صَدَّقْتُمْ بِمُوسَى وَلَمْ تُصَدِّقُوا بِعِيسَى؟! فَلَمْ يُحِرْ جَواباً، قالَ الرِّضا عَلَيْهِ السَّلامُ: وَكَذَلِكَ أَمْرُ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ وَما جاءَ بِهِ وَأَمْرُ كُلِّ نَبِيٍّ بَعَثَهُ اللّهُ، وَمِنْ آياتِهِ أَنَّهُ كانَ يَتِيماً فَقِيراً راعِياً أَجِيراً لَمْ يَتَعَلَّمْ كِتاباً وَلَمْ يَخْتَلِفْ إِلَى مُعَلِّمٍ، ثُمَّ جاءَ بِالْقُرْآنِ الَّذِي فِيهِ قَصَصُ الْأَنْبِياءِ وَأَخْبارُهُمْ حَرْفاً حَرْفاً وَأَخْبارُ مَنْ مَضَى وَمَنْ بَقِيَ إِلَى يَوْمِ الْقِيامَةِ، ثُمَّ كانَ يُخْبِرُهُمْ بِأَسْرارِهِمْ وَما يَعْمَلُونَ فِي بُيُوتِهِمْ، وَجاءَ بِآياتٍ كَثِيرَةٍ لا تُحْصَى»[7]; «Пас Ризо алайҳи салом ба ӯ фармуд: Эй раъсул Ҷолут! Аз ту дар бораи Паёмбарат Мӯсо ибни Имрон мепурсам, гуфт: Бипурс, фармуд: Чи ҳуҷҷияте бар субути Паёмбарии Мӯсо вуҷуд дорад? Яҳудӣ гуфт: Ӯ чизе овард ки аҳаде аз Паёмбарони пеш аз ӯ наёварда буд, фармуд: Монанди чи? Гуфт: Монанди шикофтани дарё ва табдил кардани асо ба море ки мешитобид ва задан ба санг ва ҷӯшидани чашмаҳо аз он ва берун овардани Яди Байзоъ барои нозирон ва мӯъҷизоте ки халқ қодир ба овардани монанди он нестанд, Ризо алайҳи салом ба ӯ фармуд: Рост гуфтӣ, ҳаргоҳ ҳуҷҷати ӯ бар Паёмбариаш ин буд ки чизе овард ки халқ қодир ба овардани монанди он нест оё на ин аст ки ҳар кас иддаъои Паёмбарӣ кунад, сипас чизе биёварад ки халқ қодир ба овардани монанди он нестанд, бар шумо воҷиб аст ки ӯро тасдиқ кунед? ... Пас чи чизе туро аз иқрор ба Исо ибни Марям боз медорад, дар ҳоле ки мурдагонро зинда мекард ва кӯри модарзод ва песро шифо медод ва аз гил монанди мурғе месохт ва дар он медамид, пас мурғе мешуд ба изни Худованд? Раъсул Ҷолут гуфт: Гуфта мешавад ки ӯ ин корҳоро анҷом дод, вале мо худ онҳоро мушоҳида накардаем, Ризо алайҳи салом фармуд: Оё худ мӯъҷизоте ки Мӯсо овардро мушоҳида кардаи?! Оё на ин аст ки танҳо ахборе аз сиқоти асҳоби Мӯсо расидааст ки ӯ онҳоро анҷом дод?! Гуфт: Чаро, фармуд: Ба ҳамин тартиб, ахбори мутавотир дар бораи корҳойе ки Исо ибни Марям анҷом дод ба шумо расидааст, пас чигуна Мӯсоро тасдиқ кардед ва Исоро тасдиқ накардаед?! Пас натавонис ҷавоб бидиҳад, Ризо алайҳи салом фармуд: Кори Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва чизе ки овард ва кори ҳар Паёмбаре ки Худованд фиристода низ ҳамин гуна аст ва аз мӯҷизоти ӯ ин буд ки ӯ ятимӣ фақир ва чӯппонӣ аҷир буд ки хондан ва навиштан намедонист ва ба назди муъаллиме нарафта буд, сипас Қаръонеро овард ки дар он қиссаи Паёмбарон ва ахбори онон ҳарф ба ҳарф омадааст ва ахбори гузаштагон ва ояндагон то рӯзи қиёмат, сипас ононро аз исрорашон ва корҳойе ки дар хонаҳошон мекарданд хабар дод ва мӯъҷизоти фаровоне овард ки ба эҳсо дарнамеояд». Ин фарозе аз мунозираи Марвӣ аз имом Алӣ ибни Мӯсарризо дар кутуби мутақаддими шиъа аст ки ба вузуҳ бар ниёзи Паёмбар ба мӯъҷиза далолат дорад ва ба сароҳат мегӯяд: «Оё на ин аст ки ҳар кас иддаъои Паёмбарӣ кунад, сипас чизе биёварад ки халқ қодир ба овардани монанди он нест, бар шумо воҷиб аст ки ӯро тасдиқ кунед?» Ва мегӯяд: «Кори Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва чизе ки овард ва кори ҳар Паёмбаре ки Худованд фиристода низ ҳамин гуна аст».

3 . Бар хилофи пиндори ғайри мусалмонон, Худованд аз қарор додани мӯъҷиза барои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салллам имтино накарда; Чунонки кутуби мусалмонон аз зикри мӯъҷизоти он Ҳазрат оканда аст, бал аз қарор додани мӯъҷизае барои ӯ имтиноъ карда ки мавриди дархости кофирон будааст; Чароки мӯъҷизоти қаблӣ барои тасдиқи ӯ кофӣ буда ва ниёзе ба мӯъҷизаи ҷадид набудааст; Чунокни худ ба ин нукта тасриҳ карда ва фармудааст: ﴿وَقَالُوا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ آيَاتٌ مِنْ رَبِّهِ ۖ قُلْ إِنَّمَا الْآيَاتُ عِنْدَ اللَّهِ وَإِنَّمَا أَنَا نَذِيرٌ مُبِينٌ ۝ أَوَلَمْ يَكْفِهِمْ أَنَّا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ يُتْلَى عَلَيْهِمْ[8]; «Ва гуфтанд: Чаро бар ӯ мӯъҷизоте аз Парвардигораш нозил нашуд?! Бигӯ: Ҷуз ин нест ки мӯъҷизот назди Худованд аст ва ман танҳо бим диҳандаи ошкорам. Оё барои онон кофӣ набуд ки мо бар ту китобро нозил кардем ки бар онон тиловат мешавад?!» Ва ин яъне мӯъҷизаи Қуръон барои онон кофӣ аст ва мӯъҷизаи дигар барои онон зарурат надорад, агарчи ҳаргоҳ Худованд бихоҳад, мӯъҷизоти дигаре низ барои онон нозил мекунад; Чунонки нозил кард ва кутуби мусалмонон аз зикри онҳо оканда аст[9].

4 . Судури мӯъҷиза ҳеҷ гоҳ масодиф бо нузули азоб набуда; Зеро ғараз аз судури мӯъҷиза ҳидояти мардум аст ки бо бақоъи онон имкон дорад ва бо ин васф, чизе ки мардумро боқӣ намегузорад, мӯъҷиза маҳсуб намешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки имони мардум пас аз мушоҳидаи азоб пазируфта нест; Чунонки фармудааст: ﴿فَلَمْ يَكُ يَنْفَعُهُمْ إِيمَانُهُمْ لَمَّا رَأَوْا بَأْسَنَا[10]; «Пас ҳаргиз имонашон ба онон суд намерасонад ҳангоме ки азоби моро диданд», дар ҳоле ки имонашон пас аз мушоҳидаи мӯъҷиза пазирутааст. Оре, гоҳ инкори мӯъҷиза –ва на судури он– масодиф бо нузули азоб буда; Чунонки фармудааст: ﴿كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذْنَاهُمْ أَخْذَ عَزِيزٍ مُقْتَدِرٍ[11]; «Ҳамаи мӯъҷизотамонро такзиб карданд, пас ононро бо иззат ва иқтидор гирифтем» Ва миёни ин ду фарқи бисёре аст.

Аз инҷо дониста мешавад ки муддаъиёни дурӯғин, бар Худованд ва Паёмбараш ва аҳли байти Паёмбараш ифтиро мебанданд ва шубаҳоти онон аз тори анкабут сутстар аст.

↑[1] . Иброҳим/ 9
↑[2] . Ҳадид/ 25
↑[3] . ҷ1, с341
↑[4] . Ал-Хароъиҷ вал ҷароъиҳ, ҷ1, с345
↑[5] . Саф/ 6
↑[6] . Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ1, с221
↑[7] . Ибни Бобувей, Ал-Тавҳид, с429; Ҳаму, Уюни Ахборил Ризо, ҷ1, с149
↑[8] . Анкабут/ 50 ва 51
↑[9] . Ба унвони намуна, бингаред ба: «دلائل النبوّة ومعرفة أحوال صاحب الشریعة» навишати Аҳмад ибни Ҳусейни Байҳақӣ дар 7 ҷилд ва китоби «دلائل النبوّة» навиштаи Исмоъил ибни Муҳаммади Исбаҳонӣ дар 4 ҷилд.
↑[10] . Ғофир/ 85
↑[11] . Қамар/ 42
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.