Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading

нест; Чароки онон бо инки худро халифа ё амир ё валии амри мусалмонон мешуморанд, на бо авсоф ва аломати ваъда дода шуда барои Маҳдӣ мутобиқанд ва на ояте аз ҷониби Худованд ироъа менамоянд; Ҳамчунонки худ низ чунин иддоъе дар бораи худ надоранд ва бо ин васф, ҳифозат, иъонат ва итоъат аз онон, мунофӣ бо ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ аст ва аз мавонеъи зуҳури ӯ шумурда мешаванд ва аз ин рӯ, умед меравад ки омилони он, ҳаргоҳ ба рости дар пайӣ иқомаи Исломи комил ва холис дар замин бошанд, даст аз он бардоранд ва ба сӯӣ Маҳдӣ бозгарданд; Чароки агар раҳбаронашон хуб ҳастанд, Маҳдӣ барои онон аз роҳбаронашон хубтар аст ва табъан ба ҳифозат, иъонат ва итоъати онон сазовортар аст ва ин ҳақиқате аст ки дар он ихтилофе нест.

Чаҳорум; Мабонии Ислом

Ислом дар асл, мубтани бар шинохти Худованд аст ки ба воситаи Худованд ҳосил мешавад; Чароки чизе шинохтатар аз Ӯ нест то воситаи шинохти Ӯ воқеъ шавад, монанди нур ки ба зоти худ дида мешавад ва воситаи дидани ҳар чизи дигаре аст; Чунонки фармудааст: ﴿اللَّهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ﴾[1]; «Худованд нури осмонҳо ва замин аст»; Ба эътибори онки ҳар чизе дида мешавад, бо дидани нур дида мешавад ва табъан дидани он пеш аз дидани нур мумкин нест ва ба ҳамин сон, ҳар чизе ки вуҷуд дорад, бо Худованд вуҷуд дорад ва табъан вуҷуди он пеш аз вуҷуди Худованд мумкин нест ва бо ин васф, шинохи Худованд воситае дар шинохти он аст ва аз ин ҳайс, бар шинохти он тақаддум дорад, агарчи ба сабаби шиддати бидоҳаташ, мавриди илтифот набошад.

[Тавҳиди Худованд]

Аммо шинохти Худованд, мусталзими тавҳиди Ӯ ба маънои яке донистаи Ӯст; Чароки вуҷуди ҳамаи мавҷудот дар ҷаҳон, воҳид аст, агарчи моҳиёти онҳо ки мақодири вуҷудашон аст, такассур дорад ва воҳид, ногузир аз мабдаъи воҳиде нашъат мегирад; Бо

↑[1] . Нур/ 35