Панҷшанбе 4 Июн 2026 мелодӣ / 18 Зулҳиҷҷа 1447 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон дар ин бора; Ояи 7. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

ки Худои воҳид, се шахс аст: Падар, писар ва руҳул қуддус[1] ва ин дуруст ба он мемонад ки бигуянд: Як бо се баробар аст! Тардиде нест ки чунин боваре аз муҳолтарини муҳолҳост ва ақл наметавонад ваҳдонияти Худованд бо ваҷуди Худовандии падар, писар ва руҳул қуддусро дарк кунад. Илова бар ин, бовар ба пайдоиши Худованд аз худаш, табдили Худованд ба инсон, азалияти Масеҳ бо вуҷуди тавалуд аз Марям ва фадо шудани Масеҳ барои бахшоиши гуноҳон ва боварҳои дигарӣ аз ин даст, масеҳиятро ба динӣ мутаноқиз ва ақлситез табдил сохтааст. Аз ин рӯ, арбоби калисо бовар ёфтаанд ки маъқул будан барои ақида зарурӣ нест; Чароки имон, як мақулаи қалбӣ аст ва ниёзе ба мутобиқати он бо ақл вуҷуд надорад. Дар воқеъ аз нигоҳи инон, меъёри шинохт, ақл нест, балки нусуси динӣ аст ва аз онҷо ки нусуси динӣ чунин таноқузотеро таъйид мекунад, эътиқод ба онҳо зарурӣ аст.[2]

[Аҳли ҳадиси мусалмон]

Ривоҷи ин рӯйкарди мутаноқиз ва ақлситезона дар ҷавомеъи моддагаро ва таҷрибамеҳвари ғарбӣ аҷиб аст, вале аҷибтар аз он, ривоҷи рӯйкардӣ мушобеҳ дар миёни мусалмонон аст ки масеҳиёнро ба сабаби доштани ин рӯйкард, маломат мекунанд! Ба таври мушаххас, гурӯҳе аз мусалмонон дар садаи дуввум ва севвуми ҳиҷрӣ, дар зиддият бо гурӯҳҳое монанди мӯътазила ва асҳоби раъй падид омаданд ки монанди масеҳиён, ҳуҷҷияти ақлро инкор карданд ва бовар ёфтанд ки ақл наметавонад меъёри шинохт бошад. Ба заъми ин гурӯҳ ки «Аҳли ҳадис» номида шуданд, меъёри шинохт, нусуси динӣ аст ва ҳар ақида ё амале ки ривоятӣ воҳид дар таъиди он ваҷуд дошта бошад ҳақ аст, агар чи бар хилофи ақл бошад. Ин дар ҳоле буд ки аз як сӯ, ривоёти саҳиҳи фаровоне дар бораи ҳуҷҷияти ақл ва лузуми корбурди он ба онон расида буд[3] ки амдан бо бе эътиноӣ ва эърози онон рӯ ба рӯ шуд[4] ва аз сӯӣ дигар, ба дунболи салтанати Умавиоён ва рақобатҳои сиёсӣ ва мазҳабии се насли нухуст, ривоёти маҷъул ва мутаноқизи фаровоне дар миёни онон ривоҷ ёфта буд ки бо

↑[1] . Нигоҳ кун ба: Маҷмауъл Каноисул Ал-Шарқия, Қомусул китобул муқаддас, с232.
↑[2] . Нигоҳ кун ба: Мамбаи қабли, с233.
↑[3] . Чунон ки ривоят шудааст: «Вақте ки Худованд ақлро офарид, ӯро ба сухан овард. Сипас ба ӯ фармуд: пеш биё, пас пеш омад, баъд фармуд: бозгард, пас бозгашт. Он гоҳ фармуд: Қасам ба иззат ва ҷалолам! Махлуқеро, ки бештар аз ту дӯсташ дошта бошам, наофаридаам; ва туро комил накардам магар дар касе, ки дӯсташ медорам. Огоҳ бош, ки танҳо туро амр мекунам ва танҳо туро наҳй мекунам ва танҳо туро ҷазо медиҳам ва танҳо туро подош медиҳам». Ва ривоят шудааст: «Ба ростӣ, оғози ҳамаи чизҳо ва маншаи он ва қуввати он ва он чизе, ки боиси ободии он аст, ки ҳеҷ чиз бидуни он судманд нест, ақл аст, ки Худованд онро зинате барои махлуқоти худ ва нуре барои онҳо қарор додааст. Пас ба воситаи ақл бандагон Офаридгори худро шинохтанд ва донистанд, ки худ махлуқанд ва Ӯ тадбиркунандаи онҳост ва онҳо зери тадбири Ӯянд ва Ӯ боқист ва онҳо фонӣ; ва он чиро аз махлуқоти Ӯ аз осмонаш ва заминаш ва хуршедаш ва моҳаш ва шабаш ва рӯзаш диданд, бо ақлҳои худ далел оварданд, ки барои худ ва барои онҳо офаридгор ва тадбиркунандаи ҳаст, ки ҳамеша буда ва ҳамеша хоҳад буд, ва бо он хубиро аз бадӣ шинохтанд ва ин ки торикӣ дар нодонӣ аст ва нур дар илм аст. Ин аст он чизе, ки ақл барояшон далолат мекунад». Ва ривоят шудааст: «Ҳамаи некиҳо танҳо бо ақл дарк мешаванд ва касе, ки ақл надорад, дин надорад». Ва ривоят шудааст: «Худованд бо чизе болотар аз ақл парастиш нашудааст». Ва ривоят шудааст: «Ақл сутун ва такягоҳи инсон аст». Ва ривоят шудааст: «Ақл роҳнамои мӯъмин аст». Ва ривоят шудааст: «Подош ба андозаи ақл аст». Ва ривоят шудааст: «Ҳеҷ чиз миёни имон ва куфр нест магар баҳраи андаке аз ақл». Ва ривоят шудааст: «Аз аҳли дин ба касоне, ки ақле надоранд, эътино намешавад». Ва ривоят шудааст: «Худованд миёни бандагон чизе беҳтар аз ақл тақсим накардааст». Балке бо сароҳат омадааст: «Ҳамоно барои Худованд бар мардум ду ҳуҷҷат вуҷуд дорад: ҳуҷҷати зоҳирӣ ва ҳуҷҷати ботинӣ. Аммо ҳуҷҷати зоҳирӣ ҳамоно расулон ва анбиёъ ва имомон (алайҳимус-салом) ҳастанд; ва аммо ҳуҷҷати ботинӣ ақлҳои мардум аст». Ва ривоят шудааст: «Ҳуҷҷати Худованд бар бандагон, паёмбар аст ва ҳуҷҷат миёни бандагон ва миёни Худованд, ақл аст». Ва ривоят шудааст: «Ҳар коре, ки бар ту муштабаҳ мешавад, онро бо ақлат бисанҷ; зеро он ҳуҷҷати Худованд барои туст». Ва ривоятҳои дигаре аз ин қабил, ки ба ҳадди тавотур мерасанд; ва Китоби Худованд низ онҳоро тасдиқ мекунад. Ибн Аби-д-Дуня (д.281қ) маҷмӯае аз онҳоро дар китоби «Ал-Ақлу ва Фазлеҳ» гирд овардааст, ки ба чоп расидааст, ва Ибн Хайр ал-Ишбили (д.575қ) дар китоби «Фиҳрист» (саҳ. 362) ду китоби дигарро ёд кардааст: яке китоби «Ал-Ақлу ва Фазлеҳ» аз Абулвалид Исмоил ибни Муҳаммад ал-Хуросонӣ ва дигаре китоби «Мо руйё фи аль-ақл» аз Абӣ Қутайба Салм ибни Фазл ал-Бағдодӣ (д.350қ).
↑[4] . Чунон ки Ибн Таймия (д.728қ) дар китоби «Ал-Радд ала ал-Мантиқийин» (саҳ. 275) эътироф кардааст, ки мегӯяд: «Ҳамоно ҳадиси “ақл” ба иттифоқи аҳли маърифат ба ҳадис — монанди Абу Ҳотим ибн Ҳиббон, Абу Ҷаъфар ал-Уқайли, Абу ал-Ҳасан ад-Доруқутнӣ, Абу ал-Фараҷ ибн ал-Ҷавзӣ ва дигарон — заъиф аст; балки назди онҳо сохта (ҷаъалӣ) мебошад». Ва Ибн Қаййим ал-Ҷавзия (д.751қ) дар китоби «Ал-Манор ал-Муниф» (саҳ. 66) гуфтааст: «Аҳодиси “ақл” ҳамагӣ дурӯғ ҳастанд».