1 . أَخْبَرَنا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: یُعْرَفُ الْکَذّابُ بِسِتِّ خِصالٍ: یَدَّعِي ما لا یَقْدِرُ عَلَى إِثْباتِهِ وَ یُغَیِّرُ دَعْواهُ وَ یُخْبِرُ عَمّا فِي السَّماءِ وَ هُوَ لا یَعْلَمُ ما فِي الْأَرْضِ وَ یُحَدِّثُ النّاسَ بِما لا یَعْرِفُونَ وَ یُفَسِّرُ الْقُرْآنَ بِرَأیِهِ یَزْعُمُ أَنَّهُ باطِنُهُ وَ یَحْتَجُّ بِخَبَرِ الْواحِدِ.
Тарҷумаи гуфтор:
Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳиравӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Каззоб бо шиш вежагӣ шинохта мешавад: [1] Чизеро иддаъо мекунад ки наметавонад онро исбот кунад [2] Ва иддаъои худро тағйир медиҳад [3] Ва аз осмон хабар медиҳад дар ҳоле ки аз ончи дар замин аст хабар надорад [4] Ва ба мардум чизҳойи (аҷиб ва ғариб) мегӯяд ки барояшон шинохта нест [5] Ва Қуръонро ба раъйи худ тафсир мекунанд, бо ин иддаъо ки ботини он аст [6] Ва ба хабари воҳид истинод мекунад.
2 . أَخْبَرَنا عِیسَی بْنُ عَبْدِ الْحَمِیدِ الْجُوزَجانِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: ما كَذَبَ النّاسُ عَلَى رَجُلٍ كَما كَذَبُوا عَلَی الْمَهْدِيِّ! فَمَنْ أَتاكُمْ یَدْعُوكُمْ إِلَى نَفْسِهِ مُحْتَجّاً عَلَیْكُمْ بِخَبَرِ واحِدٍ فَلا تُصَدِّقُوهُ! قُلْتُ: وَ إِنْ وافَقَهُ ذَلِكَ الْخَبَرُ؟! قالَ: وَ إِنْ وافَقَهُ ذَلِكَ الْخَبَرُ! ثُمَّ قالَ: اللّهُ أَكْبَرُ مِنْ أَن یُعْبَدَ بِخَبَرِ واحِدٍ!
Тарҷумаи гуфтор:
Исо ибни Абдулҳамиди Ҷавузҷонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Мардум чандон ки бар Маҳдӣ дурӯғ бастаанд, бар касе дурӯғ набастаанд! Пас ҳар кас ба назди шумо омад ва шуморо ба сӯӣ худ даъват кард дар ҳоле ки бар шумо ба хабари воҳиде эҳтиҷоҷ менамуд, пас ӯро тасдиқ накунед! Гуфтам: Агар чи он хабар бо ӯ мувофиқ бошад? Фармуд: Агар чи он хабар бо ӯ мувофиқ бошад! Сипас фармуд: Худованд бузургтар аз он аст ки бино бар хабари воҳиде парастиш шавад!
Шарҳи гуфтор:
«Эҳтиҷоҷ намудан» ба маънои «Ҳуҷҷат овардан» ва «Истидлол кардан» аст ва «Хабари воҳид», ривояте аст ки ровиёни он дар ҳар табақа ба ҳадди тавотур намерасанд ва масалан аз як ё ду ё се нафар таҷовуз намекунанд ва ба ҳамин сабаб, муҷиби яқин намешавад ва табъан наметавонад мабнои парастиши Худованд бошад.
3 . أَخْبَرَنا عَلِيُّ بْنُ إِسْماعِیلَ الدّامْغانِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنَّ هَذَا الرَّجُلَ -یَعْنِي أَحْمَدَ الْبَصْرِيَّ- یَدْعُو النّاسَ إِلَى نَفْسِهِ مُحْتَجّاً عَلَیْهِمْ بِخَبَرِ الطُّوسِيِّ فِي الْوَصِیَّةِ! فَقالَ: لَقَدْ أَكْثَرْتُمْ عَلَيَّ فِي هَذَا الرَّجُلِ! أَلا أُعْطِیكُمْ قاعِدَةً تَعْرِفُوا بِها هَذَا وَ أَمْثالَهُ؟ قُلْتُ: ما أَحْوَجَنا إِلَى هَذِهِ الْقاعِدَةِ! قالَ: مَنْ دَعاكُمْ إِلَى نَفْسِهِ مُحْتَجّاً عَلَیْكُمْ بِخَبَرِ واحِدٍ فَكَذِّبُوهُ وَ ما أَصابَكُمْ مِنْهُ مِنْ إِثْمٍ فَهُوَ فِي عُنُقِي! ثُمَّ قالَ: یَأبَی اللّهُ أَن یُعْبَدَ بِخَبَرِ واحِدٍ! أَوْ قالَ: یُعْرَفَ! الشَّكُّ مِنْ عَلِيِّ بْنِ إِسْماعِیلَ.
Тарҷумаи гуфтор:
Алӣ ибни Исмоъили Домғонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Ҳароина ин мард –яъне Аҳмади Басрӣ– мардумро ба сӯӣ худ даъват мекунад дар ҳоле ки ба хабари (Муҳаммад ибни Ҳасани) Тувсӣ дар бораи васият эҳтиҷоҷ менамояд! Пас фармуд: Ҳароина дар бораи ин мард бо ман бисёр сухан гуфтед! Пас оё ба шумо қоъидае надиҳам ки бо он ӯ ва амсоли ӯро бишиносед? Гуфтам: Чи андоза ба ин қоъида мӯҳтоҷем! Фармуд: Ҳар кас шуморо ба сӯӣ худ даъват кард дар ҳоле ки бар шумо ба хабари воҳиде эҳтиҷоҷ менамуд пас ӯро такзиб кунед ва ҳар гуноҳе ки аз ин бобат ба шумо расид, он бар гардани ман бошад! Сипас фармуд: Худованд ибо дорад аз инки бо хабари воҳиде парастиш шавад! Ё фармуд: Шинохта шавад! Шак аз Алӣ ибни Исмоъил аст.
Шарҳи гуфтор:
«Хабари Муҳаммад ибни Ҳасани Тувсӣ дар бораи васият» хабари воҳид ва заъифе аст ки ин олими шиъа дар яке аз китоби худ ба номи «Ал-Ғайба» аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят карда ва дар он номи дувоздаҳ халифаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам омада ва гуфта шудааст ки пас аз ин дувоздаҳ халифа, дувоздаҳ Маҳдӣ хоҳанд буд ки номи нахустини онон Абдуллоҳ, Аҳмад ва Маҳдӣ аст ва Аҳмадулҳасани Басрӣ иддаъо мекунад ки ҳамуст; Бо ин истидлоли сахиф ва густохона ки номаш Аҳмад аст ва иддаъои ӯ барои исботи иддаъояш кофӣ аст!!
4 . أَخْبَرَنا عَبْدُ اللّهِ بْنُ حَبِیبٍ الطَّبَرِيُّ، قالَ: كُنْتُ أَنا وَ الْحَسَنُ بْنُ الْقاسِمِ عِنْدَ الْمَنْصُورِ فَقالَ لَنا: إِنَّ عَلِيّاً لَمّا أَرادَ الْخُرُوجَ مِنَ الْبَصْرَةِ قامَ عَلَى أَطْرافِها وَ قالَ: لَعَنَكِ اللّهُ يا أَنْتَنَ الْأَرْضِ تُراباً وَ أَسْرَعَها خَراباً وَ أَشَدَّها عَذاباً، فِيكِ الدّاءُ الدَّوِيُّ، قِيلَ: وَ مَا الدّاءُ الدَّوِيُّ يا أميرَ الْمُؤْمِنينَ؟! قالَ: الْكِذْبُ عَلَيْنا أَهْلِ الْبَيْتِ وَ اسْتِحْلالُ الْكِذْبِ عَلَيْنا! ثُمَّ الْتَفَتَ إِلَيَّ وَ قالَ: أَلا تَرَى هَذَا الْبَصْرِيَّ كَیْفَ یَكْذِبُ عَلَیْهِمْ؟! -یَعْنِي أَحْمَدَ الْحَسَنَ! قُلْتُ: جُعِلْتُ فِداكَ إِنَّ هَذَا الْكَذّابَ یَحْتَجُّ عَلَی النّاسِ بِرِوایَةٍ رَواهَا الطُّوسِيُّ فِي غَیْبَتِهِ! قالَ: إِنَّ اللّهَ أَحْكَمُ وَ أَعْدَلُ و أَكْرَمُ وَ أَجَلُّ مِنْ أَن یَحْتَجَّ عَلَی النّاسِ یَوْمَ الْقِیامَةِ بِرِوایَةٍ رَواهَا الطُّوسِيُّ فِي غَیْبَتِهِ!
Тарҷумаи гуфтор:
Абдуллоҳ ибни Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Ман ва Ҳасан ибни Қосими (Теҳронӣ) назди ҳазрати Мансур будем, пас ба мо фармуд: Ҳароина Алӣ (ба дунболи ҷанги Ҷамал) ҳангоме ки хост аз шаҳри Басра хориҷ шавад бар пиромуни он истод ва фармуд: Худованд туро лаънат кунад эй ки хокат нопоктарин хок ва вайрониат зудтарин вайронӣ ва азобат сахттарин азоб дар замин аст! Дарди ҷонкоҳ дар туст! Гуфта шуд: Дарди ҷонкоҳ чист эй амири мӯъминон?! Фармуд: Дурӯғ бастан бар мо аҳли байт ва ҳалол шумурдани дурӯғ бастан бар мо! Сипас он ҳазрат ба ман таваҷҷуҳ кард ва фармуд: Оё ин марди Басриро намебинӣ ки чигуна бар онон дурӯғ мебандад? –Яъне Аҳмадулҳасан! Гуфтам: Фидоят шавам, ин каззоб бар мардум ба ривояте эҳтиҷоҷ мекунад ки Тувсӣ дар китоби Ғайбаташ нақл кардааст! Фармуд: Худованд Ҳакимтар ва Одилтар ва Каримтар ва Бузаргтар аз он аст ки бар мардум дар рӯзи қиёмат ба ривояте эҳтиҷоҷ кунад ки Тувсӣ дар китоби Ғайбаташ нақл кардааст!
5 . أَخْبَرَنَا صَالِحُ بْنُ مُحَمَّدٍ السَّبْزَوَارِيُّ، قَالَ: قَالَ لِيَ الْمَنْصُورُ: بِمَ يَحْتَجُّ هَؤُلَاءِ الْحَمْقَى؟ قُلْتُ: مَنْ جُعِلْتُ فِدَاكَ؟! فَإِنَّ الْحَمْقَى لَكَثِيرٌ! قَالَ: شَيَاطِينُ هَذَا الْبَصْرِيِّ! قُلْتُ: يَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ رَأَوْهُ فِي النَّوْمِ! قَالَ: كَذَبُوا وَاللَّهِ، فَإِنَّ دِينَ اللَّهِ أَعَزُّ مِنْ أَنْ يُرَى فِي النَّوْمِ! ثُمَّ خَرَجَ إِلَى السَّاحَةِ وَخَرَجْتُ مَعَهُ فَأَخَذَ بِيَدِهِ إِبْرِيقًا لِيَتَوَضَّأَ لِلصَّلَاةِ فَذَهَبْتُ لِأَصُبَّ عَلَيْهِ الْمَاءَ فَقَالَ: لَا أُشْرِكُ بِعِبَادَةِ رَبِّي أَحَدًا! ثُمَّ أَشَارَ إِلَى الْإِبْرِيقِ وَقَالَ: مَنِ ادَّعَى عَلَيْكُمْ هَذَا مُحْتَجًّا عَلَيْكُمْ بِمَا رَأَى فِي النَّوْمِ أَوْ رُؤِيَ لَهُ فَلَا تُعْطُوهُ هَذَا وَإِنْ جُدِعَ أَنْفُهُ!
Тарҷумаи гуфтор:
Солеҳ ибни Муҳаммади Сабзаворӣ моро хабар дод, гуфт: Ҳазрати Мансур ба ман фармуд: Ин аҳмақҳо ба чи чизе эҳтиҷоҷ мекунанд? Гуфтам: Чи касоне фидоят шавам?! Аҳмақҳо бисёранд! Фармуд: Шаётини ин Басрӣ (яъне ёрони ӯ)! Гуфтам: Мепиндоранд ки (ҳаққонияти) ӯро дар хоб дидаанд! Фармуд: Дурӯғ мегӯянд ба Худо савганд, ҳароина дини Худованд устувортар аз он аст ки дар хоб дида шавад! Сипас ба сӯӣ ҳавли берун рафт ва ман низ бо ӯ берун рафтам, пас бо дасти худ офтобаеро баргирифт то барои намоз вузу бигирад, пас ман пеш рафтам то барои ӯ об бирезам, пас (иҷоза надод ва) фармуд: Дар ибодоти Парвардигорам касеро шарик намекунам! Сипас ба офтоба ишора кард ва фармуд: Ҳар кас инро бар шумо муддаъӣ шуд дар ҳоле ки ба ончи худ ё касӣ дигар барои ӯ дар хоб дидааст эҳтиҷоҷ мекард, пас инро ба ӯ надиҳед, агарчи бинияш бурида шавад!
Шарҳи гуфтор:
«Агарчи бинияш бурида шавад», таъбирӣ кинойи ва фасиҳ ба маънои манкӯб шудан ва расидан ба ниҳояти хорӣ ва машаққат аст ва мурод аз он ин аст ки ҳаргоҳ касе бо истинод ба хоби худ ё дигарон муддаъии моликияти як офтоба шуд, мутлақан онро ба ӯ надиҳед, то чи расад ба инки муддаъии мақомоти хоссе дар дин шавад!
6 . أَخْبَرَنا أَحْمَدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الطّالَقانِيُّ، قالَ: قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: ما بَقِيَ مِنْ كَلْبٍ وَ لا سِنَّوْرٍ إِلّا وَ قَدِ ادَّعَى هَذَا الْأَمْرَ! قالَ: وَیْحَكَ! بِمَ یَحْتَجُّونَ؟ قُلْتُ: یَأخُذُونَ رِوایَةً فَیُأَوِّلُونَها! قالَ: إِذا أَتاكُمْ مَنْ تُوعَدُونَ یَحْتَجُّ عَلَیْكُمْ بِأَبْیَنَ مِنْ هَذَا! قُلْتُ: وَ ما هُوَ؟ قالَ: آیَةٌ باهِرَةٌ!
Тарҷумаи гуфтор:
Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Ҳеҷ саг ва гурбае боқӣ намонда магар онки ин амрро иддаъо кардааст! Фармуд: Вой бар ту! Ба чи чизе эҳтиҷоҷ мекунанд? Гуфтам: Ривоётеро мегӯянд ва онро таъвил мекунанд! Фармуд: Ҳаргоҳ касе ки ваъда дода мешавед биёйед бар шумо ба чизе рӯшантар аз ин эҳтиҷоҷ мекунад! Гуфтам: Он чист? Фармуд: Оятӣ ошкор!
7 . أَخْبَرَنا أَحْمَدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الطّالَقانِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: کُلُّ مَنْ تَسَلَّطَ عَلَی النّاسِ بِغَیْرِ إِذْنِ اللّهِ ثُمَّ قالَ لَهُمْ مَنْ أَطاعَنِي فَقَدْ أَطاعَ اللّهَ وَ مَنْ عَصانِي فَقَدْ عَصَی اللّهَ فَهُوَ دَجّالٌ وَ إِنْ کانَ ذا عِلْمٍ وَ صَلاحٍ! قُلْتُ: بِماذا یُعْرَفُ إِذْنُ اللّهِ؟ قالَ: إِنَّما یُعْرَفُ إِذْنُ اللّهِ بِآیَةٍ بَیِّنَةٍ أَوْ وَصِیَّةٍ ظاهِرَةٍ! قُلْتُ: وَ ما آیَةٌ بَیِّنَةٌ؟ قالَ: آیَةٌ وَعَدَها نَبِيٌّ أَوْ وَصِيُّ نَبِيٍّ کَما قالَ نَبِيٌّ فِي طالُوتَ: ﴿إِنَّ آيَةَ مُلْكِهِ أَنْ يَأْتِيَكُمُ التَّابُوتُ فِيهِ سَكِينَةٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَبَقِيَّةٌ مِمَّا تَرَكَ آلُ مُوسَى وَآلُ هَارُونَ تَحْمِلُهُ الْمَلَائِكَةُ ۚ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾! قُلْتُ: وَ ما وَصِیَّةٌ ظاهِرَةٌ؟ قالَ: هِيَ أَنْ تَقْدِمَ مَدِینَةَ نَبِيٍّ أَوْ وَصِيِّ نَبِيٍّ فَتَسْأَلَ عَنْهَا الْعامَّةَ وَ الصِّبْیانَ وَ الْعَجائِزَ إِلَى مَنْ أَوْصَى فُلانٌ؟ فَیَقُولُوا: إِلَى فُلانِ بْنِ فُلانٍ! قُلْتُ: وَاللّهِ ما أَبْقَیْتَ لِلدَّجاجِلَةِ مَسْلَکاً یَسْلُکُوهُ! قالَ: أَنا ما أَبْقَیْتُ لَهُمْ؟! بَلِ اللّهُ ما أَبْقَى لَهُمْ! أَرادَ أَن یَسُدَّ خَلَّةً فَفَعَلَ! ثُمَّ أَشارَ بِیَدِهِ إِلَى شَمْسٍ داخِلَةٍ فِي الْبَیْتِ فَقالَ: أَلَیْسَتْ هَذِهِ الشَّمْسُ بَیِّنَةً؟ قُلْتُ: بَلَى جُعِلْتُ فِداكَ، قالَ: فَإِنَّ دِینَ اللّهِ أَبْیَنُ مِنْ هَذِهِ ﴿لِيَهْلِكَ مَنْ هَلَكَ عَنْ بَيِّنَةٍ وَيَحْيَى مَنْ حَيَّ عَنْ بَيِّنَةٍ ۗ وَإِنَّ اللَّهَ لَسَمِيعٌ عَلِيمٌ﴾!
Тарҷумаи гуфтор:
Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Ҳар кас бидуни изни Худованд бар мардум султа ёбад, сипас бигӯяд ҳар кас аз ман итоъат кунад аз Худованд итоъат карда ва ҳар кас аз ман нофармонӣ кунад аз Худованд нофармонӣ карда, ӯ даҷҷол аст агарчи дорои илм ва силоҳ бошад! Гуфтам: Изни Худованд бо чи чизе шинохта мешавад? Фармуд: Изни Худованд танҳо бо оятӣ баййина ё васиятӣ зоҳира шинохта мешавад! Гуфтам: Оятӣ баййина чист? Фармуд: Ояте ки Паёмбар ё васиййи Паёмбаре онро ваъда додааст, Чунонки Паёмбаре дар бораи Толут фармуд: «Ҳароина ояти ҳукумати ӯ ин аст ки тобутро барои шумо меоварад ки дар он оромише аз Парвардигоратон ва бозмондае аз чизе аст ки Оли Мӯсо ва Оли Ҳорун барҷой ниҳодаанд ва фариштагон онро ҳамл мекунанд, ҳароина дар он барои шумо ояте аст агар мӯъмин бошед»[1]! Гуфтам: Васиятӣ зоҳира чист? Фармуд: Он ин аст ки ба шаҳри Паёмбар ё васиййи Паёмбаре дохил шавӣ пас дар он аз омма ва кӯдакон ва пиразанон бипурсӣ ки фалонӣ ба чи касе васият кард? Пас бигӯянд: Ба фалонӣ писари фалонӣ! Гуфтам: Ба Худо савганд барои даҷҷолон ҳеҷ роҳе боқӣ нагузоштӣ ки аз он ворид шаванд! Фармуд: Ман барояшон боқӣ нагузоштам?! Балки Худованд барояшон боқӣ нагузошт! Хост ки рихнаеро бибандад пас баст! Сипас бо дасти худ ба офтобе дар хона ишора кард ва фармуд: Оё ин офтоб рӯшан нест? Гуфтам: Бале, фидоят шавам! Фармуд: Ҳароина дини Худованд аз ин рӯшантар аст «То ҳар кас ки ҳалок мешавад дар рӯшанӣ ҳалок шавад ва ҳар кас ки зинда мемонад дар рӯшанӣ зинда бимонад ва ҳароина Худованд шунавойи доност»[2]!
8 . أَخْبَرَنا صالِحُ بْنُ مُحَمَّدٍ السَّبْزَوارِيُّ، قالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: تَعَوَّذُوا بِاللّهِ مِنْ فِتْنَةِ الْمَسِیحِ الدَّجّالِ! قُلْتُ: وَ مَا الْمَسِیحُ الدَّجّالُ؟ قالَ: مَن یَدَّعِي ما یُخالِفُ کِتابَ اللّهِ ثُمَّ یُقِیمُ عَلَیْهِ مُعْجِزَةً فَهُوَ الْمَسِیحُ الدَّجّالُ! قُلْتُ: لِماذا یُسَلِّطُهُ اللّهُ عَلَى إِقامَةِ الْمُعْجِزاتِ؟! قالَ: لِیَعْلَمَ مَنْ يتَّبِعُ الرَّسُولَ مِمَّنْ ينْقَلِبُ عَلَى عَقِبَيهِ وَ قالَ الرَّسُولُ: لا إِلَهَ إِلَّا اللّهُ وَ قالَ لا نَبِيَّ بَعْدِي وَ قالَ الْأَئِمَّةُ بَعْدِي اثْنا عَشَرَ إِماماً!
Тарҷумаи гуфтор:
Солеҳ ибни Муҳаммади Сабзаворӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Аз фитнаи масеҳи даҷҷол ба Худованд паноҳ бибаред! Гуфтам: Масеҳи даҷҷол кист? Фармуд: Касе ки чизе мухолиф бо китоби Худовандро иддаъо мекунад ва сипас барои он мӯъҷизае иқома медорад ӯ масеҳи даҷҷол аст! Гуфтам: Барои чи Худован ӯро бар иқомаи мӯъҷизот тавоно месозад?! Фармуд: Барои инки бидонад чи касе аз Паёмбар пайравӣ мекунад ва чи касе ба пушти сараш бар мегардад ва Паёмбар фармуд: Худйе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва фармуд: Паёмбаре пас аз ман нест ва фармуд: Имомон пас аз ман дувоздаҳ нафаранд!
9 . أَخْبَرَنا عَبْدُ السَّلامِ بْنُ عَبْدِ الْقَیُّومِ الْبَلْخِيُّ، قالَ: دَخَلْتُ عَلَی الْعَبْدِ الصّالِحِ وَ هُوَ فِي مَسْجِدٍ فَسَمِعْتُهُ یَقُولُ لِلنّاسِ: أَیُّهَا النَّاسُ! إِذا أَتاكُمْ آتٍ بِما أَتَى بِهِ الْمَسِیحُ عَلَیْهِ السَّلامُ ثُمَّ قالَ إِنِّي إِلَهٌ مِنْ دُونِ اللّهِ أَوْ نَبِيٌّ مِنْ بَعْدِ مُحَمَّدٍ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ أَوْ إِمامٌ مِنْ بَعْدِ الْمَهْدِيِّ عَلَیْهِ السَّلامُ فَلا تُصَدِّقُوهُ فَإِنَّهُ الْمَسِیحُ الدَّجّالُ! أَلا هَلْ بَیَّنْتُ؟! أَلا هَلْ عَلَّمْتُ؟! ﴿أَنْ تَقُولُوا يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَذَا غَافِلِينَ﴾!
Тарҷумаи гуфтор:
Абдуссалом ибни Абдулқаюми Балхӣ моро хабар дод, гуфт: Бар бандаи солеҳ (яъне Мансур) ворид шудам дар ҳоле ки дар масҷиде буд, пас шунидам ки ба мардум мефармояд: Эй мардум! Ҳаргоҳ касе бо мӯъҷизоти Масеҳ алайҳи салом ба назди шумо омад, сипас гуфт ман худойе ҷуз Аллоҳ ҳастам ё паёмбаре пас аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастам ё имоме пас аз Маҳдӣ алайҳи салом ҳастам, ӯро тасдиқ накунед; Чароки ӯ масеҳи даҷҷол аст! Ҳало оё табйин кардам?! Ҳало оё таълим додам?! «Мабодо дар рӯзи қиёмат бигӯйед ки мо аз ин бехабар будем»[3]!
Шарҳи гуфтор:
Акнун агар оқил ҳастӣ ва ҳанӯз дар тақлид ва таъассуб ва такаббур ғарқ нашудаи, ин ҳикматҳои ноб ва гавҳарҳои ноёбро қадр бидон ва овезаи гӯши худ бикун то дар ин ҳангомаи пурфитна ва рӯзгори пуршубҳа, ҳар дурӯғгӯйи шайёде туро нафиребад ва ба сӯӣ залолат ва шақоват накашонад ва аз роҳи ҳақ боз надорад ва бидон ки соҳиби ин ҳикматҳои ноб ва маъдани ин гавҳарҳои ноёб, дӯсте аз дӯстони Худованд ва роҳнамойи бузург аз сиддиқон аст ки бо инкор ва эърози ту кӯчак намешавад, ҳар чанд дар ин ду кӯшо бошӣ; Чароки ҳаргиз офтоб бо дастони ту пӯшонида намешавад ва дарё дар зери поҳоят пинҳон намегардад ва агар ту забон ба бузургдошти ӯ нагушойи ва ба фазилати ӯ иқрор накунӣ, зуд бошад ки суханшиносони нуктасанҷ ва борикбинони озода аз ҳар гӯшаи ҷаҳон сар бароваранд ва чизе ки ту қадр намедониро қадр бидонанд ва чизе ки ту кетмон мекуниро ошкор намоянд ва агар онон низ сукут кунанд, замин ва осмон ба фарёд оянд ва ба фазилат ва садоқати ӯ шаҳодат диҳанд ва он гоҳ барои ту ва сойири мункирон ва сукут кунандагон, баҳрае ҷуз шармсорӣ нест.
Барои хондани ҳикматҳои дигар аз он ҳазрат дар бораи даҷҷолон, ба гуфтори 117 муроҷиъа кунед.