Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

[Адами имкони дастрасӣ ба суннати Паёмбари Худованд пас аз ӯ]

Оре, гуфтор ва кирдори он Ҳазрат, умдатан барои аҳли замонаш корбурд доштааст; Чароки ҳар чанд ҳуҷҷияти он зотан мухтасси ба онон нест, амалан барои касоне корбурд дорад ки ба он қатъ меёбанд, дар ҳоле ки қатъ ба он, бо дидан ва шунидани он ҳосил мешавад ки барои аҳли замони он мумкин аст ва барои ояндагон, мумкин нест, магар аз тариқи хабари мутавотир ки ақлан ифодаи қатъ мекунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ровиёнаш дар ҳар табақа ба теъдоде ҳастанд ки иҷмоъашон бар ғалат ва табонишон бар кизб мумкин нест ва ин ду танҳо тариқи баҳрамандӣ аз чизе аст ки Худованд бар Паёмбараш нозил карда; Чунонки худ ба он тасриҳ карда ва фармудааст: ﴿إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكْرَىٰ لِمَنْ كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ﴾[1]; «Ҳароина дар он мояи тазаккуре барои касе аст ки барои ӯ ақле ҳаст ё гӯш фаро медорад дар ҳоле ки ҳозир аст» Ва бо ин васф, барои касе ки ба далилӣ ақлӣ монанди хабари мутавотири Паёмбар ё далилӣ ҳиссӣ монанди талаққии ҳузурӣ аз он Ҳазрат дастрасӣ надорад, мояи тазаккуре аз он Ҳазрат мавҷуд нест, дар ҳоле ки талаққии ҳузурӣ аз он Ҳазрат, барои ояндагон муҳол аст ва хабари мутавотири он Ҳазрат низ ба қадри кофӣ ба онон нарасидааст ва дар бисёрӣ аз абвоби илмӣ ва амалӣ мавҷуд нест; Зеро ахборе ки дар бисёрӣ аз абвоби илмӣ ва амалӣ мавҷуданд, воҳиданд ва ахбори воҳид, табъан ифодаи яқин немекунанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ровиёнашон дар ғолиби маворид, аз як ё ду нафар бештар нестанд ва табъан эҳтимоли кизб, ғалат ва нисён дар онҳо вуҷуд дорад ва бо ин васф, дар беҳтарин ҳолати мумкин, муҷиби занни ояндагон мешаванд, дар ҳоле ки адами ҳуҷҷият ва кифояти занн, аз қавоъиди зарурии Ислом аст.

Бинобарин, суннати Паёмбар агар чи барои ҳамаи мусалмонон ҳуҷҷат аст, танҳо дар дастраси аҳли замони он Ҳазрат қарор дорад ва дастрасии ояндагон ба он ба сурати яқинӣ, мақдур нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَأَنَّىٰ لَهُمُ التَّنَاوُشُ مِنْ مَكَانٍ

↑[1] . Қоф/ 37