Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

унвони намуна аз Фиръавн дар баробари Мӯсо ёд карда ва фармудааст: ﴿وَنَادَىٰ فِرْعَوْنُ فِي قَوْمِهِ قَالَ يَا قَوْمِ أَلَيْسَ لِي مُلْكُ مِصْرَ وَهَٰذِهِ الْأَنْهَارُ تَجْرِي مِنْ تَحْتِي ۖ أَفَلَا تُبْصِرُونَ ۝ أَمْ أَنَا خَيْرٌ مِنْ هَٰذَا الَّذِي هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ ۝ فَلَوْلَا أُلْقِيَ عَلَيْهِ أَسْوِرَةٌ مِنْ ذَهَبٍ أَوْ جَاءَ مَعَهُ الْمَلَائِكَةُ مُقْتَرِنِينَ﴾[1]; «Ва Фиръавн дар миёни қавми худ овоз дод, гуфт: Эй қавми ман! Оё подшоҳии Миср аз они ман нест ва ин рудҳо аз зери ман ҷорӣ намешаванд?! Оё намебинед?! Ё ман бартарам аз ин касе ки ночиз аст ва наздик нест ба рӯшанӣ сухан гӯяд! Пас чаро бар ӯ дастбандҳое аз тилло нозил нашуд ё фариштагон ба ҳамроҳии ӯ наёмаданд?!», дар ҳоле ки Мӯсо бо ҳамаи ин авсоф, бар ӯ ғолиб шуд! Ҳамчунонки султаи мусалмонон дар даҳаҳои нахустини Исломӣ бар импиротуриҳои ғарб ва шарқ, ношӣ аз абзорҳои пешрафтаи таблиғотӣ ё ҳатто низомии онон набуд, бал ношӣ аз ҷаззобияти паёми онон буд ки тавонист зарқу барқҳои импиротуриҳои ҷаҳонро аз чашми мардум бияндозад ва заминаи пешравиҳои сиёсӣ ва низомии онон ба рағми имконот маҳдудашонро фароҳам созад.

Ҳосил онки шинохти ҳақ барои касоне муяссар аст ки тақлидро дар ҳамаи суратҳои он аъам аз тақлиди пешиниён, олимон, золимон, кофирон ва аксарияти мардум вониҳода ва ақлро меъёри шинохти худ қарор дода бошанд ва дар заминаи ақойид ва аъмоли худ, ба занни ҳосил аз гуфта ва кардаи дигарон қонеъ набошанд.

3. Аҳвоъи нафсонӣ

Яке дигар аз мавонеъи шинохт, «Аҳвоъи нафсонӣ» аст; Чароки нафси одамӣ, ба иқтизои ғаройизи худ, хушояндҳо ва нохушояндҳое дорад ки лузуман бо воқеъ мутобиқ нестанд ва бар шинохти ӯ аз он, таъсир мегузоранд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَعَسَىٰ أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَىٰ أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ﴾[2]; «Ва бошад ки чизеро хуш надошта бошед ва он бароятон хайр бошад ва бошад ки чизеро хуш дошта бошед ва он бароятон шар бошад ва Худованд медонад ва шумо намедонед»! Ин хушояндҳо ва нохушояндҳо ки аз авотифи

↑[1] . Зухруф/ 51 то 53
↑[2] . Бақара/ 216