Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

Сухани ношир

«Закотул илми нашруҳ»

Китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» асарӣ мумтоз, арзишманд ва инқилобӣ дар ҳавзаи Исломшиносӣ аст ки бо нақди хирадварзонаи қироъати мавҷуд аз Ислом ва бозтаърифи мабонӣ ва манобеъи он, ба ҳамроҳи осебшиносии торихии ақойид ва аъмоли мусалмонон, бар пояи яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ ва бар канор аз пешфарзҳо ва роҳбурдҳои заннӣ, ба сӯи иқомаи Исломи комил ва холис дар сартосари ҷаҳон даъват мекунад. Нигорандаи донишманд ва фарзонаи ин китоб, ҳазрати аълома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бо нубуғи хос ва Худододии худ ки бар аҳли диққат ва фаросат пӯшида нест, бунёдитарин мабоҳиси илмӣ ва тахассусӣ дар бораи Исломро бо иборотӣ гӯё ва қобили фаҳм барои умуми мусалмонон, матраҳ мекунад ва бо беэътиноии амдӣ ба истилоҳоти ройиҷ ва иҷтиноби огоҳона аз лаффозиҳо ва зиёдагӯиҳои маъмул, амиқтарин ва дақиқтарин маъорифи Исломро бо содатарин ва шафофтарин услуб, ба риштаи таҳрир дар меоварад ва бо ворастагии комил аз фирқаҳо ва мазоҳиби гуногун ва озодагии далерона аз қолибҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ, дар ҳайъати як мусалмони ҳаниф зоҳир мешавад ва бародарон ва хоҳарони ҳамсафари худ аз ҳар фирқа, мазҳаб ва сарзамнро по ба пои худ, аз замин то осмони маърифати динӣ мерасонад; Чароки ҳамаи пешфарзҳои Исломиро ба каноре мениҳад ва аз мабодии аввалия оғоз мекунад ва сипас дар сафари дарози илмӣ ва маърифатии худ, бо пояфзори хирад дар рӯшанойии китоби Худованд ки чунон чароғе дар пешрӯӣ ӯ медурахшад, ба волотарин улум ва маъорифи Исломӣ даст меёбад ва дар ин миён, ҳаргиз ба куллигӯӣ ва баёни мафоҳими интизоъӣ басанда намекунад, балки бо басират ва огоҳии комил нисбат ба аҳли замони худ, масодиқи айнӣ ва воқеъӣ дар ҷаҳони Исломро меёбад ва муъаррифӣ мекунад ва аз ифшои иштибоҳот ва инҳирофоти мусалмонон бо шеваи хайрхоҳона ва ислоҳгарона, боке ба худ роҳ намедиҳад.