Чоршанбе 24 Апрел 2024 мелодӣ / 15 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

[Машрут будани иқомаи бархӣ аҷзоъи Ислом ба иқомаи кулли он]

Аз инҷо дониста мешавад ки иқомаи ҷузъӣ аз Ислом ба танҳоӣ, дар ҳоле ки сойири аҷзоъи он иқома намешавад, маҳалли ишкол аст; Чароки ҳар ҷузъи Ислом, ба эътибори иқомаи кулли он ва мутаносиб бо аҷзоъи дигараш ташриъ шуда ва табъан ҳангоме судманд ва қобили иқома аст ки аҷзоъи муртабит бо он иқома шуда бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аҷзоъи Ислом, лозим ва малзуми якдигаранд ва бар ҳам асар мегузоранд ва аз ҳам асар мепазиранд ва ҳаргоҳ бархӣ иқома нашаванд, иқомаи бархӣ дигар бефоида, балки аҳёнан зиёнбор хоҳад буд. Чунонки ба унвони мисол, аҳкоми ҷазоии Ислом, ба эътибори таҳаққуқи комили Ислом ва мутаносиб бо замон ва маконе ҷаъл шудаанд ки сойири аҳкоми Ислом, ба унвони авомилӣ боздоранда, ҷараён ёфтаанд ва бо ҷараёни онҳо, муҷибе барои иртикоби ҷароим нест ва табъан иртикоби онҳо дар ин вазъият, ғайри табиъӣ ва мусталзими ҷазои муқаррар аст. Чунонки масалан ҳукми қатъи дасти сориқ, ба эътибори таҳаққуқи комили Ислом ва мутаносиб бо замон ва маконӣ ҷаъл шуда ки аҳкоми иқтисодии Ислом ва иқдомоти пешгиронаи он аз қабили тавзеъи одилонаи сарват ва молиётӣ чун закот ва хумс, иқома шудааст; На замон ва маконе ки аҳкоми иқтисодии Ислом иқома нашуда ва тавзеъи сарват золимона аст ва молиётӣ монанди закот ва хумс, чунонки бояд пардохта намешавад ва табъан муқтазии барои сирқат вуҷуд дорад ва монеъи он мафқуд аст. Ин ба он маъност ки агар касе дар замони ҳокимияти ғайри Исломи ва маконе ки аҳкоми айнӣ ва умумии он иҷро намешавад, муртакиби сирқат шавад, мустаҳаққи ҷазоӣ муқаррар барои сирқат нест ва эъмоли он дар ҳаққи ӯ, ғайри одилона ва мухолиф бо мақсуди Шореъ аст. Ҳамчунонки иҷрои сойири аҳкоми ҷазоӣ, манут ба таҳаққуқи ҳукумати Исломӣ ва иҷрои айн ва кулли аҳкоми Ислом аст ва пеш аз он, муфид ва мутаносиб нест; Чароки Худованд ин аҳкомро барои иҷро дар ҳукумати хеш ва мутаносиб бо замон ва маконе ташриъ кардааст ки касе аз ҷониби Ӯ, бо илми комил ба ҳамаи он ва тавоноии комил барои татбиқи он бар масодиқаш, замоми умурро дар даст дорад ва бар пояи он, ҳукумати Ӯро