Панҷшанбе 25 Апрел 2024 мелодӣ / 16 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

Худованд фармудааст: ﴿وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللَّهِ إِلَّا وَهُمْ مُشْرِكُونَ﴾[1] Ва табъан аксари онон фосиқанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ﴾[2] Ва шокир шумурда намешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَشْكُرُونَ﴾[3] Ва фармудааст: ﴿وَلَا تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ﴾,[4] Балки аксари онон монанди чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтар аз онҳо шумурда мешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا﴾![5] Дар ҳоле ки ақаллияти онон, ҳаққро мешиносанд ва пайравӣ мекунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ﴾[6] Ва фармудааст: ﴿فَلَا يُؤْمِنُونَ إِلَّا قَلِيلًا﴾[7] Ва фармудааст: ﴿تَوَلَّوْا إِلَّا قَلِيلًا مِنْهُمْ ۗ﴾[8] Ва фармудааст: ﴿وَمَا آمَنَ مَعَهُ إِلَّا قَلِيلٌ﴾[9] Ва фармудааст: ﴿وَقَلِيلٌ مِنَ الْآخِرِينَ﴾[10] Ва фармудааст: ﴿وَقَلِيلٌ مِنْ عِبَادِيَ الشَّكُورُ﴾![11] Аз инҷо дониста мешавад ки пайравӣ аз аксарияти мардум, ваҷҳе надорад ва аз он ҳайс монеъи шинохт шумурда мешавад ки ҳақ, ҳаргоҳ бар хилофи гуфта ё кардаи онон бошад, ботил пиндошта мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ﴾[12]; «Ва агар аз аксари касоне ки дар заминанд пайравӣ куни, туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд»!

[Адами эътибори шӯҳрат]

Аз инҷо дониста мешавад ки шӯҳрати як гуфта, далолате бар сиҳати он надорад ва ривоҷи як карда, дурустии онро собит намекунад; Ҳамчунонки адами шӯҳрати як гуфта ва адами ривоҷи як карда, далиле бар нодурустии он нест; Бо таваҷҷуҳ ба инки нодурустии гуфта ва кардаи бештари мардум, мумкин балки шойеъ аст. Ин дар ҳоле аст ки бисёрӣ аз мусалмонон, гуфта ва кардаи бештари ононро улгуӣ гуфта ва кардаи худ сохтаанд ва дониста ё нодониста, аз он асар пазируфтаанд; Балки бисёрӣ

↑[1] . Юсуф/ 106
↑[2] . Тавба/ 8
↑[3] . Намл/ 73
↑[4] . Аъроф/ 17
↑[5] . Фурқон/ 44
↑[6] . Бақара/ 88
↑[7] . Нисоъ/ 155
↑[8] . Бақара/ 246
↑[9] . Ҳуд/ 40
↑[10] . Воқеъа/ 14
↑[11] . Сабаъ/ 13
↑[12] . Анъом/ 116